Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЛОИҲАҲО
АЛОҚА
ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
БАРНОМАҲО

 

 


 

 

 

 

Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

The Support to Vocational Education and Training in Tajikistan
A project funded by the European Commission


ДАР БОРАИ МИЗИ МУДАВВАРИ
КОРФАРМОЁН ВА КОРКУНОНИ МАОРИФ

«Рушди сифати тайёрии захираҳои меҳнатии мамлакат»


Хати матбуотӣ


17 феврал соли 2009 дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар чорчӯбаи лоиҳаи dvv international «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон – даври 2», ки аз тарафи Иттифоқи Аврупо маблағгузорӣ шуда истдааст, гузаронидани мизи мудаввар байни намояндаҳои корфармоёни ш. Душанбе ва коркунони Вазорати маориф, дигар вазоратҳо, Дастаи иҷроияи Президенти ҶТ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Мақсади мубоҳиса – мусоидат кардан ба баланд бардоштани нақшаи корфармоён дар баланд бардоштани сифати ТИК, ташкили механизмњои ҳамкори байни муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён, ассосиатсияҳои онҳо.
Бо иштирокчиёни мизи мудаввар дида баромадани масъалаҳое зерин пешбинӣ карда шудааст: имкониятҳо ва проблемаҳои муассисаҳои ибтидоии касбӣ дар тайёр намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос; талабот ва манфиатҳои корфармоён дар масоили тайер кардани коргарони баландихтисосӣ оянда, муҳити қонунгузорӣ ва таасуроти тарафайн оид ба шаклҳои самаранок ва қадамҳои зарурии сохтани механизмҳои ҳамкорӣ байни корфармоён ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ; таҷрибаи Латвия – нақшаи корфармоён ва ассосиатсияҳои корфармоён дар рушди барномаҳои таълимӣ, иҷрои онҳо (алалхусус дар ташкили таълимиистеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ), баҳогузории натиҷаҳои ҷараёни омӯзишӣ, таҳияи стандартҳои касбӣ, нақша ва фаъолияти Шӯрои сетарафа дар ТИК. Дар натиҷаи кори мизи мудаввар таҳияи лоиҳаи пешниҳодот пешбини карда шудааст ки дар тараққиёти ҳамкории иҷтимоӣ дар ТИК дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Лоиҳаи dvv international - Донишкадаи ҳамкории байналмиллалии Ассосиатсия донишгоҳҳои халқии Олмон «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон – даври 2» мубоҳисаро бо корфармоён давом хоҳад дод.

Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯч. Нисормуҳаммад, 13 а

Телефонҳо барои тамос: (8 992 37) 227-60-20;
моб. (992 93) 559 09 55 Анита Якобсоне, роҳбари лоиҳа;
моб. (992 91) 916 93 91 Содиқов Ф.А., муовини роҳбари лоиҳа


dvv international consortium

Tel: +992 93 559 0 955; +992 91 916 93 91 Fax: + 992 372 227 60 20 E-mail: eu_vet_tj@mail.ru