ДОНИШКАДАИ
ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БА АЪЗОГИИ КЛУБИ
РЕКТОРОНИ ЕВРОПА ПАЗИРУФТА ШУД
Ректори Донишкадаи
омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззам Ансоров
аз ҷониби Кумитаи Сарфарозгардонии Бизнес Ассамблеяи Аврупо
(ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) ба аъзогии Клуби ректорони
Европа пазируфта шуд. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
А. Раҳмонов мавсуфро барои дарёфти ин мукофоти байналмиллалӣ
аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
табрику муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ диплом,
шаҳодатнома, мантия ва нишони сарисинагии аъзои Клуби ректорони
Европа супорид. Ҳамчунин, дар идомаи сухан афзуд, ки ҳадафи
Клуби ректорони Европа, ки дар шаҳри Оксфорди Британияи
Кабир қарор дорад, ин муттаҳидсозии афкори илмии ҷаҳонӣ
дар рушди Конвенсияи Болонӣ ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти
муштараки донишгоҳҳои аъзои он мебошад. Ман боварӣ дорам,
ки Муаззам Ансоров бо дарёфти ин ҷойизаи олӣ дар тарбияи
кадрҳои илмӣ ва омӯзгории Тоҷикистон саҳми муносиб гирифта,
мавқеи донишгоҳро дар арсаи байнамилалӣ муаррифӣ хоҳад намуд.
Дар ин ҷода ба эшон барору комёбиҳо хоҳонам.
Мавриди зикр аст, ки акнун ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент имконият фароҳам омад, ки дар номоишгоҳҳои
байналмилалӣ, форумҳо, симпозиумҳо ва конфресияҳо оид ба
таҳсилоти олӣ мустақиман ширкат варзида, дастовардҳои хешро
муаррифӣ намояд.
Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ