ВАЗОРАТИ МАОРИФИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Раҳнамои матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 12 ЯНВАРИ СОЛИ 2009
Раҳнамои матбуотӣ
Соли 2008 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи
қонунҳои амалкунандаи соҳа, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, фармонҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият намуда,
мувофиқи нақша як қатор масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди
баррасӣ қарор дода, ҳаллу фасл намуд.
Соли 2008 мутобиқи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳоди 4 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида
буд. Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон 16 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳия, бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шуд ва аз тарафи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта гардид.
Дар соли ҳисоботӣ иҷрои «Нақшаи тадбиқи ислоҳоти соҳаи маориф
барои солҳои 2004-2009» зери назорати ҷиддии масъулини соҳа
қарор дошт. Аз 24 банди нақшаи мазкур 14-тои он иҷро гардида,
10 банди дигар, ки характери мунтазам доранд, дар ҳолати
иҷро қарор дорад.
Соли 2008 дар 23 ҷаласаи навбатию ғайринавбатӣ ва сайёри
мушовараи Вазорати маориф 243 масъалаи умдатарини соҳаи
маориф, дар 82 маҷлиси назоратии назди Вазири маориф 102
масъала ва беш аз 154 масъала дар назди муовини аввал ва
муовинони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ
қарор гирифтанд.
Дар робита ба иҷрои давраи дуюми “Барномаи компютеркунонии
муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2011”,
зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои ВМКБ 200 адад компютер ва ба
ноҳияҳои минтақаи Рашт (Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Тавилдара
ва Ҷиргатол) 320 адад компютер тӯҳфа карда шуд. Умуман мактабҳои
таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо 22230 адад компютер таъмин карда
шудаанд, ки ин 66,2 фоизи талаботи Барномаи мазкурро ташкил
медиҳад (аз рӯйи 1 компютер барои 20 хонанда).
Ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии рушди тарбияи томактабӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010”Лоиҳаи “Стандарти
давлатии таҳсилот ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ (то
7 сола) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст ва дар
арафаи пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Соли 2008 43 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
дар озмунҳои байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои
ифтихорӣ ва як нафар ғолиби мутлақ гардиданд.
Дар озмуни довталабони медалҳои тилло ва нуқра 72 нафар
довталаб ширкат варзида, 3 нафар дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ,
4 нафар дар равияи табиӣ-риёзӣ, ҷамъ 7 нафар соҳиби медали
тилло, 7 нафар дар равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ, 6 нафар
дар равияи табиӣ-риёзӣ, ҷамъ 13 нафар соҳиби медали нуқра
гаштанд.
Таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ
таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон қарор дорад. Соли 2007 норасоии омӯзгорон 6856
нафарро ташкил медод. Бо андешидани чораҳои муҳим соли 2008
ин шумора ба 3600 расонида шуд. Норасоии кадрҳо бештар аз
фанҳои забони англисӣ, русӣ, забон ва адабиёти тоҷик, математика,
химия, физика ба назар мерасад.
Аз соли 2005 сар карда, дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф
дар як қатор шаҳру ноҳияҳо шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузории
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда истодааст. То давраи
ҳисоботӣ 1090 мактаб дар 19 ноҳия ба маблағгузории сарикасӣ
гузаронида шудаанд. Аз аввали соли 2009 сар карда, муассисаҳои
таҳсилоти умумии боз 24 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаклҳои
нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронида мешаванд.
Бори аввал қисми аввали китоби «Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбӣ» аз чоп баромад, ҳамчунин озмуни ҷумҳуриявӣ байни
хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбӣ гузаронида шуд. Низомномаи намунавии муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири
нав барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод
гардидаст.
Музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии
касбӣ ба омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баробар
карда шуд. Дар баробари ин аз ҳисоби даромади муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоии касбӣ маоши омӯзгорону устоҳои таълими
истеҳсолӣ аз 200 то 500 сомонӣ зиёд карда шудааст, ки дар
ҳамин давра ин нишондиҳандаи хуб аст.
Бо мақсади расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати
ба таълим фаро гирифтани онҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касби ҷумҳурӣ курсҳои кӯтоҳмуддати 1, 2, 3, 6-моҳа
таъсис ёфта, то имрӯз ин курсҳоро зиёда аз 5 ҳазор нафар
шаҳрвандони ҷумҳурӣ хатм намуда, соҳиби касб гардиданд.
Имсол маъракаи қабули духтарону писарон тибқи квотаи Президентӣ
ба мактабҳои олӣ муташаккилона ҷараён гирифт. Ба муассисаҳои
таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2008-2009
457 нафар писар ва 552 нафар духтарро тариқи сӯҳбат қабул
шуданд. Наҳшаи пешбинишударо ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тоҷикобод
(1 нафарӣ) иҷро накарданд.
Дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 256 ихтисос
мутахассис тайёр карда мешавад. Дар соли ҳисоботӣ барои
тамоми ихтисосҳои мавҷуда нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи дараҷаи
бакалавр ва магистр таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Соли равон барои дарёфти бурсияҳои таҳсилии макотиби олии
кишварҳои хориҷӣ 400 нафар довталабон дар имтиҳонҳои қабул
ширкат намуданд. Ҷамъ дар соли равон ба муассисаҳои таҳсилоти
олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ 400 нафар донишҷӯёну аспирантҳо,
доктору коромӯзон, бо назардошти 82 нафар довталабоне, ки
ба шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии
Қазоқистон тавсия гардидаанд, фиристода шуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди пояи моддию техникии
муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои солҳои 2006-2010» мактабҳои
ҷумҳурӣ бо 4392 ҷуфт мизу курсии талабагӣ, 455 адад тахтаи
синфӣ, 359 адад миз барои омӯзгорон, 464 адад курсӣ барои
омӯзорон, 59 адад мебел барои ҳайати роҳбарикунанда, 335
адад ҷевони китобмонӣ таъмин карда шуданд.
Соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ
170 иншооти соҳаи маориф барои 25638 ҷойи нишаст бо маблағи
70 млн.524 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст,
ки ин нисбат ба соли 2007 41 иншоот ва 2220 ҷойи нишаст
зиёд мебошад. Инчунин дар соли ҳисоботӣ 61 муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар давоми соли хониши 2007-2008 нашриётҳои дохили кишвар,
ки бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри китобҳои
дарсӣ шартнома ба имзо расонида буданд, 37 номгӯйи китобҳои
дарсиро барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 3 405
998 нусха ба маблағи умумии 14 126 442 сомонӣ ба нашр расониданд,
ки ин нишондод нисбат ба соли 2007 1 111 251 нусха зиёд
мебошад.
Дар соли 2008 тибқи нақшаи корӣ ва бо фармонҳои Вазири маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти давлатии назорат
дар соҳаи маориф 38 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия гузаронида
шуд, ки 32 он аз аттестатсия, 2 муассисаи дигар аз аттестатсия
шартан, 4 муассиса аз аттестатсия нагузашта ва 16 муассисаи
таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштанд.
Дар солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас
афзоиш ёфта, ҳиссаи хароҷотҳои соҳа нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти
Дохилӣ (ММД) аз 3,5 фоизи соли 2005 ба 4,7 фоиз дар соли
2008 баробар шуд. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф бо назардошти
барномаҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои махсус дар соли 2008
691,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки он нисбат ба соли
2007 26 фоиз зиёд мебошад. Аз он ҷумла, бевосита маблағҳои
буҷетӣ 562,0 млн. сомониро ташкил дода, 308,8 млн сомонӣ
барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳа пешбинӣ шудааст. Умуман
буҷети соҳаи маориф дар муддати панҷ соли охир зиёда аз
4 маротиба афзуда, соли 2009 тибқи нақша ба 1 млрд.140 млн.
сомонӣ баробар карда шудааст.
Аз соли 1998 сар карда то имрӯз барои дастгирии ислоҳоти
соҳа 12 лоиҳа ба арзиши умумии 106 млн. 721 ҳазору 224 доллари
амрикоӣ ҷалб карда шудааст. Танҳо дар панҷ соли охир 6 лоиҳаи
сармоягузорӣ бо арзиши 70 млн. 820 ҳазору 400 доллари амрикоӣ,
аз он ҷумла 27 млн. 400 ҳазор доллари амрикоӣ дар асоси
грантҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ татбиқ гашта
истодааст.
Дар соли 2008 аз ҷониби ҳамаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар
соҳаи маориф маблағи 19 млн. 521 ҳазору 119 доллари амрикоӣ
ба наҳша гирифта шуда буд. Бо баъзе сабабҳо ба нақшаи молиявии
солонаи лоиҳаҳои “Таҷдиди маориф”, “Таҷдид ва идомаи сохтмони
мактабҳои миёна” ва “Қисми якуми соли дуюми Лоиҳаи гранти
Фонди каталитикӣ” тағйирот ворид карда шуд. Дар натиҷа ин
нақша ба 11 млн. 343 ҳазору 340 доллари амрикоӣ баробар
шуд.
Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар соли 2008 ба 12
млн. 214 ҳазору 88 доллари амрикоӣ ё ин, ки 108 фоизи нақшаи
солонаро ташкил медиҳад. Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ
45 млн. 568 њазору 593 доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.
Дар соли 2008 аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 36 иншоот
(бинои мактабҳо ва шӯъбаи маориф) бо маблағи 3 млн. 635
ҳазору 695 доллари амрикоӣ сохтаю барқарор карда шуда, дар
арафаи соли хониши нав мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар соли 2008, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 24 номгӯи
китобҳо, бо теъдоди 1 млн. 596 ҳазору 750 нусха бо арзиши
1 млн. 982 ҳазору 45 доллар амрикоӣ нашр ва дастраси хонандагон
гардид.
Дар соли 2008, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ, 4236 ҷуфт
мизу курсӣ барои хонандагон, 861 дона мизу курсӣ барои муаллимон,
356 дона ҷевон, 70 дона рафҳои китобмонӣ ва 358 дона тахтаи
синфӣ ба маблағи 631 ҳазору 540 доллари амрикоӣ ва аз ибтидои
татбиқи Лоиҳа мизу курсӣ барои хонандагон, мизу курсӣ барои
муаллимон, рафҳои китобмонӣ ва тахтаи синфӣ ба маблағи 315
ҳазору 515 доллари амрикоӣ харидорӣ карда шудааст.
Вазорати маориф дар нақшаи соли 2009 ҳалли масъалаҳои муҳими
соҳаро дар маркази диққат қарор дода, баҳри бартараф намудани
камбудию норасоиҳо дар ташкили раванди таҳсилот дар муассисаҳои
таълимӣ, таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа,
танзими нақша ва барномаҳои таълимӣ, махсусан баланд бардоштани
сифати дониши хонандагону донишҷӯён чораҳои мушаххас меандешад.
Котиби матбуоти ВМҶТ
Ноилшо Нуралиев
Тел: 223-42-38, 918675513
Email: Noilsho@mail.ru