МАКТАБИ НАВ ДАР НОҲИЯИ
ХУРОСОН
Хонандагону омӯзгорон
ва сокинони деҳаи А. Ҷомии ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон
қомат афрӯхтани мактаби навро дер боз интизор буданд. Зеро
мактаби пешинаи онҳо аз тариқи ҳашар сохта шудаву шароити
таҳсил маҳдудтар буд. Аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон мактаби мазкур ба «Барномаи давлатии сохтмон,
таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар
хонаҳои шахсӣ вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ
ҷойгиранд» ворид карда шуда, сохтмонаш моҳи майи соли 2009
оғоз гардид. Тавассути лоиҳакашию дастгирии Раёсати сохтмони
асосии назди Вазорати маориф ва фаъолияти босамари сохтмончиёни
ҶДММ –и «Ниагара-А»-и шаҳри Душанбе мактаби таҳсилоти умумии
рақами 46 бо тарҳи нави замонавӣ сохта шуд. Бино иборат
аз 12 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ ва дафтарҳои
кории омӯзгорону маъмурият буда, дар як баст 288 нафар хонанда
ба таълим фаро гирифта мешавад. Маблағи сохтмон 1 миллиону
167 ҳазору 005 сомониро ташкил дода, тамоми синфхонаҳо бо
мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳои китобмонӣ ҷиҳозонида
шуд. Мавриди зикр аст, ки ин севумин мактаб аст, ки дар
соли 2010 аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии назди Вазарати
маориф ба истифода дода мешавад.
Дар маросими кушодашавии мактаб Вазири маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон А. Раҳмонов ва муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳ.
Ҳакимова ширкат варзида, аз сифати кори сохтмончиён изҳори
қаноатмандӣ карданд. Дар сӯҳбат бо коллективи омӯзгорон,
хонандагон ва аҳли ҷамоатчигӣ А. Раҳмонов ба истифода додани
бинои таълимиро аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард ва барои дар мӯҳлати
муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён
изҳори миннатдорӣ баён намуд. Дар идомаи сухан иброз дошт,
ки моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат
ба сифати таҳсилот таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дониши хонандагонро
баланд бардорем ва соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникиро
бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем.
Ноилшо Нуралиев
Котиби матбуоти ВМҶТ