Хонандагону омӯзгорон
ва сокинони ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар қомат афрӯхтани
мактаби навро дер боз интизор буданд. Зеро мактаби пешинаи
онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошту қисмате аз хонандагон
дар боғчаи кӯдакон ва қисмати дигар дар кулуби деҳа таҳсил
менамуданд. Албатта, дар чунин шароит таҳсил намудан имкониятҳо
хеле маҳдуд мебошад. Хушбахтона, дар муддати 5 моҳ тавассути
лоиҳакашию дастгирии Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти рӯзмараи сохтмончиёни ҶДММ
–и «Сохтмон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа қисмати аввали бинои таълимии
мактаби таҳсилоти умумии рақами 19 бо тарҳи нави замонавӣ
сохта шуд. Бино дуошёна буда, иборат аз 10 синфхона мебошад,
ки дар як баст 240 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта
мешавад. Маблағи сохтмон 880 ҳазор сомониро ташкил дода,
тамоми синфхонаҳо бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳои
китобмонӣ ҷиҳозонида шуд.
Дар маросими кушодашавии мактаб Вазири маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон А. Раҳмонов ва Раиси ноҳияи Бохтар А. Исмоилов
ширкат варзида, аз сифати кори сохтмончиён изҳори қаноатмандӣ
карданд. Дар сӯҳбот бо коллективи омӯзгорон, хонандагон
ва аҳли ҷамоатчигӣ А. Раҳмонов ба истифода додани қисмати
аввали бинои таълимиро аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард ва барои
пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён
изҳори мннатдорӣ баён намуд. Дар идомаи сухан иброз дошт,
ки моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат
ба сифати таҳсилот таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дониши хонандагонро
баланд бардорем ва соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникиро
бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем. Ҳамчунин аз муроҷиатномаи
Президенти кишвар ҷиҳати саҳм гирифтан дар НБО-и «Роғун»
ёддовар шуда, аз сокинони ҷамоати Бохтариён даъват ба амал
овард, ки ҳиссаи арзандаи худро дар ин иншооти тақдирсози
аср мувофиқи имкониятҳо гузоранд. Роҳбарияти ноҳия, омӯзгорону
собиқадорони меҳнат низ аз ғамхориҳои Сарвари давлат ҷиҳати
дастгирии соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, бо боварӣ
изҳор доштанд, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ба кори мактабу маориф
ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонанандагон таваҷҷӯҳи
бештар зоҳир хоҳанд кард.
Баъди анҷоми маросими кӯшодашавии мактаб А. Раҳмонов ба
масъулини соҳа ҷиҳати оғози корҳои сохтмонии қисмати дуюми
бинои таълимӣ ва ба истифода додани он дар соли нави хониши
2010-2011, тахту ҳамворкунии заминҳои атрофи мактаб ва шинонидани
дарахтони ороишию мевадиҳанда дастуру супоришҳои мушаххас
дод.
Мавриди зикр аст, ки Вазири маориф А. Раҳмонов ҳамчунин,
аз ҷараёни корҳои сохтмонии Литсей интернати Президентии
ноҳияи Бохтар барои бачагони болаёқати шаҳру ноҳияҳои вилояти
Хатлон барои 660 ҷойи нишаст дидан намуда, ба сифати корҳои
сохтмонӣ баҳои арзанда дод. Воқеан ҳам лоиҳаи литсейи мазкур
мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, иборат аз
ду хобгоҳ ва бинои таълимӣ мебошад. Бинои таълимӣ фаргири
24 синфхона, 4 устохонаи таълимӣ, дафтарҳои лабараторӣ аз
ҳамаи фанҳои таълимӣ, толори маҷлисгоҳ ва варзишӣ мебошад.
Фармоишгари ин комплекси таълимӣ Дирексияи сохтмони иншооти
ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
буда, пудратчиён ширкатҳои сохтмонии «Ҷалолиддин Румӣ»-и
ноҳияи Рӯдакӣ ва «Сомонсохтмон»-и шаҳри Душанбе мебошад.
Сардори қитъаи соҳтмонӣ Х. Тоҳиров иброз дошт, ки алҳол
90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст ва дар
арафаи соли нави хониши 2010-2011 ин комплекси таълимӣ ба
истифода дода хоҳад шуд ва тӯҳфаи муносибе хоҳад буд ба
истиқболи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ.
Дар нимаи дуюми рӯз Вазири маоифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.
Раҳмонов аз ҷараёни корҳои сохтмони мактаби нави таҳсилоти
умумии рақами 46 деҳаи Ҷомии, ҷамоати Ҳилоли ноҳияи Хуросон
дидан кард. Мактаби мазкур дорои 10 синфхона буда, барои
240 ҷойи нишаст дар як баст сохта шудааст ва барои қабули
хонандагон омода мебошад. Дар ҳоле вориди муассисаи таълимӣ
шудем, ҷобаҷокуни мизу курсиҳо ва тахту ҳамворкунии заминҳо
бо суръат идома дошт. А. Раҳмонов ҷиҳати омода кардани майдончаи
варзишӣ, шинонидани дарахтҳои ороишию мевадиҳанда ва пурра
ба истифода додани муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои наздик ба
масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ноилшо Нуралиев
Котиби матбуоти ВМҶТ