ЭЪТИРОФИ ДОНИШИ
МАЪРУФ
Рӯзҳои 20-25 май дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони маориф озмуни минтақавии «Муаллими
сол- 2010» баргузор гардид.
Дар озмун таҳти роҳбарии ректори ДҶТИБКМ А.Абдулазизов 7
нафар мутахассисони соҳа доварӣ карданд. Довталабон аз рӯйи
6 шарт –ҳисобот аз фаъолияти омӯзгорӣ, як соат дарс дар
мактаби бегона, тартиб додани нақшаи мавзӯӣ (тематикӣ),
пешниҳоди корҳои эҷодӣ, кори амалӣ бо компютер ва тартиб
додани барномаи чорабинии тантанавии умумимактабӣ қувваозмоӣ
карданд. Синну сол ва таҷрибаи педагогии иштирокдорони озмун
гуногун буд. Агар ҷавонтарин довталаб Файзалӣ Устоев бо
5 соли собиқаи корӣ (муаллими фанни биологияи мактаби рақами
1-и ноҳияи Тоҷикобод) бошад, куҳансолтаринашон Довудшоҳ
Эшонов бо 42 соли собиқа корӣ (муаллими фанни математика
аз ноҳияи Рашт) буд, ки пас аз расидан ба синни бознишастагӣ
натавонистааст аз кори таълиму тарбия дур бошад. Аз тамошои
намоишгоҳе, ки аз маҳсули фаъолияти педагогӣ ва эҷодкориву
навовариҳои муаллимони довталаб тартиб дода шуда буд, чунин
бармеояд, ҳарчанд эшон дар байни омӯзгорони ноҳияҳои хеш
гули сари сабад ҳастанду дастовардҳое ҳам дар соҳаи таълиму
тарбия доранд, аёниятҳо ва маводи худсохташон комилан ҷавобгӯйи
тақозои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нест. Мусаллам аст:
дар ин айём бо макети чархофалаки обкаше, ки гузаштагони
аҳли башар шояд намунаи беҳтарини онро ҳазорсолаҳо пештар
сохта бошанд, наметавон ифтихор кард. Ё бо истифода аз механизми
миксер (асбоби омехтакунак)-и дурушти дастӣ, ки ба пояи
бесифаттарин миксери чиноӣ намерасад, даъвои ихтироъкориву
навоварӣ кардан, ба андешаи банда, аз рӯйи инсоф набошад.
Баъди иҷрои шартҳо, яъне дар ҷамъбасти озмун ғолиби ягона
омӯзгори ҷавони фанни математика Маъруф Неъматов (аз мактаби
рақами 29- и ноҳияи Варзоб) эълон гардид. Ғолибияти Маъруфро
иштирокдорони дигар самимона табрик гуфта, шаффофияти озмунро
таъкид карданд. Ба гуфти муовини вазири маорифи Тоҷикистон
Т.Маҳмадова, агар дар Низомнома ҷойҳои дуюму сеюм муайян
мешуданд, бешак, довталабони ноҳияҳои Шаҳринав (Марҳабо
Турсунова) ва Турсунзода (Дилбар Маликова) ҳам метавонистанд
соҳиби роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ гарданд. Ба ғолиб аз
номи Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ телевизор
(инчунин як адад телевизор ба мактаби ғолиб), ба дигар довталабон
мукофотҳои хотиравӣ ва роҳкиро супорида шуд. Панҷ нафар
аз тарафи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии маорифи
Тоҷикистон» ва ҳафт нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф
тақдир шуданд.
Марям ЭШОНҶОНОВА,
«Омӯзгор»