Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 



МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ


Мактаб - парваришгоҳи солимгардонии ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ имсол боз довталабони даври ниҳоии олимпиадаи хонандагонро ба оғӯш пазируфт. Аз саҳни пури одам, авзои хонандагон ва омӯзгорону волидони онҳо пай бурдан душвор набуд, ки ин дафъа ташвиш нисбатан зиёдтар менамояд. Гурӯҳ – гурӯҳ бо такопӯ, интизорӣ, умедворӣ ва хавотирӣ дар сӯҳбат, гӯё ин сӯҳбатҳо муроди онҳоро наздиктар мегардонда бошад. Худро ба миёни гурӯҳҳо гирифтем: Хусрав аз Дарвоз, Шоҳруху Ғолибшоҳ, Бунёду Зоиршоҳ аз Кӯлоб, Парвиз аз Бадахшону Зебову Маҳмудҷон аз Суғд бо боварӣ изҳори ақида мекарданд. Чеҳраҳошон ифодагари орзуву омолашон, саршори ифтихор ва эътимод. Ҷунбиши якбораи мардум ба сӯи толор ҳуҷуми ногаҳониро ба хотир овард. Мо ҳам худро ба фавҷ задем, рафтем назди дари толор. Як қисми шогирдон бо устодонашон вориди толор гаштанд, аммо ба дигарон ҷой нарасид (охир толор барои тахминан 100, иштирокдорон анқариб 900 нафар). Эълон шуд, ки «дигарҳо надароянд», баромади вазиру раис тавассути баландгӯяк шунавонида мешавад. Ва.. ҳамин тавр ҳам шуд. Воқеан, чаро ин тавр? Мусаллам аст, ки на ҳама дар озмун ғолиб меояд, аммо як нукта нодида гирифта шуд: барои бисёре аз ин иштирокдорон шояд аз ғолибият дида, дидори вазир, сӯҳбати пешорӯ бо ӯ хотирмонтар мегардид, аммо...
Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон имсол ҳам дар ёфтани ҷои мувофиқ муваффақ нашуд. Соли гузашта довталабону шоҳидони ҳол нағз дар хотир доранд, ки озмун бо вуҷуди бисёр муваффақиятҳо, ба чӣ монеаҳое ҷамъбаст гардида буд. Он тавре тавассути ҳафтанома хабар дода будем («Аз озмун то озмун: чӣ бурдем ва чӣ бохтем?»), аз оғоз бисёриҳоро бо кӯчонидан аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба ДДОТ, яъне иваз кардани ҷойи баргузории озмун, дастрас накардани барномаи муайян, зери борони чандрӯза оғози озмунро соатҳо (росто) интизорӣ кашидан, ба иллати камбуди барқ дар ноҳия ва омода набудани генератор (ҳушдор ба масъулин!) қадре кашол ёфтани ифтитоҳи озмун саргардон ва мушавваш гардонида буд. Аҷиб: агарчи имрӯз дарёфти истеъдодҳо барои ҷомеа ифтихоромез ва шодиовар намояд ҳам, дарёфти ҷои талош барои онҳо муаммо гаштааст. Сабаб чӣ бошад: гаронии нархи иҷора, бетартибии иштирокдорон ва ё камтаваҷҷӯҳии аҳли ҷомеаву масъулин? Ҳай- ҳай, айб нест, ки барои рушди истеъдодҳои ҷавон дигарон аз худ гузаранду мо дастгириашон накунем?
Аслан дар ин рӯз иштироки довталабон аз фанҳои дақиқ зарур буд, вале аз чӣ бошад, довталабони фанҳои гуманитарӣ ҳам дар ин рӯз ҳозир шудаву «тӯй» барпо карданд. Корманди масъули ширкати «Шалола» А.Заробеков, ки гурӯҳи шогирдони литсейҳои тоҷикӣ-туркиро роҳбарӣ мекард, аз чунин вазъият изҳори нигаронӣ кард. «Дар ин рӯз ташвиш кашидани ин гурӯҳ ҳеҷ маъно надорад, -изҳор кард ӯ, - беҳтар мебуд, онҳо дар рӯзи муқарраршуда ҳозир мешуданд».
Дар ҳамин ҳол, яъне як қисм дар дохили толор, қисми дигар дар берун олимпиада оғоз ёфт. Дар ибтидо раиси ноҳия Мансур Қодиров ҳозиринро хушомадед гуфта, барои ноҳияи Рӯдакиро интихоб кардани ҷойи баргузории озмуни ҷумҳуриявии хонандагон ба Вазорати маориф изҳори қаноатмандӣ кард. Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов таъкид кард, ки барои ҳамаи иштирокдорони озмуни имсола хотира дигаргунтар аст. «Зеро озмун дар шароите баргузор мегардад, ки соли ҷорӣ Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуда, таваҷҷӯҳи Ҳукумат, ба хусус Президенти кишвар ба ин масъала бештар нигаронида шудааст, - баён кард вазир.- Шумо, ки намунаи беҳтарин гулҳои боғи маърифат ҳастед, гулистони бузургеро ба ёд меоред, гулистоне, ки аз накҳати он атроф муаттар мегардад». А.Раҳмонов аз фаъолияти хуби омӯзгорон, волидон ва ҳукуматҳои маҳал низ изҳори ризоият намуд, зеро дар омодагӣ ва таъмини иштироки бачаҳо ба чунин озмунҳо, умуман дастгирии истеъдодҳо ҳар кадом саҳми муносиб гирифтаанд. «Дарвоқеъ, агар чунин ҳамбастагӣ ва дастгирӣ намебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ мо аз иштироки шогирдону фарзандон дар озмунҳои байналмилалӣ ифтихор намекардем», - зикр кард вазир.
Бегумон, дониши бачаҳо барои ҳар шахс бо ҷасораташ (на густохӣ) лаззатбахш аст. Дар аксари сӯҳбатҳо муайян мегардад, ки барои вазир А.Раҳмонов ҳам ин ҳолат хушҳолкунанда менамояд. Ин аст, ки баъди ҳар баромад дар вохӯриҳо аз андешаву назари бачаҳо пурсон мешавад. Яке аз бачаҳои фаъоли вилояти Суғд чунин гуфт: «Ба ҳама маълум аст, ки шогирдони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ва гимназияи Ҳотам –ПВ дар озмунҳои байналмилалӣ борҳо пирӯзӣ ба даст овардаанд. Оё баъди зинаи болоӣ иштироки онҳо дар ин озмун шарт аст?» Аҳли толор ин пешниҳодро бо хандаву қарсак дастгирӣ карданд, вазир бошад бо шеъри
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтад, шер аст
ба ҷасорати бача илҳом бахшида, ба директори Маркази миллии тестӣ С.Ҷаъфаров супориш дод, ки барои таъмини адолат дониши бачаҳо аз ин ҷиҳат қиёс карда шавад. Директори Маркази кор бо кӯдакони шоиста Ш.Гадоев диққати ҳозиринро ба тартиби барномаи озмун шинос карда, аз ҷумла зикр кард, ки масъалаи ҷои хоб ва хӯроки бепул барои ҳамаи довталабон ва ду нафари мутасаддӣ монеа надорад. «Монеа танҳо халалрасониҳои беҳудаи ҳаводорон аст, ки ҳамасола моро ба ташвиш меорад», - гуфт ӯ.
Сол то сол масъалаи таъмини шаффофият назди мо масъалаҳои нав ба нав мегузорад. Вобаста ба ин рӯзи аввали озмун довталабон иҷрои кори хаттиро бе иштироки ҳакамон ба субут расониданд. Бегоҳӣ баъди анҷоми санҷиш бо маслиҳати бевоситаи вазир ва ректорони донишгоҳҳо доварон интихоб гардиданд. Рӯзи дуюм санҷиши дониши хонандагон тавассути тест сурат гирифт. Воқеан, ҳамасола аз интихоби саволҳои тест довталабон ва муаллимони онҳо норизоӣ баён мекунанд. Масалан, омӯзгори шинохтаи фанни химия Ҳикматулло Тошев (аз ноҳияи Бохтар) дар ин маврид чунин андеша дорад: «Ман ҳайрон ки чаро бештари саволҳо аз доираи макотиби олӣ интихоб мешаванд. Дуруст аст, ки дониши иловагии бачаҳо бояд санҷида шавад, вале дар доираи барномаҳои мактаб ҳам кам нестанд мисолу масъалаҳои душворе, ки дониши баланди бачаҳоро муайян намоем»
Рӯзи сеюм тибқи нақша мебоист маросими тӯҳфасупорӣ ба довталабони фанҳои дақиқ ва оғози олимпиадаи фанҳои гуманитарӣ сурат мегирифт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаи маорифи он ва маъмурони таълимгоҳ саҳни майдончаро хеле хуб омода сохта, ба он намуди идона бахшиданд. Иштироки муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, мудири шӯъбаи илм ва маориф Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Фақеров ва вазири маорифи ҷумҳурӣ А.Раҳмонов ба он шукӯҳи тоза эҳдо намуд. Р.Қурбонова иштироки зиёди довталабонро нишони масъулиятшиносии баланди Вазорати маориф, хусусан, вазири он А.Раҳмонов, омӯзгорону волидон ва худи хонандагон арзёбӣ карда, зикр кард, ки маҳз бо чунин талоши истеъдодҳо мо метавонем, мутахассисони оянда ва ворисони ҳақиқии ниёгонро дарёфт намоем. Ҳамидулло Фақеров мавриди сохтмони мактабҳои махсус барои чунин бачаҳо ва таваҷҷӯҳи Ҳукумат ва Президенти кишвар сухан карда, таъкид намуд, ки барои омода кардани шогирдони сазовор на танҳо шароит ва мутахассисони хуб, инчунин фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ барои устодону шогирдон лозим аст. Абдуҷаббор Раҳмонов ёдовар шуд, ки дар соли 2005 теъдоди довталабон дар чунин озмун ҳамагӣ 50 нафарро ташкил мекард, имрӯз бошад, ин адад ба 900 расидааст. «Боиси ифтихор аст, ки имрӯз шогирдони мо бо олимон баҳс кардаву ҳаққи хешро дифоъ мекунанд, -изҳор кард вазир. – Бовар кардан мумкин аст, ки ин шогирдон оянда метавонанд мавқеи устувори худро миёни ҷомеа пайдо намоянд».
Дар ҳақиқат, ин лутфи вазир ва дар робита ба он ба ҳар эътирози волидону довталабон гӯш додани муовини ӯ Тоҷинисо Маҳмадова барои ҳамаи иштирокдорон илҳомбахш ва шояд зарур ҳам буд. Вале мутаассифона, бисёриҳо аз чунин лутф ба таври худ истифода бурданд. Ин буд, ки натиҷагирӣ аз озмун то дер кашол ёфт. То дараҷае ки дар аппелятсия бал нагирифтаҳо ҳам, кам бал гирифтаҳо ҳам ариза пешниҳод карданд. Чунин кашолкорӣ ба ҳама таъсири бад расонид. Яке аз мондагӣ, дигаре аз саҳлангорӣ, саввумӣ аз интизории зиёд дилгир шуда буданд. Чун мо ҳам дар ин қаторем, имкон надоштем, то бегоҳ интизори натиҷагирӣ шавем. Дар шумораи оянда, даст диҳад, тафсилоти озмун, ҳусну қубҳи он, назару пешниҳодҳо ва мавқеи алоқамандони онро баррасӣ мекунем.

Саидаи ФАЗЛ,
Ноилшо НУРАЛИЕВ,
«Омӯзгор»