Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 



ИЛМИ ТОҶИК АЗ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН УМЕДИ КАЛОН ДОРАД


Тарбияи кадрҳои илмӣ дар чӣ ҳол аст? Ҳарфҳое садо медиҳанд, ки на
ҳама барои илм шуда ба аспирантура дохил мешаванд, бисёриҳо ҳимояи корҳои илмиашонро солҳо фаромӯш кардаанд. Ҳамчунин, дар баъзе муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба ин соҳа эътибори зарурӣ дода намешавад. Мутаассифона, солҳо олимони ҷавон ягон таҳқиқоти назаррас анҷом намедиҳанд. Чунон ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам ливои илм дар дасти насли калонсол аст. Албатта, саҳми насли калонсолро фаромӯш набояд кард. Вале чеҳраи олими имрӯзаи тоҷик чӣ гуна бояд бошад? Шароити таҳсилу таҳқиқот, эҷод, вазъи моддӣ-маишии аспирантон, тайёркунӣ ва бо кор таъминкунии кадрҳои ҷавон оё қаноатбахш аст? Ҳадафи асосии вохӯрии вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, Президенти АИ ҶТ Маҳмадшо Илолов ва мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳамидуллохон Фақеров бо муҳаққиқони ҷавон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, ки 13 апрел дар толори ДМТ доир гардид, аз баррасии чунин масъалаҳо иборат буд.
Чи тавре дар сухани муқаддимавӣ ректори ДМТ Нуриддин Саидов изҳор дошт, мулоқоти мазкур дар партави дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон дар вохӯриҳо бо зиёиён ва аҳли илм, нақша- чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ баргузор гардида, муҳим аст, ки фикру андешаҳои ҳамдигарро оид ба тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Нахуст вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки чорабинии мазкур ҷавобан ба ташаббусҳои маорифпарваронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани Соли маориф ва фарҳанги техникӣ доир мегардад. Бояд гуфт, ки дар Нақша-чорабинии ҳукуматӣ ба ин муносибат, ки аз тарафи Ҷаноби Олӣ ба имзо расидааст, банди алоҳида ба тайёркунии кадрҳо ва ба илму таҳқиқот ҷалб намудани ҷавонон бахшида шудааст. Ин далели он аст, ки масъалаи илму технология дар назди ҷомеаи мо торафт маъруфият пайдо мекунад. Талабот ба кадрҳое пайдо шудааст, ки ба рақобати бозори ҷаҳонӣ мутобиқ бошанд. Хушбахтона, олимони мо дар сатҳи ҷаҳон соҳибном гаштаанд. Вазири маориф аз таассуроти фаромӯшнашавандаи хеш аз маросими ба олими намоёни тоҷик Пӯлод Бобоҷонов супоридани мукофоти «Ситораҳои иттиҳод» ёд кард. Бисёр парвардаҳои муассисаҳои таълимию илмии тоҷик дар гӯшаҳои гуногуни дунё оид ба соҳаҳои тиб, техника кори илмӣ ҳимоя карда, он ҷо ба фаъолияти пурсамар машғуланд. Вале ин моро набояд хотирҷамъ намояд. Дар худи Тоҷикистон бошад, ҳастанд онҳое, ки ҳимояи корҳои илмиашон солҳои сол кашол меёбад. Сабаби ин чист, бояд имрӯз муайян созем ва ба хулосаи даркорӣ оем. Вазири маориф далелҳо овард: соли гузашта аз 84 рисолаи номзадӣ ва 17 рисолаи докторӣ, ки вақти ҳимояашон расидааст, қисми зиёдаш дифоъ нашуданд. Аз 271 нафар аспиранте, ки бояд ҳимоя мекарданд, 187 нафарашон вазифаи ҷониашонро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузоштанд (ҳол он ки онҳо аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил мекунанд). Абдуҷаббор Раҳмонов сари вақт ҳимоя намудани корҳои илмӣ, тарбияи кадрҳоро вазифаи ҷонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ шуморид. Вобаста ба ин хабар дода шуд, ки ҳафтаҳои наздик кори гузаронидани нахустин рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардида, панҷ мактаби олии номдор муайян мешаванд ва он тариқи матбуот, аз ҷумла ҳафтаномаи «Омӯзгор» хабар дода мешавад. Дар рейтинг яке аз бандҳои асосӣ шумораи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар мамлакат 29 Шӯрои илмии ҳимоя амал мекунанд, албатта, ин нисбати замони шӯравӣ хеле кам аст. Вале зарур аст, ки кори онҳо ҷоннок карда, самаранокӣ ва сифати корҳои илмӣ баланд бардошта шавад. Дар ҳоле, ки дар баъзе донишгоҳҳо дар як сол як нафар ҳимоя мекунад ё не, чӣ тавр ба пешрафти соҳаи алоҳида метавон умед баст? Ё ҳамдигарфаҳмӣ нест ё ба тарбияи аспирантон таваҷҷӯҳи зарурӣ дода намешавад. Вазири маориф таъкид намуд, ки ҳоло муносибатҳо дар сатҳи байнидавлатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Назари Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК) ва шӯроҳои ҳимояи Русия ба рушди илми тоҷик нек аст, ин аз натиҷаи вохӯриҳои мутасаддиёни соҳа аён аст. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки дар ИДМ соли равон Соли илм ва инноватсия эълон шудааст. Ин имконият медиҳад, ки аспирантону муҳаққиқони ҷавони мо дар чорабиниҳои байнидавлатӣ фаъолона ширкат варзанд.
Баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати рушди илму маориф ғамхориҳои бештар зоҳир менамояд. Таъсиси стипендияи Президентии «Дурахшандагон» аз ҷумлаи ин ғамхориҳои бузург маҳсуб меёбад. Дар натиҷа муҳаққиқони ҷавон ва аспирантон имконият пайдо карданд, ки аз ҳисоби давлат дар хориҷа таҳсил намоянд. Мутаассифона, эътибори мутасаддиён аз муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ба ин масъала ба андозаи кофӣ нест. Ин аст, ки соли гузашта бисёр ҷойҳои ҷудошуда аз фанҳои зарурӣ холӣ монданд. Имсол шумораи ҷойҳо дучанд афзуд. Панҷ ҷой барои докторантура, 11 ҷой барои аспирантура, 26 ҷой барои коромӯзон, 6 ҷойӣ барои омӯзиши забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ (ҳар яке шаш моҳӣ) ҷудо шудааст. Ҳамчунин, аз тарафи Русия дар асоси шартномаҳои байнидавлатии соҳавӣ 10 ҷой барои аспирантура, 15 ҷой барои магистратура ҷудо шудааст. Ногуфта намонад, ки имсол як қисми онҳо илова ба Русия ба давлатҳои дигар, аз қабили Олмон, ИМА, Франсия фиристода мешаванд, ки ин боз як бурди аспирантон ва докторантҳо мебошад. Аз забони вазири маориф хушхабаре эълон шуд: лоиҳаи қарор дар бораи ду баробар зиёд кардани стипендияи аспирантон ва донишҷӯён ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ин боз як ғамхорӣ дар ҳаққи аҳли маориф ва илм дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ мебошад.
-Сифати корҳои илмӣ низ дар ҷойи аввал меистад, -қайд кард Абдуҷаббор Раҳмонов. -Хуб нест, ки корҳои илмӣ аз Русия баргарданд. Мутаассифона, чунин ҳолат низ рӯй медиҳад. Дар ин масъала вазири маориф изҳор дошт, ки ҳоло сатҳи илму технология ба он андоза аст, ки асари камарзиш, рӯйбардорро зуд ошкор мекунад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки оид ба сифати корҳои илмӣ назорат ва талаботро сахттар ба роҳ монем.
Дар бобати тарбияи кадрҳо имкониятҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимиро фаровон бояд истифода бурд. Дар ин бобат шоистаи таҳсин аст, ки танҳо ДМТ бо маблағгузории худ шумораи ҳимояи корҳои илмиро зиёд намудааст. Дар мо ҳоло ҳам кафедраҳое ҳастанд, ки ягон нафар унвондор надоранд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 409 нафар доктори илм ҳаст. Ҳангоми сафар дар Озарбойҷон намояндагони соҳаи маорифи мо шоҳиди он буданд, ки дар баъзе донишгоҳҳои он ҷо то 800 дорандаи унвони илмӣ ҳастанд. Яке аз ҳадафи асосии ҷамъомади имрӯза ҳам аз даъват намудани ҷавонон ба илм, муҳайё кардани шароит ба онҳо ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ иборат аст.
Ба ақидаи президенти АИ ҶТ Маҳмадшо Илолов Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби илм аст. Новобаста ба ҳар гуна гуногунандешиҳо илми тоҷик бо роҳи давоми даҳсолаҳо интихобкардааш пеш меравад. Ба андешаи ӯ он ки мо низоми аттестатсияи Русияро қабул кардаем ва идома медиҳем, бурди мост, зеро сатҳи корҳои илмии мо нисбати ҳамсояҳо хеле болост. Бо вуҷуди ин, дар бобати тарбияи кадрҳои ҷавон норасоиҳо ҳастанд. Ҳарчанд шумораи ҳимоя кам аст, набояд барои миқдор сифатро қурбон кард. Илм то андозае кори хусусӣ аст, аз як кас вобаста аст, вале натиҷааш барои ҳамаи мост. Бинобар ин, олимони тоҷик ахлоқи ҳамида, муносибати неки байни шогирду устодро нигоҳ доранд. Доштани мактаби илмӣ дар шароити имрӯза муҳим аст ва ин як роҳи рушди илм, мутафаққии аҳли илм мегардад.
Андешаҳои муҳими нотиқон оид ба роҳҳои пешбурди илм, тарбияи кадрҳо ректори ДМТ Нуриддин Саидовро водор намуд, ки баъзе андешаву пешниҳодҳои муҳими аҳли донишгоҳро иброз дорад. Ташбеҳи аҷибе овард ӯ, бале, илм нахлест дар биёбон. На оне, ки дар лаби ҷӯйбор бошад. Бояд об дод. Яъне илм хароҷот мехоҳад. Як далел: соли гузашта 50 нафар устодони донишгоҳ кори илмӣ ҳимоя карданд, арзандаи таҳсин аст. Вобаста ба ин аз шунидани он ки ҳукумат ният дорад стипендияи аспирантонро ду баробар зиёд кунад, ректор илҳом гирифт ва ваъда дод, ки аз ҷониби донишгоҳ боз ду баробар зиёд хоҳад кард. Дар ҳақиқат, ин ҷо аспирантон ва муҳаққиқони ҷавон имтиёзҳо доранд. Аз ин пеш ҳам стипендияи онҳо зиёд шуда буд. Ҳамчунин, хабар дода шуд, ки аспирантон дар як сол як бор ва докторантон ду бор аз ҳисоби донишгоҳ ҳуқуқи ба хориҷа хондан рафтан доранд. Вале ин маънои онро надорад, ки имконият фароҳам овардаанду талабот нест. Дар ин ҷо бо аспирантон шартнома баста шудааст. Ба қавли ректор агар аспирант баъди то як соли хатм ва докторант баъди то ду соли хатм ҳимоя карда натавонад, маблағи ба ӯ сарфшуда ба тарзи қонунӣ ситонда мешавад. Дар як сол ду бор аспирантон аз аттестатсия гузаронида мешаванд, агар фаъолияташон ба талабот мувофиқ набошад, аз идомаи таҳсил маҳрум мешаванд, то ин вақт 50 нафар аз таҳсил хориҷ шуданд. Яъне имтиёз ҳам ҳаст, талабот ҳам. Баробари ин, агар муҳассилин пеш аз мӯҳлат рисолаашонро ҳимоя кунанд, ҳам аспирант ё докторант ҳам роҳбари онҳо аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мешаванд.
-Мо бояд синни олимонро ҷавон кунем,- таъкид намуд Нуриддин Саидов.
Аз ҷониби худ илова мекунем, ки дар ҳақиқат дар аксари муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ асосан олимони калонсол кор мекунанд, синни миёнаи онҳо аз панҷоҳу шаст мегузарад. Ҳатто М. Илолов мисоле овард, ки дар як соҳаи илми онҳо тамоми ходимон аз синни 70 болоанд. Ва аз яке аз саволдиҳандагон –устоди ДМТ Р. Раҳмонӣ хоҳиш намуд, ки агар шогирдон дошта бошад, ба АИ орад. Бале, ҷони гап дар ҳамин аст. Баъзе олимони мо шогирд тайёр карданро ор медонанд. Нуриддин Саидов низ ба ин масъала ишора намуд. Дар кафедраҳо баъзе олимони мӯҳтарами мо солҳои зиёд кор мекунанд, вале аспиранти се сол бо маблағи давлату донишгоҳ таҳсилдида, ҳимоякардаро бо кор таъмин наменамоянд. Дар натиҷа мебинед, ки ӯ ба ҷои дигар рафтааст. Оид ба таъминот бо кадрҳо, воситаҳои техникии ҳозиразамон суоли яке аз устодони донишгоҳҳои пойтахт хеле дардомез буд: Солҳо боз онҳоро ба такмили ихтисос намефиристанд, маблағ нест. Танҳо як компютери фарсуда доранд, ки як соат дуруст кор намекунад, ҳоло ин ҷо фаҳмиданд, ки чун ДМТ донишгоҳҳое будаанд, ки ба кормандонашон шароитҳои хуб муҳайё мекардаанд. Вақте чунин як суоле пайдо шуд, аз вазири маориф то чанд роҳбари дигар хоҳишманд шуданд, ки ба ин устод дасти кӯмак расонанд.
Дар ҳақиқат, илм кори дастҷамъист, ба ҳамдигар бояд кӯмак расонд. Дар ин бора дар баромадаш мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров бисёр хуб ҳарф зада, хотиррасон намуд, ки дастури Сарвари давлат аст, ки ДМТ бояд пешоҳанги илму маориф бошад. Бинобар ин, нишасти имрӯза, суолу ҷавоби ба миён омада, андешаҳои баёншуда муҳим ва саривақтианд. Ҳолати имрӯзаи қувваҳои зеҳнӣ ба таккони ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ин бора комиссияи махсус кор карда истодааст. Сухан дар бораи фаъолиятмандӣ меравад. Дар оғози даҳсолаи аввали асри 21 куллан дигаргун кардани вазъи илму технология, маърифати зеҳнии ҷомеа ба вазифаи аввалиндараҷа табдил ёфтааст. Талабот аз мо чунин аст, ки самтҳои таҳқиқотро аз нав дида бароем. Дар ин ҷо дигарон низ хотиррасон карданд, ки баъзе мавзӯъҳои пешниҳоднамудаи роҳбарони илмӣ аз тарафи шӯроҳои олимон бозгардонда шуданд. Ин дуруст аст. Мо бояд ояндабин бошем, ба мавзӯъҳои қолабӣ, забонзад, кӯҳна, такрор даст назанем. Масъалаи дигар илму истеҳсолот аст. Мавзӯъҳо бояд ба мушкилоти иқтисодии мамлакат ҷавобгӯ бошанд. Илм бояд татбиқшаванда бошад (ба ғайр аз илмҳои бунёдӣ, ки татбиқашон даҳсолаҳоро мехоҳад). Аз истиқлолияти ҷумҳурӣ бист сол сипарӣ мешавад. Ниҳоят бояд мо симои олими худро дошта бошем: ва тандӯст, бедор ва худшинос. Ба олими ҷавон фазои васеи фаъолият фароҳам омадааст, олими ҷавон серҳаракат, бо техникаву технология шинос аст.
Ҳамчунин, Ҳамидуллохон Фақеров таъкид намуд, ки бо ҳама баҳсҳо низоми нави таълимро бояд қабул кард. Бе он пеш рафта наметавонем. Ҳамчунин, барои олими ҷавон имрӯз донистани камаш ду забони хориҷӣ ҳатмист. Бинобар ин, аз синни мактабхонӣ ба забономӯзии наврасон диққат бояд дод.
Суолҳои аспирантон ва устодони донишгоҳҳо бисёр масъалаҳои ҳалталабро ба миён оварданд. Масъалаҳои баробарарзишии ҳуҷҷатҳо, шумораи ҷойҳои ҷудошуда дар аспирантура барои донишгоҳҳо, маблағҷудокунӣ барои таҳсил дар хориҷа, таъсиси кафедраҳои нав оид ба илмҳои алоҳида, таъмини олимони ҷавон бо хобгоҳ, кушодани гӯшаи махсуси аспирантон дар сайти маориф ва ғайра аз ҷумлаи онҳо буданд. Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои зикршуда баҳсҳои муфид ба миён омаданд. Оид ба масъалаи таъмин бо манзили зист вазири маориф А. Раҳмонов иттилоъ дод, ки тибқи супориши Президенти мамлакат солҳои наздик дар тамоми панҷ маркази маъмурии мамлакат сохтмони манзилҳои зист барои олимони ҷавон-устодони донишгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Таъкид намуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумат дар бораи таъсиси паркҳои техникӣ дар назди донишгоҳҳо омода аст. Боварӣ ҳаст, ки бунёди паркҳои техникӣ, муассисаҳои истеҳсолӣ барои ҳалли як қатор мушкилоти моддии олимон ва устодон мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрӣ бо муҳаққиқони ҷавон ва аспирантон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии пойтахт дар фазои озод ва ошкор гузашт ва ба ҳамагон таассуроти нек гузошт. Ба хулоса омаданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИ ҶТ ба рушди маорифу илм дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, ҳалли мушкилоти онро дар мадди назар дорад.

Муҳаммад ШАРИФ,
Маҳмадшарифи РУСТАМ,
Ноилшо НУРАЛИЕВ, «Омӯзгор»