КОНФРОНСИ
БАЙНАЛМИЛАЛӢ: РОҲҲОИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР МУАССИСАҲОИ
ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ, МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ
28 майи соли равон
дар Кохи Ваҳдат бо ибтикори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ
(МФГС) ва Барномаи ҳамкории техникии Олмон конфронси байналмилалӣ
доир гардид, ки он ба мавзӯи «Роҳҳои татбиқи технологияи
муосир дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии
касбӣ» ба кори худ оғоз кард. Ҳамчунин, дар кори он намояндагони
Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон,
ӯзбекистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ширкат
намуданд.
Иштирокдорони конфронс бар он ақида буданд, ки мавзӯи конфронс
барои ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ актуалӣ буда, татбиқи амалии
он ҷиҳати пешрафти илму техника дар муассисаҳои таълимӣ
мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷумла, вазири маорифи Тоҷикистон А. Раҳмонов дар ифтитоҳи
конфронс иброз дошт: -Мақсад аз гузаронидани конфронси мазкур
муайян намудани дурнамои бунёд ва тараққиёти техникаю технологияи
муосир, таҳия ва иҷрои барномаҳои муштараки илмию таълимӣ,
рушди ҳамкории байналмилалӣ, барқарор намудани робитаҳои
илмӣ –методӣ дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии
касбӣ мебошад. Техникаю технология бо суръати кайҳонӣ пеш
меравад, мо ҳақ надорем, ки аз он қафо монем. Бисёр барномаҳоро
мо танҳо дар якҷоягӣ татбиқ карда метавонем. Конфренсияи
имрӯза бошад, барои ҳалли бисёр масъалаҳо заминҳо хоҳад
гузошт.
Конфронс, ки тайи ду рӯз идома ёфта, дар ҷаласаи асосӣ ва
сесияҳои алоҳида зиёда аз 22 мавзӯъ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ
вабаста ба роҳҳои татбиқи технологияи муосир дар муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мавриди муҳокима
қарор дода шуд.
Иштирокдорони конфронс ҳамчунин, аз муассисаҳои таълимӣ
аз ҷумла, Литсейи касбии информатика ва техникаи компютерии
шаҳри Душанбе, Литсейи туризм ва хизмати шаҳри Душанбе,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон
ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боздид ба амал оварда,
бо дастовардҳо дар мавриди истифодаи технологияи муосир
дар кори таълиму тарбия ошноӣ пайдо карданд.
Конффронс 29 май дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон
бо муайян намудани вазифаҳо барои оянда, саволу ҷавоб ва
муҳокимарониҳо ва қабул намудани Резолютсия кори худро анҷом
бахшид.
Дар ҷамъбасти конфронс Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
А. Раҳмонов ва муовини директори Фанди байналмилалии ҳамкории
гуманитарии Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил Т. Бубнова иштирок
ва суханронӣ намуданд.
Ноилшо Нуралиев
Котиби матбуоти ВМҶТ