Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


ОЗМУН
ҒОЛИБ – НАМОЯНДАИ РӮДАКӢ


Ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф озмуни минтақавии «Мураббии сол-2010» баргузор гардид. Дар он 7 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ - Парвина Сангинова (аз Файзобод), Майлистон Шарофова (аз Тоҷикобод), Зулфия Абдуллоева (аз Ваҳдат), Ҳавасмоҳ Зулфонова (аз Ҳисор), Наргис Саидова (аз Рӯдакӣ), Зулола Раҳмонова (аз Варзоб), Нилуфар Ҷӯраева (аз Турсунзода) ширкат варзиданд.
Нисо Қоқова, сармутахассиси раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва муассисаҳои томактабии Вазорати маориф дар расми ифтитоҳи ин чорабинӣ иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф довталабони шаҳру навоҳии тобеи марказро ба ин чорабинӣ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт: «Иштироки шумо дар ин сабқат аллакай нишони ғолибият аст. Зеро ҳар яки шумо дар ноҳияи худатон байни мураббияҳои чанд кӯдакистон ғалаба ба даст оварда, ба даври сеюм роҳхат гирифтаед. Яъне истеъдод ва малакаву маҳорати педагогии ҳар яки шумо аллакай эътироф гардидаст. Ва озмун байни эътирофшудагон сабқати хеле ҷиддӣ ҳам ҳаст. Бинобар ин бо ҷуръати тамом ба қувваозмоӣ ҳозир гардидани шумо боиси табрику таҳният аст.»
Озмунро ҳайати 5-нафараи доварон таҳти раисии Лутфия Иматова, мудири шӯъбаи муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф аз рӯйи 7 шарт (ҳисоботи эҷодӣ, намоиши фаъолияти эҷодӣ, саволу ҷавоб аз вазъи педагогию равоншиносӣ, гузаронидани машғулият бо тифлакони кӯдакистони ноошно, намоиши маҳорат ва истеъдоди актёрӣ, саволу ҷавоб доир ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрии соҳа ва бевосита дар толори озмун омода сохтани ягон аёният) аз рӯйи меъёри 10-холӣ баҳогузорӣ мекарданд.
Дар саломхона (вестибюл)-и бинои донишкада маводи дастисохт ва аёниятҳои мураббияҳои довталаб ба намоиш гузошта шуда буд. Ба ҳозирин аз маводи пешниҳодгардидаи мураббияиҳои довталаб макети нақби Анзоб (кори Нилуфар Ҷӯраева, мураббияи кӯдакистони рақами 1- и шаҳри Турсунзода), макети компютер, «меваву сабзавот»-и аз риштаҳои ранга омодагашта (дасткории мураббияи кӯдакистони рақами 4-и деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод Парвина Сангинова), ҷамъи лӯхтакчаҳои худсохти миллӣ бо унвони «Оилаи мо» (пешниҳоди довталаб аз ноҳияи Тоҷикобод М.Шарофова), макети аз чумчаҳои яхмосхӯрӣ омодагаштаи ҳавопаймо ва киштӣ (амали дасти мураббияи кӯдакистони рақами 10 - ноҳияи Ваҳдат Зулфия Абдуллоева), макети нерӯгоҳи барқии обии Роғун (пешкаши мураббияи кӯдакистони «Лола»-и ноҳияи Ҳисор) хуш омаданд. Вале маводу аёниятҳои пешкашкардаи иштирокдори озмун, мураббияи гурӯҳи русии кӯдакистони рақами 3-и ноҳияи Рӯдакӣ Наргис Саидова олами дигар буд! Аввалан, дар намоишгоҳ кори дастони моҳири Наргис қариб аз се як ҳиссаи толорро банд мекард. Дигар, кас худро дар кишвари афсонавие эҳсос мекард, ки сокинонаш ҳама зочаҳоянд. Он ҷо, пеш аз ҳама «Осмони соф» дилро рӯшанӣ меандохт. «Осмони соф» тасвирест дар пардаи ҳарири ҳаворанг, ки андар он абрпораҳо қувони сафедро монанд ва гулпаракон аз оғӯши гулшан ба истиқболашон пар кушояд! Персонажҳои афсонаҳои тоҷикиву русӣ тамошобинро ба олами беғашиҳои кӯдакӣ мебурданд. Тахайюли рангини мураббияи эҷодкор ҷорӯби абрешимиро ба шери жаён табдил дода буду қуттичаву коғазҳои рангаи шоколадро ба роботи азимҷусса. Ҳар як ҷиҳоз гӯиё забон дошту ҳунармандии Наргисро қисса мекард: мураббия ҳунари дӯзандагӣ, бофандаги, мӯҳракашӣ, рассомӣ, кулолӣ дорад! Соҳиби дастони пурэъҷоз гузаштаро ба имрӯз мепайвандад! Бубинед, баъди қаҳрамонони афсонаҳо макети «Гулхани абадӣ» ҷойгир аст. Бешак, ин ҷиҳозро мураббия дар чорабинии кӯдакистон, ки бахшида ба 65-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм баргузор гардидааст, истифода бурдааст. Инак, макети НБО-и Роғун, ки ифтихори мо, тоҷикистониён бошад!
Довталабон машғулиятҳоро бо тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 1-и ноҳияи Шоҳмансур бурданд. Дар ин шарти озмун З.Абдуллоева ва П.Сангинова маҳорати хуб нишон доданд. Аз рӯйи шарти маҳорати актёрӣ намояндаи Турсунзода Н.Ҷӯраева доди ҳунарро дод! ӯ гоҳ бо либоси қадимаи бонувони водии Ҳисор дар нақши зани солхӯрда арғушт мерафту гоҳ дар нақши тифли чорсола бо забони ширин нақлҳои аҷиб мекард, шеър мехонд. Ҳозирин дар лаҳзаи тафреҳ ин бонуи боистеъдодро бо кафткӯбиҳо маҷбур сохтанд, ки дар ҳавои оҳанги шӯх боз бихромад.
Хуллас, аз рӯйи гуфтаи сардовар Л.Иматова, ба озмуни «Мураббии сол - 2010» шахсони тасодуфӣ наомадаанд. Ҳар яке ақаллан дар 2-3 шарт нисбат ба дигарон бартарӣ нишон медоданд. Масалан, доварон якдилона ҳисоботи эҷодии намояндаи ноҳияи Файзобод П.Сангиноваро бо даҳ хол қадр карданд. Инчунин М.Шарофова ва З.Абдуллоева соҳиби истеъдоди баланди мусаввирӣ ҳастанд. Ҳ.Зулфонова ҳунари хуби тақлидкорӣ дорад. З.Раҳмонова бо маҳорати тамом манзарае сохт, ки аз рӯйи ин шарт соҳиби холи баланд гардид. Н.Ҷӯраева дар баробари арғуштии моҳиру тақлидкори муваффақ буданаш донандаи хуби ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа низ ҳаст. Вале барои ба зинаи баланди ғалаба расидан дар маҷмӯъ дониш, маҳорати касбӣ, ҳунару эҷодкории иштирокдор ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар давраи сеюми озмуни «Мураббии сол - 2010» аз навоҳии тобеи марказ ғалаба насиби мураббияи кӯдакистони рақами 3-и ноҳияи Рӯдакӣ гардид, ки 336 хол ба даст овардааст.
Ғолиби ягона дар баробари ба даст овардани роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмун аз тарафи Вазорати Маорифи Тоҷикистон, ДҶТИБКМ бо Ифтихорнома, телевизори рангамукофотонида шуд. Ҳар як иштирокдори озмунро инчунин бо DVD, Ифтихорнома қадр карданд. Аз Ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумхурӣ ғолиб ва дигар ширкаткунандагон бо маблағи муайян қадршиносӣ ёфтанд. Дар навбати худ эшон, ба аъзои кумитаи тадорукот ва ҳайати доварон арзи сипос карда, таъкид доштанд, ки озмун дар фазои якдигарфаҳмӣ ниҳоят шаффоф гузашт.
Ба андешаи ин ҷониб, низомномаи озмуни «Мураббии сол» таҷдиди назар мехоҳад. Модом ки ин чорабинӣ озмун ном дорад, бояд ҷойҳои дуюму сеюм низ дошта бошад. Агар чунин мешуд, дар озмуни давраи сеюм аз ноҳияҳои тобеи марказ ҷойи дуюм бо 313 хол насиби намояндаи Файзобод П.Сангинова, ба ҷойи сеюм довталаб аз ноҳияи Ҳисор, Ҳ.Зулфонова, ки 288 хол ба даст овардааст, сазовор дониста мегардид. Ва ба онҳо ҳам ҳуқуқи дар давраи чорум иштирок кардан пайдо мешуд. Пас анҷоми озмун сармутахассиси донишкада Т.Девоншоева ба муаллифи ин сатрҳо гуфт: «Маро ба табрики намояндаи хеш омадани кормандони масъули шӯъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия хеле хуш омад. Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки дар нохияи Рӯдакӣ дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ба масъалаи тарбияи атфол аз паси панҷа чашм намеандозанд. Агар раҳбарони навоҳии Нуробод, Роғун, Ҷиргатол ва Рашт ба масъалаи маориф нигоҳи гарм медоштанд, намояндагони онҳо ҳам дар қатори ин 7 нафар дар сабқат мебуданд ва аз ҳамкасбони хеш таҷриба меомӯхтанд.»
Бояд зикр кард, ноҳияе, ки имрӯзҳо бо сохтмони беназири НБО-и Роғун машҳури офоқ гардидааст, ба озмуни «Муаллими сол» низ довталабе нафиристода буд. Аз рӯйи нақли ҳолдонҳо, дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ 1-2 кӯдакистон амал мекунаду бас. Бо ин ҳол наметавон ғолиби давраи дуюмро муайян сохт ва ба озмуни минтақавӣ фиристод.
Чунон ки ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф А.Абдулазизов дар анҷоми озмун зикр кард, мо ногузир ба низоми нави таҳсил мегузарем. Барои он ки кӯдакон ба мактаб омода шавад, масъулияти кӯдакистонҳо беш аз пеш меафзояд. Минбаъд дар ҳар ноҳия тифлакон бояд ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд.


Бале, ин талаби айём аст!


Марям ЭШОНҶОНОВА,
«Омӯзгор»