ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Лоиҳа)
Дар бораи маориф
Қонуни
мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, принсипҳои
асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян намуда,
ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро
ба таҳсил таъмин менамояд.
БОБИ 1.
Қоидаҳои умумӣ
Моддаи
1 Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ –
тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ, ки ба
муассиса ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилотро
медиҳад;
аттестатсия – тартиби муқаррар намудани
мутобиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони
муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;
бакалавр - дараҷаи аввали (базавӣ) таҳсилоти
олии касбӣ буда, шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария
ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ
ҳосил менамояд;
маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ)-маблағгузории сарикасӣ
дар асоси меъёрҳои муайянгардида вобаста ба намуд, тип,
зинаҳои таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавӣ ба як тарбиягиранда,
хонанда, донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад;
магистр - дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ,
ки пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи
магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии
касбӣ медиҳанд. Магистр, асосан, ба соҳаи муайяни илм
машғул шуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос
дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба
сатҳи таҳсилоташ мувофиқанд, кор мекунад;
мазмуни таълим - сохтор, мундариҷа ва
ҳаҷми барномаи таълимиест, ки аз худ намудани он ба шахс
имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро
таъмин менамояд;
мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф
– мақоми марказии иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати
давлатро дар соҳаи маориф амалӣ намуда, раванди таълиму
тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ назорат ва роҳбарӣ менамояд.
маориф – раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият
ва давлат буда, соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани
шаҳрвандро муқаррар менамояд;
машғулияти инфиродӣ – машғулияти омӯзгор
бо хонанда ё донишҷӯ бо истифодаи усулҳои мухталифи таълим
мебошад;
муассисаи таълимӣ - шахси ҳуқуқие, ки
раванди таълимро ба роҳ мемонад, як ё якчанд барномаҳои
таълимро амалӣ мегардонад ва(ё) тарбияи хонандагон, тарбиягирандагонро
ва донишҷӯёнро таъмин мекунад;
муассисаи таълимии махсус – муассисае мебошад, ки дорои
шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгорӣ
буда, офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу
касбомӯзии кӯдакону наврасон ва калонсолонеро, ки ба табобати
тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд
ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок мебошад, таъмин менамояд;
муассисаи таълимӣ барои хонандагони болаёқат- муассисаест,
ки барои кӯдакони болаёқат ҷалби гардида, барои рушди
ҳамаҷонибаи онҳо шароит фароҳам меорад
натиҷаи таълим – дониш, маҳорат, малака,
ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки хонанда дар
давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ ҳосил кардааст;
низоми кредитии таълим – ин низоми баҳодиҳии миқдорӣ ба
мазмуни барномаҳои таълим ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо
мебошад. Кредит (ё соати кредитӣ) ин меъёри вақтест, ки
барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр
сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон
аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо соҳиб мегардад;
нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии
(эквивалентии) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки дар давлатҳои
хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳсил кардаанд;
омӯзгори инфиродӣ – Омӯзгоре, ки берун аз вақти корӣ дар
муассисаи таълимӣ, дар асоси шартномаи тарафайн бо падару
модари (шахсони онҳоро иваз кунандаи) хонандагон ба кори
муздноки таълимдиҳӣ машғул аст.
соҳаи маориф – маҷмӯи барномаҳои таълимӣ
ва стандартҳои давлатии таҳсилот, муассисаҳои таълимӣ
сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мақомоти
идораи маориф, муассисаю ташкилотҳои он, тарбиягирандагон,
хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандон, иттиҳодияҳои
муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои зерсохторӣ ва дигар сохторҳое,
ки барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона муттаҳид гардида,
ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф равона мешаванд;
стандарти давлатии таҳсилот - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни
таҳсилот, моҳияту мӯҳлати таълим ва баҳогузории сифати
таълимро дар муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли
ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият бо назардошти дастовардҳои
миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунад;
таҳсилот - раванди муттасили таълиму
тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи
маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии
шахс мебошад;
таҳсилоти муттасил – имконоти таҳсил
ва баланд бардоштани ихтисос дар давоми тамоми ҳаёти инсон;
таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии ҷараёни таълим
бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ,
ки таълимро дар масофа бе мулоқоти шахсӣ ва бе воситаи
муаллим бо хонанда имконпазир мегардонад;
таҳсилоти фарогир-таъмини таълим ба кӯдакону
наврасон новобаста аз фарқият дар лаёқат, имконият, мавқеи
фарҳангӣ ва иҷтимоии онҳо;
шакли таҳсил – тартиби ташкили таълим
буда, таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фосилавӣ
ва экстернатро дар бар мегирад;
экстернат – омӯзиши мустақилонаи фанҳои
таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи
минбаъдаи ниҳоӣ дар муассисаи таълимӣ;
Моддаи
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи
(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур,
дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон
эътироф намудааст, иборат аст.
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок
эълон менамояд.
Давлат барои амалӣ гардидани сиёсати таҳсилот низоми маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, фаъолияти онро барои
таъмини ҳуқуқи таҳсили шаҳрвандон равона мекунад, ҳамоҳангсозии
фаъолияти вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро
бо мақсади рушди соҳаи маориф таъмин менамояд.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи консепсия, стратегия
ва барномаи давлатии рушди маориф амалӣ мегардад.
Дар муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои
ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ
аст.
Моддаи
4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф аз
инҳо иборат аст:
баробарҳуқуқии ҳама барои гирифтани маълумоти босифат;
бартарии соҳаи маориф дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
ҳатмӣ будани таҳсилоти миёнаи асосӣ;
дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва дар
асоси озмун идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъда;
бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи
мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;
эҳтироми қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, муҳаббат ба Ватан,
оила ва муҳити зист;
ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар
муассисаҳои таълимӣ;
ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, ҳимоя, рушди фарҳанг
ва анъанаҳои миллӣ;
ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии
соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
соҳибихтиёрии муассисаҳои таълимӣ;
муттасил будани раванди таҳсил;
сиёсати ягонаи давлатӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии
давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хусусӣ, ки низоми ягонаи маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд;
мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои инкишофи
иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии
сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;
ҳавасмандгардонии маърифатнокии шахсият ва инкишофи истеъдодҳо;
пайдарпайии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот,
ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот;
Моддаи
5. Вазифаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф
Вазифаи асосии конунгузорӣ дар соҳаи маориф – ташкили
шароити ҳатмии гирифтани таҳсилот барои ташаккул, инкишоф
ва соҳибкасбии шахсият дар асоси арзишҳои миллию умумибашарӣ,
дастовардҳои илм ва таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад.
Аз ҷумла:
таъмини кафолати ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба
таҳсил ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии он;
фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи
озодонаи муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият ва ҳамоҳангсозии онҳо бо дигар сохторҳои
ҳаёти ҷамъиятӣ;
муқаррар намудани салоҳият, ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти
мақомоти идории давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи
маориф ва танзими муносибат бо субъектҳои раванди таълиму
тарбия.
ташкили шароит барои азхудкунии барномаи таълимӣ;
инкишофи имконияти эҷодӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонии шахсият, ташкили
заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим, ғанигардонии
зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи фардият;
тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан – Ҷумҳурии
Тоҷикистон, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани
расму оин ва анъанаҳои миллӣ;
тарбияи шахсияти дорои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, эҳсоси
масъулият барои ташаккули талаботи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ,
иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дарки муносибати огоҳонаи шахс ба
ҳуқуқ ва вазифаҳои худ;
Моддаи
6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соҳаи маориф
Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани таълими
умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ,
инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ ба таҳсил ба таври
ройгон дар асоси озмун гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои
минбаъдаи таълим кафолат медиҳад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки муқими доимии
Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар гирифтани таҳсилоти
томактабӣ, ибтидоии умумӣ, асосии ҳатмӣ ва миёнаи умумӣ
бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.
Маҳдуд намудани ҳуқуқи таҳсили касбии шаҳрванд аз рӯи
нишонаҳои ҷинсӣ, синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти
доғи судӣ ва дигар нишонаҳо дар асоси талаботи муқаррароти
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Дар зинаи ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, касбии баъд аз
муассисаи олии таълимӣ давлат як маротиба кафолати таҳсили
ройгонро медиҳад.
Тартиби гузаронидани озмунро дар ҳама зинаҳои таҳсилот
барои тамоми муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли
ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият мақомоти давлатии идораи маориф
таҳия ва тасдиқ менамояд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихоби муассисаи
таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ,
фарогир, фосилавӣ ва экстернат)-ро доранд, ки тартиби
онро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян
менамояд.
Давлат тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷуён ва аспирантони
болаёқат ва қобилиятнокро, ки дорои истеъдоди фавқулодда
мебошанд, дастгирӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати гирифтани таҳсилот
кӯмак мерасонад, барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ
муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил
ба хориҷа мефиристад.
Давлат таъминот, хароҷот ва таҳсили кӯдакону наврасони
ятиму бепарастор, кӯдаконе, ки дорои имконияти маҳдуд
мебошанд, маъюбон ва дигар шахсоне, ки қонунгузорӣ муайян
менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои
буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти
умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ
ва олии касбӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд. Ҳамчунин
кӯдакони ятиму бепарастор пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ бо ҷои зист
таъмин карда мешаванд.
Барои шаҳрвандоне, ки муддатҳои тӯлонӣ бо сабаби беморӣ
ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, омӯзиши
ройгон дар хона ё муассисаҳои тандурустӣ ташкил карда
мешавад.
Хатмкардагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ғайридавлатӣ
ва хусусӣ, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таълим
ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 7. Забони таҳсил
Забони асосии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии
Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад.
Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат
дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сернуфузи
миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи соҳаи маориф,
ба забони модарӣ гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.
Интихоби озоди забони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии хонандагон,
синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти
онҳо таъмин карда мешавад.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият, омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузориии
Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ
монда мешавад.
Таълими забонҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани
мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника
ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таъмин
карда мешавад.
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои
таълимӣ
Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот
муқаррар карда мешаванд, ки онҳо аз нишондодҳои зерин
иборат мебошанд:
ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту
шароити иҷрои онҳо;
ҳадди ақал ва ниҳоии ҳаҷми соатҳои таълимии хонандагон;
талаботи асосӣ ба дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;
мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;
ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёри марбутаи таҳсилот.
Иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ
барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият ҳатмӣ мебошад.
Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии
таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Барои тарбиятгирандагон ва хонандагоне, ки дар муассисаҳои
махсус таҳсил мекунанд, стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот
ва барномаҳои махсуси таълимӣ муқаррар мешаванд.
Барномаҳои таълимӣ мазмуни меъёри марбутаи таҳсилотро
муайян мекунанд. Барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои
таҳсилот мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия
мегарданд.
Мӯҳлат ва меъёри омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои
таълимии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хусусӣ Қонуни мазкур
ва стандарти дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд.
Дар муассисаҳои таълимӣ барои озмоиши технологияи нави
таълим ва ҷорӣ кардани мазмуни нави таълим ба таври таҷрибавӣ
барномаҳои таълимӣ таҳия мегардад.
Дар муассисаҳои беруназмактабӣ барномаҳои таълимии инкишофи
иловагӣ барои кӯдакон ва наврасон таҳия ва татбиқ мегарданд.
БОБИ 2.
Соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи
9. Сохтори соҳаи маориф
Соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи боҳамалоқаманди
зерин иборат аст:
стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ;
шакл ва дараҷаи меъёри гирифтани таҳсилот;
шабакаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи навъҳои гуногуни
ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;
мақомоти идораи маориф ва муассисаю ташкилотҳои соҳаи
маориф;
субъектҳои раванди таълиму тарбия;
Дар соҳаи маориф имкон дорад сохторҳои дигаре, ки фаъолияташон
ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста мебошад, таъсис
дода шаванд.
Моддаи
10. Муассисаи таълимӣ ва сохтори он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии давлатӣ (муассиса
ва корхонаҳои таълимӣ), ғайридавлатӣ (шахсӣ, ташкилот
ё муассисаҳои таълимии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии
дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда)
ва хориҷӣ (байналмилалӣ) фаъолият менамоянд.
Мақоми муассисаи таълимӣ (шакл, намуд) аз тарафи муассисон
муайян гардида, дар Оинномаи муассиса мутобиқи талаботи
қонунҳои амалкунанда инъикос мегардад.
Низомномаи намунавӣ доир ба танзими фаъолияти зинаҳои
гуногуни таҳсилот аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ мегардад.
Тасдиқ ва ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар
асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ сурат мегирад.
Муассисаҳои алоҳидаи таълимие, ки дар тарбия, таълим ва
ташаккули шахсияти касбӣ саҳми арзанда мегузоранд, метавонанд
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мақоми махсус
гарданд.
Дар баъзе ҳолатҳо мақоми махсус метавонад аз тарафи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ё муайян гардад.
Дастурамал оид ба мақоми махсуси муассисаи таълимӣ аз
тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Ба муассисаҳои таълимӣ намудҳои муассисаҳои зерин тааллуқ
доранд:
таҳсилоти томактабӣ;
таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);
таҳсилоти ибтидоии касбӣ,
таҳсилоти миёнаи касбӣ,
таҳсилоти олии касбӣ;
таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
таҳсилоти иловагӣ;
таҳсилоти махсус ва фарогир;
муассисаҳои дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ
мегардонанд.
Моддаи
11. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои
таълимӣ
Муассисаи таълимӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (муассисон)
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда
мешавад.
Муассисаҳои таълимии давлатӣ бо қарори мақомоти ҳокимияти
давлатӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ) таъсис меёбанд ва мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузаранд.
Муассисаҳои таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ доранд,
танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода
шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди
давлатӣ мегузаранд.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, бо
қарори шӯрои муассисон (шӯрои сарпарастон), бо ташаббуси
шахси (шахсони) алоҳида ё дигар мақомоти соҳибҳуқуқ таъсис
дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ
мегузаранд.
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи
Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба сохтори мақомоти маҳаллии идораи маориф гузаронидани
муассисаи таълимии давлатӣ танҳо бо ризоияти мақомоти
мазкур сурат мегирад.
Муассисаҳои давлатии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар
шаҳраку деҳот танҳо бо розигии ҷамъомади шаҳрвандони мавзеъҳои
аҳолинишин, ки ба онҳо муассисаи мазкур хизмат мерасонад,
барҳам дода мешавад;
Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти муассисаи таълимӣ
мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф барои гузаронидани
хонандагон ва донишҷӯён (мувофиқи хоҳиши онҳо) ба дигар
муассисаҳои таълимии ба ҳамин мақом доробуда, тибқи тартиботи
мавҷуда чораҳо меандешад.
Моддаи
12. Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ
Барои бақайдгирии муассисаҳои таълимӣ муассис ба мақомоти
ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф аризаи бақайдгирӣ,
қарори муассис (муассисон) ё шартномаи марбутаи муассисонро
дар бораи таъсиси муассисаи таълимӣ, оинномаи муассисаи
таълимӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд.
Ҳуқуқи муассисаи таълимӣ дар қисмати идораи фаъолияти
молиявию хоҷагидорӣ, ки оинномаи он пешбинӣ намудааст,
аз рӯзи бақайдгирии муассисаи марбута ба ҳукми амал медарояд.
Дар бобби алоҳида
(боби 3) ҷой дода шуд
Моддаи
13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ
Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ инҳо шуда метавонанд:
мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ, мақомоти маҳаллии идораи маориф;
иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои
таълимӣ;
фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ;
дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ.
Муассисон метавонанд муассисаҳои таълимии муштарак таъсис
диҳанд.
Муассиси ҳама навъҳои муассисаҳои таълимии ҳарбӣ танҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.
Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ
Оинномаи муассисаи таълимӣ инҳоро дар бар мегирад:
ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми муассиса;
муассис (муассисон);
шакли ташкилию ҳукуқӣ ва моликият;
мақсади раванди таълим, навъ ва шакли барномаҳои татбиқшавандаи
таълимӣ;
тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла: забони
таълим, тартиби қабул ва хориҷ намудани хонандагону донишҷӯён,
аспирантҳо, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу
имтиҳонҳо, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, хизматрасонии
пулакии таълим ва тартиби пешниҳоди он;
тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи
таълимӣ ва талабагон ё падару модари (шахсоне, ки онҳоро
иваз мекунанд) онҳо;
сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ,
аз ҷумла: тартиби истифодаи объектҳои моликият, ки аз
ҷониби муассис (муассисон) ба муассисаи таълимӣ вобаста
карда шудаанд, манбаъҳои маблағгузорӣ ва таъминоти моддию
техникии муассиса, тартиби ташаккули моликияти муассисаи
таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, навъҳои
фаъолияти соҳибкории муассис ва фаъолияти пулакии муассисаи
таълимӣ;
тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла: салоҳияти
муассис, тартиби ташкили мақомоти идоракунии муассисаи
таълимӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандони муассиса
ва шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи муассиса, тартиби
азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;
ҳуқуқ ва вазифаҳои иштирокчиёни раванди таълим;
феҳристи санадҳои дохилӣ (фармонҳо, амрҳо ва ғайра), ки
фаъолияти муассисаи таълимро ба танзим медароранд.
Оинномаи муассисаи таълимии давлатӣ бояд мақомоти идораи
дастаҷамъӣ, тартиби ташкил ва ваколатҳои онро пешбинӣ
намояд.
Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро
муассис тасдиқ менамояд.
Моддаи
15. Таҳсилоти томактабӣ
Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи
фарзандони худ масъуланд ва таъмини инкишофи ҷисмонӣ,
маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои
ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо,
муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар
даврони кӯдакӣ ва синни томактабӣ бо назардошти майлу
хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд)
ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони
ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои таҳсилоти томактабии
кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ, оилавӣ ва муассисаҳои
ба инҳо баробари давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ
ташкил карда мешаванд.
Муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии томактабӣ ва падару
модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бо шартномаи
байни онҳо танзим карда мешаванд.
Омода намудани кӯдакон ба мактаб дар оила ва муассисаҳои
таҳсилоти томактабӣ ҳатмӣ мебошад.
Мураббиёни муассисаҳои томактабӣ аз рӯи мақом ва шартҳои
пардохти музди меҳнат ба муаллимони синфҳои ибтидоии муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ баробар мебошанд.
Давлат муассисаҳои таҳсилоти томактабиро аз нигоҳи моддӣ
ва молиявӣ дастгирӣ карда, дастрас будани хизматрасонӣ,
тарбия ва таҳсилоти томактабиро барои оилаҳои камбизоат
таъмин менамояд.
Фаъолияти муассисаҳои томактабиро Стандарти давлатии таҳсилоти
томактабӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст,
ба танзим медарорад.
Моддаи
16. Таҳсилоти умумӣ
Таҳсилоти умумӣ аз се зина (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи
умумӣ) иборат буда, тавассути мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои
умумии асосӣ, мактабҳои миёнаи умумӣ, гимназияҳо ва литсейҳо
амалӣ мегардад. Зинаҳои мазкур мустақилона ё мувофиқан
дар таркиби мактабҳои умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, гимназияҳо
ва литсейҳо ташкил дода мешаванд.
Синну сол ва мӯҳлати таҳсилро дар ҳар зинаи таълим низомномаи
намунавии муассисаи таҳсилоти умумӣ муайян мекунад.
Гимназия ва литсей муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ҳисоб
рафта, фаъолияти онҳо аз рӯи низомномае, ки мақомоти ҷумҳуриявии
давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад, амалӣ мегардад.
Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни шашсола расидаанд,
ҳатмист.
Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо тарзи рӯзона,
шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад,
ки тартиби онро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф
муайян мекунад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 16-солагӣ дар
муассисаҳои рӯзонаи таълими умумӣ ба таҳсилоти умумии
асосӣ (даҳсола) ҳуқуқ доранд.
Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои
таълимии умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи
наврасон сурат мегирад. Ҳангоми ба зинаи сеюм гузаронидани
хонандагон бо қарори мақомоти идораи муассисаи таълимӣ
имкон дорад имтиҳон ҷорӣ намояд.
Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои
таълимии давлатӣ имкон дорад дар баробари таҳсили ройгон
бо хоҳиши падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд)
хонандагон дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ сурат гирад.
Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо супоридани аттестатсияи
давлатии хатм ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли аттестатсияи
давлатии хатмро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф
муқаррар мекунад.
Бо қарори мақоми идораи муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа
бо мақомоти шаҳрӣ, ноҳиявии идораи маориф барои мунтазам
содир намудани амалиёти ғайриқонунӣ ва вайрон намудани
оинномаи муассисаи таълимӣ имкон дорад хонандагони синну
солашон ба 16 расида аз мактаб хориҷ карда шаванд.
Муассисаи таълими вазифадор аст, ки оид ба хориҷ гардидани
хонанда аз муассисаи таълимӣ ба волидайн (намояндагони
қонунии онҳо) ва мақомоти худидораи маҳалӣ фавран хабар
диаҳад.
Қарори мазкур нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар
мувофиқа бо мақомоти дахлдор қабул карда мешавад.
Мақомоти маҳаллии идораи маориф бо мувофиқаи мақомоти
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба
мактаби дигар гузаронидани чунин хонандагонро ҳал менамояд.
Тарбия ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои
таҳсилоти умумии муқаррарӣ ё дар хонаи бачагон, мактаб
– интернатҳо ташкил карда мешавад.
Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддӣ дар муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбиро низ
ташкил кардан мумкин аст.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти
касбомӯзӣ иҷозатнома (литсензия) доранд, метавонанд дар
асоси шартнома бо ташкилотҳо тайёрии ибтидоии касбии хонандагонро
ҳамчун хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакӣ,
ба роҳ монанд.
Тайёрии ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи
умумӣ дар ҳар ҳолат танҳо бо розигии хонандагон ва падару
модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) онҳо ташкил
карда мешавад.
Омодагии ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,
сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо хонандагони ҷинси
мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани
ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рӯи барномаи таълимие, ки
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба роҳ монда
мешавад.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки дар гурӯҳҳо ва ё муассисаҳои
таълимии динӣ таҳсилоти динӣ гиранд. Фаъолияти ин гуна
гурӯҳҳо ва муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба дин, ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи дин,
маориф ва низомномае, ки баъди ташхиси диншиносии мақомоти
ваколатдори давлатии соҳаи дин аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии
давлатии идораи маориф тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Ҳама гуна таҳсилоти динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
то 18-солагӣ танҳо бо ризоияти хаттии падару модар ва
ё шахсони онҳоро ивазкунанда иҷозат дода мешавад.
Моддаи
17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандон мувофиқи майлу
хоҳиш ва қобилияташон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ
ва миёнаи умумӣ тавассути литсейҳои касбӣ, литсейҳои махсуси
касбӣ, комбинатҳои таълимӣ, комплексҳои таълимӣ-истеҳсолӣ,
марказҳо ё дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо баробар
дода мешавад.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ надоранд, ба курсҳои
таълимӣ барои гирифтани касб қабул карда мешаванд.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида имкон
дорад дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ гардонда
шавад.
Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар мактабҳои таҳсилоти
умумӣ, курсҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ,
кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои воҳид, ташкилотҳои
ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ,
гирифтан мумкин аст.
Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ба таври ройгон
сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова
ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома
пулакӣ таълим мегиранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ шаҳрвандон метавонанд
барномаҳои таълими миёнаи умумиро низ омӯзанд.
Моддаи
18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
Шаҳрвандон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
касбӣ (коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ба инҳо
баробар) дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи
умумӣ, ибтидоии касбӣ ихтисос гиранд. Хатмкардагони чунин
муассисаҳои таълимӣ таҳсилоти миёнаи касбӣ мегиранд.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, баробари
таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ
низ гиранд.
Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ –4 сол ва барои
шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ - 3 сол ва дар муассисаҳои
соҳаи тиб ва фарҳанг мувофиқ ба хусусиятҳои ихтисосҳо
чор сол муқаррар карда мешавад.
Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии
давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ба таври
ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур
илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома
пулакӣ таълим мегиранд.
Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти
идомаи таҳсилро дар муассисаҳои олии касбӣ мувофиқи ихтисос
пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсили чунин шаҳрвандонро дар
муассисаи олии касбӣ мақомоти идораи муассисаи мазкур
дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф
муайян менамояд.
Моддаи
19. Таҳсилоти олии касбӣ
Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи
таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ дар
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусӣ, амалӣ гардонда мешавад.
Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии
давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ба таври
ройгон сурат мегирад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур
илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси озмун
ва шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии
касбии давлатӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти дуюми
олӣ гиранд.
Таҳсилоти олии касбӣ тавассути донишгоҳҳо, академияҳо,
донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба инҳо баробар
гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо дар баробари филиалҳо
метавонанд воҳидҳои дигари сохторӣ-донишкадаҳо, академияҳои
таълимӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагиҳои
таълимию таҷрибавӣ, паркҳои техникӣ ва дигар воҳидҳои
сохторӣ дошта бошанд.
Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ба
истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббӣ)
барои дарёфти тахассуси дараҷаи «бакалавр»- на камтар
аз 4 сол, барои дарёфти тахассуси дараҷаи «мутахассис»-
на камтар аз 5 сол ва барои дарёфти тахассуси дараҷаи
«магистр»- на камтар аз 2 сол муқаррар карда мешавад.
Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо тарзи рӯзона,
ғоибона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад,
ки тартиби онро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф
муайян мекунад.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шакли комплексҳои таълимию илмӣ ё таълимии илмию истеҳсолӣ
вуҷуд дошта метавонанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо мақсади
аз ҳисоби донишҷӯён тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил
кардан мумкин аст. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори муассисаҳои
таҳсилоти олии касбии давлатӣ дохил мебошанд.
Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи низомномаи
махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад,
муайян мегардад.
Моддаи
20. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон
имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи
таҳсилоти олии касбӣ инкишоф диҳанд.
Барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмие, ки дорои манбаи
илмӣ, заминаи лозимии моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи
давлатӣ гузаштаанд, метавонанд магистратура, аспирантура
(ординатура), докторантура (доктори фалсафа (PhD), доктор
аз рӯи ихтисос) ва вазифаи ходимони илмиро ҷорӣ намоянд.
Тавассути сохторҳои мазкур таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи
олии таълимиро дарёфт кардан мумкин аст.
Фаъолияти илмӣ дар сохторҳои мазкури муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ
монда мешавад.
Моддаи
21. Таҳсилоти иловагӣ
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон, ҷомеа
ва давлат ба таҳсил барномаҳои иловаггии таълимӣ ва хизматрасониҳои
иловагии таълимӣ таҳия ва татбиқ мешаванд.
Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои
таълимӣ, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом
ба таври ройгон ё пулакӣ соҳиб шуда метавонад.
Таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ
берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таҳсилоти
иловагӣ амалӣ мегардад.
Ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тааллуқ доранд:
академияҳои хурди илмӣ, қаср, стансия, клуб ва марказҳои
эҷодии кӯдакону наврасон;
мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон;
мактабҳои ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ;
курсҳои дӯзандагӣ, наққошӣ, ронандагӣ;
хона, комплекс, студияи эҷодиёти кӯдакон ва наврасон,
лагерҳои варзишӣ ва саёҳатӣ;
муассисаҳои солимгардонӣ, такмили ихтисос ва дигар муассисаҳое,
ки соҳиби иҷозатномаи (литсензияи) дахлдор мебошанд.
Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи
муассисаҳои иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон,
донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон
пешниҳод мегардад.
Такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон (кормандон)
шакли асосии таҳсилоти касбии иловагӣ буда, дар муассисаҳои
ваколатдори таълимӣ бо мақсади амиқтар кардани дониш ва
малакаи касбӣ, азхуд кардани касб ва ихтисоси нав амалӣ
мешавад.
Таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла такмили ихтисос ва бозомӯзиии
мутахассисон аз тарафи муассисаҳои таълимии давлатӣ, хусусӣ,
ғайридавлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ба таври ройгон ва ё
дар асоси шартнома (пулакӣ) ташкил ва гузаронида мешавад.
Таҳсилоти иловагӣ, ки хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти касбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, тибқи
шартнома пулакӣ ташкил карда мешавад.
Мазмун ва шакли фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ
дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ
муайян карда мешавад.
Моддаи
22. Таҳсилоти махсус
Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии соҳаи таҳсилоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия, таҳсил ва офияти (реабилитатсияи)
тиббию иҷтимоии кӯдакону наврасонеро, ки ба табобати тӯлонӣ
эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд
ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок ҳисобида мешавад,
таъмин менамояд.
Барои кӯдакон ва наврасоне, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ
доранд, муассисаҳои таҳсилоти умумии солимгардонии санаторӣ,
мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории бачагона
ташкил карда мешавад.
Барои кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ,
ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил надоранд,
муассисаҳои махсуси таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернатҳо
ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои мазкур
таълиму тарбия, табобат ва офияти (реабилитатсияи) тиббию
иҷтимоии ҳамин гуна кӯдакону наврасонро таъмин намуда,
онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.
Ташхиси кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмонӣ,
рӯҳиро дар ҳузури падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз
мекунанд) онҳо комиссияҳои тиббию омӯзгорӣ, ки бо қарори
мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд,
мегузаронанд.
Барои наврасони аз 10 – сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо
барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму
тарбия мӯҳтоҷанд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб
мекунанд, муассисаҳои мухталифи махсуси таълиму тарбия,
ки офияти (реабилитатсияи) тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин
мекунанд, таъсис дода мешавад. Ба муассисаҳои мазкур наврасон
бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
ва ё бо қарори суд равон карда мешаванд.
Таҳсилоти махсус дар асоси нақша, барнома ва технологияи
муосири таълим, ки вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли
иллати ҷисмонӣ, рӯҳии кӯдакону наврасон таҳия мегарданд,
ҷараён мегирад.
Мӯҳлати таълими махсуси умумии ҳатмиро мақомоти ҷумҳуриявии
давлатии идораи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли
иллати ҷисмонӣ, рӯҳии кӯдакону наврасон муайян мекунанд.
Таҳсилоти касбии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти махсус
дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ,
ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкардагон мувофиқ мебошанд, дар
мактабҳои махсус ё дар мактабҳои муқаррарии низоми таҳсилоти
ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад.
Тарбия ва таҳсили кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти
махсус ройгон аст.
Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
Муассисаҳои таълимие, ки (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ)
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи
давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи
ниҳоӣ мегузаранд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот
медиҳанд. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ бо мӯҳри муассисаи таълимӣ
тасдиқ карда мешавад.
Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон
намудҳои зерини ҳуҷҷатҳоро медиҳанд:
шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ - барои хатмкунандагони
мактабҳои умумии асосӣ (синфи 10);
шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ – барои хатмкунандагони
мактабҳои миёнаи умумӣ (синфи 12,13);
шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) ба шахсоне,
ки аз рӯи муқаррароти пешбинишуда касб омӯхтаанд;
диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ – барои хатмкунандагони
мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ – барои хатмкунандагони
мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис,
магистр) - барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ.
Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ (рисолаи илмӣ,
маҷмӯи корҳои илмӣ) бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади
илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.
Аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию педагогӣ дар муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқарраршуда шаҳодатномаи
профессори кафедра ё профессор аз рӯи ихтисос, дотсенти
кафедра ё дотсент аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи ходими
калони илмӣ дода мешавад.
Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти
умумии асосӣ) пурра ба охир нарасонидаанд, гувоҳнома (справка),
ки намунаи онро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф
муқаррар менамояд ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ
мегиранд, сертификат дода мешавад.
Хонандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки
синфи 10 – ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми
таҳсил дар синфҳои 10, 12 (13) бо баҳои аъло таҳсил намуда,
аттестатсияи давлатии хатмро бо баҳои аъло супорида ва
дорои рафтори намунавианд, бо медали тилло мукофотонида,
ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад.
Ба хатмкунандагони ҳама навъи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,
ки синфи 10 – ро бо баҳои 5 (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми
таҳсил дар синфҳои 11, 12 (13) бо баҳои аъло хонда, дорои
рафтори намунавианд, лекин на бештар аз ду фан баҳои солонаи
4 (хуб) дошта, аммо аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии 5
(аъло) доранд ва имтиҳонҳои хатми синфи 12 (13) – ро бо
баҳои 5 (аъло) супоридаанд, бо медали нуқра мукофотонида,
ба онҳо шаҳодатномаи намунаи махсус дода мешавад.
Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ
(синфҳои 1 – 10) –ро бо баҳои аъло хатм мекунанд, шаҳодатномаи
аъло дода мешавад.
Ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
ва олии касбиро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дипломи аъло
дода мешавад.
Тартиби пешниҳоди аттестати аъло ва дипломи аъло, бо медали
тилло, нуқра ва аттестати намунаи махсус мукофотонидани
хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин имтиёзҳои
ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии
идораи маориф дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ба хатмкардагони муассисаҳои олии касбӣ дар баробари диплом
нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда супурда мешавад.
Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи дараҷаи таҳсилот, ки
бо мӯҳри муассисаи таълимии дахлдор тасдиқ шудааст, яке
аз шартҳои асосии давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи
таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар
ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ,
миёнаи касбӣ ва олии касбӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи
илмии дар ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти касбии
баъд аз муассисаи олии таълимӣ нишондодашуда ҳуқуқ доранд
ба фаъолияти касбӣ, аз ҷумла дар вазифаҳое, ки барои онҳо
талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар гардидааст,
машғул шаванд.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлатӣ
гузашта, аз ҷумла хусусӣ, ба хатмкунандагони худ дар бораи
хатм кардани ин муассиса намунаи ҳуҷҷатҳоеро месупоранд,
ки дар ҳамин модда номбар шудаанд ва онҳо баробари ҳуҷҷатҳои
намунаи давлатӣ эътибор доранд.
Муассисаҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ то замони аз
аккредитатсияи давлатӣ гузаштан ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро
бо мӯҳр тасдиқ мекунанд ва ин ҳуҷҷат барои идомаи таҳсил
ё барои бо кор таъмин шудан дар соҳаҳои ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусии муносибатҳои ҷамъиятӣ баробари ҳуҷҷатҳои
намунаҳои давлатӣ эътибор дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар
давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳо бо Ҷумҳурии
Тоҷикистон шартномаи дахлдор дошта бошанд.
Ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти давлатҳоеро, ки бо Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар бораи баробарэътирофии ҳуҷҷатҳои таҳсилот
шартнома надоранд, комиссияи нострификатсионии мақомоти
ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф санҷида, баробарарзишии
(эквивалентнокии) онҳоро муайян менамояд.
Моддаи
24. Бо кор таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти
касбӣ
Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ
мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо кор таъмин карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таҳсилоти касбиро аз ҳисоби
буҷаи давлат хатм кардаанд, мутахассиси ҷавон ба ҳисоб
рафта, ӯҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор
ва шартномаи тарафайн на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос
кор кунанд.
Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок тибқи тақсимоти комиссия
ва роҳхати мақоми дахлдор ба ҷои кори муайяншуда ҳозир
нашудани мутахассиси ҷавон, ё аз кор саркашӣ намудан,
инчунин қабл аз ба охир расидани мӯҳлати ҳатмии кор бо
сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат аз кор озод
намудани мутахассиси ҷавон тамоми хароҷоте, ки барои тайёр
намудани мутахассиси ҷавон сарф шудааст, аз ҳисоби ӯ рӯёнида
мешавад.
Тартиб ва шартҳои баргардонидани маблағҳоро ба буҷаи ҷумҳуриявӣ
ва ё маҳаллӣ, ки барои тайёр кардани мутахассис сарф шудааст
ва асосҳои озод гардидан аз пардохти маблағро Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи
25. Ташкили раванди таълиму тарбия
Муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбияро мустақилона
ташкил карда, онро ба воситаи нақша ва барномаҳои таълимӣ,
ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо амалӣ менамояд.
Нақшаи намунавии таълим ва барномаҳои таълимӣ аз тарафи
мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф таҳия ва тасдиқ
карда мешавад.
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, мақомоти
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ,
мақомоти маҳаллии идораи маориф наметавонанд нақшаи таълим
ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст,
тағйир диҳанд.
Раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайни шаъну
эътибори хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон
ба роҳ монда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонию
рӯҳӣ нисбати онҳо норавост.
Ҳангоми ташкили раванди таълиму тарбия роҳбарони муассисаҳои
таълимӣ ва омӯзгорон вазифадоранд, ки баҳри таъмини бехатарии
ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон ва риояи меъёрҳои санитарию
гигиенӣ тадбирҳо андешанд.
Падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) хонандагон,
тарбиягирандагон метавонанд бо рафти таълиму тарбия, инчунин
бо баҳои хониши фарзандон шинос шаванд.
Муассисаҳои таълимӣ бо роҳи амалӣ намудани санҷишҳои ҷорӣ
ва аттестатсияҳои фосилавӣ дараҷаи азхудкунии барномаҳои
таълимиро назорат мекунанд.
Аз худ кардани барномаи таълимии таҳсилоти асосии умумӣ,
миёнаи умумӣ, ибтидоӣ касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ
ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ бо атестатсияи
ҷамъбастии ҳатмии хатмкунандагон анҷом меёбад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо мақсади
мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён таҷрибаомӯзии
касбӣ ба роҳ монда мешавад
Мӯҳлат ва мазмуни таҷрибаомӯзии касбӣ бо нақшаҳо ва барномаҳои
талимии муассисаҳои таълимӣ тасдиқ карда мешаванд.
Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии касбӣ роҳбарони
муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳое, ки дар онҳо таҷрибаомӯзӣ
гузаронида мешавад масъул мебошанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият, аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани
кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҷалби хонандагон, тарбиягирандагон,
донишҷӯён, аспирантҳо ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои
ба таълиму тарбия вобаста набуда, манъ аст.
Дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз
шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии
таълимӣ) овардан ва истифода бурдани телефонии мобилӣ
манъ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти
касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҷониби донишҷӯ,
докторант, аспирант, унвонҷӯ ва омӯзгор истифода бурдани
теленфонҳои мобилӣ дар раванди таълим манъ аст.
Дар соҳаи маориф имкон дорад хадамоти давлатии психологӣ,
тиббию омӯзгорӣ амал кунад.
БОБИ 3
Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф
Моддаи
26. Мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф
Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф ба ташкили шароити таъмини
ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсилот ва таъмини
сифати баланди хизматрасонии таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои
таълимӣ равона карда мешавад.
Танзими давлатӣ дар соҳаи таҳсилот бо роҳи таъмини ҳуқуқӣ,
идораи сифати таҳсилот ва назорат (гузаронидани санҷиш)
амалӣ карда мешавад.
Моддаи
27. Идораи сифати таҳсилот
Идораи сифати таҳсилот ба амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи
давлатӣ дар соҳаи маориф равона карда шуда, низоми ягонаи
миллии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилотро дар бар мегирад ва
самаранокии соҳаи маорифро таъмин менамояд.
Идораи сифати таҳсилот бо роҳи қабул кардани қарорҳои
идорӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар асоси натиҷаҳои мониторинги
таҳсилот, ки бо усулҳои баҳодиҳии дохилӣ ва берунии сифати
таҳсилот гузаронида мешавад, амалӣ мегардад.
Моддаи
28.Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф
Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии
давлатӣ ва маҳаллии идораи маориф бо мақсади таъмини сиёсати
ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, риояи иҷрои барномаҳои
таълимӣаз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва мутобиқати фаъолияти
таълимии онҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соҳаи маориф ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият
ба роҳ монда мешавад.
Объектҳои назорати давлатӣ дар соҳаи маориф инҳоянд:
- иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф аз тарафи муассисаҳои
таълимӣ;
- фаъолияти таълимии шахсони ҳуқуқӣ, ки барномаҳои таълимиро
амалӣ менамоянд;
- сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимии мувофиқ аз тарафи
таълимгирандагон;
Навъҳои асосии назорати давлатӣ инҳоянд:
- иҷозатномадиҳӣ, аккредитатсияи давлатӣ, аттестатсияи
давлатӣ ва баҳогузории маҷмӯии муассисаҳои таълимӣ;
- назорати давлатии ҷорӣ, фосилавӣ, нақшавӣ;
- назорати риояи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
маориф ва қоидаҳои иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти муассисаҳои
таълимӣ.
Моддаи
29. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти таълимӣ
Ба муассисаҳои таълимие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
додани иҷозатномаро пешбинӣ намудааст, аз ҷониби мақоми
ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликияташон танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи
амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ ва истифодаи имтиёзҳои
пешбининамудаи қонунгузориро пайдо менамоянд.
Фаъолияти таълимии шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе
намудҳои фаъолият бояд аз ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида
шавад.
Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии шахсони ҳуқуқӣ барои
амалӣ намудани барномаҳои нави таълимӣ новобаста аз иҷозатномаи
доштаашон тибқи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон, дар асоси муқаррароти умумӣ гузаронида мешавад.
Иҷозатномадиҳанда барои баррасии дастаҷамъӣ ва ошкорои
масъалаҳои иҷозатномадиҳӣ ва боз доштани фаъолияти иҷозатнома
тибқи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
мақоми машваратӣ созмон медиҳад.
Иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти иҷозатномаро
оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба мӯҳлате, ки
қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, боз дорад.
Бекор кардани иҷозатнома оид ба ҳукуқи пешбурди фаъолияти
таълимӣ аз тарафи суд ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи
30. Аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ
Аккредитатсия аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатӣ ва
маҳаллии идораи маориф дар асоси аризаи муассисаи таълимӣ
сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ба мӯҳлати
панҷ сол гузаронида мешавад.
Аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаи таълимӣ ҳуқуқи аз
нав ташкил намудани муассисаи таълимии шакли навро медиҳад.
Рӯйхати муассисаҳои аз аккредитатсия гузашта аз тарафи
мақомоти давлатӣ, ки аккредитатсия мегузаронад, дар матбуоти
расмӣ чоп карда мешавад.
Қарор оид ба тасдиқи (маҳрум кардан) аккредитатсия давлатӣ
дар асоси аттестатсияи муассисаи таълимӣ, ки дар панҷ
сол на кам як маротиба гузаронида мешавад, қабул мегардад.
Аккредитатсияи нақшавии давлатӣ ё аккредитатсияи давлатӣ
ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағи
муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.
Муассисаҳои таълимии байналмилалӣ ва хориҷӣ ва ё филиалҳои
онҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда
шудаанд, аккредитатсияро дар асоси шартҳо ва тартибе,
ки барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ
шудааст, мегузаранд.
БОБИ 4.
Идоракунии соҳаи маориф
Моддаи
31. Мақомоти идоракунии соҳаи маориф
Идоракунии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти
давлатию ҷамъиятӣ дошта, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаҳои таълимӣ
амалӣ гардонда мешавад.
Мақомоти идоракунии системаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз инҳо иборат аст:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф;
вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои
таълимию тарбиявӣ доранд;
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти
худидоракунии маҳаллӣ;
мақомоти маҳаллии идораи маориф.
Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис
(муассисон) ё бо супориши ӯ Шӯрои сарпарастон тибқи Низомномаи
тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи
32. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
роҳбарии самараноки соҳаи маорифро таъмин мекунад;
бо пешниҳоди вазорату идораҳо оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ
ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ
ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои махсуси
таълиму тарбия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои
он қарор қабул мекунад;
барномаҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалии инкишофи
соҳаи маорифро таҳия, баррасӣ ва тасдиқ намуда, татбиқи
ин барномаҳоро аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин
менамояд;
самтҳои афзалиятноки рушди илм ва техникиро муайян карда,
системаи ташкил додани муассисаҳои илмиро ҳаллу фасл менамояд;
ҳамоҳангсозии байнисоҳавии илмӣ ва фарқияти илмӣ-техникиро
таъмин карда, дар таҳия ва коркарди барнома, лоиҳаҳои
илмӣ ва илмӣ-техникӣ саҳм мегузорад;
тартиби додани иҷозатнома (литсензия), гузаронидани аттестатсия,
баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аккредитатсияи давлатии
муассисаҳои таълимӣ, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи
омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимиро муайян мекунад;
феҳристи касбу ихтисосҳоеро, ки бо тарзи экстернат гирифтани
онҳо манъ аст, тасдиқ менамояд;
тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии дигар муассисаҳои
таълимии давлатиро муқаррар менамояд;
феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбиро муайян мекунад;
меъёри маблағгузории системаи маориф, тартиби маблағгузории
буҷетии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатиро
муайян мекунад;
ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатиро
бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ба вазифа таъин
ва аз вазифа озод менамояд;
низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусиро тасдиқ мекунад;
ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилот муайян
намуда, Низомномаи пешниҳоди шаҳодатномаи аъло ва дипломи
аъло, бо медали тилло, нуқра мукофотонидани хатмкунандагони
муассисаҳои таълимӣ, имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро
тасдиқ мекунад;
андозаи ҳадди ақали меъёри (ставкаи) музди кор ва маоши
вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, меъёр ва тартиби
пешниҳоди имтиёзҳо ва стипендияро барои кормандони илмию
омӯзгорӣ, хонандагон, донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо
ва муҳаққиқони ба вазифаи ходимони илмӣ гузаронидашуда,
андозаи маблағҳои таълими иловагиро муайян менамояд;
низоми ягонаи маълумоти омории соҳаи маорифро ташкил медиҳад.
Моддаи
33. Салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон:
риояи ҳуқӯқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро дар
соҳаи маориф таъмин менамояд;
сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мегардонад;
раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот
дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар
аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, назорат мекунад;
дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мутобиқи тартиби муқарраршуда
шартнома ва дигар санадҳоро ба имзо мерасонад;
низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро таҳия намуда,
барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод
мекунад;
дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ низомномаҳоеро,
ки фаъолияти муассисаҳои мазкурро танзим менамоянд, таҳия
ва тасдиқ мекунад;
оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дорои мақоми
ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи сохтори
Вазорати маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои
он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
барои фаъолияти муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ иҷозатнома (литсензия)
медиҳад;
стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия ва барои тасдиқ
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
нақшаҳо ва барномаҳои таълимии намунавиро барои муассисаҳои
таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии
таҳсилот таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро аз тарафи
муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликият, мансубияти соҳавӣ, назорат менамояд;
таҳия, тасдиқ ва нашри китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ
ва маводи таълимию методиро ташкил мекунад;
масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ ва
ҳал намуда, мазмун ва тартиби такмили ихтисоси кормандони
соҳаи омӯзгориро муайян мекунад ва онҳоро аз аттестатсия
мегузаронад;
дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба таъминоти моддию молиявии
муассисаҳои таълимӣ, меъёри (ставкаи) музди меҳнат ва
маоши вазифавии кормандон, меъери маблағгузориии онҳоро
таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ
пешниҳод менамояд;
андозаи маблағи таҳсилро, аз ҷумла пулакиро, муассисаҳои
таълимӣ дар мувофиқа бо мақомоти марбута муайян мекунанд.
бо мақсади муқаррар намудани мазмун, дараҷа ва сифати
тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи стандарти давлатии
таҳсилот дар ҳар 5 сол дар асоси Низомномаи муқарраршуда
аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро ташкил менамояд;
тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳозгуории маҷмӯии
фаъолияти муассисаи таълимӣ бо мақсади муқаррар намудани
мақоми (статуси) муассисаҳои таълимӣ дар ҳар 5 сол дар
асоси Низомномаи муқарраршуда аккредитатсияи давлатии
муассисаҳои таълимиро амалӣ мегардонад ва ба онҳо варақаи
аккредитатсия медиҳад;
бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касбӣ, муовинони
онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ, мактаб - интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ
ва дигар муассисаҳои махсуси сохтори Вазорати маорифро
ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
роҳбарони аввали муассисаҳо ва ташкилотҳои зерсохтории
худро, ба истиснои баъзе муассисаҳо ва мактабҳои олӣ,
ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод
карда мешаванд, ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад;
сардорони раёсати маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони
шӯъбаҳои маорифи шаҳр ва ноҳияҳоро ба вазифа таъин ва
аз вазифа озод менамояд;
самтҳои имконпазири тайёр намудани мутахассисонро дар
муассисаҳои таълимии касбии ҷумҳурӣ бо назардошти имконияти
воқеии муассисаҳои таълимии касбӣ дар мувофиқа бо мақомоти
дахлдори ҷумҳуриявӣ муайян месозад;
ба таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва
кушодани вазифаи ходимони илмӣ дар муассисаҳои олии касбӣ,
сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти
соҳавии онҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва донишкадаи
такмили ихтисос иҷозат медиҳад;
қоидаҳои умумӣ, сохтор ва миқдори қабули хонандагон ва
донишҷӯёнро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ,
сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти
соҳавии онҳо, таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро таъмин
менамояд;
дар мувофиқа бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва рушди иқтисод
ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони
ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ба роҳ мемонад;
бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони
соҳаи маорифро ташкил ва таъмин менамояд;
тартиби ҷойивазкунии роҳбарони муассисаҳои таълимиро таҳия
ва тасдиқ менамояд;
ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идораи маориф, муассисаҳои
таълимиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият
ва мансубияти соҳавии онҳо, таъмин менамояд.
Моддаи
34. Салоҳияти вазорату идораҳои дигар дар соҳаи маориф
Вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи
маориф:
оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти
касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ дорои мақоми ҷумҳуриявӣ,
муассисаҳои махсуси таълиму тарбияи соҳаи худ ба Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамоянд;
бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои олии касбӣ ва таҳсилоти
касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, муовинони онҳо,
инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва
таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз
вазифа озод менамоянд;
раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот
дар муассисаҳои таълимии соҳаи марбута таъмин мекунанд;
нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии муассисаҳои
таълимии соҳаҳои марбутаро таҳия намуда, барои тасдиқ
ба мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф пешниҳод
менамоянд ва нашри онҳоро ба роҳ мемонанд;
бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, аттестатсияи кормандони соҳаи
омӯзгории муассисаҳои таълимии сохтори худро ташкил ва
таъмин менамоянд;
фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии сохтори худро
таъмин ва назорат намуда, аз маблағҳои дар ихтиёрашон
буда онҳоро маблағгузорӣ мекунанд;
дар раванди назорат, аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории
маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии сохтории худ ва
иҷозатномадиҳии онҳо, ки аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии
давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида
мешавад, иштирок менамоянд.
Моддаи
35. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамоянд,
барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти
хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра
таҳия намуда, амалӣ мегардонанд;
мақомоти дахлдори давлатии идораи маорифро ташкил ва роҳбарии
умумии онҳоро амалӣ менамоянд;
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва иловагии
давлатиро, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақомоти
ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва дигар мақомоти марбута
таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд;
буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла буҷети маориф ва фондҳои дахлдори
инкишофи маорифро ташаккул дода, меъёрҳои маҳаллии маблағгузории
системаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;
шароити мусоиди инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои
таълимӣ ва ташкилотҳои маҳаллии маорифро таъмин менамоянд;
имтиёзҳои иловагиро бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди
маориф муқаррар мекунанд;
аз ҳисоби маблағҳои худ меъёрҳои иловагӣ ва шаклҳои таъмини
моддии хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва кормандони
соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимиро муқаррар мекунанд;
бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони
соҳаи омӯзгориро дар робита бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии
идораи маориф ташкил ва маблағгузорӣ менамоянд;
хонандагони (тарбиягирандагони) муассисаҳои таълимии давлатиро
бо хизматрасонии ройгон ва (ё) имтиёзноки тиббӣ таъмин
мекунанд.
Моддаи
36. Салоҳияти мақомоти маҳаллии идораи маориф
Мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо,
ноҳияҳо:
муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ
мешаванд, намояндагӣ мекунанд;
кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта,
таҳсили онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ ташкил
мекунанд;
васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории
падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маҳрум
мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро дар хонаҳои кӯдакон
ё интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васӣ ё парасторро
таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;
мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи
стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии
сохтори маҳаллӣ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо дар доираи салоҳияти
худ таъмин мекунанд;
бо супориши мақомоти болоии идораи маориф аттестатсияи
кормандони соҳаи маорифро гузаронда, ба онҳо дараҷаҳои
тахассусӣ медиҳанд;
супориши давлатии таълимро дар асоси озмун оид ба тайёр
кардани коргарон ва мутахассисон дар муассисаҳои касбомӯзӣ,
литсей ва коллеҷҳои касбомӯзии маҳаллӣ иҷро мекунанд;
роҳбарони муассисаҳои давлатии таълиму тарбияи томактабӣ,
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва иловагиро,
ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа
бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони
роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони
онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;
ба мақомоти болоӣ дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ,
таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва иловагӣ
ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамоянд;
оинномаҳои муассисаҳои таълимии давлатиро, ки аз буҷети
маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунанд;
такмили ихтисоси омӯзгоронро дар зинаи маҳаллӣ тавассути
шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша мегиранд ва ташкил
мекунанд;
- дар доираи салоҳияти худ муассисаҳои таълимиро аз аттестатсия
ва баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият мегузаронанд.
Моддаи
37. Салоҳияти муассисаҳои таълимӣ
Муассисаҳои таълимӣ дар амалӣ намудани раванди таълиму
тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти илмӣ
ва молиявию ҳоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи
таълимӣ мустақил мебошанд.
Ба салоҳияти муассисаҳои таълимӣ дохил мешавад:
таҳияи лоиҳаи Оиннома;
таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
таҳия ва тасдиқи нақшаи кории таълим, ҷадвали солонаи
таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;
ташаккул додани шумораи хонандагон ва тарбиягирандагон
мутобиқи иҷозатнома (литсензия) барои ҳуқуқи фаъолияти
таълимӣ, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;
ташкил ва такмили таъмини методии раванди таълиму тарбия;
гузаронидани назорати зарурии сатҳи пешрафт дар таҳсил,
аттестатсияи мобайнӣ ва ҷамъбастии хонандагон;
татбиқи шаклҳои нави таълим аз ҷумла, таълими кредитӣ;
таъмини такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ
тибқи муқарароти қонунгузорӣ;
ҷалби сарчашмаҳои иловагии молию пулӣ бо мақсади амалигардонии
фаъолияти оинномавӣ, дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ;
таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии хонандагон ва тарбиятгирандагон,
риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ;
таъмини саривақтии баъзе категорияҳои эҳтиёҷманди хонандагон
ва тарбиятгирандагон бо имтиёзҳои иловагӣ ва маводи зарурӣ
тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
тасдиқи сохтори идораи муассисаи таълимӣ, ҷадвали вазифаю
маош, тақсими ӯҳдадориҳои вазифагӣ;
муқаррар кардани иловаҳо ба маоши вазифавии омӯзгорони
муассисаҳои таълимии давлатӣ, тартиб ва андозаи мукофотпулӣ
мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешбарии омӯзгорон ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ;
таъмини моддию техникӣ, ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимии
давлатӣ мутобиқи талаботи меъёрӣ;
ҷалб намудани манбаъҳои молиявӣ ва воситаҳои моддии иловагӣ
барои иҷрои фаъолияти оинномавӣ бо тартиби муқарраркардаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кори ҷузъу нуқтаҳои
ташкилотҳои хӯроки умумӣ ва муассисаҳои тиббӣ, назорат
ба кори онҳо бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии хонандагон,
тарбиягирандагон ва кормандон;
саривақт ба хонандагону тарбиягирандагоне, ки ба оилаҳои
камбизоат тааллуқ доранд, додани имтиёзҳои иловагӣ ва
намудҳои таъминоти моддӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешбинӣ кардааст;
мусоидат ба фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаҳои
таълимӣ, омӯзгорон;
амалӣ намудани дигар фаъолияте, ки Оинномаи муассисаи
таълимӣ пешбинӣ кардааст.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ҳамчун
қисми таркибии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари
муассисаҳои таълимии давлатӣ салоҳият ва аҳамият доранд.
Моддаи
38. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ
Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таъсиси онҳо
амалӣ гардонда мешавад.
Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса,
роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар сарвар
иҷро мекунад.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ, аз ҷумла
хусусӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ
баробарҳуқуқ буда, тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ карда мешавад, фаъолият менамоянд.
Роҳбарони муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, умумии
асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии
касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, иловагӣ
ва махсус мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти
марбутаи давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда
мешаванд.
Тафриқаи салоҳиятҳои шӯрои муассисаи таълимӣ ва роҳбарии
онро Оинномаи муассисаи таълимӣ танзим мекунад.
Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ишғоли дигар вазифаҳои
роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ
дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.
Дахолати мақомоти идораи давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ,
илмӣ, илмию методӣ, хоҷагидорию молиявӣ ва дигар фаъолияти
муассисаҳои таълимии давлатӣ танҳо дар мавридҳои пешбининамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
Моддаи
39. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ
Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ мутобиқи
тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва ҳуҷҷатҳои муассиси он идора карда мешавад.
Идоракунии бевоситаи муассисаи таълимии ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусиро муассиси он ё бо супориши он шӯрои парасторон,
ки муассис ташкил медиҳад, иҷро мекунад.
Салоҳияти шӯрои парасторон, тартиби идоракунии дохилии
муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, инчунин
қоидаи таъин ё интихоби роҳбари муассисаи марбута ва салоҳияти
онро муассиси муассисаи мазкур дар мувофиқа бо ҳайати
омӯзгорони он муайян мекунад.
Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои
таълимӣ омӯзгорон таъсис дода шуда, фаъолият мекунанд.
Моддаи
40. Худидоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ
Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ (ассотсиатсияҳо
ва иттифоқҳои муассисаҳои таълимии давлатӣ, шӯрои муассисаи
таълимӣ, шӯроҳои омӯзгорон, илмӣ, илмию методӣ, директорон,
ректорон, донишҷӯён, аспирантҳо, созмонҳои талабагон,
кумитаҳои парасторон, мушоҳидон, падару модарон ва ғайра)
тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонанд:
манфиатҳои омилҳои раванди таълиму тарбияро ташаккул ва
ифода намуда, ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд;
нақшаи фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро
муайян менамоянд;
вазъи молиявию хоҷагии муассисаи таълимиро назорат мекунанд.
Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ чун
қоида намояндагони ҳайати профессорону муаллимон, донишҷӯён,
аспирантҳо, хонандагон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ,
омузгорон дохил шуда метавонанд.
Моддаи
41. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф
Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси комёбиҳои
илму техника, фарҳанг ва мутобиқи анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ
инкишоф ва такмил меёбад.
Мақомоти давлатии идораи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои
ҷумҳурӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ-
тадқиқотӣ комёбиҳои илму техника ва фарҳангро дар кори
муассисаҳои таълиму тарбия ҷорӣ менамоянд.
Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, институтҳои илмӣ– тадқиқотии
соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар мақомоти илмию
методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ширкатҳои
комили дахлдор амалӣ мегардонанд.
БОБИ 5.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия
Моддаи
42. Субъектҳои раванди таълиму тарбия
Субъектҳои раванди таълиму тарбия инҳоянд:
тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо
(ординаторҳо), докторантҳо, довталабони дараҷаҳои илмии
муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, шунавандагони шӯъбаҳои тайёрии
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳаи такмили ихтисос
ва бозомӯзии кадрҳо;
мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорон ва дигар
кормандони соҳаи омӯзгорӣ;
ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ,
аз ҷумла, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон;
падару модари (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тарбиягирандагон
ва хонандагон, мураббиёни хонаҳои бачагон;
намояндагони ташкилоту муассисаҳои заминавӣ, дигар ташкилоту
муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, фондҳо, ташкилотҳои
ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида, ки дар фаъолияти
муассисаҳои таълиму тарбия иштирок мекунанд.
Моддаи
43. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму
тарбия
Ҳуқуқ ва ҳимояи субъектҳои раванди таълиму тарбия тавассути
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни
мазкур, Оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусии аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта таҳсил
мекунанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмкуниро дар муассисаҳои
таълимии давлатии аккредитатсия дошта ба таври экстернат
супоранд.
Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии аккредитатсияи давлатидоштаро
сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти
соҳавӣ ба анҷом расонидаанд, ҳуқуқи гирифтани зинаи таҳсилоти
навбатиро доранд.
Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои
муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, аз амали (беамалии)
ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандон,
ки ҳуқуқ, шаъну шараф ё қадру эътиборашонро паст мезананд,
мутобиқи қонун худро ҳимоя кунанд.
Хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён ва аспирантҳои
муассисаҳои таълимии давлатиро муассис бо стипендия, мададпулӣ,
хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тиббӣ
ва солимгардонӣ ва дигар ёрии моддӣ, ки санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин
менамояд.
Аспирантҳо, докторантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои
илмӣ аз ҳисоби маблағҳои тарафи фиристода таъмин карда
мешаванд.
Хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ
мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ҷои кор, шароити бехатарии
меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.
Барои шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ
мебошанд, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти
идораи маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва
таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёрии касбӣ ва ҳамчунин худомӯзии
онҳо шароит фароҳам меорад.
Маҷбуран аъзо намудани хонандагон, тарбиягирандагон, донишҷӯён
ва аспирантҳои муассисаҳои таълимӣ ба узвияти ташкилотҳои
динӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин
маҷбуран ҷалб намудани онҳо ба тарғибу ташвиқ дар ҷараёни
маъракаҳои сиёсӣ манъ аст.
Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии давлатӣ
ба муассисаи дигари таълимӣ, аз ҷумла ғайридавлатӣ, ки
иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро
таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.
Хонандагон, донишҷӯён, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ
доранд ва дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи
касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома пулакӣ
таълим мегиранд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои 4 (хуб)
ва 5 (аъло) супоридаанд, имкон доранд ба гурӯҳҳои марбутаи
ройгон гузашта таҳсилро идома диҳанд.
Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои ройгон гузаронидани
чунин хонандагон, донишҷӯёнро комиссияи марбутаи мақомоти
давлатии идораи маориф муайян мекунад.
Хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии ғайридавлатӣ
ба муассисаи дигари таълимӣ, аз ҷумла давлатӣ, ки иҷрои
барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро
таъмин мекунанд, ҳуқуқи гузаштан доранд.
Тартиби бо таври истисно аз як муассисаи таҳсилоти касбӣ
ба дигар муассисаи таҳсилоти касбӣ гузаштани хонандагону
донишҷӯёнро, аз ҷумла ройгон ё пулакӣ будани таълимро,
мақомоти давлатии идораи маориф муайян мекунад.
Муассиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ,
ки аккредитатсияи давлатӣ доранд, хонандагон, тарбиягирандагон,
донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар довталабони дараҷаҳои илмии
муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои хонандагон,
тарбиягирандагону донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар довталабони
дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд,
таъмин менамояд.
Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои
таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ таҳсил
мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
рухсатии иловагӣ аз ҷои кор, кам кардани рӯз ва ҳафтаи
корӣ ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
муқаррар кардааст, дар ҳолати мавҷуд будани даъватномаи
муассисаи таълимӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 44. Ҳуқуқ ва вазифаҳои падару модар (шахсоне, ки
онҳоро иваз менамоянд) дар соҳаи маориф
Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд),
ҳуқуқ доранд:
барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия,
шакли таълимро интихоб намоянд
дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ
иштирок намоянд;
ба мақомоти давлатии идораи маориф ва худидораи муассисаҳои
таълимию тарбиявӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон
муроҷиат намоянд;
манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму
тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳимоя кунанд;
барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили
фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои
таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи
комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро
аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
талаб намоянд.
Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) вазифадоранд:
барои сиҳатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхорӣ
кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои
вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;
ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳимоя намоянд;
фарзандонро дар рӯҳи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ,
раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту
таърих ва анъанаҳои миллии фарҳангии халқи худ, эҳтироми
арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия
намоянд;
ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои
таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё
созанд;
фарзандонро дар рӯҳи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон,
рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим
тарбия намоянд.
Падару модаре (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), ки садди
роҳи таълимгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ
зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Боби 6
Мақоми омӯзгор
Моддаи
45. Мазмуни мақоми омӯзгор
Мақоми омӯзгор, ин ҳолати касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии
шахсе, ки дар асосҳои касбӣ ба кори таълиму тарбия дар
муассисаҳои таълимии дар Қонуни мазкур нишондодашуда,
машғул аст.
Мазмуни мақоми омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои касби омӯзгор
маҷмӯи омилҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо ҳолати омӯзгорро
дар ҷомеа муайян менамоянд. Аз ҷумла:
-қадру қимати касби омӯзгорӣ;
-талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати
омӯзгор;
-дараҷаи эътироф ва дастгирии омӯзгор аз тарафи давлат;
-андозаи ҳурмату эҳтироми омӯзгор дар назди ҷомеа, падару
модар ва шогирдон;
-шароити таъминоти моддии омӯзгор;
-ҳолати ҳимояи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгор.
моддаи 46. Фаъолияти омӯзгорӣ
Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне машғул шуда метавонанд,
ки дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ буда, малакаи
зарурии касбӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ давра ба давра аз аттестатсия
мегузаранд. Мувофиқи натиҷаи аттестатсия ба вазифаи ишғолкарда
сазовор будани корманд, меъёри ихтисос ва дараҷаи он муайян
карда мешавад.
Кормандони соҳаи омӯзгорие, ки кирдори содирнамудаашон
ба минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолиф аст,
ба вазифаашон сазовор дониста намешаванд, ё худ омӯзгороне,
ки вазъи саломатиашон садди иҷрои вазифаҳои омӯзгорӣ мегардад,
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори омӯзгорӣ
озод карда мешаванд.
Шахсоне, ки мувофиқи ҳукми суд ё нишондодҳои тиббии рӯйхаташон
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, бо
фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданашон манъ карда шудааст,
ба кори муассисаҳои таълимӣ иҷозат дода намешаванд.
Тартиби пурра кардани ҳайати кормандони муассисаҳои таълимӣ
бо оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ
бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва
муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.
Моддаи
47. Усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ
Усулҳои асосии фаъолияти омӯзгории омӯзгор чунинанд:
-муносибати ягонаи маҷмӯӣ (комплекси) ба таълим, тарбия
ва инкишофи шахсияти хонандагон;
-хусусияти инсондӯстонаи таълиму тарбия, ки эҳтироми ҳуқуқу
озодиҳои хонанда ва анъанаҳои миллии фарҳангиро таъмин
менамояд;
-пайравӣ ба принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои
маънавӣ;
-роҳ надодан ба поймолкунии бевосита, пинҳонӣ ва (ё) ғайримустақими
маҳдудкунии ҳуқуқ, ё додани имтиёз ба хонандагон аз рӯи
аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ, забонӣ, мазҳабӣ ё
дигар асосҳои хусусияти шахсию ҷамъиятӣ;
-тарбияи хонандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, шаҳрвандияти
воло, дӯстии байни халқҳо;
-риоя намудани принсипи муттасилии таҳсилот;
-муносибати эъҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти
омӯзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим;
-такмил додани дониши худ дар асоси дастовардҳои навтарини
илму техника ва фарҳанг;
-робитаи зич доштан бо хонандагон ва падару модари (намояндагони
қонунии) онҳо;
-ҳамкорӣ кардан бо иттиҳодияҳои кӯдакон ва наврасон, коллективҳои
меҳнатӣ, инчунин ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ,
ки фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузорӣ манъ карда нашудааст.
Моддаи 48. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони соҳаи омӯзгорӣ,
дигар кормандони соҳаи маориф
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ходимони илмӣ, дигар кормандони
муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, муассисаҳои соҳаи такмили
ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин кормандони нашрияҳои
маориф ҳуқуқҳои зайл доранд:
ҳимояи шараф ва шаъну эътибори касбӣ, таъмини шароити
зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос аз рӯи тартиби
муқарраршуда, ташаббуси омӯзгорӣ ва густариши таҷрибаи
пешқадами худ, интихоби озоди шакл, методу усулҳои самарабахши
таълим, рухсатиҳои илмӣ барои такмили ихтисос;
машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ;
ба тахир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ;
баромадан ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани собиқаи корӣ;
иштирок дар идораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, таъминоти
тиббӣ, табобат дар санаторияю истироҳатгоҳҳо, истифодаи
ройгон ё имтиёзноки хадамоти умумӣ (коммуналӣ), ба истиснои
қувваи барқ ва гази табиӣ дар шаҳру деҳот;
ба андозаи маоши вазифавии якмоҳа гирифтани кӯмакпулии
тиббӣ ҳангоми рухсатии меҳнатии навбатӣ;
ба ҳавасмандгардонии маънавӣ барои комёбиҳо дар фаъолияти
омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас, мукофотонидан бо ордену
медалҳо, гирифтани унвонҳои фахрӣ.
Кормандони омӯзгории соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи пардохти рухсатии
бардавом истифода мекунанд.
Кормандони омӯзгорие, ки собиқаи кории бетанаффуси на
камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд
ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи
таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд. Ба омӯзгорони ҷавон шароити
зисти зарурӣ таъмин карда мешавад.
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ки бемории кӯҳна доранд, баъди
на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии
дарозмӯҳлати то яксолаи бо пардохт ҳуқуқ доранд. Номгӯи
беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмӯҳлат
аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонун
дур кардани кормандони соҳаи омузгорӣ манъ аст.
Омӯзгорон ва дигар кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии
ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ ба имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон
ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ
шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.
Кормандони соҳаи омӯзгорӣ вазифадоранд:
донишҳои назариву амалӣ ва малакаи дарсгузарии худро мунтазам
сайқал дода, дорои масъулият ва салоҳияти баланди касбӣ
бошанд;
азхудкунӣ ва иҷрои барномаҳои таълимию илмиро дар сатҳи
талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот аз тарафи хонандагон,
тарбиягирандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо ва
ғайраҳо таъмин намоянд;
ба рушду инкишофи қобилияти тарбиягирандагон, хонандагон
ва донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром
доштани падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои
фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон
тарбия кунанд;
хонандагонро дар рӯҳи муносибати эҳтиёткорона ба сохти
давлатию иҷтимоӣ, расму оинҳо, муҳити зист тарбия намоянд;,
одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори
кӯдак, хонанда, донишҷӯро эҳтиром кунанд;
кӯдакону наврасонро аз аъмоли зӯроварии ҷисмонию рӯҳӣ
ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирии истеъмоли машрубот
ва моддаҳои нашъаовар кор баранд;
сатҳи маърифатии худро такмил дода, ба дараҷаи баланди
фаъолияти касбӣ ноил шаванд.
Моддаи
49. Ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор
Омӯзгор вобаста ба моҳияти махсуси ҷамъиятӣ доштани касбаш
соҳиби ҳуқукҳои иловагии ҳимояи шаъну шарафи шахсӣ ва
касбӣ мебошад.
Дахолати ғайриқонунии мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони
бесалоҳият ба фаъолияти омӯзгор манъ аст. Тафтишу баҳодиҳӣ
ба кори омӯзгор танҳо ба мақомоту шахсони ваколатдори
салоҳиятнок, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор
муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад ва он бояд боэҳтиром,
беғаразона ва воқеӣ бошад.
Тартиби мушаххаси назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон
тавассути низомномаҳое, ки мақомоти ваколатдори давлатии
соҳаи маориф таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ
намудааст, танзим мегардад.
Фаъолияти касбии омӯзгорро танҳо дар доираҳои касбӣ (шахсон
ва мақомотҳои ваколатдори идоракунии муассисаҳои таълимӣ)
муҳокима кардан мумкин аст ва ҳангоми нишон додани камбудиҳои
кори омӯзгор, набояд иззати шахсияти ӯ таҳқир карда шавад.
Камбудиҳои ҷиддии содиркардаи омӯзгор, танҳо пас аз исботашон
дар тафтишоти касбии ташкилкардаи мақомоти дахлдор ё суд
ва аз вазифа барканор кардани омӯзгор, мумкин аст ба маълумоти
умум расонда шаванд.
Тафтишоти касбӣ нисбати омӯзгор танҳо дар асоси шикояти
хаттӣ ё санади тартибдодаи мақомоти (шахси) ваколатдори
назоратбарии фаъолияти омӯзгор, пас аз додани нусхаи шикоят
ба ӯ, оғоз кардан мумкин аст.
Омӯзгор ҳуқуқ дорад доир ба нодуруст баҳо додани кораш,
амру фармонҳои маъмурият, ки ҳуқуқашро вайрон кардаанд,
ҳифзи шарафи меҳнатӣ, номус ва эътибори касбии худ ва
доир ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашуда
ба мақомоти болоии идоракунии муассисаи таълимӣ ё бевосита
ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 50. Таъминоти моддии омӯзгор
Музди меҳнат ба омӯзгор аз тарафи муассиси муассисаи таълимӣ
(корфармо) барои иҷрои кор ва ӯҳдадориҳои вазифавие, ки
дар шартномаи (қарордоди) меҳнатии байни онҳо басташуда
пешбинӣ шудааст, пардохт карда мешавад.
Шартҳои шартнома (қарордод) сатҳи кафолатҳои меҳнатии
омӯзгорро набояд аз сатҳи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ
ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
пасттар намоянд.
Музди меҳнати омӯзгор, иборат аз музди асосии меҳнат ба
андозаи на камтар аз меъёри музди меҳнати кафолатдодаи
давлат, иловапулиҳо ба музди меъёрӣ барои ҳавасмандгардонии
самаранокии меҳнат вобаста ба таҳсилот, ихтисос, собиқаи
кор, маҳорати педагогию маҳсули меҳнатӣ дар дараҷаҳои
тахассусии аз натиҷаи атестатсия гирифтаи омӯзгор ифодаёбанда,
унвонҳои илмию фахрии давлатӣ ва изофапулиҳо барои корҳои
аз меъёри муайяншуда барзиёду иловагӣ иҷронамуда, муқаррар
карда мешавад.
Ба музди меҳнати омӯзгороне, ки дар ноҳияҳо ва маҳалҳои
шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд,
коэффисентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Номгӯи
минтақаҳое, ки дар онҳо коэффисентҳо ва иловапулиҳо дода
мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онҳоро Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз рӯи меъёр, андоза
ва тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди
мақомотҳои ваколатдори давлатии маориф, меҳнат ва ҳифзи
иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ муайян намудааст,
барои пардохти хароҷоти истифодабарии манзил, хизмати
коммуналӣ,хариди ҳезуму ангиштсанг барои омӯзгорони деҳот,
бо пешбини намудани маблағи лозимӣ дар сатри алоҳидаи
буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, имтиёз муқаррар карда
мешавад.
Омӯзгорони дар муассисаҳои таълимӣ коркунанда, ки маротибаи
аввал бо манзили истиқомати аз ҳисоби пурра ё ҳиссаи давлат
таъмин карда мешаванд ё мӯҳтоҷи беҳтар намудани шароити
манзилиашон мебошанд, дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ
ё қитаъи замин барои сохтмони манзил, мутобиқи тартиби
муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин
карда мешаванд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки
ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи
истиқоматӣ месозанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ
ё ташкилотҳои қарздиҳанда, барои гирифтани қарзҳои бефоиз
ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул, кӯмаки воқеъӣ
расонанд.
Барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили
давлатию ҷамъиятӣ ба таври қонунӣ зиндагӣ мекунанд, дар
сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на кам аз 10 сол,
манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ӯҳдадоранд,
ки омӯзгорони дар деҳот зиндагӣ кунандаро, дар баробари
аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо қитъаи замин ва амволи
дигари тақсимшаванда, мутобиқи меъёрҳои барои маҳал муқарраршуда,
таъмин намоянд.
Ба омӯзгорон барои меҳнати намунавӣ, хизмати бисёрсолаи
бенуқсон, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва комёбиҳои
шоиста, тибқи Оинномаи муассисаи таълимӣ, санадҳои меъёрии
ҳуқуқии мақомоти ваколатдори идоракунии маориф ва қонунгузории
амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои махсуси ҳавасмандгардонӣ
ва мукофотҳои дохилӣ, соҳавӣ ва давлатӣ пешбинӣ карда
мешаванд.
Ба омӯзгороне, ки бо унвони фахрии давлатии «Корманди
шоистаи Тоҷикистон» мукофотонида шудаанд, илова ба маошашон
мутобиқи андоза ва тартиби муқаррар намудаи санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи муайян дода мешавад.
Чунин маблағи иловагиро, бо муҳайё намудани имконият,
метавонад мақомоти ваколатдори давлатии маориф ба мукофоти
соҳавии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ҷорӣ намояд.
Ба омӯзгор ҳангоми рухсатии навбатии меҳнатӣ ба андозаи
маоши вазифавии якмоҳа кӯмакпулии яквақтаи тиббӣ дода
мешавад.
Барои омӯзгорон ҳар сол миқдори муайяни роҳхатҳои ройгону
имтиёзнокро барои табобат ва дамгирӣ дар муассисаҳои табобатию
истироҳатӣ ва сайёҳию турустӣ, тавассути мақомотҳои маҳаллии
идораи маориф пешбинӣ мешавад.
Омӯзгорони ҷавон илова ба он имтиёзҳое, ки ҳамаи омӯзгорон
соҳибанд, имтиёзҳои иловагӣ доранд, ки дар дигар санадҳои
меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ мешаванд.
Омӯзгорон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти инфиродии
омӯзгорӣ доранд.
Фаъолияти инфродии омӯзгории омӯзгор, ки ба гирифтани
даромад равона шудааст, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб мегардад
ва мутобиқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ бояд
аз қайди давлатӣ гузарад.
Барои фаъолияти инфродии омӯзгорӣ гирифтани иҷозатнома
лозим нест, вале бе қайди давлатӣ машғул шудан ба он манъ
аст.
Шахсе, ки ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ, ғайриқонунӣ
даст мезанад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
ҷавобгарӣ кашида мешавад ва ҳамаи даромадҳои аз ин фаъолият
ба дастовардааш ба манфиати буҷети маҳаллии дахлдор рӯёнда
мешавад.
Фондҳои дастгирии омӯзгорон аз ҳисоби саҳмияҳои ихтиёрии
шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла хориҷиён тибқи муқаррароти
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Барои ҳимояи манфиатҳои худ омӯзгорон метавонанд бо тартиби
муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо, фондҳо, хонаи омӯзгорон ташкил
намоянд.
Давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва
бозомӯзии омӯзгорони мактабҳо, муассисаҳои давлатии томактабӣ
ва беруназмактабӣ кафолат медиҳад.
БОБИ 7.
Иқтисодиёти соҳаи маориф
Моддаи
51. Принсипҳо ва шароити татбиқи фаъолияти молиявию хоҷагӣ
дар соҳаи маориф
Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсолӣ,
илмӣ ва хоҷагӣ, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағҳои
буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассисон
ва дигар сарчашмаҳо ташкил медиҳанд.
Давлат ҳар сол барои фаъолияти соҳаи маориф маблағ ҷудо
менамояд.
Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии давлатӣ дар
асоси меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимӣ сурат
мегирад. Ин меъёрҳо вобаста ба намуд, тип, зинаҳои таҳсилот,
маҳалли ҷойгиршавӣ ба як тарбиятгиранда, таълимгиранда,
ба як муассисаи таълимӣ ва ё дар дигар асос муайян карда
мешаванд.
Ба муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди маблағҳои ҷудокардашуда
ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию
хоҷагӣ дода мешавад.
Муассисаи таълимӣ метавонад мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои иловагӣ, аз
ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ
ва дигар фаъолият, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин
аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ
ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ҷалб намояд.
Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимӣ инҳо
мебошанд:
даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонии муассисаҳои
таълимию истеҳсолӣ;
воридот аз иҷрои корҳо ва хизматрасониҳое, ки хусусияти
илмӣ, илмию методӣ доранд;
омодасозӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии кадрҳо
дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар асоси шартнома;
фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ дар раванди таълим ва дигар
намудҳои фаъолият, ки қонунгузории ҷумҳурӣ манъ накардааст
ва агар онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ
набошанд;
пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағҳое, ки аз
ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони
алоҳида ворид мешаванд;
қарзи бонкӣ ва ташкилотҳои кредитӣ.
Истифодабарии маблағҳои муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузорӣ
ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ,
аз ҷумла хусусӣ, аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои
таълимии давлатӣ дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд.
Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии
давлатӣ ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, аз ҷумла
хусусӣ, низ тааллуқ доранд.
Раванд ва тартиби истифодаи маблағҳои муассисаҳои таълимии
ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, ки аз манбаъҳои манънашудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбанд, мутобиқи
Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи дахлдор
муайян карда мешаванд.
Давлат ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд
муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии ғайридавлатиро, ки
аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, дар доираи хароҷоти
таҳсили хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии асосии
давлатӣ аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намоянд.
Моддаи
52. Пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимӣ
Андозаи музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Музди меҳнате, ки илова ба ӯҳдадориҳои вазифавӣ иҷро карда
мешавад, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ пардохта мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ
ва моликият, дар доираи маблағҳои барои музди меҳнат ҷудокардашуда
метавонанд мустақилона шаклу системаи пардохти музди меҳнат,
меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии
кормандони соҳаи омӯзгориро тибқи Кодекси меҳнат муқаррар
намуда, шаклҳои тафриқа (дифференсиатсия) додашудаи пардохти
иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд.
Меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони синфҳои ибтидоӣ
нисбати меъёри (ставкаи) маоши вазифавии муаллимони дигар
ба андозаи 10 фоиз зиёд муқаррар карда мешавад.
Ба кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ ва кормандони
нашрияҳои маориф бо мақсади рафъи эҳтиёҷашон ба китоб,
маводи таълимию методӣ ва дигар воситаҳои худомӯзӣ ҳар
моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифавӣ дар ҳудуди маблағҳои
ҷудокардашуда музд пардохта мешавад.
Ба кормандони муассисаҳои таълимӣ барои фаъолият дар деҳот,
роҳбарии синфӣ, санҷиши дафтарҳо, корҳои хаттӣ, мудирии
кабинет, таълими амиқи фанҳо, барои кор дар реҷаи таҷрибавӣ
ва навъҳои дигари фаъолияти иловагӣ ба тартибе, ки қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пардохтпулиҳо
муайян карда мешавад.
Моддаи
53. Андозбандӣ дар соҳаи маориф
Муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳукуқӣ
ва моликият, кормандони соҳаи омӯзгорӣ мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз месупоранд, аз андоз озод мешаванд
ва ё аз имтиёзҳои андозбандӣ истифода мебаранд.
Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хориҷӣ
ба системаи маориф давлат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,
аз ҷумла хориҷӣ, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро
маблағгузорӣ мекунанд, андозҳои имтиёзнок пешбинӣ мекунад.
Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии
Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
муқаррар мекунанд.
Моддаи
54. Ҳуқуқи молу мулкии муассисаҳои маориф
Молу мулки муассисаҳои маориф имкон доранд бо қарори муассисон
ба ихтиёрдории онҳо супорида шавад.
Муассисаҳои давлатии таълиму тарбия ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи
муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молу мулки
давлатӣ соҳибӣ кунанд, онҳоро истифода баранд ва ихтиёрдорӣ
намоянд.
Моддаи
55. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ
Муассисаҳои таълимӣ метавонанд вобаста ба шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият ройгон ва пулакӣ бошанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ бо хоҳиши
падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) таълими
иловагии пулакӣ дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.
Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ ва аз
рӯи самтҳои зерин амалӣ мегардад:
барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандарти
давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд;
омӯзиши амиқи мавзӯи дарсҳо, агар чунин омӯзишро намуди
дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад;
дигар намудҳои таълим берун аз стандарти давлатии таҳсилот.
Маблағҳои таълими иловагиро падару модарон (шахсоне, ки
онҳоро иваз мекунанд) ба суратҳисоби муассисаи таълимӣ
мепардозанд.
Дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи
умумии давлатӣ падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд)
метавонанд барои таъмири ҷории синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ
ва хариди таҷҳизоти таълимии зарурӣ маблағҳои ихтиёрӣ
ҷудо кунанд. Маблағҳои ихтиёрӣ бо қарори кумитаи падару
модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар асоси сметаи
хароҷоте, ки муассисаи таълимӣ пешниҳод мекунад, тавассути
хазинаи муассисаи таълимии мазкур бо мақсад истифода мешаванд.
Ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо,
парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии
маблағи нақдӣ ва ғайринақдӣ аз хонандагон ва падару модарони
онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) манъ аст.
Ба омӯзгорони ҳамаи шаклҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолияти
пулакии омӯзгорӣ ва дигар намуди фаъолияти соҳибкорӣ,
ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар
асоси шартнома иҷозат дода мешавад. Андоз аз даромади
чунин навъҳои фаъолият мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон пардохта мешавад.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳақ доранд, ки дар асоси
шартнома аз хонандагону тарбиягирандагон барои хизматҳои
таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла барои таълим дар доираи стандартҳои
давлатии таҳсилот маблағ гиранд.
Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии мазкур фаъолияти
тиҷоратӣ ҳисобида намешавад, дар сурате, ки агар даромад
аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванду
такмили таълиму тарбия, аз ҷумла барои пардохти музди
меҳнат дар муассисаи таълимии марбута сарф карда шавад.
Муносибати байни муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва хонанда,
тарбиягиранда, падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд)
бо шартномае, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андозаи
музди меҳнат, пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян
менамояд, танзим мегардад.
Моддаи
56. Заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ
Ба заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ биноҳо, иншоот,
коммуникатсия, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, ҳудуди замин
ва дигар амволе, ки таҳти идораи ин муассисаҳо қарор доранд,
дохил мешаванд.
Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар асоси
принсипи афзалиятнокӣ ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида
рушд меёбад.
Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимиро ба мақсадҳои
хилофи вазифаҳои асосии онҳо, раванди таълиму тарбия ва
фаъолияте, ки Оинномаи онҳо пешбинӣ накардааст, истифода
бурдан манъ аст.
Қитъаи замини мавриди истифодаи муассисаю ташкилотҳои
системаи маориф ба онҳо беподош ва бемӯҳлат дода мешавад.
Моддаи 57. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон
Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълимӣ
ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла
хориҷӣ тайёр карда мешаванд.
Моддаи
58. Фонди таълим
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ
имкон дорад фонди таълим таъсис дода шавад.
Фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти
муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои эҳсонкории
ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ, шахсони
алоҳида, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
манъ накардааст, таъсис мегардад.
Фонди таълим барои таъмини талаботи моддӣ ва истеъмолии
хонандагони оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии моддӣ,
ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои
солимгардонию маънавӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон
сарф карда мешавад.
Моддаи
59. Эҳсонкорӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, метавонанд тибқи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму
тарбия манзилгоҳ ва биноҳои ғайриистиқоматӣ сохта, онҳоро
бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозимӣ муҷаҳҳаз намоянд, ба
таври хайрия китоб, амвол ва маблағ диҳанд. Муассисаҳои
таълиму тарбия метавонанд хайрияро бо мақсади такмил додани
заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси фонди
таълим ва беҳтар гардонидани раванду такмили таълиму тарбия
истифода баранд.
Шахсоне, ки бо тариқи хайрия муассисаҳои таълимӣ сохта,
онро ба моликияти давлатӣ месупоранд, тибқи қонунгузории
амалкунанда аз имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд.
Моддаи
60. Ҳифзи тандурустӣ, ташкили хӯрок ва хизматрасонии маданӣ
дар системаи маориф
Муассисаи таълимӣ шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими
тандурустии хонандагону тарбиягирандагон нигаронида шудааст,
муҳайё месозад.
Муассисаҳои таълимӣ ҳақ доранд хӯроки хонандагону муаллимон
ва дигар кормандони соҳаи омӯзгориро мустақилона аз ҳисоби
маблағҳои дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии
маҳаллӣ, соҳибкорон, роҳбарони ташкилотҳо метавонанд дар
ташкили хӯроки ройгон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ ва хӯроки имтиёзнок барои хонандагони муассисаҳои
ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ кӯмак расонанд.
Мақомоти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маориф роҳбарӣ мекунанд,
ба муассисаҳои таълиму тарбия барои инкишофи ҷисмонии
хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён ёрии зарурӣ
мерасонанд.
Барои ташкили хизматрасонии тиббӣ, инкишофи маънавӣ ва
бехатарии шароити таълиму тарбияи хонандагон, тарбиягирандагон,
донишҷӯён ва аспирантҳо, мақомоти давлатии идораи маориф,
мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии
идораи маориф, мақомоти идораи тандурустӣ ва ташкилотҳои
он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул
мебошанд.
Хизматрасонии тиббӣ барои кӯдакону наврасони ҳамаи намуди
муассисаҳои таълимӣ ройгон аст.
БОБИ 8.
Робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф
Моддаи
61. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси
шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф мақоми мутамаркази
тамоми сохторҳои соҳаи маориф дар бахши ҳамкории байналмилалӣ
бо муассисаю ташкилотҳои байналмилалии давлатҳои хориҷӣ
ва муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои соҳаи маориф,
муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои
маориф ҳуқуқ доранд бо иҷозати мақомоти ҷумҳуриявии давлатии
идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаю ташкилотҳои
хориҷӣ ва байналмилалӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.
Таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷӣ
дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии
дигар давлатҳо дар асоси низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва шартномаҳои мустақиле,
ки муассисаю ташкилотҳо, мақомоти идораи маориф, ассотсиатсияҳо,
иттифоқҳои муассисаҳои таълимӣ сарфи назар аз шакли ташкилию
ҳуқуқӣ ва моликият, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи
шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебанданд,
дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи
62. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Мақомоти роҳбарикунандаи ҳамаи сохторҳои маориф, муассисаҳои
таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои маориф
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои
ҳуқуқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ
бо тарафи хориҷӣ дар мувофиқа бо мақомоти ҷумҳуриявии
давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо
банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
Муассисаҳои таълимии дорои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби
сомонӣ ва асъорӣ кушоянд.
Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаи
таълимӣ ворид мешавад, бо ҳуқуқи соҳибмулк ба ӯ тааллуқ
дорад ё дар ҳуқуқи оперативии истифодаи он қарор мегирад
ва онро бидуни иҷозати муассисаи мазкур гирифтан мумкин
нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълимӣ,
инкишофи заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии
кормандони соҳаи омӯзгорӣ истифода бурда мешавад.
Муассисаҳои таълиму тарбия, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои
маориф якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ метавонанд мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.
Моддаи
63. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур
роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи
64. Аз эътибор соқит намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“”Дар бораи маориф’’
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 “”Дар
бораи маориф’’ (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
с. 1994, № 1, мод. 30; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
с. 1995, № 22, мод. 272; с. 1996, № 23, мод. 360; с. 1997,
№ 9, мод. 117, фасли III; с. 2003, № 12, мод. 690)’’ аз
эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи
65. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба истиснои банди 4-и моддаи 16, ки аз 1сентябри
соли 2014 амалӣ карда мешавад, пас аз интишори расмӣ мавриди
амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе _____соли 2010 № ___