ХОНАНДАГОНИ
ТОҶИК АЗ ПЕШРАФТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ҶАҲОНИИ МУОСИР БЕХАБАР НЕСТАНД
16 июли соли равон дар бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгории
ба номи С.Айнӣ озмуни ҷумҳуриявии Ихтирокорони навраси
Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳанӯз аз субҳи барвақт дар
саҳни даромадгоҳи донишгоҳ созмондиҳандагон ва иштирокдорони
ин чорабинӣ намунаҳои ихтирооти хешро ба маърази тамошо
гузошта буданд. Ва баъди чанде дастаи ҳунармандони наврас
бо таблу доира ва карнаю сурнай мардумро ба намоишгоҳ
мехонданд. Яъне он рӯз саҳни даромадгоҳи донишгоҳ идгоҳро
мемонд!
Озмунро ҷонишини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Фарҳод
Раҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ихтирокорони навраси кишварро
бо Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва инчунин ба муносибати
дар даври ниҳоии озмун иштирок доштанашон табрик гуфта,
таъкид дошт:
- Боиси ифтихор аст, ки хонандагони мо аз пешрафти технологияи
ҷаҳонии муосир бехабар набуда, барои такомулу ташаккули
нерӯи зеҳнии хеш ҳамеша кӯшиш менамоянд. Намунаи барҷастаи
ин падидаи некро имрӯз дар мисоли шумо, хонандагони азиз,
ки дар озмуни Ихтирокорони наврас ширкат варзида, бо ихтирои
хеш огоҳ буданатонро аз илми муосир нишон медиҳед, дида
истодаем.
Ихтирокорони навраси Тоҷикистон бо роҳбаладии омӯзгорон
ва роҳбарони маҳфилҳо он рӯз дар чанд бахш дастовардҳои
хешро ба намоиш гузошта буданд: авиамоделизм, конструкторони
ҷавон, автоматика ва кибернетика, радиоконструкторони
ҷавон, ихтирокорони ҷавон ва дигар намудҳои навигариҳои
техникӣ. Аз чеҳраи кушоди ҳар як иштирокдор ҳувайдо буд,
ки онҳо ҳам дар хаяҷон ҳастанду ҳам басо шоду масрур.
Ниҳоят лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш фаро расиданд. Дар аввали растаи
намоишгоҳ намояндагони пойтахт ҷой гирифта буданд. Инак,
аъзои кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамон ба тамошои дасранҷи
ихтирокорон пардохтанд. Онҳо нахуст ба кори маҳфили «Физикони
ҷавон»-и мактаби рақами 21-и шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Макети бузургҳаҷми НБО-и Роғун гуиё ҳақиқӣ буд: об ба
ҳавзаи он пайваста ҷорӣ мегашту чароғакҳо фурӯзон буданд.
Ихтирокорон бо муовини вазир дар саволу ҷавоб буданд,
ки ба ҳаво пасу пеш ракетаҳо паридан гирифтанд. «Ана ин
- Байконури тоҷикон!»- нидо дардод кадоме бо ҳаяҷон. Мушакҳо
ба суръати ниҳоят баланд мепариданд. Бинанда аз пайи дуди
сафеди ихроҷшуда бо азоб онҳоро дарёб мекард. Аксари тамошогарон
ба аъзои маҳфили «Ракетомоделистони ҷавон» аз Маркази
кӯдакон ва наврасони пойтахт бо ҳавас менигаристанд. Ин
Марказ ба озмун намуди мухталифи тайёраҳо, ракетаҳо, мошини
сайёрагард (луноход), чанд намуди мошинҳои хоҷагии қишлоқ,
аз қабили комбайнҳои гандумдаравӣ, пахтачинӣ, дастгоҳҳоии
ҷамъоварии заҳри занбӯр, захиракунаки шиддати барқ (блокопитание),
обгармкунаки офтобӣ пешкаши озмун карда буданд, ки ба
ҳозирин чанд намуди тайёра ва зиёдтар дастгоҳи ҷамъоварии
заҳри занбӯр писанд омад.
Наврасони ихтирокори шаҳри Ваҳдат низ дастовезҳои хуб
доштанд. Хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 136-и ин ноҳия
Баҳром Бобоназаров бо ду ихтирои хеш мавриди таваҷҷӯҳи
ҳозирин қарор гирифта буд: «телефон-дафтар» ва «калиди
барқии сухангӯ». Дуруст аст, ки намуди зоҳирии ин ду асбоб
чандон ҷолиб набуд. Чунон ки ихтирокори наврас дар бораи
«телефон-дафтар» эзоҳ медод, зарари ин таҷҳизот нисбат
ба дигар телефонҳои мобилӣ 33% камтар буда, ба он тамоми
симкортҳоро гузоштан мумкин, вале он сабти овоз, аккосӣ
кардан, шунидани барномаҳои радио барин имкониятҳоро надорад,
яъне соф барои муошират аст. Роҳбалади ин ихтирокори ҷавон
(директории мактаби рақами 136 А.Воҳидова) барои санҷиш
рақами 904-00-96-ро аз телефони дастии худаш мечинд, аз
телефони ҷилдпӯши монои дафтарчаи кисагӣ садои занг меомад,
хоҳишмандон онро мекушоданд ва аз ин васила гуфтугӯ мекарданд.
Аъзои ҳакамон дар растаи бачагони ихтирокори Бадахшон
назди модели осиёби навсохти хонандаи синфи 9-и мактаби
рақами 8-и ноҳияи Ишкошим Фидои Юсуфбек қарор гирифтанд.
Фидо кори хешро чунин эзоҳ медод:
- Ман барои баланд бардоштани коэффисенти кори фоиданоки
осиёб кӯшиш карда, бар он муваффақ шудам, ки бо роҳи такмил
додан осиёби бобоӣ тарҳи нави иншоотеро андозам. Яъне
агар обпарторо баландтар сохта, ҷӯйро васеътар канем,
оби аз як нова нишеб мешуда, ки ҳамагӣ 10-15 см ғафсӣ
дорад, ду чархро ба гардиш медарорад. Новаро ҳам андаке
дигаргуна сохтаам. Бо мақсади ба ду ҳиссаи баробар тақсим
шудани об дар қисмати резишгоҳи нова аз чӯб таҷҳизоти
секунҷае сохта ҷойгир кардам. Дарозии кунҷҳои ин асбоб
то 40-50 сантиметр аст. Мувофиқ ба ҳаҷми осиёб метавон
онро то ба 1м дарозӣ сохт. Ин таҷҳизот самти ҳаракати
обро андаке тағйир медиҳад. Бартарии ин намуди осиёб аз
дигар осиёбҳо дар он аст, ки ба ҷои як нова ду нова, ба
ҷойи ду сарҷӯй як сарҷӯй ба ҷойи ду иншоот як бино истифода
мегардад, яъне фоидаи он дучанд аст. Ин осиёб бо қувваи
барқ низ кор мекунад,- ҳамин тавр, ин бачаи хушзеҳну навовар
чӣ тавр кор кардани осиёбашро ба воситаи қувваи барқ низ
шарҳ медод.
Ҷонишини вазири маориф, ки аз технологияи муосир хеле
хуб огаҳӣ дорад, бо наврасони ихтирокор саволу ҷавоб мекард,
чӣ андоза кори воқеии наврасон будани таҷҳизотро шояд
муайян месохт ва ё барои комилтар гардидани кори он таҷҳизот
маслиҳатҳо медод. Масалан, ҳангоми аз назар гузаронидани
таҷҳизоти истеҳсолкунандаи гази табиӣ аз порӯи фермаҳои
чорводорӣ (кори Азизхон Хоҷаев, мактаби рақами 12-и шаҳри
Хуҷанд) ҳамин хел пурсишу посухи хубе доир гардид. Хӯроки
нисфирӯзӣ дар майдончаи хеле бошукӯҳи Донишгоҳи омӯзгорӣ
таҳти суруду мусиқиҳои гӯшнавози хунёгарон дода шуд. Аксари
иштирокдорон, ки аз шаҳру навоҳии дурдаст бо шарофати
ин озмун ба пойтахти кишвар омада буданд, мегуфтанд: «Аз
рӯйи ваъдаи мутасаддиён, ҳамин ҳозир ба тамошои Осорхонаи
миллии ба номи Беҳзод меравем», ки … нашуд. Ба ҳар сурат,
барои наврасон ду соати тафреҳ имкон дод, ки бо ҳам хубтар
шинос шаванд, аз тамошои намунаҳои корҳои якдигар баҳра
бардоранд, омӯзанд, сӯҳбат кунанд…
Пеш аз эълони натиҷаи озмуни «Ихтирокорони навраси Тоҷикистон»
вазири маориф А.Раҳмонов ташриф овард. Эшон ба беҳтарин
ихтирооти наврасон, ки аз ҷониби ҳакамон гулчин шуда,
ба толори Донишгоҳ оварда шуда буданд, аз зумраи «Истгоҳи
барқии офтобии нав» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри
Душанбе Зуҳуриддин Одинаев, «Захираҳои энергетики Тоҷикистон»-и
хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 43-и ноҳияи Бохтар Б.Бобоев,
«Коргоҳи истеҳсолкунандаи гази табиӣ аз порӯи фермаҳои
чорводорӣ»-и хонандаи мактаби рақами 12-и шаҳри Хуҷанд
Азизхон Хоҷаев, аёният барои ёфтани функсияҳои тригонометрии
мактаби рақами 12-и Кӯлоб Улуғбек Хидиров, «Нақби Шаршар»-и
хонандаи синфи мактаби рақами 12-и оҳияи Фархор Сорбон
Эмомалиев, модели ҳаракаткунандаи «Миррих-3»-и хонандаи
мактаби рақами 37-и ноҳияи Исфара Анушервон Пӯлодов шинос
гаштанд. Дар ин толор Ш. Марҳабо, хонандаи синфи 9- мактаби
рақами 9-и шаҳри Кӯлоб яке аз ду нафар духтарон дар қатори
иштирокдорони озмун буд. ӯ чун дид, таваҷҷӯҳ ба ихтирояш,
ки асбоби одии рӯзгор – дӯғкашаки барқӣ буд, ба андозаи
кори дигар наврвсон зиёд нест, ногаҳ ҷуръате пайдо карду
ба назди вазир худаш рафт ва довталабӣ кард, ки кори таҷҳизоти
ӯро бо чашмони хеш бубинад. А.Раҳмонов бо камоли майл
хоҳиши ӯро ба ҷо овард. Ихтирокор хурсандона дӯғкашакро
ба кор андохта, аз забони вазир таҳсину офарин шунид.
Муаллифи аёният барои ёфтани функсияҳои тригонометрӣ,
хатмкунандаимактаби рақами 12- и Кӯлоб И. Хидировро иштирок
дар ин озмун боис гардид, ки бидуни супоридани имтиҳоноти
қабул донишҷӯйи Донишгоҳи технологӣ шавад. ӯ барномасоз
шуданист. Вазири маориф ва ректори донишгоҳи мазкур ин
ҷавони лаёқатмандро ба ин муносибат табрик кард. Воқеан,
аъзои ҳакамон низ изҳор доштанд, ки ихтирои Улуғбекро
бо роҳи зиёдгардонӣ ҳамчун аёният ба мактабҳои ҷумҳурӣ
паҳн карда шавад.
Ниҳоят дар маҷлисгоҳи донишгоҳ маросими ҷамъбасти Озмуни
ихтирокорони наврас доир гардид, дар он Вазири маорифи
Тоҷикистон А.Раҳмонов суханронӣ кард:
- Ман ба шумо 136 нафар ихирокор, ки аз тамоми кишвар
ҷамъ омадаед, барои ин кӯшишу талошҳоятон миннатдорӣ баён
мекунам. Ман аз ҳамаи ректорони донишкадаву донишгоҳҳо
хоҳиш карда будам, ки ин ҷо омада, аз байни ин қадар наврасони
лаёқатманд донишҷӯёни худро интихоб кунанд. Чанд лаҳза
пеш яке аз чунин ихтирокорони наврасро номи баланди донишҷуйӣ
насиб гардид. Чунон ки ин ҷо гуфтанд, чанд нафар иштирокдорони
озмун метавонанд соҳиби патент шаванд. Ин чунин маъно
дорад, ки ихтироъҳои онҳо аз ҷониби мутахассиси Маркази
миллии патенту иттилоот, ки имрӯз дар ҳайати доварон амал
мекарданд, эътироф гардидааст. Шумо хонандагони азиз,
бовар кунед, ки олимон гоҳо аз 10-15 то 30 сол заҳмат
мекашанду наметавонанд, ба ихтирооту кашфиёти хеш иҷозатнома
дарёфт кунанд. Итминон дорам, ки дар Тоҷикистони мо соҳибистеъдодҳо
кам нестанд. Падару модарон ва муаллимон бояд завқу истеъдоди
фарзанд ва шогирди худро ба ҳисоб гирифта, онҳоро ба роҳи
дуруст ҳидоят кунанд. Зеро чунин ҷавонон барои ободонии
кишвар, дар шаҳрсозӣ ва дигар иншоотҳои бузург ба кор
меоянд.
Вазири маориф дар идомаи сухани хеш ҳамчунин таъкид дошт:
- Ман ба ректори Донишгоҳи технологӣ супориш додам, ки
мактаби назди донишгоҳро инноватсионӣ кунанд. Бояд дар
пойтахт чанд адад чунин мактаб созем. Ва дар чунин макотиб
бачаҳо ба навоварӣ, моделсозӣ ва умуман ба ихтироъкорӣ
машғул шаванд. Умед аст, кишвари моро, пойтахти моро чунинҳо
боз ҳам ободу зебо мегардонанд, яъне шаҳрсозу шаҳрванди
воқеӣ мегарданд. Бахти бузург аст, ки шумо истеъдод доред.
Ин суханҳоро ҳоло шояд то андозаи зарурӣ дарк накунед.
Вале баъди гузашти вақт, шояд баъди 20 сол аз ин гуфтаҳо
маънои дигар ёбед. Оянда насиби шумост!
Аз ҷониби вазири маориф А.Раҳмонов эълон гардид, ки ба
устодони нафарони ба дарёфти патент пешбаришуда унвони
Аълочии маорифи Тоҷикистон дода шавад, ҳамчунин тамоми
иштирокдорон озмуни ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи Вазорати
маорифи Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд.
Пасон, сардовар, ректори Донишгоҳи технологӣ Файзалӣ Қурбонов
озмунро чунин ҷамъбаст кард:
- Ба давраи ниҳоии Озмуни ихтироъкорони наврас 141 кор
пешниҳод гардид, ки аз ин 73-тояш ба талаботи низомнома
мувофиқ буд. Озмун аз рӯйи 5 бахш амал кард. Натиҷа чунин
буд: 30 нафар – аз 6 бахш ғолиб дониста шуданд.