Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 


 

 

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО

Ҷиҳати густариш ва таҳкими равобити илмию омӯзишии мутақобил ва рушди ҳарчи бештари равобити дуҷониба миёни ду кишвари дӯст ва бародар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 23 январи соли равон байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи омӯзиши олии «Сариро» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Тибқи Ёддошти тафоҳум ҳамкориҳо дар самти ҷалби хонандагону ҷавонон ва донишҷӯён ба омӯзиши касбу кор, баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу кор ва технологияҳои нав, пешниҳоди методҳо ва равишҳои нави омӯзиш аз тариқи технологияҳои электронӣ, ҷалби омӯзгорон ва коршиносони тоҷик ҷиҳати боздид аз марказҳои фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи рушд ва тавсияи касбу кор, баргузории ҷашнвораҳои ҳунарӣ ва таълимӣ, конфронсу семинарҳои илмӣ ва ширкат дар олимпиадаҳои илмӣ ва маҳоратии хонандагон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайраҳо густариш хоҳанд ёфт.
Ёддошти тафоҳумро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз ҷониби Муассисаи омӯзиши олии «Сариро»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Сейдӣ ба имзо расониданд.

**************

Дар доираи равобиту густариши ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Хидустон дар соҳаи маориф 25 январи соли равон оид ба татбиқи «Озмоишгоҳи муосири техники Ҳиндустон – Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Озмоишгоҳи мазкур дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таъсис дода мешавад. Тибқи муқаррарот озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияи нави муосир аз ҷониби Ҷумҳурии Ҳиндустон насб шуда, донишҷӯёну устодон барои такмили дониш ва таҷрибаи хеш ба таври васеъ истифода хоҳанд намуд. Ёдддошти тафоҳумро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Синха ба имзо расонида, аз ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои бо ҳам дӯст дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ