Education


Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЛОИҲАҲО
АЛОҚА
ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
БАРНОМАҲО

 

 

 


 

 

«ҲАМКОРИИ ИҶТИМОӢ ВА МАРКЕТИНГИ
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАЪЛИМӢ»

ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ СЕМИНАР АЗ ҶОНИБИ ЛОИҲАИ DVV INTERNATIONAL

12-14 март соли 2009 дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисс ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (ш. Душанбе, кӯч. Нисормуҳаммад, 13 «а») Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон – даври 2», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, гузаронидани семинари серӯзаи «Ҳамкории иҷтимоӣ ва маркетинги хизматрасониҳои таълимӣ» барои аъзоҳои гурӯҳҳои кории лоиҳа ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мақсади гузаронидани семинар ин баланд бардоштани маълумотнокии аъзоҳои гурӯҳҳои кори лоиҳа ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ, инчунин шиносоӣ бо стратегияҳои маркетингӣ, нақшаи маркетинг ва усулҳои маркетинги хизматрасониҳои таълимии муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ.

Дар натиҷаи кори семинарии серӯза иштирокчиёни семинар ба фаҳмиши консепсияҳои зерин муваффақ мегарданд: консепсияи муосири маркетинг дар таҳсилот, мақсадҳо, присипҳо ва нақшаи маркетинг дар муҳити тиҷоратӣ ва ғайритиҷорати, тадқиқотҳои маркетингӣ дар таҳсилот, сегментатсия и ҷоймуайянсозӣ, нарх ва арзиши аслии хизматрасониҳои таълимӣ, нақши шарикони иҷтимоӣ дар маркетинги хизматрасониҳои таълимӣ.
Семинар «Ҳамкории иҷтимоӣ ва маркетинги хизматрасониҳои таълимӣ» дар чорчӯбаи лоиҳаи dvv international - Донишкадаи ҳамкории байналмиллалии Ассосиатсия донишгоҳҳои халқии Олмон «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон – даври 2», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда истодааст, ва дар ҳамкори бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008 ва 2009 амалӣ мегардад.

Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯч. Нисормуҳаммад, 13 «а»

Телефонҳо барои тамос: (8 992 37) 227-60-20;
моб. (992 93) 559 09 55 Анита Якобсоне, роҳбари лоиҳа;
моб. (992 91) 916 93 91 Содиқов Ф.А., муовини роҳбари лоиҳа


dvv international consortium

Tel: +992 93 559 0 955; +992 91 916 93 91 Fax: + 992 372 227 60 20 E-mail: eu_vet_tj@mail.ru