ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ ПЕШГИРИИ
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
Масъалаи тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишу
маданияти ҳуқуқии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими мубрами
рӯз ба шумор меравад. Дастуру эродҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин бо хонандагони лаёқатманди
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки рӯзи 1-уми сентябри
соли 2009 дар Донишоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида
ба Рӯзи Дониш баён намуданд, моро водор месозад, ки оид
ба ин масъала як қатор тадбирҳо андешем.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии
ҷинояткорӣ дар байни ниболиғону ҷавонон корҳои зиёдеро
ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ
маҳфилҳои гуногуни тарбиявӣ ташкил шуда, бо шоирону нависандагон,
шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, рӯзноманигорону сиёсатмадорон
ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо баргузор мегардад.
Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2009-2010 бо мақсади
амалӣ намудани талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва «Барномаи
ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва
муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва пешгирии
ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, алалхусус хонандагону
донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ бо иқдоми Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи зан ва оилаи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандону донишҷӯёни
22 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри
Душанбе сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Ҳадаф аз ташкили
чунин сӯҳбату вохӯриҳо, пеш аз ҳама ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар
ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи
донишҳои ҳукқуқии ҷавонон мебошад.
Дар ҷамъомадҳо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ
байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилии шаҳри
Душанбе, аз ҷумла сардори Хадамоти мазкур полковники милитсия
Пиров Н. суханронӣ намуда, қайд кард, ки чунин вохӯриҳо
имконият медиҳад, ки то як андоза дар байни хонандагон,
донишҷуён ва ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи
беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи
дониши ҳуқуқии ноболиғон ва ҷавонон корҳои тарғиботиро
ба роҳ монда, роҳҳои пешгирӣ намудани ҷинояткориро фаҳмонда
диҳем. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки кормандони мақомоти
корҳои дохила нисбат ба ноболиғон ва ҷавонон корҳои профилактикии
инфиродӣ мебаранд, ки аз натиҷааш ҳамарӯза ба мақомоти
корҳои дохила гузориш пешниҳод мешавад. Новобаста аз ин,
рафтор ва кирдори баъзе ноболиғону ҷавонон нишон медиҳад,
ки аз тарафи падару модарон ва устодони онҳо масъалаи
таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи дониш, пӯшидани
сарулибос таҳти назорати ҷиддӣ гирифта намешавад. Ноболиғон
ва ҷавонон аз беназоратӣ истифода бурда, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ
ва ҷинояткорӣ мезананд.
Аз баромади масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии
Тоҷикистон маълум гардид, ки ҷинояту ҷинояткорӣ дар 9
моҳи соли 2009 нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 зиёд гардидааст.
Зиёд гардидани ҷинояткорӣ бештар дар шаҳри Душанбе, махсусан
дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино-1 ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 7 ҷиноят ба қайд гирифта
шудааст. Дар 10 моҳи соли 2009 бошад аз ҷониби кормандони
Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 174 маротиба амалиёт
гузаронида шудааст, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задани
1566 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки 95 нафарашонро
хонандагони омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣташкил медиҳанд.
Гурӯҳи корӣ чунин сӯҳбату вохӯриҳоро дар дигар минтақаҳои
ҷумҳурӣ низ бо иштироки донишҷӯёну хонандагон доир намуда,
аз ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён
даъват ба амал овард, ки дар масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ,
беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи
донишҳои ҳуқуқии ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешад. Аз
ин рӯ, раёсати муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон вазифадор
карда шуданд, ки диққати хонандагону донишҷуёнро ҳарчи
бештар ба хондани китоб ҷалб намоянд.
Ҷавонон, ба хусус донишҷӯён низ метавонанд дар масъалаи
пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҷомеа, ба роҳбарони
муассисаҳои таълимӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва махсусан миёни
ҷавонон як қатор амалҳои (чораҳои) судмандро анҷом диҳанд.
Дар ин самт ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ ва мусоидату дастгирӣ
метавонад омили пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ миёни
ноболиғону ҷавонон гардад.
Роҳбарияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади
амалӣ намудани «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ
барои солҳои 2008-2015», беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ
ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагону донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ
дар бораи пешгирӣ намудани одатҳои номатлуб аз қабили
хариду фурӯши одамон, ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ, майхорагӣ,
нашъамандӣ, дарсгурезӣ, инчунин, тарғиб намудани мавзӯъҳои
тарбиявӣ-ҳуқуқӣ, сиёсӣ-ғоявӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори
ватандорӣ тасмим гирифт, ки дар оянда низ чунин вохӯриҳоро
бо кормандони Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону
ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
муассисаҳои таълимӣ доир намояд.