Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


ҚАРОРИ МУШОВАРАИ
ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 21.04. 2010 №7/1 ш. Душанбе
Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3-моҳаи аввали соли 2010

Ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Раҳмоновро «Оид ба фаъолияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3-моҳаи аввали соли 2010» муҳокима намуда,

қ а р о р м е к у н а д:

1.Маърӯзаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Раҳмонов «Оид ба фаъолияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3-моҳаи аввали соли 2010» ба инобат гирифта шавад.
2.Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Ф.Партовов) вазифадор карда шавад:
- барои тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ мондани сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон тадбирҳои амалӣ андешад;
-дар робита ба иҷрои фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2009 №2666 «Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чораҳои таъхирнопазир андешад;
-ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ доир намудани озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони наврас» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявӣ ва беруназмактабӣ (Хоҷаев С.) табирҳои амалӣ андешад;
-ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ», рафти таълими забони давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, ки таълим бо забонҳои ғайритоҷикӣ сурат мегирад, зери назорати қатъӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳдошти таълими он чораҳо андешад;
-ҷиҳати иҷрои супориши протоколии Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №56/1 аз 26.08.2009 оид ба иштироки тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо дар озмунҳои фаннии хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешад;
-дар робита ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили омӯзиши забони русӣ ва хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014», таълими самаранок ва босуботи забони русӣ ва хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳад.
3.Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (Ш.Раҳмонов) вазифадор карда шавад:
-раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мунтазам санҷида, натиҷаи санҷишҳоро дар маҷлиси назоратии назди муовини аввали Вазир баррасӣ намояд;
-маълумотномаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро оид ба мониторинги сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ҷамъбаст ва дар маҷлиси назоратии назди муовини аввали Вазир баррасӣ баррасӣ намояд;
-дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус аттестатсияи устоҳои таълими муассисаҳои таълимиро гузаронида, аз натиҷааш моҳи июн дар ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф гузориш пешниҳод намояд.
4.Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ҳ.Валиев) вазифадор карда шавад:
-иҷрои бандҳои Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникиро таъмин намояд;
-ҳар нимсола бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи талаботи замон ва бозори меҳнат чораҳои амалӣ андешад;.
-бо мақсади мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, таъмини таҷҳизотҳои лабораторӣ чораҳои мушахас андешида, ҳолати нигоҳдории маводҳои лабораторӣ ва гузаронидани корҳои лабораториро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад;
-ҳолати таъмини донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад;
- барои навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ва ё тарҷумаи онҳо аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
5.Раёсати илм ва инноватсия (М.Шодиев) вазифадор карда шавад:
-ба самарабахшии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ тибқи Низомномаи аспирантура эътибори ҷиддӣ диҳад;
-ба тайёр кардани кормандони илмӣ ва кадрҳои дорои унвони илмидошта марбут ба илмҳои табиию риёзӣ чораҳои амалӣ андешад;
-ба таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмию технологӣ дар назди муассисаҳои таълимиву илмӣ диққати ҷиддӣ диҳад.
6.Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (Ш.Ёрмуҳамедов) вазифадор карда шавад:
- то охири моҳи апрел теъдоди нарасидани кадрҳои омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Вахш, Румӣ ва Ҷилликӯл санҷида баромада, ба шахсони масъул барои пешниҳод намудани маълумотҳои бардурӯғ ҷазои интизомӣ, то озод намудан аз вазифаи ишғолнамударо пешниҳод намояд.
-дар ҳамкорӣ бо Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки кадрҳои ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, таҳия карда, баҳисобгирӣ ва назорати қатъии ҳар як донишҷӯро дар хориҷи кишвар ба роҳ монад ва ҷиҳати чобаҷогузорӣ ва таъмини онҳо ба ҷои кор чораҳои мушаххас андешанд.
7.Раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф (Ф.Исмонов) вазифадор карда шавад:
-оид ба маблағгузории саривақтӣ ва пурраи мактаб – интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешад;
-ҳар семоҳа оид ба иҷрои буҷети соҳаи маориф ба Вазири маориф маълумотнома пешниҳод намояд;
-вобаста ба танзим намудани андоза ва сохтори истифодабарии маблағҳои ихтиёрие, ки аз падару модарон ҷамъ оварда мешавад, дар муддати 1 моҳ ба Вазири маориф пешниҳод манзур намояд.
8.Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ (Б.Боқилов) вазифадор карда шавад:
- истифодаи сарфакоронаи маблағҳои дар соли 2010 –ро, ки ба муассисаҳои соҳаи маориф ҷудо шудаанд, назорат намуда, аз натиҷааш ҳар се моҳ ба Вазири маориф гузориш пешниҳод намояд.
9.Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ (Т.Насимова) вазифадор карда шавад:
-ба масъалаи таъсиси филиалҳои муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия ва Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сари вақт омода намудани маводи зарурӣ чораҳо андешад;
-ба интихоби донишҷӯён, кормандон ва мутахассисони лаёқатманд ҷиҳати фиристодан барои таҳсил ва такмили маҳорати касбӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар диққат дода, шаффофиятро таъмин намояд;
-пешниҳоди Комиссияи ҷумҳуриявиро дар масъалаи мутамар-казонидани интихоб ва қабули шаҳрвандони лаёқатманд тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Маркази миллии тестӣ ба инобат гирифта, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор иҷро шудани онро таъмин намояд;
-барои дар якҷоягӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис додани «Бонки маълумот» ва маълумотномаи электронии ҳар як донишҷӯ тадбирҳои амалӣ андешад.
10.Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Х.Шарифов) вазифадор карда шавад:
-иҷрои нақшаи сохтмони асосӣ ва ба истифода додани иншоотҳои соҳаи маорифро таъмин намояд;
-назоратро аз рӯи рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурзӯр намуда, то ҷашни Ваҳдати миллии соли 2010 бо сифати баланд ба истифода додани онҳоро таъмин намояд;
-дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.08 №436 “Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд” таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҳар семоҳа ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи муфассал пешниҳод намояд;
-доир ба амалӣ намудани лоиҳаи “Ба анҷомрасонии сохтмони 5 мактаб ва дастрас намудани таҷҳизотҳо” аз ҳисоби қарзи Фонди Саудии Рушд ва лоиҳаи гранти Фонди каталитикӣ чораҳои зарурӣ андешад.
11.Шӯъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф (М.Ҷумахонова) вазифадор карда шавад:
-барои ҷоннок кардани марказҳои компютерии назди Раёсату шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
-хонандагони болаёқатро барои корҳои компютеркунонии мактабҳо ҷалб кунад;
-барои баланд бардоштани сатҳи дониши компютерии сариқтисодчиёни Раёсату шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳо андешад;
-барои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ семинар ташкил намояд;
-оид ба насб намудани барномаи компютерии САИ Мактаб-2 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳо андешад.
12.Шӯъбаи таҳлил ва рушди ислоҳоти соҳаи маориф (М.Бобомуродов) вазифадор карда шавад:
-нақшаи таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникиро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, аз рафти иҷрои он дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.
13.Шӯъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилӣ ва бойгонӣ (Ҷ.Ҷумаев) вазифадор карда шавад:
-доир ба ҳар як банди қарори мазкур ва сархатҳои он варақаи назоратӣ кушода, иҷрои саривақтии онҳоро зери назорат қарор диҳад;
-аз иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар ҷаласаҳои назоратии назди Вазир гузориш пешниҳод намояд.
14.Шӯъбаи маркетинг ва моликият (М.Мирзоев) вазифадор карда шавад:
-қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 29.04.2009, №233 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010» ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш дар ҷаласаи назди муовини Вазир (А.Расулов) ахбор пешниҳод намояд;
-талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20.03.2008, №363 «Дар бораи таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор», инчунин, банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 5.10.2001, №457 «Дар бораи таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи онҳо ба ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф гузориш пешниҳод намояд;
-рафти иҷрои моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 17.04.2004, №34 «Дар бораи маориф» зери назорати қатъӣ қарор диҳад.
15.Шӯъбаи аудити дохилӣ (Р.Ризоев) вазифадор карда шавад:
-сифати таҳкиқ ва санҷишҳои пешакиро баланд бардошта, амнияти иқтисодии тамоми муассисаҳои зерсохториро таъмин намояд;
-ба рафти иҷрои банди 5 Созишномаи дучониба байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш дар мушовараи моҳи июн гузориш пешниҳод намояд;
-амалиёти огоҳсозӣ, пешгирӣ ва ошкорсозии ҳолатҳои ғайри-матлаби истифодабарии маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетиро дар тамоми муассисаҳои зерсохтор зери назорати доимӣ қарор диҳад.
16.Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот (Р.Ҳалимов) вазифадор карда шавад:
-нишастҳои матбуотӣ, барномаҳои мустақим ва мизи мудавварро вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 ба роҳ монда, иштироки шахсони масъулро таъмин намояд;
-фаъолияти нашрияҳои соҳавии Вазорати маориф (ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык в школах Таджикистана»)-ро назорат намуда, ба сифати чоп, теъдоди нашр ва масъалаи обунаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
17.Бахши хариди давлатӣ ва хизматрасонӣ (Ф.Сабзаев) вазифадор карда шавад:
-тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ҳуҷҷатҳои озмуниро бо Раёсату шӯъбаҳои дахлдор омода карда, сари вақт ва бо сифати баланд баргузории озмунҳоро таъмин намуда, аз натиҷааш ба роҳбарияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ҳисобот пешниҳод намояд:
-шартномаҳои ба имзо расонидашударо зери назорат гирифта, сари вақт иҷро гардидани онҳоро таъмин намуда, санади иҷрояшонро барои тасдиқ ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
18.Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва грантҳо дар соҳаи маориф (И.Шокиров) вазифадор карда шавад:
- оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои инвеститсионӣ, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ ҳар се моҳ ба Вазири маориф гузориш пешниҳод намояд.
19.Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (Х.Зиёев) вазифадор карда шавад:
-мониторинги сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳар се моҳ ҷамъбаст намуда, барои рафъи камбудиҳо дар ин самт бо истифода аз барномаи идоракунии сифати таҳсилот пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд;
-истифодаи таҷрибавии нишондиҳандаҳо (индикаторҳо)-ро дар ҷараёни арзёбии сифати таҳсилот дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе хулоса намуда, истифодаи онҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ ба нақша гирад;
-камбудиҳои мавҷударо дар кори комиссияҳои аттестатсионӣ бартараф карда, натиҷаи аттестатсияҳои давлатиро ба раёсатҳои дахлдори Вазорат барои назорат ирсол намояд;
- рафти иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ва Нақшаи тадбирҳои таҷлили “Соли маориф ва фарҳангӣ техникӣ”-ро дар ҷараёни аттестатсия ва санҷишҳои ҷорӣ мавриди назорати ҷиддӣ қарор диҳад;
-пешниҳодҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи маориф то охири семоҳаи дуюми соли 2010 ба Вазорат манзур намояд.
20.Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (И.Каримова) вазифадор карда шавад:
-оид ба таъсиси ду озмоишгоҳи илмӣ дар назди Академия моҳи май дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф гузориш пешниҳод намояд;
-нақшаву барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсиву методиро дар мактабҳои базавӣ мавриди таҳлил ва ташхис қарор дода, оид ба он моҳи июн дар ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф гузориш пешниҳод намояд;
-сифати дарсҳоро дар курсҳои такмили ихтисос беҳ намуда, мутахассисони варзидаро ҷиҳати хондани лексияҳо ва гузаронидани семинарҳо ҷалб кунад;
21.Маркази барномаҳои байналмилалӣ (Ҳ.Мирзоев) вазифадор карда шавад:
-дар мӯҳлати се моҳ бонки маълумотро оид ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ ташкил намояд;
-дар ҳамкорӣ бо Вазорату идораҳо таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар назорат намояд ва фаъолияти минбаъдаи ҳар як хатмкунандаро баъди бозгашт зери назорат гирад.
22.Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ (М.Шоев) дар якҷоягӣ бо Раёсату шӯъбаҳои дахлдор вазифадор карда шавад:
-пешниҳоди ҳисоботро аз ҷониби шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба иҷораи китобҳои дарсӣ, тибқи нишондоди замимаҳои «Низомнома дар бораи иҷора ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ» дар мӯҳлати муқарраргардида то 1 июни соли ҷорӣ таъмин намояд;
-нақшаи пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро омода намуда, пардохти онро аз ҷониби шӯъбаҳои маориф давра ба давра мувофиқи нақша таъмин намояд ва оид ба иҷрои он дар маҷлисҳои назоратии назди Вазири маориф маълумот диҳад.
23.Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (С.Сафаров) вазифадор карда шавад:
-иҷрои «Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2010» - ро дар шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо зери назорати қатъӣ гирад;
-дар якҷоягӣ бо бахшҳои хизматрасонии компютерии назди шӯъбаҳои маориф дар таъмири компютерҳои корношоям сахм гирад;
-ҳолати ба шабакаи Интернет пайваст кардани мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳоро зери назорат гирифта, ҳар се моҳ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома пешниҳод намояд.
24.Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста (Ш.Гадоев) вазифадор карда шавад:
-олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагонро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуда, дастаҳои хонандагонро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои байналхалқӣ таъмин намояд.
25.Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (А.Мулллоев) вазифадор карда шавад:
-ҷиҳати такмилу ташхиси нақшаву барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, татбиқи мониторинги арзёбии дониши хонандагон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам тадбирҳои иловагӣ андешида, фаъолияти кабинетҳои методии идораҳои маорифи вилоятию шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва тамоми муассисаҳои таълимро омӯхта, барои самаранок ба роҳ мондани ин самт кӯмаки амалӣ расонад;
-таҳия, нашр ва таъмини маводи ёрирасони методӣ, журналҳои синфӣ, ҳуҷчҷатҳои расмию коргузорӣ, дафтарҳои санҷишӣ ва шаҳодатномаи донишҷуёнро ба роҳ монда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонад.
26.Маркази миллии тестӣ (С.Ҷаъфаров) вазифадор карда шавад:
-маводи тестиро барои гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар омода намояд;
-дар ҳамкорӣ бо Маркази идораи лоиҳаи кредит дар соҳаи маориф гузаронидани арзёбии дониши хонандагони синфҳои 4-ро моҳи майи соли 2010 ба роҳ монад;.
-дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Институти ҷомеаи кушод ба таври силсилавӣ гузаронидани семинарҳоро бо ҷалби коршиносони хориҷӣ оид ба омӯзондани мутахассисони фаннӣ дар мавриди сохтани тестҳо ташкил намояд.
27.Раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд:
-барои ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок мактабҳои беҳтарини шаҳру ноҳияҳоро пешниҳод намуда, бо техникаи муосир ва дигар маводи зарурӣ таъмин намоянд;
-иштироки шунавандагонро ба курсҳои такмили ихтисос (махсусан, сарварони мактабҳои таҳсилоти умумӣ) мувофиқи нақшаи баргузории курсҳои такмили ихтисос, ки бо фармони Вазири маориф тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.
28.Директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шаванд:
-корҳои тарбиявиро дуруст ба роҳ монда, интизом ва иштироки хонандагону донишҷӯёнро ба дарсҳо таъмин намоянд;
-бо хонандагону донишҷуёни сустхон дарсҳои иловагӣ ташкил намуда, барои беҳтар намудани сатҳи донишазхудкунии муҳассилин чораҳои зарурӣ андешанд;
-соле ду маротиба мониторинги дониши хонандагону донишҷӯёнро гузаронида, аз натиҷааш ба Вазорати маориф маълумоти муфассал пешниҳод намояд;
-матни лексияи фанҳои таълимиро дар ҳаҷми то 100 саҳифа таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ то моҳи июн ба Вазорати маориф пешниҳод намоянд.
29.Ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадор карда шаванд:
-бо мақсади иҷрои бандҳои Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд ва боистеъдод марказҳои илмӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ, озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои маълумотдиҳиро таъсис диҳанд;
-кори Раёсат ва шӯъбаҳои таълимро ҷиҳати гузаронидани мониторинги сифати таълим, рейтинги дониши донишҷӯён ҷоннок намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи талаботи замон ва бозори меҳнат чораҳои амалӣ андешанд;
-барои беҳтар намудани вазъи хобгоҳҳои муассисаи таълимӣ, фаъолияти китобхонии донишҷӯён эътибори ҷиддӣ дода, алоқаи донишҷӯёнро бо китобхонаҳои муассисаи таълимӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ мустаҳкам намоянд.
-ҳолати таъмини донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд;
- барои навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ва ё тарҷумаи онҳо аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
30.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Вазири маориф Ф.Раҳимов, муовинони Вазир А.Расулов ва Т.Маҳмадова гузошта шавад.

Раиси мушовара,
Вазир А.Раҳмонов