Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


 

НИЗОМИ ТАҲСИЛОТ
ГУЗАРИШ – ТАЛАБИ ЗАМОН


Дар Кохи Ваҳдат бо ибтикори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он мудири шӯъбаи маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Фақеров, вазири маорифи Тоҷикистон А.Раҳмонов, мушовири байналмилалӣ Е.Я.Колган, сардорони раёсатҳои вазорат, намояндагони муассисаҳои зерсохтор, масъулони кор аз вазоратҳои маориф, молия ва иқтисод, ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонии рушд, Бонки осиёгии рушд, СОРОС, ЮСАИД, ЮНИСЕФ, як қатор сафоратхонаҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд. Дар ифтитоҳ вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамаи иштирокдоронро бо мақсади ин ҳамоиш ошно сохта, зикр кард, ки ҳадаф аз пеш гирифтани низоми нави таҳсилот наздик шудан ба сатҳи байналмилалист.
-Гузаштан ба низоми нав дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ сурат гирифта, марҳилаҳои муайянро дар бар мегирад, - гуфт ӯ.- Дар марҳилаи аввал асосан омода сохтани стандарту нақшаҳои таълимӣ ва гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии асосии 10-сола дар назар дошта шудааст. Дар марҳилаи дуюм бошад, қабул ба синфи 1 аз синни 6-сола ва гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумӣ (12-сола), ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ (дар синфҳои 11-12), минбаъд истифодаи литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун захираи таълими равиявӣ ва касбӣ дар ҷумҳурӣ сурат мегирад.
Вазири маориф гузаштан ба таҳсилоти 12-соларо дар асоси ҳуҷҷатҳои дурнамои «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» ва «Таҳсилот барои ҳама» арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар ҳар сурат бо ин роҳ ба таҳсил ҷалб намудани мактаббачагон, хусусан, духтарон, пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон ва ба ин васила ташаккули шахсияти хонандагон метавонанд монеаҳои дигарро барҳам зананд. «Мо медонем, ки дар амалигардонии ин ҳадафҳо пешорӯи мо мушкилоти кадриву молӣ хеле зиёд аст. – изҳор кард А.Раҳмонов. - Вале инро ҳам бояд дар хотир дошта бошем, ки мо имкон дорем, тавассути фаҳмондадиҳии амиқ ҷалби тамоми ҷомеаро барои дарки зарурати талаботи замон ба даст овардаву монеаҳои дарпешистодаро рафъ намоем».


Қисме аз иштирокдорон, аз ҷумла Ҳ.Фақеров (мудири шӯъбаи маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Е.Я.Колган (мушовири байналмилалӣ), Ҳафизаи Бобоҷон (омӯзгор) ва як қатор мутахассисони соҳа аз ташкилотҳои гуногун фикру мулоҳизаҳои хешро атрофи ин масъала баён намуданд.

Саида НАБИЕВА,
«Омӯзгор»