Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 




ДАР АМАЛӢ ГАШТАНИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОИД БА ЭЪЛОН ГАШТАНИ «СОЛИ 2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӣ» ҲАР КАС БОЯД САҲМ ГИРАД.

 

То кай бо чорчарха?


Сӯйи коргоҳ меомадем. Шиносе, ки хонаи нав меандохт, ҳамроҳ аз маршруткаи рақами 4 фаромад.
-Аз мардикорбозор як сантехники рус ёфт мешуда бошад?- шояд дар омади гап пурсид ӯ.
- Чаро маҳз устои рус? – тааҷҷуб кардем мо. Агар ягон мардикори тоҷик коратонро буд карда, чор танга ёбад, кори носавоб мешавад?
- Гапатон ҳақ-куя, аммо дирӯз як марди корҷӯ «аз дасти ман тамоми кори олам меояд», гуфта диламро пур карду як рӯзи дароз ҷунбида ақаллан баробари як устои майзадаи урус ҳалол анҷом дода натавонист. Мегӯям, тоҷикҳои худамон лойгару хиштчини хубанд, аммо дар масъалаи техника …- ҳамсоя бо таассуф калла ҷунбонид.
Ин гапҳои кӯҳна. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ҳамин хел ақида буд: яъне ақли мардуми маҳаллӣ ба истифодаи техника намерасад гуфта, аз худи шаҳрҳои дурдасти Русия челонгару харрот, бофандаву дӯзанда меоварданд.
Ҳамроҳи мо дар чоркӯчаи бозори Шоҳмансур ҷониби дигар тоб хӯрда бошад ҳам, ҳанӯз мутаассири сӯҳбати ӯ будем.
Шояд ӯ ҳақ бошад ва аз байни мардикорон ақаллан як устои ширакайфи урусро ёфта, таҷҳизоти ҳаммоми хонаашро васл карда бошад. Кӯча пур-пури техника – мошинҳои гуногунтамға оламро гирифтааст: ҳама моли хориҷӣ. Аз байни ин мошинҳои хориҷӣ ягон-ягон «моли худамон» ҳам ба чашм мерасад. Албатта, мо «техника»-и чорчархаи ҳаммолони бозорро дар назар надорем. Ҳамон «Москвич»-у «Жигули»-и урусиро мо, собиқ шӯравиҳо «ватанӣ» меҳисобем.

Даррок мебояд


Сад шукр, ки дар асри 21 зиндагӣ дорем, меваи истиқлолият чашидаем. Вале ба дастгирии даъвати боло он гаҳ хонахез мешавем, ки гап сари ҷашнгириҳову бузургдошти ин ё он чеҳраи фарҳангӣ бошад. Чунки табиати мо, тоҷикон чунин аст. Албатта, боиси ифтихор аст, ки бахшида ба бузургоне, аз қабили устод Рӯдакиву Ҷалолиддини Балхӣ симпозиумҳои байналхалқӣ доир кардем. Охир, кадом миллате дар ин атрофу акноф ба мисли Рӯдакӣ бузурге дорад, ки ҳанӯз ёздаҳ қарн муқаддам гуфта бошад:
Замона асбу ту роиз, барои хешат боз,
Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз!
Ва аммо бубояд сари ин шаҳбайт имрӯз ангушти андеша ба сар барем ва маърифат кунем. Бале, маҳз фаҳму дарк кунем, ки аспи замонаро маҳмез задан бояд, то баробари пешгомони ҷаҳон бошем. Он гаҳ базмҳои осмонкаф ороем, ки бо дасти хеш ақаллан чорчархае бисозем, то аз «моли ватанӣ»-амон каме фарқ кунад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гаштани соли ҷорӣ на ҳамчун шиор бимонад. Ва ин сол танҳо барои Вазорати маориф нест, андар ин сол бубояд аҳли ҷомеа бо андешаи тоза баҳри дар амал татбиқ кардани ғояи даъвати бузург сари по истад.
Дарвоқеъ, ҳар иқдоме, ки аз тарафи шахси аввали ҷумҳурӣ пеш гирифта мешавад, бе чуну чаро мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҷомеа қарор мегирад. Дар робита ба ин аз эълон гардидани Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар соли 2010 хеле интизориҳо доштем. Бале, воқеан ҳам интизор будем, ки рӯҳияи ҷомеаро пурра ин маънӣ фаро мегирад, тавре ки дигар солҷашнҳо, ба мисли гиромидошти бузургони илму адаб ва ё шаҳрҳо. Фикр мекардем, ки дар дастгирияш тамоми хосу ом, матбуот ва дигар соҳаҳо хушҳолӣ мекунанд. Вале… агар ин пешниҳод на аз тарафи шахси аввал, балки аз тарафи ягон фарди дигар баён мегашт, ин қадар тааҷҷубангез наменамуд.

Ҳаракате, ки
дастгирӣ мехоҳад


Ҳанӯз дар охирҳои асри 19 ҳаракати маорифпарварӣ дар сарзамини паҳнои мо ба вуқӯъ пайваста буд. Агар ба таърих назар андозем, ин ҷунбиш дар Бухорову Ирону Туркия ва соири кишварҳои Шарқ баробар ба чашм мерасид. «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и Зайнулобиддини Мароғаӣ, «Китоби Аҳмад»-и Толибов (ин ҳар ду адибони иронианд), «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким, «Мунозара»-и Абдурауфи Фитрат…
Аксари ин соҳибкитобон баъди сайру саёҳат ба мамолики Ғарб ба чунин хулосае омадаанд, ки чашми миллатро кушоянд. Ва эшон роҳи наҷотро дар маорифпарварӣ донистаанд.
Як ба хотир биёрем, пешниҳодҳои алломаи замон Аҳмади Донишро мавриди ислоҳотхоҳӣ, хусусан, ислоҳоти маориф. Ин аллома баъди сафари Русия дарк кард, ки тафовут миёни макотиби он ҷо ва кишвари худ аз замин то осмон аст. Барои ӯ дар таълимгоҳҳои Русия омӯзонидани фанҳои дақиқ хеле муҳим намуд. Мутаассифона, тавре устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ишораҳо дорад, таълим дар мадрасаҳои ин ҷо пурра динӣ буд. Ба донишмандии Аҳмади Дониш ҷойи шакку шубҳа набуд, бо вуҷуди ин андешаҳои ҷолибу омӯхтании ӯ қабул нагаштанд.
Агарчи миёни рӯзгори мову онҳо солҳост ва тафриқаи маърифат низ аз замин то Сурайёст, ба назар чунин мерасад, ки маорифу маорифпарваронро имрӯз вазифа ҳамон аст, ки ҳамон: бояд ба дарки ҷомеа расонид, ки имрӯз бе омӯхтани илму теника пеш рафтан, ҳамқадами кишварҳои тараққикарда будан ғайриимкон аст.

Иқдоми соҳавӣ нест, балки…


Ба пиндори мо, имрӯз дастгирии пешниҳоди Сарвари кишвар то дараҷае ки зарур аст, эҳсос намешавад. Агар мешуд, аз эълони ин мазмун ҳафт ва аз таҷлилаш се моҳ сипарӣ гардидааст, аммо то ҳол фарогирии комили рӯҳияи ҷомеа мушоҳида намешавад. Воқеан, «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ»-ро Вазорати маориф эълон накардааст, ин даъвати Сарвари кишвар аст. Зоҳиран, вожаи «маориф» бисёр вазорату раёсат ё муассисаҳоро хотирҷамъ кардааст, ки худро дар ин масъала масъул намешуморанд. Агар Вазорати маориф барои омӯзонидани асосҳои фанҳои техникӣ вазифадору мактабҳо бо лавозимоту таҷҳизоти ҳозиразамони лабораторӣ ва бо мутахассисони техникӣ таъмин бояд бошанд, пас, дигар мақомот барои дар ҳамбастагӣ ба мақсад расидан боястӣ мусоидат кунанд, барои баланд бардоштани дараҷаи маърифати техникии кормандони хеш талош варзанд.
Дуруст аст, ки назар ба як-ду ҳамсоякишвар мактабҳои мо бештар ба компютерҳо таъминанд. Вале аз таъмин будан то омӯзонидан хеле гап.
Инкор намекунем, гоҳо барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба мавзӯъ дахолат мекунанд (он ҳам давлатӣ), вале пайгирии муназзам чандон ба назар намерасад. Ба хусус, матбуоти ғайрисоҳавӣ аз шарҳи ин маънӣ, пешниҳоди масоили дахлдори он, пуштибонӣ аз ин иқдом кам мегӯянду менависад, ҳатто садо доданро муҳим намедонанд. Дар ҳоле ки ба гуфти маорифчиёни асил, як сол кам, балки дар шароити имрӯза барои мо Даҳсолаи маориф ва фарҳанги техникӣ зарур аст, чунин муносибатро чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?

Иқрор бояд буд


Аслан пешниҳоди Президент дар ин маврид аз талаботи замон баромадааст. Пас, имрӯз агар мо аз талаби замон қафомондагӣ эҳсос кунем, худро дар қатори кишварҳои мутамаддин дидан ҷуз орзу чизи дигаре намемонад. Талаби замони шӯравӣ асосан мутолиаи китоб буд, мо ҳамин тавр будем, вале талаби асри техника дигар аст, фарҳанги волои техникӣ доштан. Ин қадар ки ба ёд оварданӣ мешавем, дар робита ба фарҳанги техникӣ ҷуз: ба сими холии барқ расидан хавфнок аст, ба асбоби техникӣ, аз қабили радиову телевизор, дарзмолу плита, ба дасти хушк кор гирифтан низ хатар дорад, чизи дигаре ба хотир намеояд. Фаразан, намедонистем, ки дар ҳолатҳои хавфнок ҷуз гурехтан чӣ амалро иҷро кардан зарур ё асбобро чӣ гуна таъмир кардан мумкин аст. Ин ки дар истифодаи телефон, компютер, Интернет меъёрро риоя намекунем, маҳз аз норасоии фарҳанги техникии мо дарак медиҳад. Ё дар масъалаи бепарвоёна истифода бурдани об он чизеро, ки мебояд, дарк намекунем. То кунун мо харидани мошинро на аз рӯи зарурат, балки аз рӯи худнамоӣ ихтиёр мекунем.
Бубинед, ки мо дар замонаш дар истифодаи технология то чӣ андоза тарсу будем, вале кӯдаки сесолаи имрӯз мефаҳмад, компютерро чӣ тавр ба кор дарорад, бо истифода аз барномаи «WORD» (бозӣ як тараф истад) саҳифа кушода, дар он наққошӣ кунад. Кӯдаки 7 - 8- сола аллакай ба Интернет медарояд, донишҷӯи мо барнома месозад, вале насли калонсол то андозае мушаки компютерро ба кор бурда наметавонад.
(Пас, агар талаботи имрӯзро ба назар гирем, танҳо ҷавонон бояд сари кор нишинанд(?), чун онҳо нисбат ба калонсолон аз техника хабардоранд ё чанд забон медонанд. Аммо агар шахси пуртаҷрибаву рӯзгордида маърифати техникӣ дошта бошад, нуран алонур мебуд!)
Вале оё мо метавонем, дар маҷмӯъ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ин нуктаро ҳалшуда ҳисобем? Билкул не. Зеро то ҳанӯз дар макотиби дурдасти кӯҳистон мактаббачагон компютерро «тамошо мекунанд», чун мутахассис нест.
Магар ин ҳама дастгирӣ намехоҳад? Мехоҳад, аммо танҳо бо ташкили як – ду саҳифа дар матбуоти соҳавӣ мо наметавонем, дар ин самт муваффақ гардем.

Хушбин будан кам, вақти
амал аст!


Аллакай чор моҳи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ сипарӣ мешавад, вале ҳанӯз байни соҳибназарон талош давом дорад: «Мо бояд аз баҳри шеъру шоирӣ ва аз баҳри базму тараб бароем, танҳо аз пайи илму техника шавем».
Аз нигоҳи мо беҳтар аст, тамоми матбуоти даврӣ аз ин ваҷҳ пайваста гӯянду нависанд, мутахассисони соҳа аз зарурат, моҳият ва оқибатҳои ин иқдом ҳарф зананд. Гузашта аз ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин муносибат нақшаи чорабинии махсус ташкил намуда, дар он ба ташкили шиору овезаҳо низ диққати маҳз диҳанд. Агар дошта бошанд, назоратро ҷиддӣ гардонанд. Тамоми кӯчаву хиёбонҳо аз пойтахт то хурдтарин деҳот бояд фазои ҳадафҳои ин солро фаро гиранд, роҳбарони корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ихтиёран ба дастгирии мактаб бархезанд, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои маориф баҳри таъмини мутахассисон дар ин самт чораҷӯӣ намоянд. Ба таълими фанҳое, ки то ин вақт дуюмдараҷа маҳсуб меёфтанд, аз қабили асосҳои касбу ҳунар, санъату мусиқӣ аҳамияти чандинкарата диҳанд. Ва ин ҳама дар робита бо падару модарон, аз зинаҳои болоӣ сар карда, бояд сурат гирад.
Мо, ки паёмадони Абурайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайёму Насриддини Тусӣ ҳастем, бузургоне ҳам дар соири улуми дунявӣ дорем ва забони шевои мо ҳам, ки барои ифодаи вожаҳои улуми мухталиф созгор аст, чаро донишҳои техникиро аз худ карда натавонем ё ихтироъкор набошем? Ва агар аз миллати шерзою шеърдон олимони техникаи муосир рӯйи кор оянд, чӣ бахти бузург мебуд.
Хушбин будан кам аст, амал бояд кард.

Марям ЭШОНҶОНОВА,
Саида НАБИЕВА,
«Омӯзгор