Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


БА ИСТИҚБОЛИ АНҶУМАНИ ОМӮЗГОРОН ВА ОЛИМОН
ИНШО ДАР ДАРСИ ХИМИЯ


Мо тасодуфан дар яке аз растаҳои бозори Шоҳмансур вохӯрдем. Бо як дидан шинохтамашон, агарчи таъсири умри гузаро хеле назаррас буд.
- Муаллима, салом!
-Салом, салом! Аз овозатон шинохтам, охир чашмонам хеле хирабин шудаанд…
Муаллима Соҷида Муродоваро аз соли 1984 мешиносам. Тӯли 5 сол дар Маркази методии ҷумҳуриявии Вазорати маорифи Тоҷикистон зери раҳбарияшон кор кардаам. Басе сахтгир ва масъулиятшинос роҳбаре буданд. Ва акнун аз таҳти дил хурсандӣ мекардам, ки дида ба дидор расид.
Дар сари роҳ сӯҳбати мо хеле тасфид…
ххх
Мардуми пойтахт табиист, ки аксаран аз ҳар гӯшаву канори кишвар омадаанд. Вале Соҷида Муродова зодаи ҳамин хоки баланданд. Эшон соли 1932 дар оилаи яке аз зиёиёни деҳаи Шоҳмансур, ки ҳоло ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид шудааст, ба дунё омадаанд.
- Бобои мо Муҳаммадмурод то инқилоб арбоби деҳа ҳисоб меёфтаанду соҳиби хату саводи комил будаанд, - аз гузаштаи худ ёд мекунанд ҳамсӯҳбати ман. Падарам Муллошариф Муродов сарбухгалтери колхози ба номи Лоҳутӣ буда, дар мактаби ибтидоии деҳа дарс ҳам медод. Волидонам соҳиби 10 фарзанд буданд. Ман фарзанди нахустини ин оилаи калон ба шумор мерафтам. Падарам ҳамчун зиёии ҳақиқӣ мехостанд, ки ҳама соҳибмаълумот шавем. Айёми бачагии мо духтарон кам таҳсил мекарданд. Ман соли 1939 ба мактаби ибтидоии деҳа рафтам. Чанде дар мактаби рақами 18 (ҳоло 55) таҳсилро давом додам. Баъди хатми синфи 8 бо маслиҳати роҳбари синфамон Неъматов падар маро ба мактаб-интернати духтаронаи рақами 10 (воқеъ дар шафати Донишгоҳи омӯзгорӣ) бурд. Он солҳо автобуси хурде аз бозори Путовский то гардиши фурӯдгоҳ рафтуо мекард. Гоҳо ба автобус нишаста метавонисему гоҳе не. Падарам ҳар бегоҳ маро дар истгоҳи автобус интизор мешуд, ҳамроҳ ба ҷои кораш мебурд, соатҳои 12-1-и шаб баъди анҷоми кору бораш ба хона мерафтем. Саҳарӣ соати 5 гоҳо 6 боз ҷониби мактаб метохтам. Шароити солҳои баъдиҷангӣ хеле вазнин буд, охир…
Устодони ин мактаб хеле донишманд ва фидоии касби худ буданд. Он солҳо бо номи «Стансияи техникҳои ҷавон» марказе буд, ки хуб амал мекард. Ман дар ҳамаи маҳфилҳои техникҳои ҷавон иштироки фаъол доштам. Ба мо аз фанни химия Бадалбоев, аз физика Сулаймонов ва аз математика Элнатанов (ин кас аслан устоди донишгоҳи омӯзгорӣ буданд) дарс медоданд. Бо талқини ин муаллимони мӯътабар соли 1953 ба донишгоҳи омӯзгории занонаи Сталинобод дохил гашта, соли 1957 бомуваффақият хатм кардам. Ҳамин тавр, умри худро ба кори мактабу маориф бахшидам. Яъне аввал ба ҳайси муаллима, сонитар директори мактаб, мудири кабинети химияи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва ниҳоят ҳамчун директори Кабинети методии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон кор кардам, - бо табассуми малеҳ гӯиё тарҷумаи ҳолашонро ҷамъбаст мекунанд Соҷида Муродова.
-Муаллима, бо гузашти ин қадар солҳо кадом ҷойи коратонро зиёдтар ба ёд меоред.
-Мактаб – интернати рақами 2-ро. Ин мактаб хонандагонро дар равияи фанҳои дақиқ таълим медод. Устод М.Осимӣ бачагони лаёқатмандро аз тамоми ҷумҳурӣ ба ин мактаб ҷалб карда буданд. Аз математика устодони Донишгоҳи миллӣ дарс медоданд. Аксари хатмкардагони ин маскани илм дар мактабҳои олии Тоҷикистону Русия таҳсилро давом медоданд. Аз шогирдони ин мактаб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шахсоне, ки хизмати арзанда кардаанд, зиёданд.
Солҳои аввали фаъолияти омӯзгорӣ эҳсос кардам, ки бо дониши дар донишгоҳ гирифтаам шогирдони ин мактабро қонеъ карда наметавонам, ҳарчанд китобу дастурҳои методӣ ва матбуоти соҳаи маорифро, аз қабили «Методика обучения химии», «Народное образование», «Химия в школе» пайваста мехондам. Он солҳо сексияи методии химия низ хеле хуб кор мекард. Аз роҳбари сексия хоҳиш кардем, ки мусоидат кунад, то аз дарсҳои беҳтарин муаллимони ин фан баҳра бардорам. Бо тавсияи роҳбари сексия ба дарсҳои муаллимаи мактаби рақами 21 М.И.Верешакова иштирок мекардам. Ҳар навгоние, ки дар дарси ин муаллими донишманду хоксор ба мушоҳида мегирифтам, дар фаъолияти хеш истифода мебурдам. Мавзӯе набуд, ки бе асбоби аёнӣ гузашта бошам, дарсе набуд, ки кори амалие нишон надода бошам.
Дар хона доир ба мавзӯъҳои валентнокӣ, элементҳо, оксидҳо, асосҳо, кислотаҳо, намакҳо, ҳамчунин ба химияи органикӣ карточкаҳо тартиб медодам. Баъд аз тамом шудани мавзӯъҳои калон кори хаттӣ мегирифтам, яъне диктант, кори контролӣ ва иншо.
- Аз фанни химия диктанту иншо?
- Бале. Ман ин тарзи корро ба таҷрбаи пешқадами устодони фан такя карда анҷом медодам. Масалан, доир ба мавзӯи «Намакҳо» ман чунин дикта мекардам: Хлориди натрий, хлориди алюминий, сулфати калий, фосфати магний…
Хонандагон ба дафтари корҳои хаттӣ формулаи ин моддаҳоро менавиштанд.
Ин гуна корҳои хаттиро ҳамон соати дарсӣ тафтиш карда баҳо мемондам. Вале кори контролӣ нисбатан душвортар мешуд. Ин намуд корҳоро дар хона тафтиш мекардам. Яъне ин ба таври зайл сурат мегирифт: супоришҳоро ба 4 ё 6 варинати ҷудо карда, дар варақчаҳо навишта ба пеши ҳар хонанда мегузоштам.
Мисол, Варианти 1
1. Оҳан + оксиген =
2. Оксиди оҳани севалента + кислотаи сулфат =
3. Гидрад оксиди магний + кислотаи хлорид =
Хонандагон ба тариқи формула ин мисолҳоро ҳал мекарданд.
Иншо ҳамчун вазифаи хонагӣ супорида мешуд.
Барои иҷрои корҳои хаттии синфӣ аз 5 то 45 дақиқа вақт муайян мегашт.
Дар мактаб-интернат корҳои берун аз синфӣ нағз ба роҳ монда шуда буд, аз қабили химикони ҷавон, математикони ҷавон…
Дар маҳфили химикҳои ҷавон таҷрибаҳои мухталиф мегузаронидем. Мисол, чӣ хел пайдо шудани барфро ин тавр таҷриба мекардем: ба аквариум шохчаи арчаро гузошта, дар дохили он моддаи химиявиро гарм мекардем, дар натиҷа аз вай зарраҳои барф ҳосил шуда, боридан мегирифт. Ҳамин тариқ, пайдоиши вулқонро таҷриба мекардем.
-Барои таҷриба ва умуман лабораторияҳои мактабӣ асбобу моддаҳои химиявӣ аз куҷо дастрас мешуд?
-Дар мавзеи ДОК базае буд, ки аз Маркази кишвар – Маскав вобаста ба химия ҳама лавозимот оварда мешуд, аз қабили моддаҳои химиявӣ, пробиркаҳо, колбаҳо, спиртовкаву стакон, спирт…
-Ҳамон солҳо шумо иштирокдор ва узви Намоишгоҳи комёбиҳоихоҷагии халқи умумииттифоқӣ шуда будед?
-Бале. Агар сидқан, фидокорона кор кунӣ, соҳибэҳтиром мешавӣ. Аз намунаҳои коре, ки бо шогирдон дар маҳфили химикони ҷавон анҷом медодем, якеро ба НКХХ (ВДНХ) пешниҳод карда будем.
- Чӣ чизе буд, ки боиси пазироӣ гашта буд?
- Чизе, ки ба Маскав фиристодем, макети заводи химиявӣ буд. Мо аз зарраҳои шиша, картон, трубкаҳои шишагиву резинӣ ва дигар чизҳо он макетро дуруст карда будем. Ин намоишгоҳи бузург маро бо медали биринҷӣ сарфароз гардонид.
Баъд аз ин ба дарсҳоям аз Институти марказии такмили ихтисоси муаллимон директорон, мудирони қисми илмии мактабҳо, муаллимони химия иштирок мекарданд. Ёдам меояд, ки бори нахуст ба дарси ман 25 нафар баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадам иштирок карданд. Худамро дар аввал хеле ноҳинҷор эҳсос кардам. Сипас каме ором шудаму дарсро давом додам. Дар вақти таҳлил худам аз нуқсу норасоиҳои дарсам, ки ба иллати даступохӯрӣ содир карда будам, ёдрас шудам.
Соли 1964 маро ба ҳамин донишкада даъват карданд. Ҳам худам ва ҳам директори мактаб-интернат розӣ нашудем. Соли 1965 ин даъват такрор ёфт. Розӣ нашудам. Вазорати маориф фармон бароварда мудири кабинети химия таъмин кард. Ман ҳам шарт гузоштам, ки ба таври мувозӣ дар мактаб ҳам кор мекунам. Ҳамин тавр ҳафтае 12 соат дар мактаби рақами 53-и шаҳри Душанбе таълим ҳам медодам. Ба андешаи ман, методисте, ки аз мактаб дур мешавад, методисти ҳақиқӣ нест. Муаллимонеро, ки бозомӯзӣ меомаданд, ба дарсҳои худам мебурдам. Дар курсҳои директорон ва ҷонишинони онҳо доир ба барномаҳои нави химия ва талаботи он маърӯза мехондам, онҳоро аз нозукиҳои талаботи фанни химия огоҳ мекардам. Ба эшон мефаҳмонидам, ки мавзӯи дарси омӯзгорро пешакӣ хонда, баъд ба дарсаш иштирок кардан лозим аст. Агар мақсади дарси ӯро сарфаҳм наравед, дар вақти таҳлил чӣ мегӯед? Чӣ маслиҳат медиҳед?
Директори мактаби рақами 53 низ будам. Кор дар ин мактаб худ қиссаи дигар, маро аз ин даргоҳи илму маърифат хотираҳои зиёдест.
Соли 1976 боз ба Донишкадаи такмили ихтисос ба ҳайси мудири кабинет омада, то соли 1982 кор кардам. Соли 1982 директори кабинети методии назди Вазорати маориф таъин карданд, ки то соли 1988, яъне то ба синни нафақа фаъолият доштам.
Ман дар давоми фаъолияти педагогию роҳбарии худ ҳеҷ гоҳ холабеғам набудам, дар ҷустуҷӯи навгонӣ будам. Дар чандин семинарҳо, ки барои қабули барномаҳои химия дар шаҳрҳои Москва, Киев, Рига, Вилнюс .. доир шуда буд, иштирок кардам. Одатан, дар чунин семинарҳо олимони соҳаи химия аз қабили Светков, Глозиаров, Рисс, Риозов оид ба методикаи таълими ин фан маърӯза мекарданд. Дар ин сафарҳо имкон меёфтам, ки дар дарсҳои муаллимони химияи шаҳрҳои номбурда иштирок кунам ва он таҷрибаҳоро омӯзам ва ба муаллимони Тоҷикистон омӯзонам. Аз тачрибаи муаллимони пешқадами Точикистон мақолаҳо низ менавиштам, беҳтарини беҳтаринҳоро дар силсилакитобчаҳо бо унвони «Меҳнат, устуҷӯ, эҷодкор» интишор медодам. Агар ҳамчун арзи сипос яке аз чунин китобчаҳоро ба М.И.Верешакова бахшида бошам, дигареро ба омӯзгори саршиноси фанни химия Аблулҳафиз Азизов (мактаби рақами 29-и н. Исфара) бахшидаам. Он солҳо, аз рӯйи пешниҳоди банда, бори нахуст барои ҳамаи имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ доир ба ҳар як фан китобчаҳои билетҳо нашр ёфтанд. Пештар мавзӯъҳоро дар типография чоп карда, дар кабинети методи пинҳонӣ ба лифофа ҷо медоданд ва бо тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба мактабҳои тоҷикии ӯзбекистону Қирғизистону Қазоқистон мефиристоданд.
Муаллима Соҷида Муродова ҳамчунин бо табассуми малеҳ чашм ба чашмам медӯзанд. Гӯиё гуфтан мехоҳанд, ки «Тамом-вассалом».
Эшон аз он ки 10 соли тамом узви ҳайати маҷаллаи «Химия в школе» (чопи Маскав), узви Институти умумииттифоқии илмию тадқиқотии «Содержания и методов обучения», ҳамчунин узви Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС (солҳои 1965-68), иштирокдори Анҷумани VII муаллимони Иттифоқи Шӯравӣ буданашон ҳарфе назаданд.
Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи ИҶШС, собиқадори меҳнат, дорандаи ордену медал ва ифтихорномаҳои зиёд Соҷида Муродова ҳоло дар ҳалқаи фарзандону набераҳои дӯстрӯ давлати пирӣ меронанд. Вале ҳанӯз гӯё ҳушу ёдашон ба масъалаҳои мактабу маориф аст. Ба мисли он ки солҳои пешин шогирдонашро ба китобу дафтар, ба омӯхтани асосҳои илм раҳнамун месохтанд, имрӯз наберагонро ба пайроҳаи илму маърифат равона мекунад. Охир, эшон дилбохтаи мактабу маорифанд.

Марям ЭШОНҶОНОВА,
«Омӯзгор»