Дастаи литсейи
Президентии шаҳри Душанбе шарафи Тоҷикистонро боло бардоштанд
Аз 5 то 6 майи соли
равон дар шаҳри Остонаи ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи байналмилалии
матаббачагон аз фанҳои физика, химия ва биология баргузор
гардид. Дар ин олимпиада дастаи Литсейи Президентии ш. Душанбе
хонандагони синфи 8 Саломова Ризқинисо, Алиева Саодат ва
Ҳуснияи Ҷалолиддин Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Дар фанҳои
алоҳида онҳо сазовори 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ
гардиданд. Дар умум яъне, санҷиши ҳар се фанҳо командаи
Тоҷикистон мақоми чемпиони мутлақро сазовор гаштааст.
Н. Нуралиев