фаъолияти
вазорати маорифи ҷумҳурии тоҷикистон
дар соли 2009 ва вазифаҳои он дар соли 2010
(суханронии вазири
маорифи ҷумҳурии тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҷамъбастии
мушовараи вазорати маорифи ҷумҳурии тоҷикистон)
Мӯҳтарам
аъзоёни ҳайати мушовара, ҳозирини гиромӣ,
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда,
Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
вазъи соҳаи маориф ва рушду инкишофи он, сифати тайёр кардани
кадрҳои баландихтисос, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону
донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир
менамоянд.
Танҳо соли гузашта беш аз 8 маротиба зимни баромадҳояшон
Ҷаноби Олӣ масъалаҳои умдатарини соҳаи маорифро мавриди
баррасӣ қарор дода, аз бурду бохти соҳа изҳори ақида намуданд
ва оид ба беҳтар шудани сифати таълим, амалӣ гардидани Консепсияи
миллии тарбия миёни наврасон ва ҷавонон, робитаи волидайн
ба мактаб, ҳар чӣ бештар омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз бар
кардани илмҳои муосир, ташаккули тафаккури техникӣ ва ба
низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид шудани муассисаҳои таълимӣ
ва дастгирии молиявии соҳаи маориф ва амсоли инҳо дастуру
супоришҳои мушаххас доданд, ки ҳар кадоме аз онро мо бояд
дар соли 2010 сармашқи кори худ қарор диҳем ва иҷрои онҳоро
таъмин созем.
Дар баробари ин аз ҷониби Президенти кишварамон эълон гардидани
соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ аз таваҷҷӯҳи Ҷаноби
Олӣ ба соҳаи маориф дарак медиҳад. Ба тасвиб расидани Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид ва тасдиқ гардидани
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба амалӣ гардидани
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон шудани
соли 2010 – Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» бори дигар
аз таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф шаҳодат
медиҳад. Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсати муносиб аз номи
Шумо, ҳайати мушовара ва шахсан аз номи худам ба Ҷаноби
Олӣ изҳори ташаккур менамоям.
Вохӯрии навбатии Президенти кишварро бо намояндагони илму
маориф, ки 23 декабри соли 2009 баргузор гардид, метавон
як ҷаҳиши сифатӣ дар рушди соҳа маънидод намуд. Вобаста
ба ин вохӯрӣ Нақшаи чорабиниҳо бо имзои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб
расид, ки аз 24 банд иборат мебошад. Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои
мазкур барои ислоҳот ва пешрафти соҳаи маориф заминаи хуб
фароҳам меоварад.
Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи
маориф ва ҷалби тамоми сохторҳои ҳукуматӣ бори дигар собит
намуд, ки танҳо бо такя ба олимону маорифчиён масъалаҳои
мухталифи иқтисодию сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро ҳаллу фасл
намудан мумкин аст. Масъалаҳои дар ин вохӯрӣ аз ҷониби Президенти
кишвар гузошташуда ва ҳалли онҳо соҳаи маорифро ба сатҳи
баландтари рушд хоҳад расонид.
Вобаста ба ин сардорони Раёсати маорифи Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ш.Душанбе, мудирони
шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорон
(директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии
касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои
дар боло зикргардида Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия ва тасдиқ
намуда, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои вобаста
ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тадбирҳои мушаххас ва
ҷиддӣ андешанд.
Ҳозирини
гиромӣ,
Вазорати маориф дар соли 2009 дар асоси қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолияти Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ва вазифаҳо барои соли
2009 фаъолияти худро ба роҳ монда, дар муддати як сол 21
ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифро гузаронидаааст, ки дар
онҳо 287 масъала муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул
карда шудаанд. Инчунин, 88 ҷаласаи назоратӣ, машваратӣ ва
кории назди Вазир доир гардид, ки танҳо дар ҷаласаҳои назоратии
назди Вазири маориф зиёда аз 54 масъала мавриди муҳокима
қарор дода шуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ба Вазорати маориф дар давраи ҳисоботӣ 11752 адад мавод
ворид ва ба миқдори 9813 адад мавод аз Вазорати маориф содир
карда шудааст.
Соли 2009 31 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳия гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор,
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Дар омода намудани ҳуҷҷатҳои мазкур саҳми муовинони Вазир,
сардорони раёсат, мудирони шӯъба ва бахш ва иддае аз кормандони
дастгоҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.
Онҳо барои босифат омода кардани ҳуҷҷатҳо саъю кӯшиш карда,
барои сари вақт пешниҳод намудани санадҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳамкориро ба вазорату идораҳои дахлдор таҳким
бахшиданд. Мутаассифона, як қатор раёсату шӯъбаҳо ва муассисаҳои
тобеи Вазорат маводро сари вақт таҳия накарда, ба камҳавсалагӣ
роҳ додаанд, ки оид ба ин масъала мо якчанд маротиба дар
ҷаласаҳои назоратӣ изҳори ақида намуда будем.
Бо назардошти ин, тамоми кормандони дастгоҳи Вазорати маорифро
лозим аст, ки дар соли 2010 камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ
намуда, баҳри сари вақт омода кардани ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳо
ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назоратро пурзӯр намоянд
ва иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд.
Ҳозирини гиромӣ,Бо
мақсади танзим ва такмили соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумӣ дар соли 2009 санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ таҳия
гардиданд, ки онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва мушовараҳои Вазорати маориф тасдиқ карда шудаанд.
Дар ин самт Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ, Низомномаи
намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ, дастурамал ва нақшаҳои
таҳиянамудаи мутахассисони Вазорати маориф ва бори нахуст
дар таърихи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқи Стандарти
давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои
муҳими соҳаи томактабӣ маҳсуб шуда, ба рушду нумӯи он мусоидат
менамоянд.
Дар самти муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ ба як қатор
муваффақиятҳо ноил гардидем. Дар ин давра сессияи Академияи
хурди илмҳо гузаронида шуд, ки дар он хонандагони минтақаҳои
мухталифи ҷумҳурӣ аз рӯи 12 бахш: кимиё, иқтисод, тиб, риёзӣ,
астрофизика, таърих, ҳуқуқ, рӯзноманигорӣ, филология, муҳити
зист, физика маърӯзаҳои илмиву эҷодии худро пешниҳод намуданд.
11 нафар хонанда ба узвияти аъзои пайвастаи Академияи хурди
илмҳо қабул шуда, 54 нафар хонанда бо дипломҳои дараҷаи
I, II ва 41 нафар хонанда бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Вале бояд
таъкид намуд, ки на аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо хонандагон дар
ин сессия ширкат меварзанд. Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон умуман дар кори сессияи Академияи хурди илмҳо ширкат
наварзида, дар ин самт шӯъбаҳои маориф ва директорони мактабҳои
ин вилоят, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, баъзе ноҳияҳои вилоятҳои
Суғду Хатлон фаъол нестанд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон аз фанҳои таълимӣ
дар соли хониши 2008-09 588 нафар иштирок намуда, 28 нафар
ғолиби ҷойи якум, 55 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 109 нафар
сазовори ҷойи сеюм гариданд, ки дар муқоисаи солҳои пешин
зиёд аст.
Ҷамъбасти озмуни довталабони медалҳои тилло ва нуқра нишон
дод, ки аз 99 нафари пешниҳодгардида 7 нафар хатмкунандагони
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сазовори медали тиллои равияи
ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 3 нафар хатмкунандагон сазовори медали
тиллои равияи табиӣ-риёзӣ, 14 нафар хатмкунандагон сазовори
медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 8 нафар сазовори
медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ гардиданд.
Дар соҳаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати иҷрои Консепсияи
миллии тарбия корҳои зиёде анҷом дода шуда бошад ҳам, камбудиҳо
дар ин самт ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасанд. Санҷиши муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
собит намуд, ки дар баробари паст будани сифати дониши хонандагон,
тарбия ва ахлоқи бархе аз онҳо, махсусан дар баъзе мактабҳои
шаҳри Хоруғ ташвишовар аст. Қоидаҳои талабагӣ ва талаботи
Консепсияи миллии тарбия, сару либоси намунавии мактабӣ
ба таври бояду шояд риоя намешавад. Масъалаи мазкур дар
баъзе муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон
ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар чунин ҳолат қарор дорад.
Ҳангоми шунидани ҳисоботи Вазири маориф дар Шӯрои кӯҳансолони
Ҳаракати ваҳдатӣ миллӣ як қатор ветеранҳои меҳнат баромад
карда, аз сатҳи пасти корҳои тарбиявӣ дар шаҳри Душанбе,
ба масҷид ҷалб шудани хонандагон, аз мактаб дур мондани
духтарон, ба омӯзиши забони русӣ аҳамият надодани роҳбарони
муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Иҷрои “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ
ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014”
дар доираи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ
монда шудааст. Қисмати зиёди барномаҳои таълимӣ ва китобҳои
дарсии фанҳои мазкур нашр гардидаанд. Қайд бояд кард, ки
новобаста аз андешидани чораҳои зиёд, таълими фанҳои забони
русию англисӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад ва хонандагони
ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ин забонҳоро
ба таври лозимӣ намедонанд. Муҳимтар аз ҳама маблағҳое,
ки барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур ҷудо шудаанд, самаранок
истифода намешаванд. Дар соли 2009 аз маблағҳои умумии пешбинигардида
101 250 сомонӣ истифода карда нашуд.
Дар баробари ин, имтиҳони давлатӣ собит намуд, ки ба таълими
фанҳои забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ кам аҳамият
дода мешавад. Бисёри довталабон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим,
Ванҷ, Роштқалъа, Кӯҳистони Масчоҳ, Спитамен, Ғончӣ, Нуробод,
Абдураҳмони Ҷомӣ, Қабодиён, Носири Хусрав, Шаҳритус, Фархор,
Мӯъминобод ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимии Россия,
Қазоқистон аз диктант баҳои 1 ва ё 2 гирифтаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои
таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010
рафти иҷрои он дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ
зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Санҷишҳо собит месозанд,
ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо компютер аз ҷониби
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ на дар ҳамаи
минтақаҳо хуб ба назар мерасад. Дар баъзе манотиқи кишвар
компютерҳо бо сабаби лимити барқ истифода нагардида, омӯзгорон
танҳо бо истифода аз китобҳои дарсӣ ва намоиши шакли компютерҳо
маҳдуд гардида, наметавонанд дарсҳои амалии худро гузаронанд.
Дар маҷмӯъ, талаботи Барномаи мазкур иҷро нашудааст. Бо
назардошти ин, ба Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумӣ супорида мешавад, ки дар якҷоягӣ бо раёсату шӯъбаҳои
дахлдор то моҳи марти соли ҷорӣ лоиҳаи ”Барномаи компютеркунонии
муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои
солҳои 2011-2015” таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намояд.
Фаъолияти мактаб-интернатҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши
тарбиятгирандагон, вазъи таълиму тарбия, шароити маишию
мадании онҳо ҳамеша дар мадди назари Вазорати маориф меистад.
Имрӯзҳо шароити зисту зиндагонии тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо
хеле хуб шудааст. Аммо аз бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятии сарварони
ин муассисаҳо сатҳи дониши шогирдону тарбиятгирандагон ниҳоят
дар сатҳи паст қарор дорад.
Аз санҷишҳои соли 2009 маълум гардид, ки дар мактаб-интернатҳои
ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияҳои Шаҳринав, Кӯлоб,
Рашт, Ёвон ва Нуробод сифати таълим нисбатан беҳ гашта,
дараҷаи дониши тарбиягирандагон низ то андозае рӯ ба беҳбудӣ
ниҳодааст. Вале дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои
кӯдакони ятим дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Рӯмӣ, Шӯрообод, Тавилдара,
бахусус мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус,
Абдураҳмони Ҷомӣ, Мӯъмиинобод, Кангурт, Арали вилояти Хатлон
ва ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Миёнадуи
ноҳияи Тавилдара, Варзоб ва Роғун сифати таълим ва сатҳи
дониш дар сатҳи паст қарор дорад.
Яке аз омилҳои муайянкунандаи сатҳи дониш ин натиҷаи иштироки
хонандагон дар озмунҳо мебошад. Аз ин рӯ тибқи супориши
протоколии Вазири маориф бори аввал соли 2009 тарбиягирандагони
мактаб-интернатҳо дар ҷумҳурӣ дар озмунҳои фаннии хонандагон
ширкат варзиданд.
Соли 2009 дар се зинаи олимпиадаи фаннии мактаббачагон 87
нафар тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо ширкат варзида,
5 нафар (3 нафар аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони
ятими шаҳри Кӯлоб ва 2 нафар аз мактаб-интернати ноҳияи
Вахш) сазовори ҷойҳои 2 ва 3 ва 14 нафар сазовори ифтихорномаҳои
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Вазорати маориф ба хотири муайян намудани сатҳи дониши хаттии
хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар як қатор мактабҳо
корҳои хаттӣ гирифт. Аз натиҷаи корҳои хаттии гирифташуда
маълум гардид, ки дар умум сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои
таҳсилоти умумии шаҳрҳои Конибодом 72,9%, Табошар 49,1%
ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 68,9%, Зафаробод 53,8% ва ноҳияи
Ғончӣ 66,7%-ро такшил намуданд ва дар муқоисаи ин шаҳру
ноҳияҳо сатҳи пасти азхудкунӣ дар мактабҳои шаҳри Табошар
ва ноҳияи Зафаробод дида шуд.
Сатҳ ва сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи умумии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ паст буда, тағйироти
куллиро тақозо дорад. Масалан, аз 244 нафари дар корҳои
санҷишӣ иштирокнамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии
ноҳияи Ҳисор 23 нафар 9,43% баҳои «4», 92 нафар 37,7% баҳои
«3», 121 нафар 49,5% баҳои «2» ва 8 нафар 3,2% баҳои «1»
гирифтанд.
Аз 39 нафар хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои «Ҳуқуқ» ва
«Биология» корҳои санҷишӣ гирифта шуд, ки 4 нафар (10,2%)
баҳои «4», 14 нафар (35,9%) баҳои «3», 21 нафар (53,8%)
баҳои «2» гирифтанд.
Аз натиҷаи корҳои хаттии гирифташудаи мактабҳои ноҳияи Шаҳринав
маълум шуд, ки дар умум дараҷаи дониши хонандагон ба 57,8%
баробар буда, баҳои миёна 2,8-ро ташкил медиҳад.
Сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои санҷидашудаи шаҳри
Турсунзода бошад, дар умум ба 59,4% баробар буда, баҳои
миёна 2,8-ро ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт баҳои миёнаи корҳои
санҷишӣ ба 3,1 баробар буда, ин нишондод дар ноҳияи Нуробод
бошад, ба 2,8 баробар аст.
Дар ноҳияи Фархор аз 291 нафари дар корҳои санҷишӣ иштирокнамуда
10 нафар 3,4% баҳои «5», 56 нафар 19,2% баҳои «4», 109 нафар
37,6% баҳои «3», 116 нафар 39,8% баҳои «2» гирифтанд. Ҳисоби
миёнаи баҳо 2,6-ро ташкил медиҳад, ки ин дар умум 39,8%-ро
ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бошад, аз 547 нафари
дар корҳои санҷишӣ иштирокнамуда 31 нафар 5,7% баҳои «5»,
105 нафар 19,3% баҳои «4», 199 нафар 36,4,% баҳои «3», 211
нафар 38,6% баҳои «2» гирифтанд. Ҳисоби миёнаи баҳо дар
умум 2,8%-ро ташкил медиҳад.
Санҷиши сифати таҳсилот муайян намуд, ки сатҳи дониши хонандагони
мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Сарбанд 60%-ро ташкил медиҳад.
Сатҳи дониш ба ҳисоби миёна дар муассисаҳои таълимии ноҳияи
Мӯъминобод ба 3,05 хол баробар аст.
Донишазхудкунии хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Ёвон
ба 76,3% - 3,1 хол, Хуросон ба 74,1% - 3,1 хол ноҳияи Абдураҳмони
Ҷомӣ ба 79,8% - 3,1 хол баробар аст. Азхудкунӣ дар мактабҳои
санҷидашудаи ноҳияи Шаҳритус бошад, дар умум ба 66,7% баробар
аст.
Барои муайян намудани сатҳи дониши хаттии хонандагони шаҳри
Душанбе интихобан дар синфҳои болоӣ аз фанҳои забони модарӣ
ва математика корҳои хаттии санҷишӣ гирифта шуд. Аз натиҷаи
санҷиш бармеояд, ки аз 219 нафари дар корҳои хаттии санҷишӣ
иштирокнамуда 18 нафар (8,2%) баҳои «5», 50 нафар (22,8%)
баҳои «4», 93 нафар (42,4%) баҳои «3» ва 60 нафар (27,3%)
соҳиби баҳои «2» гардиданд, ки ба ҳисоби миёна 3,1 холро
ташкил медиҳад. Ҳангоми муқоисаи баҳои корҳои санҷишӣ ба
корҳои санҷиши қаблан аз тарафи омӯзгорон ва маъмурияти
мактабҳо гирифташуда маълум гардид, ки таносуби баҳо дар
аксарияти синфҳо хеле фарқкунанда аст, яъне ба дониши хонандагон
баҳо аз меъёр баланд гузошта мешавад.
Дар маҷмӯъ сифати таълим ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи талаботи Сарвари
давлат намебошад ва талаботи давлатӣ низ иҷро намегардад.
Гарчанде фоизи азхудкунӣ дар ҷумҳурӣ аз 49,1% то 67,8% расида
бошад ҳам, ҳоло низ камбудиҳо дар ин самт ба назар мерасад.
Сабаби паст будани дониши хонандагон ин пеш аз ҳама нарасидани
омӯзгорони касбӣ, ғайри ихтисос ва бе таҳсилоти касбӣ дарс
гуфтани иддае аз омӯзгорон, маоши пасти муаллимон, нарасидани
китобҳои дарсӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани кабинетҳои фаннӣ,
лаборатория ва устохонаҳои таълимӣ ва дар ду-се баст фаъолият
намудани мактабҳо, самаранок истифода нашудани воситаҳои
техникии таълим ва айёният мебошанд, ки барои самаранок
пеш бурдани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши
хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамчунон гузаронидани
дарсҳои иловагӣ, дар синф такроран таҳсил кардан,баҳои воқеӣ
нагузоштан, хотирбинӣ намудан боис шудааст, ки сифати таълим
дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба талабот ҷавобгӯ
намебошад.
Соли хониши 2009-2010 203 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, 303 нафар дар вилояти Суғд, 707 нафар дар вилояти
Хатлон, 191 нафар дар шаҳри Душанбе ва 1022 нафар дар ноҳияҳои
тобеи ҷумҳурӣ духтарон баъди хатми синфи 9 аз таҳсил дур
мондаанд. Вазорати маориф бо мақсади ҷалби ҳамаҷонибаи хонандагон,
махсусан духтарон ба мактаб, аз тамоми имконот истифода
менамояд. Аз сентябри соли 2010 гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии
даҳсола ва аз соли 2014 гузаштан ба низоми нави таҳсилот
бояд дар ҳалли ин мушкилот мусоидат намояд.
Инчунин, бояд зикр намоем, ки солҳои охир ахлоқи кӯдакон
коҳиш ёфта, беодобиву беназоратии онҳо боиси ташвиш ва нигаронӣ
мебошад. Махсусан шабгардиву беодобии онҳо дар шаҳри Душанбе,
ки ҳар рӯз садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ аз он дидан мекунанд
ва беназорат дар назди масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ба талбандагӣ
машғул будани кӯдакон набояд тамоми ҷомеаро бетараф гузорад.
Ин кӯдакон қисман аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, шаҳри
Ваҳдат ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Душанбе омада,
ба оворагӣ, мошиншӯӣ, халтафурӯшӣ ва дигар корҳо машғул
мебошанд.
Тибқи маълумоти дар ихтиёрдоштаи Вазорати маориф дар давоми
соли 2009 аз ҷониби ҷавонону ноболиғон 589 ҷиноят ба қайд
гирифта шудааст, ки дар онҳо 336 ноболиғ даст доранд. Аз
ин теъдод 48 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ,
227 нафарашон дар ягон ҷой намехонанд. Дар шаҳри Душанбе
220 ҷиноят кӯдакону ноболиғон содир намудаанд, ки 88-тои
он ба ноҳияи Фирдавсӣ рост меояд. Мутаассифона нисбат ба
соли гузашта сафи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон на кам балки
64 адад зиёд шудааст. Дар ин ҷиноятҳо 36 нафар духтарони
ноболиғ иштирок намудаанд, ки наметавонад боиси нигаронӣ
набошад. Дар вилояти Хатлон бошад, дар соли 2009 кӯдакону
наврасон 92 ҷиноят содир намудаанд. Ин ҳолатро дар баъзе
ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд
ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дидан мумкин аст.
Албатта, ҳамаи ин маънои онро надорад, ки дар ин зинаи таҳсилот
муваффақият ба даст наомадааст. Бештар шудани сафи довталабон
дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, иштирок дар олимпиадаҳои минтақавӣ,
гузаронидани як қатор озмунҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, ҳамчунон
гузаронидани озмунҳои хаттоти беҳтарин, китобхони беҳтарин
ва боз як қатор чорабиниҳои дигар дар шаҳру ноҳияҳо мӯҷиби
фаъолияти беҳтари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кишвар
гардидааст.
Муҳим аз ҳама дар соли 2009 давомот дар муассисаҳои таълимӣ
аз 87% то 99% таъмин гардид, масъулияти омӯзгор ба таълим
тағйир ёфт, сафи омӯзгорони фаъол бештар шуд. Навҷӯӣ дар
кори иддае аз омӯзгорон ба мушоҳида расид ва кори дохилимактабӣ
ва берун аз он низ фаъолтар гардид. Дар маҷмӯъ, эътибори
омӯзгор дар ҷомеа афзоиш ёфт ва аз ҷониби бисёри аз раисони
вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо омӯзгорон дастгирӣ ёфта, хизмати
онҳо қадр карда шуд.
Чунин муносибат барои таҳаввулоти сифати фаъолияти мактаб
ҳамчун манбаи калиди дониш ва маърифат дар кишвар дар соли
2009 замина фароҳам овард, ки онро қадами ҷиддӣ ва устувори
ин зинаи таҳсилот дар рушди маориф метавон номид.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар давраи ҳисоботӣ
дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ як қатор корҳои муҳим
ба анҷом расонида шуд. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти
кишвар дар хусуси аз миқдор ба сифат гузаштан бо назардошти
муҳайё набудани пояи моддӣ-техникӣ, нарасидани омӯзгорони
дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаъолияти якчанд муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ қатъ гардид ва ё муттаҳид гардонида шуд.
Новобаста аз ин, дар ин самт низ мушкилот ва камбудиҳо ҳоло
ҳам ба мушоҳида мерасанд. Сатҳи дониши аксарияти хонандагону
донишҷӯён ҳоло ҳам ҷавобгӯи талабот нест.
Пояи моддию техникии баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
суст буда, донишҷӯён ба китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ
таъмин нестанд. Соли ҷорӣ санҷишҳои сифати таҳсилот дар
Литсейи информатика ва техникаи компютерӣ, Литсейи касбии
саноати дӯзандагӣ, Омӯзишгоҳи касбию техникии №11-и ноҳияи
Шаҳринав гузаронида шуд.
Санҷиш дар ин муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки ҳоло ҳам
сифати таҳсилот дар сатҳи паст қарор дорад. Хонандагон ба
оддитарин саволҳои додашуда ҷавоб дода наметавонанд. Аз
ҷумла, дар Литсейи касбии информатика ва техникаи компютерӣ
дониши хонандагон аз фанҳои умумитаълимӣ 54,8% ва аз фанҳои
тахассусӣ 70,8%, дар Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ дониши
хонандагон аз фанҳои умумитаълимӣ 54,8%, аз фанҳои тахассусӣ
58,9%, дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №11-и ноҳияи Шаҳринав
дониши хонандагон аз фанҳои умумитаълимӣ (26,7%) ва аз фанҳои
тахассусӣ (36,3%) –ро ташкил медиҳад. Дониши хаттии хонандагон
хусусан аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони англисӣ, физика,
химия, таърих ва математика дар сатҳи паст қарор дорад.
Дар баробари ин, ҷалби хонандагон ба китобхона ва қироати
китобҳои дарсиву бадеӣ аз мадди назари роҳбарияти муассисаҳои
таълимӣ дур мондааст, ки ин ба болоравии сатҳи донишазхудкунии
муҳассилин халал мерасонад.
Ҳоло ҳам фаъолияти роҳбарони ин муассисаҳо ба талабот ҷавобгӯ
намебошад. Дар баъзе литсейҳову омӯзишгоҳҳо кадрҳои тасодуфӣ,
беташаббус, камғайрат ба чашм мерасанд. Бо иваз кардани
иддае аз онҳо сифати кор беҳ шуда бошад ҳам, ҳоло низ ташаббускорӣ
дар миёни роҳбарони муассисаҳои мазкур кам ба назар мерасад.
Бинобар ин, Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро зарур аст,
ки дар якҷоягӣ бо Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
дар самти ротатсияи кадрҳо ва иваз кардани иддае аз онҳо
тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар баробари ин азкудкунии касб низ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Фанҳои тахассусиро дар ин муассисаҳо дуруст таълим намедиҳанд,
маводи таълимӣ аз ҷониби омӯзгор ва устои таълимӣ омода
намешавад, ба такмили дониши худ омӯзгорон ва сарварони
ин муассисаҳо кам аҳамият медиҳанд. Раёсат ва шӯъбаи дахлдори
дастгоҳи Вазорати маориф, Хадамоти давлатии назорат дар
соҳаи маориф, кормандони масъули раёсатҳои маорифи вилоятҳо
низ барои ислоҳи ин камбудиҳо кам аҳамият медиҳанд.
Масъалаи ташкил ва гузаронидани дарсҳои таълими истеҳсолӣ
ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад. Моҳи феврали
соли гузашта дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон масъалаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбии вилояти Хатлон баррасӣ гардид. Мутаассифона, дар
вилоят корхона ва ё ташкилоте вуҷуд надорад, ки барои гузаронидани
таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон шароити мусоид фароҳам
оварда бошад. Ин мушкилот дар сатҳи ҷумҳурӣ низ ҷой дорад.
Пояи моддию техникии муассисаҳои ин зинаи таҳсилот низ коста
шуда, ба талабот ҷавобгӯ нест. Биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои
аксари омӯзишгоҳҳо ва литсейҳо ба таъмиру тармим эҳтиёҷ
дошта, роҳбарони ин муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда
мешаванд, ки бо истифода аз даромадҳои худӣ пояи моддию
техникии муассисаи таълимиро беҳтар намуда, барои дар заминаи
муассисаи таълимӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ шароити
мусоид фароҳам созанд.
Дар самти идора низ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба хатогиҳову
қонуншиканиҳо роҳ додаанд. Бо ошкор гаштани бесалоҳиятии
баъзе аз директорон ба онҳо дар асоси қонунгузории ҷорӣ
муҷозоти интизомӣ дода шуд.
Пояи моддию техникии баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
касбӣ низ суст буда, донишҷӯён ба китобҳои дарсӣ ва дигар
маводи таълимӣ таъмин нестанд. Сатҳи дониши аксарияти хонандагон
ҳоло ҳам ҷавобгӯи талабот нест. Аз ҷумла, раванди таълиму
тарбия дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
ба номи Носири Хусрав ва шӯъбаи он дар ноҳияи Абдураҳмони
Ҷомӣ ва шӯъбаи таълимии Коллеҷи варзишии Тоҷикистон дар
шаҳри Чкалов низ моро қаноатманд карда наметавонад. Мо масъалаи
бастани ин шӯъбаро ба миён гузоштаем. Бинобар ин, ба Хадамоти
давлатии назорат дар соҳаи маориф ва Раёсати банақшагирӣ,
иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф супорида мешавад,
ки масъалаи қатъ намудани ин шӯъбаро тибқи қонунгузории
ҷорӣ амалӣ намоянд.
Санҷиши вазъи донишазхудкунии донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти
миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
низ ошкор намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳо сатҳи дониши донишҷӯён
мувофиқи матлаб нест. Масалан, аксари донишҷӯён дар бораи
таърихи халқи тоҷик, адабиёти баччагона, забонҳои тоҷикиву
русиву англисӣ, табиатшиносӣ, анатомия, химия, риёзӣ ва
ғайра тасаввуроти кофӣ надоранд.
Чунин вазъият дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Турсунзода
низ мушоҳида шуд. Сатҳи дониши донишҷӯёни ин омӯзишгоҳ нишон
дод, ки дониши хаттии хонандагон аз фанҳои забони тоҷикӣ,
забони русӣ, забони англисӣ ва математика дар сатҳи паст
қарор дорад. Аз ҷумлаи 1357 корҳои хаттие, ки гирифта шуд,
11 нафар бо баҳои «5» (0,8%), 132 нафар бо баҳои «4» (9,7%),
567 нафар бо баҳои «3» (4,8%) ва 648 нафар бо баҳои «2»
(48%) гирфтанд. Дар умуми азхудкунӣ 52%-ро ташкил менамояд.
Масъалаи мазкур дар Коллеҷи техникӣ - омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ
низ қаноатбахш нест. Чунин санҷиш дар гурӯҳи Х-1 курси аввал
аз рӯи ихтисоси муаллими забони англисӣ дар синфҳои ибтидоӣ
гузаронида шуд. Ҳангоми сӯҳбат бо донишҷӯёни гурӯҳи мазкур
маълум гардид, ки сатҳи дониши шогирдон аз фанни забони
англисӣ бисёр суст мебошад. Донишҷӯён танҳо матн («топик»)-
ҳоро хуб азёд кардаанд, вале ба таври шифоҳӣ бо ду- се ҷумла
фикри худро дар мавзӯи Диёри ман, Шаҳри ман, Ҷумҳурии ман
ва ғайра ба забони англисӣ баён карда наметавонанд.
Дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе ҳангоми санҷиш
бо донишҷӯёни курси 2 аз рӯи ихтисоси таъминоти барқ, ки
дарси фанни физика мегузашт, сӯҳбат гузаронида шуд. Аксари
донишҷӯён ба саволҳои оддӣ ба мисли аккумулятор чист?, генератор
чист ва вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст?, оид ба воҳидҳои
физикӣ ампер ва шиддат маълумот диҳед, ҷавобҳои мушаххаси
қонеъкунанда дода натавонистанд.
Дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор ба донишҷӯёни курси
1 а ба саволҳои аз фанни химия додашуда аксарияти донишҷӯён
ҷавоб дода натавонистанд.
Дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯёни гурӯҳҳои санҷидашуда
ба ҳисоби миёна аз 30 то 55 %-ро ташкил медиҳад, ки хеле
ташвишовар мебошад.
Яке аз проблемаҳои асосии соҳа ин нарасидани китобҳои дарсӣ
ва омӯзгорони фанҳои тахассусию устоҳои таълимии соҳибтаҷриба,
кӯҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизот, техникаи таълимӣ, аёниятҳои
дарсӣ мебошад.
Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ
130 нафар омӯзгору устоҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои тоҷикӣ,
русӣ, англисӣ, фанҳои умумитехникӣ, кафшергари газию барқӣ,
дуредгар, сохтмончӣ, кимёгари асбобҳои назорати санҷиш ва
автоматика, сохти автомобил ва трактор, нақбкан, бойтор,
устои танзимгар оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири
трактору автомобил ва ғайра намерасанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёда аз 70 нафар
омӯзгор аз фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла забони хориҷӣ, математика,
химия, физика, педагогика, психология, экология, географияи
иқтисодӣ, компютер, нақша, муҳандис-техник, муҳандис-сохтмончӣ,
механик, иқтисодчӣ, гидравлика, геодезия, энергетик, мусиқии
назариявӣ, консертмейстр, хореограф намерасанд.
Бо назардошти ин, ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ва
Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супорида мешавад,
ки барои бартараф кардани норасоии кадрҳо дар ин зинаҳои
таҳсилот дар муддати ду моҳ тадбирҳои амалӣ андешида, аз
натиҷааш ахбори хаттӣ манзур созанд.
Ҳозирини гиромӣ,
Бо саъю талоши давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи
таҳсилоти олии касбӣ рушду нумӯъ ёфта, дар навбати худ,
дар ин самт низ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.
Дар шароити кунунӣ, яке аз проблемаҳои асосии муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ ин сифати таълим ва сатҳи донишандӯзии
донишҷӯён мебошад.
Дар соли 2009 санҷиши сифати таҳсилот дар Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ
Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон
Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои
таълимӣ гузаронида шуд. Санҷишҳои гузаронида нишон дод,
ки дар сатҳи донишандӯзии донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон дар умум ба 58,6%, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба 59,7%, дар Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба 60,9%, дар Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба 56,7%, дар Донишгоҳи
давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба 59,4% баробар мебошад.
Масъалаи сифати таълим ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён дар
мушовараи ғайринавбатӣ моҳи ноябри соли 2009 бо иштироки
ректорони мактабҳои олӣ муҳокима гардид. Дар ин ҷаласа таъкид
гардид, ки ҳанӯз ҳам бархе аз донишҷӯён, ҳатто, дар бораи
чорамали математикӣ, таъриху географияи ҷумҳурӣ тасаввурот
надоранд. Азхудкунии дониш дар умум 40-50%-ро ташкил медиҳад
(дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аз ин ҳам пасттар). Баъзеи
донишҷӯён ҳатто, китобро базӯр мехонанд. Ҳоло ҳам бархе
донишҷӯён бо технологияи нав-компютерҳо пурра шинос нестанд,
аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ истифода намебаранд.
Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки яке аз омилҳои нишондиҳандаи
фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ ин дастовардҳои сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қиёс ба сессияи зимистона
дар сессияи тобистона дараҷаи дарсазхудкунӣ дар маҷмӯъ 4,1
% паст рафтааст. Дуруст, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ,
аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
12,0%, Донишгоҳи давлатии Хоруғ 10,2 %, Донишкадаи тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон 10,0%, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
6,3 %, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 3,5 %, Донишгоҳи давлатии
Қӯрғонтеппа 3,2 %, Консерваторияи миллии Тоҷикистон 2,4
%, ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 0,9 % нисбат ба сессияи тобистона
пешравӣ ба назар расад ҳам, аммо ин маънои онро надорад,
ки сатҳи донишандӯзии донишҷӯён баланд шудааст.
Давомоти донишҷӯён чунончи, аз муқоисаи рақамҳо бармеояд,
дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 90-92% ташкил медиҳад,
ки дар муқоисаи соли таҳсили 2007-2008 (75-80%) хело хуб
мебошад. Аммо сатҳи донишандӯзӣ ва саводнокии донишҷӯён
чун солҳои пешин 50-55% -ро ташкил медиҳад. Яке аз роҳҳои
баланд бардоштани сифати таълим пеш аз ҳама, ба омодагии
устод ба дарс вобастагии калон дорад. Мутаассифона, ҳанӯз
ҳам бе омодагии касбӣ ва бе тайёрӣ ба дарс омадани устодони
мактабҳои олӣ ба чашм мерасад, ки дар маҷмӯъ 70-75% ташкил
медиҳад.
Сабаби паст будани дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён инчунин
фаъолияти сусти кафедраҳои ихтисосӣ, таъминот бо китобҳои
дарсӣ, ба талабот ба пуррагӣ ҷавобгӯ набудани лаборатория
ва кабинетҳои таълимӣ бо химреактивҳо ва таҷҳизотҳои замонавӣ,
суст ба роҳ монда шудани маҳфилҳои илмии донишҷӯён мебошанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ректорони муассисаҳои таҳсилоти
олии касбиро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани камбудиву
мушкилоти зикргардида кӯшиш карда, кори раёсат ва шӯъбаҳои
таълимро ҷиҳати гузаронидани мониторинги сифати таълим,
рейтинги дониши донишҷӯён ҷоннок намуда, барои баланд бардоштани
сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи
талаботи замон ва бозори меҳнат чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳоло ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ китобҳои дарсӣ
аз фанҳои фалсафа, таърихи халқи тоҷик, педагогика, психология,
математикаи олӣ, география, назарияи иқтисод, сиёсатшиносӣ,
забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ аз
рӯи ихтисосҳо оид ба фанҳои ҷамъиятӣ ва аксарияти китобҳои
дарсии блоки сеюм таҳия ва чоп нагардидаанд. Гарчанде дар
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ин иқдом
шурӯъ шуда бошад ҳам, ҳоло низ китобҳои дарсии фанҳои алоҳида
чоп нашуданд. Бинобар ин, ба ректорони муассисҳои таҳсилоти
олии касбӣ супорида мешавад, ки барои чопи китобҳои дарсӣ
маблағҳои махсус ҷудо намуда, то моҳи сентябри соли 2010
вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ китобҳои дарсӣ
ва шакли электронии онҳоро аз нашр бароварда, масъулияти
мудирони кафедраҳоро ба ин масъала бештар гардонанд.
Дар солҳои охир маблағгузории корҳои илмӣ таҳқиқотии фармоишӣ
дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорат
пайваста зиёд гардидааст. Агар дар соли 2001 маблағгузорӣ
32829 сомониро ташкил намояд, соли 2009 ин миқдор ба 1.340
250 сомонӣ расидааст. Дар ҳамин давра теъдоди мавзӯъҳои
фармоишие, ки ба ҳалли проблемаҳои соҳаи маориф (методикаи
таълим ва тарбия, иқтисодиёт, идоракунӣ) бахшида шудаанд,
аз 6 мавзӯъ ба 40 мавзӯъ расидааст. Ин албатта, муваффақияти
кори мову Шумост.
Агар дар соли 2000-ум дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон 1549 нафар номзади илм ва 304 нафар
доктори илм ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буданд, имрӯз
бошад, теъдоди номзадҳои илм ба 1806 нафар ва докторҳои
илм ба 409 нафар расидааст.
Танҳо дар соли 2009 84 нафар рисолаи номзадӣ ва 17 нафар
рисолаи докториро дифоъ намуданд. Саҳми Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон дар ин самт аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии
касбӣ бештар аст. Дар ин муассисаи таълимӣ 34 нафар устодон
аз рисолаҳои номзадӣ ва доктории худ дифоъ кардаанд, ки
мо ба роҳбарияти он барои саҳмашон дар рушду нумӯи илм изҳори
сипос менамоем.
Дар баробари дастовардҳои назаррас дар татбиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотии
фармоишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи
Вазорат камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҳисоботи мавҷуда
бармеояд, ки натиҷаи дастовардҳо дар ин самт дар сатҳи паст
қарор дорад. Дар соли сипаригардида аз ҷониби баъзе иҷрокунандагони
мавзӯъ ҳатто як мақола ё дастури таълимӣ чоп карда нашудааст.
Маводи чопшуда дар бисёри маврид фарогири мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии
фармоишӣ намебошанд. Ин масъала беш аз ҳама дар Пажӯҳишгоҳи
илмҳои педагогӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос,
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва ғайра ба
назаррас мерасад.
Ҳамгироии зарурии илм ва маориф батартиб дароварда нашудааст.
Ҳоло ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба тайёр намудани
мутахассисон ва кадрҳои илмии баландихтисос кам эътибор
медиҳанд.
Дониши хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои дохил
шудан ба аспирантура ва барои кор дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ
кофӣ намебошад. Ҳоло ҳам шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи
ихтисосҳои серталаб чун энергетика, муҳандисӣ ва муносибатҳои
байналмилалӣ таъсис дода нашудааст. Гузашта аз ҳамаи ин,
бо айби масъулини Вазорати маориф имтиҳонҳои қабул ба аспирантура
мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода нашудааст. Бо назардошти
ин, ба Раёсати илм ва инноватсия супорида мешавад, ки масъалаи
мазкурро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи
Вазорат мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ба ҷаласаи
мушовараи Вазорати маориф гузориш пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, бояд зикр намоем, ки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ
барои мавзӯъҳои фармоишӣ дар соли 2009 аз тарафи аксарияти
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорат
иҷро нашудааст. Аз ҷумла, аз маблағҳои ҷудодшуда дар Пажӯҳишгоҳи
илмҳои педагогӣ 150707 сомонӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ
ба номи М.Назаршоев 23682 сомонӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ 22435 сомонӣ, Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ 51707 сомонӣ самаранок истифода
нагардидаанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии
дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани
маблағҳои ҷудошуда тадбирҳои мушаххас андешанд ва ба тайёр
намудани мутахассисон ва кадрҳои илмии баландихтисос диққати
ҷиддӣ дода, барои дохил шудани онҳо ба аспирантура шароити
мусоид фароҳам оваранд ва дар Шӯрои олимон ҳисоботи роҳбарони
мавзӯъҳои фармоиширо мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир заминаи
моддию техникии муассисаҳои таълимӣ хело беҳтар гардид.
Қариб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мизу курсӣ,
тахтаи синфӣ, ҷевонҳо аз нав карда шуданд, китобхонаҳои
электронӣ ташкил шуд, марказҳо ва синфхонаҳои компютерӣ
бунёд ва тахтаҳои электронӣ, проекторҳо харидорӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки таҳаввулот дар таҳкими пояи моддию техникӣ
идома дошта, як навъ мусобиқаи ҷиддӣ миёни роҳбарони муассисаҳои
таълимӣ оғоз гардидааст.
Боварӣ дорем, ки баъди эълон шудани рейтингҳои муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ боз корҳои ободонӣ, таълимӣ, илмӣ бештар
хоҳад шуд.
Дар ин давра кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва Пажӯҳишгоҳи рушди
маориф ва сохторҳои тобеи он як қатор мақола, дастур ва
китобҳоро таҳия ва чоп намуданд. Дар ин самт низ камбудихову
мушкилот ба мушоҳида мерасад. Хусусан, ташхиси нақша ва
барномаҳои таълимӣ, баррасии китобҳои дарсӣ дуруст ба роҳ
монда нашудааст, дар кори такмили ихтисоси кормандони маориф
норасогию проблемаҳо ҳам кам нестанд. Дар ноҳияҳо гузаронидани
курсҳои такмили ихтисос сифату самараи хуб намедиҳад ва
ҳалли ин проблемаро мушкил мегардонад. Имрӯз заминаи моддӣ,
кадрӣ, илмӣ ва маводу воситаҳои таълимии ин муассисаҳои
таълимӣ-методӣ ба талабот ҷавобгӯй нест, мақолаҳои илмӣ
на ҳама вақт проблемаҳои умдаи соҳаро дар бар мегиранд.
Бо назардошти ин, роҳбарияти Академияи таҳсилот ва сохторҳои
тобеи онро зарур аст, ки сари ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир
намуда, баҳри бартараф намудани онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар соли 2009 тибқи нақшаи корӣ аз тарафи Хадамоти давлатии
назорат дар соҳаи маориф 42 муассисаи таълимӣ аз ташхиси
аттестасионӣ гузаронида шуд. Аз ин 36 муассисаи таълимӣ
аз аттестасия гузашта ҳисобида шуд, 3 муассисаи таълимӣ
шартан аз аттестатсия гузашта ҳисобида шуда, барои ислоҳи
камбудиҳо ба онҳо 2 сол мӯҳлат дода шуд.
Рафти аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки пояи
моддӣ-техникӣ ва таълимии онҳо ҳанӯз ҳам ба талабот пурра
ҷавобгӯ нест. Таҷҳизоти таълимӣ ва илмии ҳозиразамон хело
кам буда, аксарияти воситаҳои техникии мавҷуда кӯҳна ва
корношоям гардидаанд. Дар аксарияти таълимгоҳҳо таҳия ва
нашри китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва дастурҳои таълимию методӣ
ба забони тоҷикӣ ба таври қаноатбахш ба роҳ монда нашудааст.
Дар соли сипаришуда иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нав ва курсҳои
кӯтоҳмуддат дар 156 муассисаи таълимӣ гузаронида шуд ва
ба 7 таълимгоҳ иҷозатнома дода нашуд. Ҳамчунин 27 муассиса
аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Аз инҳо 5 муассисаи
таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта ҳисобида шуданд.
1498 ҳуҷҷати таҳсилот баробарарзиш эътироф гардида, ба соҳибонаш
шаҳодатнома дода шуд.
Дар фаъолияти шӯъба ва бахшҳои хадамот дар назди раёсат
ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо то ҳол нокифоягии
воҳидҳои корӣ ба чашм мерасад, ки ин дар маҳалҳо боиси таъмин
нагардидани иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
бораи гузаронидани аттестатсия ва аккредатсияи муассисаҳои
таълимии ҷумҳурӣ мешавад. Мувофиқи омори мавҷуда дар шаҳру
ноҳияҳои кишвар то ҳол зиёда аз 173 муассисаи таълимӣ ягон
маротиба аз аттестатсия нагузаштаанд. Ин масъаларо бояд
раёсат ва шӯъбаҳои маориф ба таври фаврӣ ҳаллу фасл намоянд
ва барои самаранокии фаъолияти бахшу шӯъбаҳои хадамот чораҳои
зарурӣ андешанд.
Яке аз омилҳои асосии пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд
рафтани донишу малакаи хонандагон таъмин будани муассисаҳои
таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ мебошад.
Вазорати маориф ҷиҳати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
бо кадрҳои омӯзгорӣ дар 5 соли охир тадбирҳои мушаххас андешида,
теъдоди нарасидани кадрҳоро аз 13274 нафар (дар соли 2005)
имсол ба 25 нафар расонид. Ин норасоӣ дар ноҳияҳои Ховалинг
13, Балҷувон 2, Кӯҳистони Мастчоҳ 3, Дарвоз 4 ва Ванҷ 3
нафарро ташкил медиҳад.
Сабаби ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон дар
ин ноҳияҳо аз фаъолияти сусти мудирони шӯъбаҳои маориф дарак
медиҳад. Мо ба ҳамаи раисони ноҳияҳое, ки муассисаҳои таълимиро
бо омӯзгорон таъмин намудаанд, мактуби арзи сипос ирсол
намудем ва ба баъзе мудирони маориф “Ифтихорнома” низ тақдим
кардем. Бо назардошти ин, ба сардорони Раёсати вилояти Хатлон,
Суғд ва ВМКБ супорида мешавад, ки дар муддати ду моҳ нарасидани
кадрҳои омӯзгориро дар ноҳияҳои мазкур ҳал намуда, аз натиҷаи
он ба таври хаттӣ Вазорати маорифро огоҳ намоянд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
02.07.2009 № 391 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои баргардонидани
маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи
роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд», Вазорати маориф дар
ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори таълимӣ рӯёнидани маблағҳои
буҷетиро аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхат
ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, назоратро пурзӯр намуд. Дар
натиҷаи корбарӣ маълум гардид, ки 80 нафар аз Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 94 нафар аз
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва
164 нафар аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев
дар маҷмӯъ 300 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир
нашудаанд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо ректорони донишгоҳҳои мазкур вазифадор
карда мешаванд, ки дар мӯҳлати ҳарчӣ зудтар баргардонидани
маблағҳои буҷетиро аз ҳисоби мутахассисоне, ки ба ҷои корашон
ҳозир нашудаанд, дар асоси қарори дар боло зикргардида таъмин
намоянд.
Ҳамчунин, сардорони Раёсатҳо ва мудирони шӯъбаҳои маорифи
вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки ҳамкориро
бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мустаҳкам намуда,
шумораи мутахассисони ҷавонеро, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор
ҳозир нашудаанд, муайян намоянд ва дар асоси Қоидаҳои баргардонидани
маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи
роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд, барои аз тарафи муассисаҳои
таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба судҳо пешниҳод намудани
аризаҳои даъвогӣ мусоидат намоянд.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки ҳоло ҳам масъалаи таъмини муассисаҳои
таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ роҳи ҳалли худро пурра наёфтааст.
Бо назардошти ин, ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус супорида
мешавад, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои омӯзгорӣ
ба инобат гирифта, Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони
соҳаи омӯзгориро барои солҳои 2011-2015 таҳия ва ба Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Дар баробари таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон масъалаи
такмили ихтисос, мунтазам баланд бардоштани савияи дониши
касбӣ ва мусаллаҳ намудани онҳо бо усулҳои фаъоли таълиму
тарбия яке аз масъалаҳои асосӣ буда, дар ин самт Раёсати
кадрҳо ва корҳои махсус ва Академияи таҳсилотро зарур аст,
ки сатҳ ва сифати гузаронидани курсҳои такмили ихтисосро
зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва баҳри фаъол гардонидани
онҳо тадбирҳо андешанд. Аз ҷумла роҳҳои муассири гузаронидани
курсҳои такмили ихтисосро дар донишгоҳу донишкадаҳое, ки
мутахассисони соҳаи омӯзгориро тайёр мекунанд, тарҳрезӣ
намуда, дар ин бора пешниҳод манзур намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф
доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ аз самаранок истифода
нагардидани нерӯи пуриқтидори ихтисосмандоне, ки мактабҳои
олии давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд, изҳорӣ нигаронӣ
карданд. Воқеан ҳам ин масъала дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда
нашудааст. Бинобар ин Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро
зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»
масъалаи дар хориҷи кишвар таҳсил намудани шаҳрвандон ва
баъди хатм ба ҷои кор таъмин намудани онҳоро зери назорати
ҷиддӣ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.
Тавре ки маълум аст муваффақияту пешрафти ҳар як ташкилоту
муассиса пеш аз ҳама ба лаёқату кордонӣ ва ташаббусу масъулиятшиносии
роҳбари он алоқаманд аст.
Дар соли 2009 17 нафар роҳбарони омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ,
24 нафар мудирони шӯъбаҳои маориф, 2 нафар директори мактаб-интернатҳо,
3 нафар роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорат дар маҷмӯъ 43
нафар роҳбарони муассисаҳо иваз карда шуданд, ки агар қисме
аз онҳо бо сабаби ба нафақа баромадан ва ё ба корҳои мустақил
гузаштанашон аз вазифа озод шуда бошанд, қисми дигарашон
бо сабаби бесалоҳиятӣ нисбат ба вазифаҳои ишғолнамуда аз
кор озод карда шуданд.
Хамчунин дар соли гузашта бинобар сабаби вайрон кардани
интизоми меҳнат ва бемасъулиятӣ нисбат ба вазифаҳои хизматӣ
ба 25 нафар кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, 6 нафар
мудирони шӯъбаҳои маориф, 2 нафар кормандони муассисаҳои
тобеъ муҷозоти интизомӣ дода шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки агарчӣ дар самти омӯзиш, интихоб,
пешниҳод ва ҷобаҷогузории кадрҳо вазъ хело беҳтар гардида
бошад ҳам, вале ҳанӯз дар ин ҷода камбудиҳо мавҷуданд. Назорат
ва таҳлили фаъолияти кадрҳои роҳбарикунанда дар сатҳи зарурӣ
ба роҳ монда нашудааст. Ҳамин аст, ки баъзе роҳбарони муассисаҳои
таълимӣ худро ҳокими мутлақ дониста, даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ
зада, ба шаъни роҳбар ва омӯзгор доғ меоранд. Соли гузашта
директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №23-и ноҳияи Шаҳритус
Саидалиев Шодибек бо чунин амалӣ нанговар ба даст афтода,
ба ҳабс гирифта шуд.
Бо назардошти ин, Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро мебояд
барои таъмини фамъолияти самараноки дастгоҳи Вазорат, муассисаҳои
тобеъ, Раёсату шӯъбаҳои маориф, муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти кадрҳои
роҳбарикунандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, аз ҳисоби
кадрҳои эҷодкору ташкилотчӣ, масъулиятшиносу ватандӯст ва
донишҷӯёни дорои қобилияти баланди ақлонӣ ва ташаббускору
бомасъулият захираи кадрҳоро таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар ин давра ҳамкориҳои Вазорати маориф бо кишварҳои дуру
наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ густариш ёфт.
Дар соли 2009 байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва вазоратҳои маориф (ва илм) - и кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои
байналмилалӣ 9 Созишномаю тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ ба
имзо расонида шуд. Инчунин, 14 санади ҳамкорӣ дар соҳаи
маориф миёни кишварҳои аъзои ИДМ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
Соли 2009-ро дар самти робитаҳои байналмилалӣ метавон соли
бобарор ҳисобид. Зеро, дар ин сол ҷиҳати таъсис додани филиалҳои
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия як
қатор тадбирҳо андешида шуд. Моҳи сентябри соли 2009 дар
шаҳри Душанбе таъсис ёфтани Филиали Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М.В.Ломоносов далели гуфтаҳои фавқ буда метавонад.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 дигар филиалҳо, аз қабили
филиалҳои Донишкадаи энергетикии Москва, Донишкадаи пӯлод
ва хӯлаи Москва ва ҳамчунин филиали Донишгоҳи техникии шаҳри
Харков дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад.
Новобаста аз ин, созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи
маориф аз ҷониби баъзе аз кишварҳо иҷро намегарданд. Масалан,
иҷро нагардидани талаботи санадҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро дар соҳаи маориф метавон
таъкид кард.
Тибқи муқаррароти Суратҷаласаи мулоқоти Вазири маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо Навид Адҳам – Дабири кулли Шӯрои олии омӯзиш
ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 01.05.2008 ҷониби
Эрон дар нимаи аввали соли 2008 бояд сохтмони Мактаби байналмилалии
Тоҷикистон-Эронро дар шаҳри Душанбе оғоз менамуд. Аз тарафи
Тоҷикистон тамоми корҳо ба анҷом расонида шуданд. Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас намудани маводи
лозимӣ, таҳияи лоиҳа ва баррасии масъалаи ҷойдошта чандин
маротиба омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ ба
ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон иброз намуд, ки то ҳол аз ҷониби
Эрон кор дар ин самт оғоз нашудааст.
Ҳозирини гиромӣ,
Маблағгузории соҳаи маориф чун омили асосии рушди соҳаи
маориф сол аз сол меафзояд. Соли 2009 новобаста ба бӯҳрони
молиявии ҷаҳонӣ маблағгузории соҳа афзуда, ба 1110,2 млн.
сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2008 60.6 фоиз зиёд мебошад.
Дар назар дошта шудааст, ки соли 2010 барои соҳаи маориф
ҳамагӣ 1068,3 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории
муассисаҳои сохтории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
55,2 млн. сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла,
барои 13 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ, ки дар онҳо зиёда
аз 2900 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва ҷисман носолим
бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, дар ҳаҷми 6,73 млн.
сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда
пурра маблағгузорӣ гардид. Барои ташкили ҷараёни таълиму
тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 17, 99 млн.
сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 97 фоизи он маблағгузорӣ
гардидааст. Барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар
ҳаҷми 278,9 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шуда, иҷрои
нақша 94,6 фоиз таъмин гардид.
Барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф
соли ҷорӣ 26,7млн. сомонӣ ҷудо гардид. Вобаста ба бӯҳрони
молиявӣ ва ворид намудани тағийрот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли
2009» аз сметаи хароҷотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
1,1 млн. сомонӣ кам карда шуд. Хароҷоти боқимонда тибқи
нақшаи тасдиқшуда, давра ба давра маблағгузорӣ шуда, иҷрои
нақша 98,3 фоизро ташкил дод.
Дар соли 2010 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
пурра ба шакли меъёрӣ ба ҳар як хонанда (маблағгузории сарикасӣ)
амалӣ карда мешавад. Соли 2009 дар 43 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
маблағғузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо тартиби мазкур
амалӣ шуда истодааст, ки ба 65 фоизи шумораи умумии мактабҳо
баробар мебошад.
Ҷамъбасти соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки ҳарчанд буҷети мактабҳо
тибқи меъёрҳои тасдиқгардида, таҳия ва бо шӯъбаҳои молия
мувофиқа шуда бошад ҳам, иҷрои нақша ба талабот ҷавобгӯ
нест. Масалан, дар ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Қумсангир,
Мӯъминобод, Ҷилликӯл, Ҷалолидини Рӯмӣ, Қубодиёни вилояти
Хатлон иҷрои буҷет ҳамагӣ 42-66 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.01.2009
№5-ф ба Вазорати маориф барои сохтмон ва идомаи иншоотҳои
соҳа 26,0 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуд, ки нисбат ба соли
2008 2,6 маротиба зиёд аст.
Соли равон бо мақсади самаранок истифодабарии маблағҳои
буҷетӣ, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ ва интихоби
пудратчиён дар 20 иншоот тариқи гузаронидани озмун сурат
гирифтанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои
маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии 209 мактаб
барои 32 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 123 млн.сомонӣ
ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2008 1,4 маротиба
ва нисбат ба соли 2005 7,5 маротиба зиёд аст.
Дар соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сохтмони
8 мактаб барои 3120 ҷойи нишаст бо маблағи 6,8 млн. сомонӣ,
дар назди 12 мактаб сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 945
ҷойи нишаст бо маблағи 1,4 млн. сомонӣ ва таъмиру барқарорсозии
1 мактаб бо маблағи 217 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида ба
истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2008 7 маротиба зиёд
аст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи
сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз 136 мактаби дар хонаҳои шахсӣ
ва 101 мактаби дар вагонхонаҳо қарордошта, 126 мактаб пурра
аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо бароварда шуданд. Яъне иҷрои
замимаҳои Барномаи дар ин маврид қабулгардида 53 фоиз таъмин
гардида, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд
масъалаи мазкурро пурра иҷро намудаанд. Дар вилояти Хатлон
боз 17 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта нашудааст, ки
ин мӯҷиби иҷро нагардидани супориши Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст.
Ҳамчунин бояд зикр намоем, ки бо дастгирии давлат ва Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи маориф маблағҳои
инвеститсионӣ бо арзиши 78,2 млн. доллари амрикоӣ амалӣ
гашта истодааст. Аз соли 2003 то 31 декабри соли равон аз
ҳисоби ин лоиҳаҳо 51,3 млн. доллари амрикоӣ азхуд карда
шудааст, ки ин 65,6 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳоро ташкил
медиҳад. Ҳоло дар соҳаи маориф 5 Лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ
гашта истодааст.
Дар соли 2009-13 млн. 34 ҳазор доллари амрикоӣ ба нақша
гирифта шуда буд, ки 11,2 млн. доллари амрикоӣ (85,4 фоизи
нақшаи солонаро ташкил медиҳад) аз худ карда шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби лоиҳаҳо 32 иншооти соҳаи маориф ба
маблағи 28 млн. сомонӣ сохтаю барқарор ва ба истифода дода
шуд. Аз оғози татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (аз соли 2004
сар карда) сохтмон ва барқарорсозии 293 иншооти соҳаи маориф
бо арзиши 25,7 млн. доллари амрикоӣ, дар шаҳру ноҳияҳои
ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расонида, бо ашёву таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз
гардонида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар соли 2009 аз ҳисоби Лоиҳаи гранти Фонди каталитикӣ,
марҳилаи дуюм 4 ҳазору 290 дона мизу курсии талабагӣ, 360
дона мизу курсӣ барои муаллимон, 330 дона тахтаи синфӣ,
30 ҷуфт мебел барои утоқи кории директорони мактабҳо, 240
дона миз барои техникаи компютерӣ ва курсӣ ва 330 дона ҷевон
ва таҷҳизоти математикӣ ба маблағи 600 ҳазор доллари амрикоӣ
таҷҳизоти мактаби харидорӣ карда шуд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар соли 2009 ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 62
дастхати китобҳои дарсӣ, барнома ва васоити таълим барои
хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва 46 дастхат барои
донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинишуда ворид гардид, ки ин
нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 24% ва 15%
зиёд мебошад.
Дастхати 30 китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ
ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод гардид, ки ин нисбат ба соли 2008 -2 дастхат ё
7% зиёд мебошад.
Барои мактабҳои олӣ бошад, 46 дастхати китобҳои дарсиву
воситаҳои таълимӣ ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф пешниҳод
гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 дастхат
ва ё 18% зиёд мебошад.
Дар соли 2009 Вазорати маориф тавонист, ки бо маблағҳои
иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои ҷудонамудаи Бонки ҷаҳонӣ
ва Бонки осиёгии тараққиёт 37 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди
1462747 нусха ба маблағи умумии 9086722,17 сомонӣ ва 20
номгӯйи мавод, дастур ва барномаҳои таълимӣ бо теъдоди 149950
нусха ба маблағи 1155016 сомонӣ нашр намояд.
Дар соли 2009 аз ҷониби Вазорати маориф 1450483 нусха китобҳои
дарсӣ ба маблағи 9521705,81 сомонӣ ва 93276 нусха дастур,
мавод ва барномаҳои таълимӣ ба маблағи 1301465,99 сомонӣ
ба Раёсат, шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
ва дигар муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шудааст.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар самти таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот низ як қатор корҳои
мушаххас ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра ба зиёда аз
30 маводи таҳлилию танқидии рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлатию
ғайридавлатӣ ҷавобҳои муфассал омода гардида, ба идораҳои
нашрияҳои зикргардида фиристода шуд. Дар 36 барномаи мустақими
«Маърифат» аз Радиои «Тоҷикистон» мутахассисони Вазорати
маориф дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбат ороста, ба суолҳои шунавандагон
ҷавоб гуфтанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 120 нафар шаҳрвандон
оид ба масъалаҳои соҳа маслиҳати ҳуқуқӣ расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ҳамкориҳои Вазорати маориф бо муассисаи
давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо» низ хеле таҳким ёфт. Бо
дархости Вазорат ду барнома- «Маориф» ва «Фурӯғи дониш»
оид ба соҳаи маориф таъсис ёфт.
Фаъолияти нашрияву маҷаллаҳои соҳавӣ дар ин давра хуб ба
роҳ монда шуда, силсилаи мақолаҳо оид ба тавзеҳу ташреҳи
барномаҳои таълимӣ, мундариҷаи китобҳои дарсӣ, корбурди
усулҳои навини таълим дарҷ гардиданд. Мавзӯъҳои муҳими рӯз
– беҳдошти омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, компютеркунонии
мактабҳо, раванди ислоҳоти соҳаи маориф, таҷдиди назар дар
кори омӯзишу парвариш ва дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба
роҳ мондани таълиму тарбия, саҳмгузорӣ дар ҷашну маъракаҳои
ба низоми муайян воридшаванда, ҳамчунин аз падидаҳои номатлуб,
масалан ҳангоми дарс истифода бурдани телефонҳои мобилӣ
мундариҷаи силсилаи дигари мақолаҳоро ташкил медоданд.
Вазорати маориф ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ба хотири дуруст
ба роҳ мондан ва назорати доимии фаъолияти молиявӣ дар 35
муассисаи зертобеи худ санҷишҳои аудитӣ доир намуд.
Зимни санҷишҳои доиргардида дар муассисаҳои зертобеи Вазорати
маориф ба андозаи умумии 77612 сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии
пулию молӣ ба андозаи 13963 сомонӣ воқеияти истифодабарии
ғайримақсадноки маблағҳо ошкор карда шуд, ки аз маблағҳои
номбурда 27,7 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби муассисаҳо барқарор
карда шудаанд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳое, ки мавриди санҷиш
қарор дода шудаанд, ба маблағи 14257 сомонӣ маблағи қарзи
донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ, ба маблағи 35165 сомонӣ
кам намудани қарзҳои беасоси кредиторӣ ва ба андозаи 7200
сомонӣ зиёдомад дар ҳисоботи барқароршуда, ошкор карда шуд.
Ин гуна камбудиҳо хусусан, дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе,
Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 30 шаҳри Душанбе, Омӯзишгоҳи
касбӣ- техникии №24 н.Файзобод, Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии
№66 ш.Душанбе, Омӯзишгоҳи махсуси касбӣ-техникии №1-и ш.
Душанбе, Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 11-и ноҳияи Шаҳринав,
Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №1 ноҳияи Ҳисор, мактаб интернати
ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ва мактаб- интернатҳои
ҷумҳуриявии ноҳияҳои Шаҳринав ва Нуробод бештар ба мушоҳида
расиданд.
Албатта, дар баробари ин камбудию норасоиҳо дар фаъолияти
муассисаҳои таълимӣ камбудиҳову норасоиҳои зиёде ошкор гардид,
ки онҳо дар рафти гузаронидани санҷишҳо бартараф карда шуданд.
Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2008-2009 муассисаҳои таълимӣ
нисбат ба соли 2007-2008 фаъолтар гардиданд ва сиёсати маорифпарваронаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро дастури хеш қарор дода, ба комёбиҳои бештаре мушарраф
гардиданд. Азхудкунии дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот рӯ
ба афзоиш ёфт, давомот беҳтар шуда, назорати дохилитаълимгоҳӣ
пурзӯр гардид, дастовардҳои илмӣ нисбат ба соли гузашта
бештар буда, ҳимояи рисолахо зиёдтар гардид. Иштирок дар
озмунҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бештар шуда, заминаҳои
моддию техники муассисаҳои таълимӣ хубтар гардид, ки ҳар
кадоми он аз фаъолияти хуби масъулони соҳаи маориф дарак
дода, заҳмати онҳо қобили таҳсину офарин мебошад.
Соли таҳсили 2008-2009-ро ҷамъбаст намуда, бори дигар ба
ҳамаи омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ,
асосӣ ва миёнаи умумӣ, директорони литсейҳо, гимназиҳои
давлатию хусусӣ, директорони омӯзишгоҳҳо ва литсейҳои касбӣ-техникӣ,
коллеҷҳо, техникумҳо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии
касбӣ ва баъдидипломӣ, муассисаҳои тобеи Вазорат ва дигар
вазорату идораҳо, ки ба кори таълиму тарбия машғуланд, аз
номи ҷаласаи мушовара изҳори ташаккур намуда, ба онҳо саломатии
бардавом орзӯ менамоям.
Ба ҳамаи масъулини вазорату идораҳои дахлдоре, ки бо мо
ҳамкорӣ намудаанд, инчунин ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи илм ва маориф, дигар
шӯъбаҳо ва бахусус, ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
мӯҳтарама Р.А.Қурбонова, мудири Шӯъбаи илм ва маориф мӯҳтарам
Ҳ.Фақеров барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судмандашон изҳори
ташаккур менамоям.
Боварӣ дорем, ки иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат
Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Соли маориф
ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 амали мегардад
ва мо низ аз тамоми имконот истифода мебарем, ки дар соли
2010 боз ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардем ва дар
сохтмони НБО-и Роғун ҳиссаи сазовор гузорем.
Вобата ба соли мориф ва фарҳанги техникӣ ва бо мувафаққият
ҷамъбаст намудани ин соли таърихӣ ва хотирмон аз номи мушовара
муроҷиат менамоям:
1.Омӯзгорон ба сифати таълим бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд,
усулҳои фаъол ва самарабахши таълимро истифода карда, ба
фаъолияти хонандагону донишҷӯён дуруст баҳогузорӣ кунанд,
сахтгир ва серталаб бошанд ва нозукиҳои фанро ба онҳо таълим
дода, дар қалби онҳо донишандӯзиро ҷой дода, ба азхудкунии
дониш бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
2. Наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ
ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллливу умумибашарӣ тарбия
намуда, татбиқи Консепсияи миллии тарбияро дар амал ҷорӣ
намоянд. Ба этикет ва одоби наврасону ҷавонон диққати махсус
диҳанд, одоби муоширатро ба онҳо омӯзонида, ба гуфтор, рафтор
ва пиндори онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд ва дарсҳои тарбиявию
кураториро ба манфиати болоравии завқи эстетикии онҳо равона
намоянд.
3.Барои аз худ кардани фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ саъю
талош карда, шарҳу тафсили «фарҳанги техникӣ»-ро дар ҳар
як дарс вобаста ба аҳамияти ин мафҳум баҳри рушди ояндаи
кишври азизамон-Тоҷикистон таъмин намуда, нашри воситаҳои
аёнӣ, плакатҳо, дискҳои интерактивиро ба роҳ монда, мақолаҳо,
дастурҳо нашр намоянд ва барои ҷалби ҳар чи бештари хонандагону
донишҷӯён ба корҳои ихтироъкорӣ, навоварӣ, таҳияи лоиҳаи
илмию техникӣ тадбирҳо андешида, гузаронидани викторинаҳо,
клубҳои мубоҳисавӣ, озмунҳо ва дигар чорабиниҳои ба ин сол
алоқамандро гузаронида, ҳиссиёти зеҳнию ақлонии хонандагону
донишҷӯёнро барои илмҳои муосири гуманитариву техникӣ бедор
намоянд.
4.Роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот
ба корҳои ободонӣ, таъмири биною бунёди боғҳо, маҳкам намудани
гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ диққати бештар дода, майдонча
ва толорҳои варзишии худро ба тартиб дароранд, дар роҳраву
синфхонаҳо вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ воситаҳои
айёнӣ насб карда, иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ин
сол таъмин гардонанд. Инчунин, барои чопи китобҳои дарсӣ,
дастурҳои таълимӣ диққати махсус дода, ҷалби хонандагону
донишҷӯёнро ба китобхонаҳо таъмин гардонанд ва ба ташаккули
шахсиятти хонандагону донишҷӯён диққат дода, фаъолияти муовинони
худ, мудирони кафедраҳоро беҳтар гардонанд.
-сардорони Раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи вилоят ва
шаҳру ноҳияҳо масъулиятшиносии хешро бештар намуда, барои
иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати
маориф ҳиссагузор бошанд ва ба интизоми меҳнат диққат дода,
кори таълиму тарбияро боз ҳам беҳтар гардонанд.
-ҳамаи кормандони соҳаи маориф баҳри амалӣ намудани муроҷиати
Сарвари давлат нисбат ба сохтмони НБО-и Роғун барои харидории
саҳмияҳо саъю талош карда, ҳиссаи худро дар бунёди ин иншоот
гузоранд.
Аз рӯзи эълон шудани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз кормандони
соҳаи маориф дар 30 млн. 200 ҳазор сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ
намуданд, ки ин аз эҳтироми кормандони соҳа ба муроҷиатномаи
Сарвари давлатамон дарак медиҳад.
Ба ҳамаи он шахсоне, ки дар харидории саҳмияҳои НБО-и Роғун
ҳисса гузоштаанд, аз номи ҷаласаи мушовара ва аз номи худам
изҳори ташаккур менамоям. Боварӣ дорем, ки кормандони соҳаи
маориф барои боз ҳам бештар харидорӣ намудани саҳмияҳо саъю
талош карда, ном ва мақому манзалати корманди соҳаи маорифро
боз ҳам баланд хоҳем бардошт.
Бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми масъулони
соҳаи маорифро даъват менамоям, ки биёед ба хотири бомуваффақият
ҷамъбаст намудани соли таҳсили 2010 ва Соли маориф ва фарҳанги
техникӣ аз як гиребон сар барорем ва бо меҳнати софдилона,
азми қавӣ ва ташаббусҳои наҷибона ин санаи фархундаро бо
комёбиҳо ҷамъбаст намуда, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари
давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори
хеш қарор дода, дастуру супоришҳояшонро сари вақт иҷро намоем
ва дар рушди мактабу маориф ҳиссаи сазовор гузошта, номи
пуршарафи омӯзгориро баланд бардорем ва Тоҷикистони азизамонро
шӯҳратёр гардонем.
Ташаккур ба
диққататон.