Соли
маориф ва фарҳанги техникӣ
ИЛМ БЕИНТИҲОСТ
«Илм беинтиҳост. Ҳар рӯз барои он вазифаҳои нав пайдо
мешаванд. Ва донишҳои университетӣ касро бояд барои гузоштани
ҳисса дар ин хазинаи бузург сафарбар намоянд». Ин суханони
олими намоёни рус Д. И. Менделеев, ки таблитсаи низоми
химиявиро кашф кардааст ва дар тамоми ҷаҳон дар асоси
он кор мебаранд, ҳеҷ вақт арзиши худро гум намекунад.
Ва он гӯё ба шиори асосии пайравони ӯ ва, ҳамчунин, ташкилоти
ғайритиҷоратии Хазинаи рушди «Институти таҳқиқоти Евразия»
табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти
Хазинаи мазкур дастгирии мутахассисони ҷавони соҳаи илмҳои
табиатшиносӣ ва дақиқ аст. Бояд гуфт, ки Хазинаи мазкур
моҳи майи соли 2005 ташкил ёфта, намояндагии нахустини
он дар байни ИДМ баъди ду моҳ маҳз дар Тоҷикистон ташкил
ёфт. Сипас, баъди як сол намояндагии он дар шаҳрҳои Хуҷанд
ва Хоруғ низ таъсис ёфтанд. Ҳоло намояндагии Хазина дар
Қирғизистон, ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон ва ғайра
амал мекунанд. Ҳадафи асосии Хазина барқарор намудан ва
рушди алоқаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ, маърифатии байни
мамлакатҳои узви ИДМ мебошад. Намояндагии тоҷикистонии
он то ин вақт дар иҷрои корҳои зерини хайр иштирок кардааст:
кӯмак ва дастгирии дастпарварони мактаб-интернати ба номи
Малика Собирова, мактабҳои шаҳри Табошар, интернати «Чорбоғ»,
мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони гирифтори бемории
полимиэлит, мактаб-интернатҳои шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Спитамен,
бо якҷоягии Хазинаи «Русский мир» нашри маҷаллаи маърифатии
«Чигӯяк», маҷаллаи таълимӣ-методии «Русский язык и литература
в школах Таджикистана»…
Чӣ тавре пеш хабар дода будем, чандест, ки намояндагии
Хазина дар Тоҷикистон бо ширкати роҳбарият ва шахсони
масъули ташкилот чорабиниҳои муҳими хайрияро доир менамоянд.
Аз ҷумла рӯзи 26 феврали соли равон бори дуюм стипендияи
ба номи Д.И. Менделеев ба донишҷӯёни муассисаҳои давлатии
таҳсилоти олии ҷумҳурӣ супорида шуд. Онҳое сазовори стипендияи
мазкур мешаванд, ки дар таҳсил, корҳои таҳқиқотӣ, ҷамъиятӣ,
эҷодӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд. Ҳаҷми стипендия
моҳе ба 50 доллари амрикоӣ баробар буда, ҳар семестр як
бор таъин карда мешавад. Яке аз донишҷӯёни пешқадами мамлакат
донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба
номи М.Осимӣ Хурсанд Ёров соли дуюм аст, ки ба гирифтани
стипендияи мазкур мушарраф мегардад. Ҳамчунин, Низом Ҳакимов
(аз ДДОТ ба номи С. Айнӣ) низ дар ҳарду семестр соҳиби
стипендияи мазкур шуд. Имсол доираи гирандагони стипендияи
мазкур васеъ шуда, аз тамоми донишгоҳҳои мамлакат дар
минтақаҳо ба гирифтани он шарафёб гаштанд.
Ҷамъомади супоридани стипендияҳои номиро дар Маркази таҳқиқоти
стратегии ҷумҳурӣ вазири маорифи мамлакат А. Раҳмонов
ифтитоҳ намуда, ба роҳбарияти Хазина изҳори ташаккур намуда,
алоқаҳои ҳарду мамлакатро дар соҳаи илму маориф манфиатнок
ва босамар ҳисобид. Қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати
ҷумҳурӣ, муҳайё гаштани шароити мусоид шумораи донишҷӯёни
болаёқат дар ҷумҳурӣ торафт зиёд мешавад ва ин аз ояндаи
шукуфони соҳаи илм дарак медиҳад. Сафири фавқулодда ва
мухтори ФР дар Тоҷикистон Ю. Ф. Попов, ноиби президенти
Хазинаи «Институти таҳқиқоти Евразия» А. А. Герр бо меҳру
муҳабати зиёд оид ба ҳусни тафоҳум ва дастгирии Ҳукумати
ҶТ ва вазири маорифи кишвар аз ташаббусҳои ҷониби Русия
ҳарф заданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ин сабаб бисёр
чорабиниҳои Хазинаи мазкур нахуст аз Тоҷикистон оғоз меёбад.
Ҳамчунин, А,А. Герр иттиллоъ дод, ки Хазина тасмим гирифтааст,
ки оянда барои донишҷӯёни ихтисосҳои риштаи гуманитарӣ
низ стипендияе бо номи М. Ломоносов таъсис диҳад.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни аълохон
аз рӯи ҷамъбасти сессияи якум ва дуюми соли хониши 2009-2010
дипломи стипендияи ба номи Д. И. Менделеев супорида шуд.
Дар сессияи аввали соли таҳсили гузашта инҳо: Миразоров
Комрон-ДДК ба номи Рӯдакӣ, Холов Шарафҷон-ДДТТ ба номи
Абӯалӣ ибни Сино, Бобоев Муҳаммадисо-ДМТ, Маҳмудов Оқилҷон-ДДҚ
ба номи Носири Хусрав, Ҳакимов Нозимҷон-ДДОТ ба номи С.
Айнӣ, Ёров Хурсанд- ДТТ ба номи М. Осимӣ, Замиров Фарид-ДДХ
ба номи М. Назаршоев, Шерматова Гулдаста-ДАТ, Бобоев Фурӯзон-филиали
ДТТ дар Хуҷанд, Икромова Ҳурматой-ДДХ ба номи Б. Ғафуров;
сессияи дуюми соли таҳсили гузашта Нӯшинаи Маҳмадзода-ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Зуҳурова Салима-ДМТ, Ҳакимов
Нозимҷон-ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Ёров Хурсанд- ДТТ ба номи
М. Осимӣ, Паллаев Некрӯз-ДДХ ба номи М. Назаршоев, Эшов
Насибулло-ДАТ, Каримов Рустамҷон-филиали ДТТ ба номи М.
Осимӣ дар Хуҷанд, Неъматова Парвина-ДДХ ба номи Б. Ғафуров
мебошанд. Чӣ тавре мушоҳида мешавад, дар рӯйхат номи намояндагони
баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ нест. Бисёр хуш буд, шунидани
ин маънӣ аз забони ректорони он донишгоҳҳо, ки минбаъд
кӯшиш мекунанд, донишҷӯёнашонро ба қатори гирандагони
стипендияи ба номи олими бузург Д. И. Менделеев дохил
намоянд. Вале ногуфта намонад, ки барои ин саъю кӯшиши
зиёд лозим аст, зеро тибқи низомнома санҷиш хеле ҷиддӣ
сурат мегирад. Илм ҷои қилу қол нест.