Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


ҲИСОБОТИ ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 3 МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2010

Мӯҳтарам аъзоёни ҳайати мушовара, ҳозирини гиромӣ!

Бо баракати саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари азизамон дар аксари соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба пешрафту муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Маориф ҳамчун соҳаи арзишманду сарнавиштсози ҷомеа дар чаҳорчӯби сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои рушду нумӯи соҳа сол аз сол таваҷҷӯҳ ва ғамхории бештар зоҳир мегардад. Хусусан, эълон гардидани соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуд.
Вазорати маориф якҷо бо Шумо айни замон тамоми нерӯи худро баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон шудани соли 2010 – Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» равона намуда, кӯшиш намуда истодааст, ки Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ин сол таҳиягардидаро бомувафаққият иҷро намояд.
Вобаста ба ин бори дигар сардорони Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ш.Душанбе, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ,
Вазорати маориф дар соли 2010 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010 фаъолияти худро ба роҳ монда, дар муддати се моҳ 5 ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифро гузаронидаааст, ки дар онҳо 76 масъала муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Инчунин, 24 ҷаласаи назоратӣ, машваратӣ ва кории назди Вазир доир гардид, ки танҳо дар ҷаласаҳои назоратии назди Вазири маориф зиёда аз 12 масъала мавриди муҳокима қарор дода шуда, оид ба ҳар яки онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ба Вазорати маориф дар давраи ҳисоботӣ 2726 адад мавод ворид гардида, 1920 адад мавод содир карда шудааст.
Назорат аз болои иҷрои қарор ва мактубҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аризаҳои шаҳрвандон тариқи Сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводи воридотии вазорату ташкилотҳо тавассути варақаҳои назоратии махсус ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳозирини гиромӣ,

Имрӯз яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дуруст тарҳрезӣ намудани кори тарбия дар муассисаҳои томактабӣ мебошад. Санҷишҳои гузаронидаи Вазорати маориф дар се моҳи охир дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар баробари пешрафти
назаррас то ҳол камбудиву норасоиҳо дар ин самт ҷой дошта, дар доираи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баланди сифати таҳсилот ба даст наомадааст. Санҷишҳо бори дигар собит намуданд, ки то ҳама ҷомеа бо дарки масъулият ба соҳаи маориф рӯй наорад ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул нашаванд, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидани соҳаи маориф ғайриимкон аст. Ғайр аз ин, назорат ва кӯмаки ҷиддии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давалатӣ дар самти пешрафти соҳаи маориф ва баланд гардидани сифати таҳсилот нақши бузургро мебозад, ки дар ҳар таъкидашон Сарвари давлат аз ин масъала ёд менамоянд.
Таҳсилоти томактабӣ ва омода намудани кӯдакон ба мактаб яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи соҳаи маориф ба шумор меравад. Бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ имсол ба мо муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи марказҳои инкишофи кӯдакон мусоидат намоем. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2009 №18/7 «Низомномаи намунавиии Маркази инкишофи кӯдакон» тасдиқ гардида, оид ба амалигардии он корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ба роҳ монда шуд. Ин марказҳо имконият фароҳам меоранд, ки дар дурдасттарин деҳаҳои кишвар кӯдакон дар муддати ду-се моҳ ба мактаб омода гиранд ва ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои ҳавасмандгардонии онҳо ба таълиму тарбия, таъмини хӯрок ва дигар намуди ҳавасмандгардонӣ ташкил карда шавад. Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат як гурӯҳ бо фарогирии 12 нафар кӯдак, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 236 нафар кӯдак, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ 1 Марказ бо фарогирии 23 нафар кӯдак, дар ноҳияи Шуғнон 3 Марказ бо фарогирии 113 нафар кӯдак, дар ноҳияи Роштқаъла 1 Марказ бо фарогирии 20 нафар кӯдак дар ноҳияи Ишкошим 1 Марказ бо фарогирии 20 нафар кӯдак, дар ноҳияи Рӯшон 3 Марказ бо фарогирии 60 нафар кӯдак, дар ноҳияи Рашт бошад, 4 марказ бо фарогирии 144 нафар кӯдак ба фаъолият оғоз намудаанд. Марказҳои номбурда бо дастгирии бевоситаи ҷамоатҳои маҳаллии деҳот ва падару модарон дар назди мактабҳо ва хонаҳои шахсӣ ташкил шудаанд.
Мутаассифона, амалӣ шудани ин Низомнома дар вилояти Хатлон, Суғд, аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба талабот ҷавобгӯ нест.
Санҷиши муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор, Файзободу Рӯдакӣ нишон дод, ки дар ҷодаи мазкур дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳои зиёде ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо ҳатмист. Бояд таъкид намуд, ки норасоиҳо дар ин самт дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳам зиёд буда, барои дуруст ба роҳ мондани кори муассисаҳои томактабӣ чораҳои ҳатмӣ андешидани масъулин зарур аст. Маҳз ҳамин омил дар ноҳияҳои номбурда боиси камтаваҷҷӯҳии мардум ба ин муассисаҳо гардидааст.
Дар шаҳри Ваҳдат бо истифода аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ боғчаи кӯдакона барои оилаҳои камбизоат таъсис ёфта бошад ҳам, дар он ҷо таблиғоти китобҳои хрестианӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар самти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муваффақият ноил гардида истодаем, ки аз заҳмати ҳар яки Шумо маорифчиён вобаста мебошад. Даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки таваҷҷӯҳи хонандагон барои иштирок дар олимпиада ва қувваозмоӣ намудан бо ҳамсолонашон зиёд гардида, диққаташон ба фанҳои дақиқ, махсусан фанҳои физикаву математика афзудааст. Таваҷҷӯҳи хонандагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳам беҳтар гардида, иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва бо забонҳои англисиву русӣ қувваозмоӣ намудани онҳо дар ин олимпиадаҳо моро ба ояндаи дурахшони соҳа умедвор менамояд. 28 нафар мактаббачагони болаёқат аз литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназияи Ҳотам ва ПВ, литсей-интернати Президентӣ, мактабҳои шаҳри Душанбе аз 12 то 19 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Аз онҳо 6 нафар хонанда, аз ҷумла 1 нафар хонандаи синфи 11-и Гимназияи Ҳотам ва ПВ 1 медали тилло аз фанни технологияи информатсионӣ, 1 нафар медали нуқра аз фанни математика хонандаи синфи 11-и гимназияи Ҳотам ва ПВ ва 4 нафар аз гимназияи Ҳотам ва ПВ, литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, литсей-интернати Президентӣ медали биринҷиро сазовор шуданд.
Дар ин давра, ҳамчунин беш аз 5995 нафар хонандаи синфҳои 5-9 дар даври аввали Олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ иштирок намуданд, ки зиёда аз 500 нафари онҳо ба даври финалӣ баромада, беш аз 60 то 100- холиро соҳиб шуда, дар шаҳри Истонбули Ҷумҳурии Туркия ва Екатеринбурги Федератсияи россия ҷойҳои сазоворро насиб гаштанд.
Вале новобаста аз ин мувафаққиятҳо иҷрои “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” дар доираи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо бо сабабҳои гуногун дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилоти фанҳои забони русӣ ва англисӣ корҳо қаноатбахш нестанд. Бо вуҷуди нашр гардидани китобу барномаҳои таълимӣ норасоии кадрҳо дар мактабҳои деҳот ба чашм расида, таълими фанҳои мазкур ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ноҳияҳо гузаронидани чорабиниҳои зиёди тарбиявиву таълимӣ дар самти омӯзиши ин забонҳо ба роҳ монда намешаванд.
Санҷишҳо дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ниҳоят суст буда, ба оддитарин саволҳо ҷавоб дода наметавонанд. Махсусан, дар навиштани корҳои хаттӣ хонандагон ба ғалатҳои зиёд роҳ дода, дар доираи талаботи барномаи таълимӣ бо ин забонҳо навиштан ва сухан гуфтан наметавонанд. Гарчанде дар солҳои охир таваҷҷӯҳи падару модарон барои баланд бардоштани сатҳи дониши фарзандонашон аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ афзудааст, вале аҳамияти ҷиддӣ надодани ҳамагон ба ин масъала наметавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба бор орад.
Масъулияти бузурги омӯзгорӣ аз ҳар як омӯзгор тақозо менамояд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи дониши шогирдон бо тамоми ҳастӣ худро ҷавобгар шуморида, барои пурра ба шогирдон додани дониш ва рафтори хуби инсонӣ, аз меъёр баланд баҳогузорӣ накардан ба дониши онҳо, беҳуда нагузаронидани вақти барои дарс ҷудошуда ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияро риоя намояд. Сабаби асосии паст будани сифати таҳсилот норасоии кадрҳои омӯзгорӣ буда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои Тоҷикободу Ҳисор, Турсунзодаву Рӯдакӣ, Файзобод ва ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор ҷаб намудани омӯзгорони ғайриихтисос низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, мактаби таҳсилоти умумии асосии №92 н.Ҳисор 323 нафар хонандаро дар 2 баст бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба таҳсил фаро гирифта, 20 нафар омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд. Дар мактаби мазкур аз шумораи умумии омӯзгорон танҳо 5 нафар мутахассис буда, 15 нафар омӯзгори ғайриихтисос ба хонандагон дарс мегӯянд. Ҳамин гуна мактабҳо ҳоло ҳам дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд буда, ба хотири пур намудани холигоҳи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ мутахассисони соҳаҳои гуногун ба кори омӯзгорӣ ҷалб карда шудаанд.
Надонистани забони давлатӣ аз ҷониби хонандагони ғайритоҷик дар мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва ноҳияҳои вилояти Суғд боиси нигаронии ҳамаи сохторҳои давлатӣ бояд қарор гирад. Ҳамчун шаҳрванди ин кишвар надонистани забони давлатӣ дар сурате, ки дар ҳамаи мактабҳои ғайритоҷикӣ дарси забони давлатӣ ҷорӣ карда шудааст, аз беаҳамиятии Раёсат ва шӯъбаҳои маориф, роҳбарияти мактабҳо ва алоқаи наздик надоштани онҳо бо ассотсиатсияҳои падару модарон гувоҳӣ медиҳад.
Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 зери назорати доимии Вазорати маориф қарор дошта, барои амалӣ гардидани он чораҳои зарурӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Дар айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 28208 компютер, 4111 принтер, 1519 генератори дизелӣ мавриди истифода қарор доранд. Иҷрои барномаи давлатии компютеркунонӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 83,3% -ро дар бар мегирад.
Омӯзиши фанни «Асосҳои технологияи компютерӣ» рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар айни замон таъмини хонандагон бо китобҳои дарсии «Асосҳои технологияи информатсионӣ» ҳалли пурраи худро ёфтааст. Китобҳои дарсии синфҳои 7, 8, 9, 10, 11 бо теъдоди зиёда аз 300000 нусха чоп гардида, дастраси мактабҳои таҳсилоти умумӣ гардонида шудааст.
Таъмини мактабҳо бо компютер, омӯзгорон, китобҳои дарсӣ то андозае ҳалли худро ёфтааст, вале дар ин самт як қатор камбудиҳое низ ҳаст, ки ҳалли он дар пурра амалӣ шудани Барномаи зикргардида мусоидат хоҳад кард. Ин, пеш аз ҳама, таъсиси марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар назди раёсатҳои маорифи вилоят ва шаҳрҳо, инчунин бахшҳои хизматрасонии компютерҳо дар назди шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки мувофиқи талаботи Барнома аст.
Айни замон проблемаи компютерҳои корношоям дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ хеле равшан эҳсос мегардад. Аз 26285 компютери дастраси мактабҳо гардида, 2233- тоаш дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад, ки дар соли 2010 ҳалли пурраи ин мушкилот ногузир аст.
Ҳолати пайвасти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи байналмиллалии Интернет низ қаноатбахш нест. Зеро 177 мактаб то имрӯз ба шабакаи Интернет пайваст ҳасту халос. Дар доираи нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ соли 2010 150 мактаби таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи Интернет пайваст мегарданд. Раёсатҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳоро зарур аст, ки сари ин мушкилот андешаи ҷиддӣ намоянд.
Фаъолияти мактаб-интернатҳо низ нисбат ба солҳои пештар дуруст ба роҳ монда шуда, шароити зист ва таъмини онҳо бо маводи хӯрока хуб гардидааст. Иштироки хонандагони мактаб-интернатҳо дар олимпиадаҳои минтақавӣ гувоҳи боло гардидани сатҳи сифати дониш дар ин муассисаҳо мебошад. Аммо бояд қайд намоем, ки дар чунин шароит ва фазои мусоиди ин муассисаҳои таълимӣ талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф дар робита ба баланд гардидани сифати таҳсилот то имрӯз иҷро нагардидааст. Иштироки хонандагони ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ то айни ҳол таъмин нагардида, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои аввал гардидани хонандагони ин муассисаҳо хело кам ба назар мерасад. Махсусан, кори мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Рӯмӣ, Шӯрообод, Тавилдара, бахусус мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мӯъмиинобод, Кангурт, Арали вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Миёнадуи ноҳияи Тавилдара, Варзоб ва Роғун то имрӯз қаноатбахш буда наметавонад.
Ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2009 нишон доданд, ки ҷинояткорӣ дар миёни кӯдакон нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфта, иштироки кӯдакон дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили одамкушӣ ҳам ба қайд гирифта шуда буд. Натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2010 ҳам нишон медиҳанд, ки сафи ҷинояткорӣ миёни кӯдакону ҷавонон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҷумҳурӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд.
Ба хотири пешгирии ҷинояткорӣ миёни кӯдакону ҷавонон моҳи феврали соли 2010 Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ таҳия гардида, ба тасвиб расид. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур рейдҳои якҷояи Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, Раёсат ва шӯъбаҳои маорифу корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ саҳм хоҳанд гирифт. Дар аввали моҳи март бошад, Нақшаи чорабиниҳои дигари Вазорати маориф бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва нагаравидани ҷавонон ба равияву ҳизбҳои гуногуни диниву экстремистӣ таҳия гардида, ба тасвиб расид. Тибқи нишондоди ин Нақшаи чорабиниҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотии вазоратҳои дахлдор дар пешгирии ҷинояткорӣ ва ошкор сохтани ҳадафу барномаҳои ғаразноки равияву ҷараёнҳои диниву экстремистӣ дар муассисаҳои таълимӣ сурат гирифта, барои пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни хонандагон ва пурра ба таҳсил фаро гирифта шудани ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ саҳм гирифта мешавад.
Таъкид кардан зарур аст, ки корҳои тарбиявӣ дар як қатор мактабҳо то айни ҳол дуруст ба роҳ монда нашуда, барои пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷониби хонандагон чораҳои ҳатмӣ андешида намешавад. Махсусан, дар мактабҳои шаҳрҳо пинҳон доштани рафторҳои бадахлоқонаи хонандагон, иҷро накардани талаботи Консепсияи миллии тарбия боиси он гардидааст, ки кӯдакон густохона ба кашмакашу даст ба гиребоншавӣ даст зада, миёни мактабҳо хусумату бадбиниро бедор намудаанд. Ин амали нангин дар мактабҳои шаҳри Душанбе чандин сол боз идома дошта, дар мавсими баҳор аз нав хурӯҷ намудааст.
Бо назардошти ин гуфтаҳо Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои пешгирӣ намудани ин амалҳои ғайриинсонӣ ҳамкориро бо Раёсат ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ пурзӯр намуда, барои ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо кумитаҳои падару модарон чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ,
Дар семоҳаи сипаригардида фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷида шуданд. Бояд қайд кард, ки дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии санҷидашуда ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, фаъолияти имрӯзаи шӯъбаи ғоибонаи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №45 шаҳри Ваҳдат ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки танҳо 25%-и хонандагони синфи 12 шӯъбаи ғоибона дар дарсҳо иштрок менамоянду халос. Журналҳо аз тарафи омӯзгорон беаҳамиятона ва бе масъулиятона пур карда шудаанд. Нимсолаи аввали соли хониши 2009-2010 ҷамъбаст нашудааст. Баҳоҳо саривақт гузошта намешаванд. Хонандагоне, ки дар дарсҳо иштирок намекунанд, ба қайд гирифта намешаванд.
Давомоти хонандагон ба дарсҳо дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №61 ноҳияи Рашт 31%-ро ташкил дод, ин ба талаботи имрӯза тамоман ҷавобгӯ набуда, он аз беназоратии роҳбарияти таълимгоҳ дарак медиҳад. Ҳамин ҳолат дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №1 ноҳияи Ҳисор (56%), Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №34 ноҳияи Қумсангир (56%), Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №46 ноҳияи Қубодиён (58%), Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №25 ноҳияи Ҷилликӯл (62%), Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №11 ноҳияи Шаҳринав (59%) ошкор гардиданд.
Сатҳи донишазхудкунии хонандагон то ҳол дар сатҳи паст қарор дорад. Дар натиҷаи санҷишҳои моҳҳои январ-март гузаронидашуда маълум гардид, ки дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дараҷаи донишазхудкунии хонандагон ба ҳисоби миёна 35-40%-ро ташкил медиҳад. Дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №61 н.Рашт бошад, сатҳи дониши хонандагон ниҳоят дар сатҳи паст қарор дорад.
Вазъи корҳои тарбиявӣ низ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ дар сатҳи хуб қарор надорад. Талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуррагӣ дар нақшаҳои кори тарбиявии Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе, Литсейи технологии шаҳри Душанбе ва Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Турсунзода таҳрезӣ карда нашудааст.
Дар натиҷаи санҷиши гузаронидашуда маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии дар боло зикргардида хонандагон бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва маъмурии ҷумҳурӣ дуруст шинос нестанд, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихор аз бузургони миллат ва гиромӣ доштани рӯҳи онон бо роҳи азхуд намудани осор ва хизматҳои шоёну бемислашон, ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намудан лозим аст. Дар ин муассисаҳо риоя накардани талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» низ ба мушоҳида мсерасад.
Дар хобгоҳи Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе барои хонандагон қироатхона, хонаи дарзмолкунӣ ва ҷойи шустушӯӣ мавҷуд нест. Хобгоҳи Литсейи технологии шаҳри Душанбе дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дорад.
Ҳолати санитарии аксари дарсхонаҳо ва устохонаҳои таълими истеҳсолӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳо (ба истиснои Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе) ба талаботи санитарию-гигиенӣ ва бехатарии зидди сӯхтор ҷавобгӯй намебошанд.
Гузашта аз ҳамаи ин, роҳбарияти ҳамаи муассисаҳои таҳсилот ибтидоии касбӣ бемасъулиятӣ зоҳир карда, дар бисёри маврид дастуру супоришҳоро сари вақт иҷро намекунанд. Ҳисоботи омории шакли 14-01 аз тарафи ин зинаи таҳсилот ягон маротиба дар мӯҳлати муқарраргардида ба Вазорати маориф пешниҳод карда нашудааст. Роҳбарияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд ва ҳисоботи омориро дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод кунанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ ҳоло ҳам проблемаҳо зиёданд. Санҷишҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки дар маҷмӯъ, сифати таълим, пояи моддию техникӣ ва кадрии ин муассисаҳо паст буда, ба Стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нестанд. Пояи моддӣ-техникӣ ва кабинетҳои таълимӣ бо маводи кӯҳнаи аз замони Шӯравӣ боқимонда ҷиҳозонида шудаанд, аз сабаби набудани лабораторияҳои озмоишӣ, кабинетҳои лингофонӣ, пурбинҳо (микроскоп), набудани реактивҳои химиявӣ (кабинети химия, физика ҳамаи таъҷҳизотҳои онҳо қариб аз кор баромадааст) корҳои лабораторӣ дар сатҳи ниҳоят паст гузаронида мешавад, ҳамаи таҷҳизот харобу фарсуда гардида, имконияти дар онҳо гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ ғайриимкон ва хатарнок аст. Шумораи синфхонаҳои компютерӣ хело кам аст ва донишҷӯён имконияти омӯхтани технологияи муосирро надоранд. Нарасидани китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ низ аз камбудиҳои дигари муассисаҳои таълимии мазкур мебошад.
Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сифати таълим ҷавобгӯи талабот набуда, сатҳи дониши донишҷӯён хело паст аст. Омили асосии паст будани сатҳи дониш ин ба таври лозимӣ ташкил ва ба роҳ намондани ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.
Ҷараёни таълиму тарбия дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, Коллеҷи муҳандисӣ омӯзгории шаҳри Душанбе, Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Турсунзода санҷида шуда, аз фанҳои забони русӣ, забони тоҷикӣ, математика корҳои санҷишӣ гирифта шуд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён аз фанҳои зикргардида ҳамагӣ 15-30%-ро ташкил медиҳад.
Бо назардошти ин, ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супорида мешавад, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён чораҳои мушаххас андешида, раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати қатъӣ гиранд.

Ҳозирини гиромӣ,
Дар самти таҳсилоти олии касбӣ низ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим тадбирҳои судманде андешида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён, омодагии устодон ба дарс, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, ҳолати давомоти донишҷӯён ва истифодаи телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни таълим дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи давлатии энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Рафти санҷишҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои паст будани дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён фаъолияти сусти кафедраҳои ихтисосӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ, ба талабот ба пуррагӣ ҷавобгӯ набудани лаборатория ва кабинетҳои таълимӣ бо химреактивҳо ва таҷҳизотҳои замонавӣ, суст ба роҳ монда шудани маҳфилҳои илмии донишҷӯён мебошанд. Тасдиқи ин нуктаро, инчунин, баррасии масъалаҳои “Ҳолати таъмини донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ” ва «Сифати гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои техникӣ ва дақиқ (риёзӣ, химия, физика ва биология) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» дар мушовараҳои моҳи феврал ва март собит менамояд.
Маълум гашт, ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда дар давоми 5 соли охир тибқи Нақшаи дурнамо ва берун аз он беш аз 360 китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ, методӣ ва илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои тадрисшаванда нашр гардида, 55 китоби дарсӣ барои чоп тавсия гардидааст. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии санҷидашуда аз рӯи 273 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Мавриди таъкид аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳолати таъмини донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ ба таври пурра ҳал нашудааст. Камбудии ҷиддӣ ин хеле кам будани миқдори китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ бо забони тоҷикӣ (дар муқоиса бо забонҳои дигар) ва инчунин мавҷудияти миқдори ками адабиёти таълимӣ оид ба фанҳои нав мебошад.
Китобҳои дарсии фанҳои фалсафа, таърихи халқи тоҷик, педагогика, психология, математикаи олӣ, география, назарияи иқтисод, сиёсатшиносӣ, забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ аз рӯи ихтисосҳо оид ба фанҳои ҷамъиятӣ ва аксарияти китобҳои дарсии блоки сеюм таҳия ва чоп нагардидаанд.
Бинобар ин, ба ректорони муассисҳои таҳсилоти олии касбӣ супорида мешавад, ки барои чопи китобҳои дарсӣ маблағҳои махсус ҷудо намуда, то моҳи сентябри соли 2010 вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ китобҳои дарсӣ ва шакли электронии онҳоро аз нашр бароварда, масъулияти мудирони кафедраҳоро ба ин масъала бештар гардонанд.
Санҷиши масъалаи «Баррасии сифати гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои техникӣ ва дақиқ (риёзӣ, химия, физика ва биология) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нишон дод, ки сифати гузаронидани машғулиятҳои лабораторию амалӣ аз фанҳои дақиқ (риёзӣ, химия, физика, математика ва биология) дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи давлатии энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемуров тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Зеро, ҳанӯз ҳам барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторию амалӣ аз фанҳои дақиқ маводи аз солҳои пешин боқимонда истифода мешаванд, ки қобилияти озмоишии худро гум кардаанд. Ё таҷҳизоти лабораториро гирем, аз қабили штатив, лампаҳои спиртӣ, термостатҳо, тарозуҳо, яхдонҳо, ҷевонҳои ҳавокашӣ, микроскопҳо, ки пурра аз кор баромада, ҳамчун макет онҳо барои шиносоӣ истифода мегарданд. Лавҳаю овезаҳо, ҷадвалу диаграммаҳо аз солҳои қаблӣ буда, бо нишондодҳои талаботҳои муосир мувофиқат наменамояд (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ). Аксари ашёву таҷҳизоти лабораторӣ кӯҳнаву таъмирталаб гаштаанд, ки истифодаи онҳо дар ҷараёни таълим монеъагиҳои зиёд ба вуҷуд меоранд (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон). Ҳолати лабораторияҳои химия ва физика дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба талаботҳои ҷорӣ ҷавобгӯ набуда, оддитарин шароитҳо об, шкафҳои ҳавокашӣ, шкафҳои нигоҳдории реактивҳои химиявӣ ва қоидаҳои бехатарии кор дар онҳо муҳайё карда нашудаанд. Дар баробари ин, дарсҳои лабораторӣ ба таври амалӣ бо руйнависӣ аз дастури омодакардашудаи омӯзгорони кафедра гузаронида мешаванд, ки ғайри мақсад аст. Инчунин, корҳои амалии иҷрогашта, аз тарафи омӯзгорони кафедра санҷида ва баҳогузорӣ нашудаанд. Ҳолати санитарии синфхонаҳои лабораторӣ бад буда, мизу курсиҳо барои иҷрои корҳои лабораторӣ мувофиқ нестанд (истисно аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ).
Ҳарчанд ки корҳои амалию лабораторӣ мувофиқи нақшаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд, аммо онҳо самарабахш нестанд, зеро теъдоди озмоишгоҳу лабораторияҳои таълимӣ басанда нест. Дар маҷмӯъ тибқи талабот танҳо то 10% - и корҳои амалию лабораторӣ гузаронида мешаваду халос.
Таҳлили Стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки то ҳол таҳияи Стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимӣ аз ҷониби аксарияти муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Муассисаҳои таълимӣ рамзҳо, аломатҳо ва буҷаи вақтро мувофиқи хоҳиши худ тағйир дода, нақшаҳои таълимиро барои мувофиқа ба Вазорати маориф мефиристанд.
Тайи ду сол мешавад, ки ҳисоботи омории шакли 5-ро Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар н.Рашт дар мӯҳлатҳои муқаррарнамуда пешниҳод намекунанд. Он маълумоте, ки баъди гузаштани мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод намуда буданд, аз хатогию камбудиҳо холӣ набуданд. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур Вазорати маориф борҳо ба роҳбарият гузориш навишта бошад, ҳам аз тарафи роҳбарияти ин муассисаҳои таълимӣ камбудию норасоиҳоҳо бартараф нагардиданд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани камбудиву мушкилоти зикргардида кӯшиш карда, кори раёсат ва шӯъбаҳои таълимро ҷиҳати гузаронидани мониторинги сифати таълим, рейтинги дониши донишҷӯён ҷоннок намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи талаботи замон ва бозори меҳнат чораҳои амалӣ андешанд.
Мавриди таъкид аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба тарбияи олимони ҷавон ва ҷалби онҳо дар фаъолияти илмӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Дар амалӣ шудании низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ як қатор масъалаҳое мавҷуданд, ки сари вақт ҳал кардани онҳо бар манфиати кор аст. Аз ҷумла, то ба ҳоло ҳамгироии зарурии илм ва маориф ба тартиб дароварда нашудааст. Қатъи назар аз он ки дар ин самт дар солҳои охир корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ҳоло ҳам ҳамтаъсирии нерӯи илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмии Вазорати маориф ба мақсади тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмии баланихтисос ба талаботи замон ҷавобгӯй намебошад.
Сатҳи дониши кулли хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои дохил шудан ба аспирантура ва барои кор дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ кофӣ намебошад. Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар таҳсили донишҷӯён дониши сусти забонҳои хориҷӣ мебошад, ки ин барои дохил гардидани онҳо ба аспирантура, машғул шудан ба корҳои илмӣ ва рафтан ба таҳсилу коромӯзӣ ба марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ имкон намедиҳад.
Ҳамчунин, дар фаъолияти аспирантура камбудию норасоиҳое ҷой дорад, ки боиси ҳал нагаштани як қатор масъалаҳо гардида, ба раванди тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Бисёре аз хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки ба аспирантура дохил мешаванд, доир ба ихтисос ва роҳбари интихобкардаашон омодагии сусти заминавӣ доранд. Танҳо қисми каме аз миқдори умумии аспирантҳо (қариб 15%) рисолаҳоро дар мӯҳлати муқарраргардида тайёр намуда, барои дифоъ пешниҳод менамоянду халос. Қабул ба аспирантура аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ кам аст ва ҳамзамон норасоии асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ, реактивҳои химиявӣ, доруҳои биологӣ ва тиббӣ имконият намедиҳад, ки таҳқиқот дар сатҳи муосири илмию методӣ анҷом дода шавад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба роҳбарии илмии аспирантҳо шахсоне роҳ дода мешавад, ки аз рӯйи сифатҳои касбии худ ба талаботи роҳбарии илмии аспирант ҷавобгӯй намебошанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки якчанд олимон ба 10-15 нафар аспиранту докторант ва аз ин ҳам зиёд роҳбар мебошанд, ки ин хилофи Низомнома аст. Стипендияе, ки айни замон барои аспирантҳо муқаррар шудааст, ба истиснои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба талаботи воқеии хароҷоти онҳо ҷавобгӯй нест.
Зарур аст, ки таваҷҷӯҳи махсус барои тайёр кардани номзадҳо ва докторҳои илм дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар чунин соҳаҳои илм ва ихтисосҳо, мисли сейсмология, геоэкология, технологияи иттилоотӣ, нанотехнология, биотехнология, генетика, энергетика, иқлимшиносӣ, иммунология равона шавад. Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ солҳои наздик зарур аст, ки мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои сотсиология, ахлоқшиносӣ, рӯҳшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқи маъмурӣ, демография ва ғайра тайёр карда шавад.
Саҳми кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва сохторҳои тобеи он дар таҳияи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёна (12-сола), инчунин китобҳои «Одоби муошират», «Одоби кадбону», «Маданияти хонадорӣ», «Фарҳанги меҳмоннавозӣ» ва «Асосҳои соҳибкорӣ» назаррас бошад ҳам, дар фаъолияти онҳо камбудиҳову мушкилот ба мушоҳида мерасад. То ба ҳол барномаҳои намунавии такмили ихтисоси омӯзгорони фаннӣ, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҷонишинони онҳо, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва мутахассисони шӯъбаҳои маориф таҷдиди назар карда нашудааст. Бо назардошти гуфтаҳои боло Академия ва сохторҳои тобеи онро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида, ҳар чи зудтар Нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорони фаннӣ, кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва корҳои беруазмактабӣ, директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мутахассисони идораю шӯъбаҳои маориф, мактаб-интернатҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро барои баррасӣ ва тасдиқ ба мушовараи Вазорати маориф пешниҳод намояд.
Дар ин давра тибқи нақшаи корӣ 13 муассисаи таълимӣ аз ташхиси аттестатсионӣ гузаронида шуд. Аз ин шумора як муассиса -Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №51 ноҳияи Панҷ аз аттестатсия нагузашта ҳисобида шуд. Дар рафти аттестатсияҳо маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ мушкилоти зиёде мавҷуданд, вале қабл аз ҳама вазъи сифати таълим хеле ташвишовар аст. Аз ҷумла, дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №66-и шаҳри Душанбе дараҷаи азхудкунӣ дар маҷмӯъ 53,5%-ро ташкил медиҳад. Дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №32 бошад, азхудкунӣ 48%, дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №51-и ноҳияи Панҷ 48% ва дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №28-и шаҳри Душанбе 46% мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ, ҳамчунин 14 муассисаи таълимӣ аз ташхиси аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, ба 13-тои он шаҳодатнома дода шуд. 1 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашт. Ба замми ин иҷозатномадиҳии ихтисосҳои нав ва курсҳои кӯтоҳмуддати 29 муассисаи таълимӣ гузаронида шуд ва аз ин миқдор бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан ба 4 курси кӯтоҳмуддат иҷозатнома дода нашуд.
Фаъолияти курсҳои ронандагӣ низ дар якҷоягӣ бо Шӯрои амният ҷиддан санҷида шуд. Санҷиш собит намуд, ки дар корҳои таълимии курсҳои ронандагии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ камбудиҳои зиёд мавҷуданд ва аз ин рӯ фаъолияти 11 таълимгоҳҳо боз дошта шуд. Инчунин, дар сурати ислоҳ нагардидани камбудиҳо боздоштани амали иҷозатномаи боз 13 муассисаи дигар дида баромада мешавад.
Фаъолияти шӯъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар маҳалҳо ба фаъолияти назоратӣ шахсоне интихоб карда шудаанд, ки вазифаҳои хизматии худро ба хубӣ дарк накардаанд ва ба сифати таҳсилот, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Аз ин рӯ, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ба сифати таълим ғайривоқеӣ баҳои баланд дода шудааст, ки ба нишондоди санҷишҳои дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқ нест. Аз ҷумла, сатҳи сифати таҳсилот тибқи маълумоти бахшҳои Хадамоти шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Файзободу Шаҳринав аз 3,6 то 3,1 холро ташкил медиҳад. Аммо санҷишҳои Вазорати маориф маълум сохт, ки ин нишондод ҳамагӣ аз 2,2 то 2,8 хол мебошад.
Дар давраи сипаришуда 24 ҳуҷҷат - 19 ҳуҷҷат ҷиҳати гирифтани унвони дотсентӣ ва 5 ҳуҷҷат барои гирифтани унвони профессорӣ ворид гардид ва аз онҳо 22 ҳуҷҷат барои тасдиқ ба Федератсияи Русия ирсол шуд. Ҳамчунин, барои муайян намудани баробарарзишӣ 120 ҳуҷҷати таҳсилот баррасӣ гардид.

Ҳозирини гиромӣ,
Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони варзида буда, расидан ба ин ҳадаф танҳо дар шароити таъмини пурраи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, имконпазир хоҳад буд. Дар асоси маълумоти раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 12 нафар омӯзгорон намерасанд (Дарвоз-4, Ванҷ-3, Балҷувон-2, Кӯҳистони Мастчоҳ-3). Вале натиҷаи санҷише, ки дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон гузаронида шуд, собит намуд, ки маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати маорифи Хатлон оид ба теъдоди нарасидани кадрҳо нодуруст буда, ин норасоӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои санҷидашуда, бахусус ноҳияи Вахш хело зиёд аст.
Аз ин рӯ, Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор карда мешавад, ки то охири моҳи апрел теъдоди нарасидани кадрҳои омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Вахш, Румӣ ва Ҷилликул мавриди санҷиш қарор дода, ба шахсони масъул барои пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ ҷазои интизомӣ, то озод намудан аз вазифаи ишғолнамударо пешниҳод намояд.
Дар баробари таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон масъалаи такмили ихтисос, мунтазам баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва мусаллаҳ намудани онҳо бо усулҳои фаъоли таълиму тарбия яке аз масъалаҳои асосӣ буда, баҳри дар сатҳи зарурӣ ва бо истифодаи усулҳои фаъолу замонавӣ гузаштани курсҳои такмили ихтисос пайваста чораҳои амалӣ андешида мешавад. Танҳо дар соли 2009 3422 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гузашта, беш аз 12256 нафар курсҳои мазкурро дар донишкадаю марказҳои такмили ихтисоси вилоятҳо хатм намуданд. Вале бояд қайд намуд, ки сифат ва сатҳи курсҳои гузаронидашуда ҷавобгӯи талаботи замон набуда, беҳбудиро мехоҳад.
Бо назардошти вазъи мавҷуда Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки кадрҳои ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, таҳия карда, баҳисобгирӣ ва назорати қатъии ҳар як донишҷӯро дар хориҷи кишвар ба роҳ монад ва ҷиҳати ҷобаҷогузорӣ ва таъмини онҳо ба ҷойи кор чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ин давра ҳамкориҳои Вазорати маориф бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ густариш ёфт. Бо мақсади таъсиси филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи Россия ва Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси Филиали Донишкадаи энергетикии Москва, Филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва, Филиали Донишкадаи кӯҳии Санкт-Петербург ба номи Г.В.Плеханов ва филиали Донишгоҳи миллии техникӣ «Донишкадаи политехникии Харков» як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуд. Дар ин муддат лоиҳаи Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва оид ба таъсис ва фаъолияти филиали ин донишкада дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои мувофиқа ба ҷониби Федератсияи Россия ирсол карда шуд. Дар назар дошта шудааст, ки Филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва (МИСИС) дар бинои ҷамъияти истеҳсолии давлатии унитарии «Тоҷиктекстилмаш» ва Донишкадаи энергетикии Москва (МЭИ) дар хобгоҳи Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд.
Дар ин давра Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон-Тоҷикистон», Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи омӯзишии олии «Сариро»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи озоди исломии Ҷумҳурии исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ, Тафоҳумнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД (MHAIDS)» ба имзо расиданд.
Ғайр аз ин лоиҳаи алтернативии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф дар асоси хулосаҳои вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ба замми ин дар давоми моҳи январ лоиҳаи Созишнома миёни литсейи касбии дӯзандагии ш.Душанбе ва Корхонаи дӯзандагии Болшевичкаи шаҳри Москва таҳия гардид.
Дар асоси Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф имсол барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Халқии Хитой 49 бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардид. Даври дуввуми озмун 5 марти соли 2010 дар Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 90 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки соли равон аз ҷониби Вазорати маорифи миллии Ҷумҳурии Туркия барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар 16 бурсияи таҳсилӣ (13 нафар донишҷӯ (бакалавр), 3 нафар (магистр) ҷудо карда шуд.
Дар соли таҳсили 2010-2011 Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Барномаи нимсола ва яксолаи «Darmassiswa», Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ҷой барои таҳсил дар зинаи бакалавриат, Ҷумҳурии Малайзия дар доираи Барномаи Малайзия оид ба ҳамкории техникӣ (МТСР) дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура, Мактаби дипломатии Испания курси магистрӣ дар мавзӯи «Дипломатия ва муносибатҳои байналхалқӣ» ва Сандуқи байналмилалии Матсумаеи Япония ҷиҳати дастрас намудани унвони Доктори фалсафа (Ph.D.), Ҷумҳурии Лаҳистон барои таҳсил дар зинаи магистратура, Италия ва Славакия 1 ҷой дар зинаи бакалвриат ва магистратура пешниҳод намуданд.
Тариқи Маркази барномаҳои байналмилалӣ «Дурахшандагон»-и Вазорати маориф дар маҷмӯъ бо 54 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон ва Украина робитаҳои ҳамкорӣ барқарор ва шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шудааст. Тасмим гирифтаем, ки соли 2010 бо донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико низ ҳамкориро ба роҳ монем. Бо ин мақсад бо раёсатҳои донишгоҳҳои Монтана, Болл, Небраска ва Мериленди Иёолоти Муттаҳидаи Амрико, Донишгоҳи Лимкоквинги Ҷумҳурии Малайзия ва Донишгоҳи Озоди Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути алоқаи электронӣ мукотиба анҷом дода, дар доираи онҳо масоили марбут ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф дар масъалаи интиқоли маблағҳои вобаста ба таҳсил, истиқомат, стипендия, роҳкиро ва суғуртаи тибии донишҷӯён, коромӯзон, аспирантон ва докторантони тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, тадбирҳои амалӣ меандешанд. То ба ҳол 319622 (сесаду нуздаҳ ҳазору шаш саду бисту ду) сомонӣ барои пардохти маблағҳои 53 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар интиқол гардидааст, ки аз ин теъдод 27 нафар донишҷӯ, 14 нафар коромӯз, 8 нафар аспирант ва 4 нафар докторант мебошанд.

Ҳозирини гиромӣ,
Афзоиши маблағгузорӣ заминаи асосии рушди соҳаро ташкил медиҳад. Ин аст, ки новобаста аз бӯҳрони молиявӣ маблағгузории соҳа ҳамасола афзоиш меёбад. Соли 2010 аз Буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти муассисаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 69,3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2,12 фоиз зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 11,4 млн. сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 17,9 млн. сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 39,7 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин, барои чопи китобҳои дарсӣ аз Буҷети ҷумҳуриявӣ соли ҷорӣ 900 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёда аз 9,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки пурра барои чопи китобҳои дарсӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимӣ -методӣ сарф мешавад. Барои татбиқи Барномаи давлатии омӯзиши забони англисию русӣ 237,6 ҳазор сомонӣ, чорабиниҳои марказонидашуда 878 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
Харҷномаҳои маблағҳои зикргардида пурра таҳия ва тасдиқ шуда, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ оғоз гардидааст, аз ҷумла дар семоҳаи аввал тибқи нақша барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1,45 млн. сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3,96 млн. сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 687,9 сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3,61 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Маблағи пешбинишудаи семоҳаи якум барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то охири семоҳа пурра пардохт карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 97 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.
Вобаста ба иҷрои буҷети муассисаҳои тобеъ раёсатҳои банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявиро зурур аст, ки маблағгузории саривақтии чорабиниҳои банақшагирифташударо таъмин намуда, барои самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Мувофиқи нақшаи пешакӣ дар соли 2010 аз ҷониби Раёсати сохтмони асосӣ сохтмони 19 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмони 17 мактаб барои 3012 ҷойи нишаст, сохтмони як толори варзишӣ ва сохтмони 5 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ноҳияи Рашт ба истифода дода мешаванд.
Айни замон ҷиҳати сохтмони иншоотҳои ба нақша гирифташуда 26 шартномаи пудратӣ баста шуда, шартномаи пудратии 6 иншоот омода шудааст. Шартномаҳои пудратии 9 иншооти дигар бо назардошти ба анҷом расидани корҳои лоиҳакашӣ ба имзо расонида мешавад.
Тибқи нақша дар семоҳаи аввали соли равон 5 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар моҳҳои январ- феврали соли равон ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 1 млн. 896 ҳазору 964 сомониро ташкил дода, пурра пардохт шудааст.
Умуман, маблағгузории аслӣ 2 млн. 774 ҳазору 289 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он пардохти корҳои сохтмонӣ 1 млн. 593 ҳазору 811 сомонӣ, пешпардохти корҳои лоиҳакашӣ 115 ҳазор сомонӣ, пардохти қарзҳои кредиторӣ 293 ҳазору 478 сомонӣ, харидории масолеҳҳои сохтмонӣ 727 ҳазор сомонӣ ва пардохти назорати техникӣ 45 ҳазор сомониро дарбар мегирад.
Дар семоҳаи аввали соли равон тибқи нақша сохтмони мактаб барои 100 ҷойи нишаст дар деҳаи Дашти Килкои ноҳияи Балҷувон ба истифода дода шуда, сохтмони мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар (навбати аввал барои 240 ҷойи нишаст) ва сохтмони мактаб барои 240 ҷойи нишаст дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон расман кушода шуд.
Гузашта аз ин, аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионии соҳа– 2,7 млн. доллари амрикоӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шуда буд. Иҷрои нақшаи мазкур ба андозаи 55 фоиз таъмин гардид, ки ба 1,5 млн. доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Дар ин давра аз ҳисоби қисми якуми соли дуюми гранти Фонди каталитикӣ 1 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 578, 5 ҳазор сомонӣ иборат аз 6 синфхонаи иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории соҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои сохтмонӣ дар 13 иншоот барои 4 920 нафар хонанда дар 1 баст иборат аз 104 синфхона ба маблағи 12 млн. 890 ҳазор доллари амрикоӣ идома доранд. Дар назар аст, ки онҳо то охири соли равон ба истифода дода мешаванд.
Дар семоҳаи аввали соли равон аз ҳисоби гранти Фонди каталитикӣ 902 нафар роҳбарон, омӯзгорон ва методистони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуд.
Вазорати маориф вобаста ба харидорӣ намудани саҳмияҳои НБО Роғун тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин самт ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст. Аз 6 январ то 12 апрели соли ҷорӣ дастгоҳи марказии Вазорат 477200 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 29 414 600 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 813 800 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 742 000 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 24237470 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои тобеи Вазорат 500 800 ҳазор сомонӣ, марказҳои идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф 151400 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 56337270 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намудаанд. Аз номи ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ба ҳамаи устодон, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф барои ҳиммати баландашон изҳори ташаккур менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,
Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли 2010 -7 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 234072 нусха ба маблағи 1092772,64 сомонӣ ворид гардидааст. Дар ин давра ба шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 430820 нусха ба маблағи 1746837,3 сомонӣ китобҳои дарсӣ, 96319 нусха барнома, дастур ва маводҳои таълим ба маблағи 11082,93 сомонӣ дастрас гардонида шуд. Инчунин, 10802 нусха китобҳои дарсӣ, дастур ва маводи таълимӣ ба маблағи 47140,42 сомонӣ ба таври ройгон ба шӯъбаҳои маориф ва дигар муассисаҳо дастрас гардонида шуд.
Дар давоми ин семоҳа аз ҷониби шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 653862,10 сомонӣ (3358505,29 сомонӣ) маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ворид гардидааст.
Маълум карда шуд, ки имрӯз қарзи шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2001-2009 (то 1.01.2010) аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ ба 18913845,32 сомонӣ баробар аст. Вобаста ба ин ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ супорида мешавад, ки барои бартараф намудани қарздории иҷораи китобҳои дарсӣ тадбирҳои амалӣ андешида, дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати маориф оид ба ин масъала гузориш пешниҳод намоянд.
Вазорати маориф дар кори бо маводи таълим таъмин кардани хонандагони нобино диққати махсус дода, дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додааст. Натиҷаи ҳамин корҳост, ки китобҳои дарсии «Забони модарӣ» барои хонандагони синфи 1, «Русская речь» (Нутқи русӣ) барои хонандагони синфи 2 мактабҳои нобиноён бо ҳуруфоти брайлӣ барои баррасӣ ба Вазорати маориф пешниҳод гаштанд. Дар муддати се моҳи сол нахустнусхаи намунавии китобҳои «Алифбо» ва «Китоби хониш» барои синфи 1 мактабҳои кӯдакони ношунаво ва гунг барои нашри пурра пешниҳод карда шуд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар самти таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот низ як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд. Кормандони Вазорати маориф ва муассисаҳои тобеи он ба таври ҳамешагӣ дар барномаҳои «Тадбир», «Бармало», «Пайванд», «Субҳ», «Сӯҳбати рӯз» (Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон), барномаҳои «Эҷод», «Файзи сахар», «Чор сӯ», «Мулоҳиза», «Манзари роз» (Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»), «Маориф», «Сӯҳбати рӯз» ширкат варзида, вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи соҳа сӯҳбатҳо доир намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ мутахассисони Вазорат ва муассисаҳои тобеи он дар 12 барномаи мустақими «Маърифат» дар Радиои «Тоҷикистон» сӯҳбат оростанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 33 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои соҳа маслиҳати ҳуқуқӣ расонида шуд.
Фаъолияти нашрияву маҷаллаҳои соҳавӣ дар ин давра хуб ба роҳ монда шуда, дар самти ғанӣ гардондани сатҳи донишу маънавияти омӯзгорон ва кӯмаки амалӣ расонидан ба онҳо дар дарс ва берун аз он, инчунин инъикоси раванди ислоҳоти соҳаи маориф, таҷдиди назар дар кори омӯзишу парвариш ва дар асоси суннату анъанаҳои миллӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, саҳмгузорӣ дар ҷашну маъракаҳои умумиҷумҳуриявӣ, тарғиби таҷрибаи ибратбахши мактабҳо ва омӯзгорони алоҳида корҳои зиёдеро ба субут расониданд.
Вазорати маориф, ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ ба хотири дуруст ба роҳ мондан ва назорати доимии фаъолияти молиявӣ дар 7 муассисаи зертобеи худ санҷишҳои аудитӣ доир намуд.
Зимни санҷишҳои доиргардида дар муассисаҳои зертобеи Вазорат ба андозаи умумии 50246,4 сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ ошкор карда шуд, аз он ҷумла; аз ҳисоби мукофотпулиҳо - 49463 сомонӣ, изофанависӣ дар ҳисоботҳо - 2448 сомонӣ, дигар хароҷотҳо - 962 сомонӣ, камомад дар Хазина - 746 сомонӣ ва камомади молу маводҳои арзишнок - 116 сомонӣ.
Ғайр аз ин, дар муассисаҳое, ки мавриди санҷиш қарор дода шудаанд, ба маблағи 14000 сомонӣ маблағи қарзи 1% тибқи шартнома байни Вазорат ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муайян ва ба суратҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат ирсол карда шуд, инчунин 20327 сомонӣ маблағҳои харидоришудаи Академияи илмҳои таҳсилот, ки даромад карда нашуда буданд, ба ҳисоби муассисаҳо даромад карда шудаанд. Камбудиҳову норасоиҳои зиёде ошкоргардида дар рафти гузаронидани санҷишҳо бартараф карда шуданд.
Дар охир бори дигар таъкид менамоям, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар тамоми чораҳоро меандешад.

Ба диққататон ташаккур!