Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:



 


 

 

КАМБУДӢ ҶОЕ НЕСТ, КИ КОР НЕСТ

Дар соле, ки гузашт, оид ба маориф ва вазири соҳа ҳамкасбони ман бисёр гуфтанду шуниданд. Вале ин ҳам пӯшида нест дар бораи касе ҳарф намезананд, ки кор намекунад. Соҳаи маориф бошад, ба ҳама маълум, соҳаи аз ҳама муҳим ва ҳалкунандаи ҷомеа буда, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноати ҳар кишвар аз он вобаста аст. Бинобар ин, на танҳо таваҷҷӯҳи мутасаддиёни соҳа, балки кулли аъзоёни ҷомеа ба он нигаронда шудааст. Рости гап, мо ҳам қатори Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов толори пур аз хабарнигорони ватаниву хориҷиро дар нахустин нишасти матбуотии соли нав дида, ба ваҷд омадем. Ин аз таваҷҷӯҳи зиёди қаламбадастон ба соҳаи маориф дарак медиҳад. Бинобар ин, вазири маориф, ки ба вохӯрӣ бо ҷонишинони худ, сардорони раёсату мудирони шӯъбаҳо омада буд, сухани ифтитоҳии хешро маҳз аз он оғоз намуд, ки соли 2010 барои ҳама зиёиён соли махсус аст. Зеро бо ташаббуси Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуд, ки ин дар таърихи тоҷикон ҳодисаи беназир аст. Бинобар ин, он бояд бо шукӯҳу шаҳомат, дастовардҳои мондагор таҷлил гардад. Боварӣ мешавад, ки соли равон барои расидан ба ҳадафҳои аслии ин ташаббус, рушди соҳа таҳкурсии мустаҳкам гузошта хоҳад шуд. Зеро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ танҳо даричаест барои ҳадафҳои бузург, расидан ба иқтисодиёти мустаҳкаму обрӯю эътибори миллату давлат.
Сипас, вазири маориф дар бораи комёбӣ ва мушкилоти соли 2009 маълумоти мухтасар дод. Ҳарчанд дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонов ишора накард, аз симои ҳозирин пай бурдан мумкин буд, ки онҳо дар бораи соҳаи маориф, бурду бохти он аз ҳама бештар нисбат ба соҳаҳои дигар маълумоти кофӣ дар даст доранд. Зеро чӣ тавре гуфтем, соли гузашта расонаҳои хабарӣ аз ҳама бештар ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳ намуданд. Ин хуб аст ё бад? Дар бораи ҷиҳати хубаш таъкид шарт нест, вале бадаш он аст, ки дар мафкураи баъзеҳо чунон ақидае ҷой гирифтанаш мумкин аст, ки соҳаи маориф аз ҳама зиёд ба камбудиҳо олудааст. Вале далелҳо аз дигар чиз дарак медиҳанд.
Таваҷҷӯҳи торафт бештари Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳа, якбора ду баробар зиёд кардани маблағгузории соҳа, бунёди шумораи хеле зиёди бинои таълимгоҳҳо, ифтитоҳи филиали донишгоҳҳои хориҷа, қабули чанд қонуни соҳаи маориф, ниҳоят эълони Соли маориф ва фарҳанги техникӣ худ аз худ дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Ин аз талошу заҳматҳои пайдарпаи мутасаддиёни соҳа, масъалагузории онҳо дар назди мақомоти болоӣ ва дастгирӣ ёфтани ҳадафу ниятҳояшон дарак медиҳад. 13 январ ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот оид ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ, нақшаи чорабиниҳо муҳокима мешаванд. Вазири маориф бо ифтихор хабар дод, ки яке аз чорабиниҳои муҳими соли равон Анҷумани нахустини омӯзгорон ва олимони ҷумҳурӣ аст. Чунин як анҷуман зиёда аз 20 сол пеш баргузор шуда буд. Рости гап, чунон ба назар мерасад, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳоест, ки мушкилоташ аз ҳамагон пӯшида нест. Бинобар ин, иқрори вазири маориф дар бораи он ки дар соли гузашта мушкилоти ҳалнашуда низ буданд, самимӣ садо доданд. ӯ дар ин бобат пеш аз ҳама сатҳи саводи хонандагон ва донишҷӯёнро ёдрас кард. Иқрор шуд, ки маҳз ба ин сабаб дар интихоби довталабон ба ноил шудан ба стипендияи «Дурахшандагон» душворӣ кашиданд, ҳамчунин, чандин ҷойҳо барои таҳсил ба хориҷи кишвар холӣ монданд. Ин мушкилотро мо аз соли 2009 ба 2010 гирифта овардем ва бо тамоми қувва саъю кӯшиш менамоем, ки дар ин бобат ба пешравӣ ноил гардем. Бале, мушкилоти бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани мактабҳо, таъмини китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ҳалли худро ёфтанд. Вале инро нодида набояд гирифт, ки сатҳи омодагии кадрҳои омӯзгорӣ ба талабот ҷавоб намедиҳад. Шояд вақҳои наздик масъалаи ба кори омӯзгорӣ ҷалб намудани хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯёни курси болоӣ аз байн равад. Бо мақсади ислоҳи вазъ дар маркази минтақаҳо курсҳои такмили ихтисос ташкил шуданд ва соли равон ба ин масъала таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода мешавад.
Бо мақсади беҳбудии сифати таълим, ҳалли мушкилоти соҳаи маориф аввали соли гузашта Вазорати маориф нақша- чорабиниро оид ба 54 масъала таҳия намуда буд, хушбахтона, ин чорабиниҳо асосан мавриди амал қарор гирифтанд. Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, дастуруламал ва нақшаҳои таҳиянамудаи мутахассисони Вазорати маориф ва бори нахуст дар таърихи соҳаи маориф таҳия ва тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ дастоварди муҳими соҳаи томактабӣ маҳсуб меёбанд. Соли гузашта 82 нафар мактаббачагони болаёқат дар озмунҳои байналхалқӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ки ин далели боло рафтани сатҳи дониш аст. Сохтмону азнавсозии 210 мактаб ба анҷом расид. Хушбахтона, дар таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ ширкат меварзанд, ки ин аз ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии онҳо дарак медиҳад. Тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли гузашта дар ҷумҳурӣ равнақи тоза пайдо кард. Барои таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ аз забони русӣ барои ин муассисаҳо маблағ дарёфт шуд, ки умедворем имсол он пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаштан ба низоми нави сезинагии таҳсилот идома дорад ва вобаста ба суоли хабарнигорон дар ин бора вазири маориф иттилоъ дод, ки бо омода гаштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ин масъала дар соли 2015 бояд ҳалли худро ёбад. Яке аз падидаҳои нек дар соли гузашта таъсиси филиали донишгоҳҳои бонуфузи мамлакатҳои пешрафта дар ҷумҳурӣ мебошад. Бо боварӣ зикр гашт, ки ин раванд имсол дучанд авҷ хоҳад гирифт. Албатта, таҷдиди сохтор, барҳам додани баъзе ихтисосҳои такрор дар мактабҳои олӣ аз соли гузашта мавриди назар қарор гирифт. Вобаста ба бӯҳрони молиявии ҷаҳон вазири маориф изҳор намуд, ки чанд соли наздик ҳаҷми маблағи таҳсили донишҷӯёни шартномавӣ зиёд карда нахоҳад шуд. Бояд гуфт, ки қарору нишондодҳои Вазорати маориф бо назардошти мушкилоту ҳалли онҳо қабул гардида, иҷрои босамари онҳо аз дурустии роҳи интихобгардида дарак медиҳанд. Масалан, аллакай, бисёр донишгоҳҳо хатмкунандагонеро, ки аз рӯи тақсимот ба ҷои кор ҳозир намешаванд, ба суд додаанд ва умедворанд, ки аҳли ҷомеа ин иқдомро дуруст қабул мекунад.
Вазорати маориф дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нақшаҳои муҳим дорад. Барномаи нави компютеркунонии мактабҳо барои солҳои 2011-2020, консепсияи нави таълим, Барномаи нави гузариш ба системаи нави таълим барои солҳои 2010-2014 аз нақшаҳои муҳими стратегӣ маҳсуб ёфта, дар арафаи таҳия ва пешниҳод ба мақомоти болоӣ мебошанд. Ҳамчунин, Қонуни нави маориф, қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар, таъсис ва фаъолияти марказҳои фановарӣ таҳия мегарданд. Ҳуҷҷатҳои мазкур барои гузаштан ба системаи нави таҳсилот, ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа нигаронда шудаанд.
Дар охир вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавоб дод. Аз ҷониби хабарнигорон даъвати вазири маориф дар бораи назари некбинона ба соҳаи маориф хуш пазируфта шуд ва чанде аз онҳо хоҳиш намуданд, ки дар сафарҳои вазир минбаъд ӯро ҳамроҳӣ намоянд. Ин хоҳиш низ пазируфта шуд.

Маҳмадшарифи РУСТАМ,
«Омӯзгор»