Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

E-mail:




 

СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ-2010


ЭЪЛОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ МИСРИ АРАБ


Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дар соли таҳсили 2010-2011 аз ҷониби Ҷумҳурии Мисри Араб барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудани бурсияҳои таҳсилӣ, аз ҷумла 10 ҷой дар Донишгоҳи ал-Азҳар, 7 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигари ин кишвар ва инчунин 5 ҷой барои такмили ихтисоси забони арабӣ озмун эълон менамояд. Дар озмун хатмкунандагони лаёқатманди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҳамчунин донишҷӯёни курсҳои 1-4-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барои такмили ихтисос хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ки забони таҳсил- забони арабиро медонанд, метавонанд ба сифати довталаб иштирок намоянд.
Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
-аризаи асоснокшуда ба унвонии Раиси Комиссияи қабул барои ба сифати довталаб қабул карда шудани ҳуҷчатҳо;
-анкетаи иттилоотӣ;
-нусхаи аттестат ва ё диплом (хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷойи таҳсилашон маълумотномаи тасдиқкардаи роҳбари муассисаи таълимиро пешниҳод карда метавонанд);
-тавсияномаи Раёсат ва ё Шӯъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар бораи дар озмунҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии фанҳои таълимӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани довталаб, барандагони стипендияи Президентӣ ва номӣ, довталабони медалҳои тилло ва нуқра;
-нусхаи «Ифтихорнома»-ҳои дар давоми таҳсил аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмунҳои байналмилалӣ комёбгашта;
-гувоҳномаи тиббии – 086, оид ба гирифтор набудан ба бемории СПИД;
-8 дона сурати андозаи 4x6.
Дар озмун ба довталабони гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ѓолибони даврҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқии озмуни фанҳои таълимӣ, довталабони медалҳои тилло ва нуқра ва донишҷӯёни лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки тавсияи роҳбарияти муассисаи таълимиро доранд, афзалият дода мешавад.
Ҳуҷҷатҳо дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода-47 аз 29-уми апрел то 14-уми майи соли 2010 қабул карда мешаванд. Имтиҳони қабул ва диктанти санҷишӣ рӯзи 15-уми майи соли 2010 дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ баргузор мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти мукаммалро бо телефонҳои 227-65-60; 221- 11-75; 221-18-83 дарёфт кунанд.
Бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон