Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


Маърӯзаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаштан ба низоми нави таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва 12-солаи умумӣ
(28.04.2010)

Мӯҳтарам Шукурҷон Зуҳурович,
мӯҳтарам аъзои Раёсат,
Вакилон ва ҳозирини гиромӣ,


Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯй овардани он ба муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ ва ворид гаштан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ на танҳо дар сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, балки дар соҳаи маориф низ тағйироти ҷиддиро ба амал овард. Ин талабот зарурати таҷдиди сохтор, мазмуну мӯҳтавои таҳсилот ва ба низоми байналмилалӣ мутобиқ сохтани он, тарбияи кадрҳои ҳамаҷониба инкишофёфтаи ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба миён гузошт.
Бо мақсади иҷрои нуктаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ҷиҳати гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумӣ ва бо ин роҳ замина фароҳам овардан барои ҳамроҳ шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ зарурати пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баъди тасдиқ гардидан дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Аз номи ҷаласаи мушовара ба Вакилони мардумӣ изҳори ташаккур менамоям, ки онҳо ба лоиҳаи мазкур бо ҳусни нияти нек назар намуда, дар кумитаҳо, саркумита, инчунин дар ҷаласаи фраксияи ҲҲДТ мавриди ҷиддӣ қарор дода, ба он тағйирот ворид намуда, онро ба пуррагӣ дастгирӣ карданд. Аз номи ҷаласаи мушовара барои пешниҳод ва ворид карданип иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни мазкур ба вакилони арҷманд изҳори ташаккур менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,
Мавриди зикр аст, ҳангоми баррасии мазъалаи мазкур мо ба таҷрибаи давлатҳое, ки ба ин низоми таҳсилот гузаштаанд, шиносоӣ пайдо намудем. Маълум гардид, ки низоми таҳсилоти 12 сола дар давлатҳои ИМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Испониё, Полша ҷорӣ буда, дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳолланд низоми таҳсилоти 13 ва 14 сола амал мекунад. Аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бошад дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Армения, Гурҷистон ва ӯзбекистон таҳсилоти 12 сола ба роҳ монда шудааст. Дар Қазоқистон ва Қирғисистон ҳуҷҷатҳои стратегии зина ба зина ҷорӣ намудани низоми мазкур ба таври умумӣ таҳия ва қабул шудаанд.
Дар ин раванд лоиҳаи “Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”омода ва барои баррасӣ ба ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, дар асоси Консепяияи мазкур “Барномаи қадам ба қадам гузаштан ба низоми нави таҳсилот” таҳия гардидааст.
Барои гузаштан ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12 сола тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- гузаштан ба таҳсилоти умумии асосии 10-сола (соли хониши 2011-2012);
- қабул ба синфи 1 аз синни 6- солагӣ (соли хониши 2014-2015);
- гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола (соли хониши 2016-2017);
-ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ ( дар синфҳои 11 ва 12);
- минбаъд истифода кардани литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун захираи таълими равиявӣ ва касбӣ дар ҷумҳурӣ.
Мутобиқи меъёрҳои муайяншуда сохтори таҳсилоти умумии 12-сола се зинаро дар бар мегирад:
Зинаи якум – таҳсилоти ибтидоии умумӣ (синфҳои 1-5). Давомнокии таҳсил 5 сол.
Зинаи дуюм – таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 6-10). Давомнокии таҳсил 5 сол.
Зинаи сеюм – таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 11-12). Давомнокии таҳсил 2 сол.
Дар Консепсияи гузариш ба таҳсилоти даҳсолаи ҳатмӣ ва низоми ба таҳсилоти 12-сола ҳамчунин марҳалаҳои гузариш муайян гардидааст. Тибқи консепсияи мазкур дар назар дошта шудааст, ки гузариши мазкур бо тартиби зер сурат мегирад.
Соли хониши 2010-2011 хатми синфи 9 намешавад. Соли таҳсили 2011-2012 синфи 10 ҳатмӣ ҷорӣ карда мешавад. Аз 1 сентябри соли 2011 хонандагони синфи 9 пурра ба синфи 10 гузаронида мешавад.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ шумораи иловагии хонандагони синфи 10 (пештар яқ қисмаш дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ таҳсилро идома медоданд ва ё ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешуданд) 62276 нафарро ташкил медиҳад. Ба таҳсили ҳатмии синфи 10 ҷалб намудани шумораи иловагии хонандагон хароҷоти иловагиро талаб мекунад.
Соли 2012 чопи китобҳо барои синфҳои 1-5 тибқи барномаи нав оғоз мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки дар ин сол 4 млн. нусха китоб бо маблағи 36 млн. сомонӣ ба нашр расонида мешавад.
Солҳои таҳсили 2012/2013 ва 2013/2014 солҳои тайёрӣ барои қабул намудани кӯдакони синни шашсола ба синфи 1 мебошад.
Соли 2013 чопи китобҳо барои синфҳои 1-5 тибқи барномаи нави таълимӣ идома дода мешавад. Дар назар дошта шуааст, ки 3,9 млн. нусха бо маблағи 35,1 млн. сомонӣ ба нашр расонида мешавад.
Дар назар дошта шудааст, ки соли 2014 барои синфҳои 6,7,8,9,10 китобҳои дарсӣ бо теъдоди 12,1 млн. нусха ва бо маблағи 108,9 млн. сомонӣ нашр карда мешавад. Инчунин, барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ курсҳои такмили ихтисос ташкил ва гузаронида мешавад.
Соли таҳсили 2014/2015 (аз 1 сентябри соли 2014) ба синфи 1 кӯдакони шашсола ва ҳафтсола қабул карда мешавад, ки дар синфҳои алоҳида таҳсил хоҳанд кард. Хонандагони синфи 1-шашсола бо барномаи нави таълимӣ ва синфи 1-ҳафтсола бо барномаи амалкунандаи таълимӣ таҳсил хоҳанд кард. Шумораи умумии хонандагони синфи 1-шашсола 190000 нафарро ташкил дода, хароҷоти иловагии ба онҳо вобаста тибқи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ дар чор моҳи соли 2014 ба 18,5 млн. сомонӣ баробар аст.
Барои ҷойгиркунонии шумораи иловагии хонандагон зиёда аз 3600 синфхонаи иловагӣ лозим аст, ки арзиши сохтмони онҳо 108 млн. сомониро ташкил медиҳад. Барои бо таҷҳизоти талабагӣ таъмин намудани синфҳои мазкур зиёда аз 16,7 млн. сомонӣ маблағ лозим аст. Барои бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани шумораи иловагии синфи 1 зиёда аз 6,5 млн. сомонӣ маблағ талаб карда мешавад.
Соли таҳсили 2015/2016 тайёрӣ барои гузариш ба низоми таҳсилоти 12 сола идома меёбад. Аз ҷумла, барои синфҳои 11,12 китобҳои дарсӣ ба нашр расонида мешаванд.
Дар назар дошта шудааст, ки соли таҳсили 2016/2017 низоми таҳсилоти 12-сола ҷорӣ карда мешавад: синфҳои 2 ҳафтсола ба синфи 4 гузаронида шуда, тамоми дигар синфҳо як синф ҷаҳиш мекунанд. Синфҳои 2-шашсола ба синфи 3 мегузаранд. Худи ҳамин сол хатми якуми синфи 12 мешавад.
Бо назардошти муқоисаи дастовардҳои гузашта, нақшаву дурнамои рушди соҳа дар назар дошта шудааст, ки дар муддати солҳои 2011-2016 ҳамагӣ 1050 мактаб, 1460 синфхона, ки дар маҷмӯъ 157 ҳазор ҷойи нишастро ташкил медиҳад, сохта ба истифода дода мешавад. Муассисаҳои таълимӣ бо 120 ҳазор ҷуфт мизу курсии талабагӣ таъмин карда шуда, 23,2 млн. нусха китобҳои дарсӣ чоп карда мешаванд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар ин муддат 17400 нафарро ташкил дода, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 37700 нафар мутахассиси соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешавад.
Аз ҷумла, дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар солҳои 2010 - 2012 (Гранти Фонди каталитикӣ, Фонди Саудии рушд, Бонки Рушди Олмон) сохтмони 77 мактаб иборат аз 903 синфхона барои 21 ҳазору 662 ҷойи нишаст дар 1 баст ба маблағи умумии 41 млн. 30 ҳазор доллари амрикоӣ пешбини гардидааст (10 831-ҷуфт мизу курсии талабагӣ, 903- тахтаи синфӣ ва 903 мизу курсии омӯзгорӣ) сохта ва харидорӣ мешавад.
Дар баробари ин, барномаҳои давлатии рушди вилояти ВМКБ, Суғд ва Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2018 ба тасдиқ расидаанд, ки дар онҳо боби алоҳидаи рушди маориф ба ояндабинии сохтмон, таъмир ва азнавсозии мактабҳо мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, дар боби 7 Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2001-2015 низ масъалаи ҷудо кардани маблағҳо зина ба зина дигар шудааст.
Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки хароҷоти асосии гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми таҳсилоти 12-сола ба ҷалб намудани шумораи иловагии хонандагон ва ҷорӣ намудани нақшаи нави таълимӣ вобаст аст.
Дар робита ба ин, хароҷоти ҷории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба андозаи 113,9 млн. сомонӣ зиёд мегардад. Ҷорӣ намудани нақшаи нави таълимӣ чопи ҳамаи китобу дастурҳоро талаб мекунад, ки арзиши умумии онҳо фақат барои синфҳои тоҷикӣ ба 165 млн. сомонӣ баробар аст.
Масъалаи гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола аз ҷониби мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада шуда, дурнамои маблағгузории соҳаи маориф бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва шумораи хонандагон ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тартиб дода шуд. Ҳисобҳо нишон доданд, ки бо назардошти афзоиши солонаи аҳолӣ (2,1%) ва гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии 10- сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола ҳаҷми умумии маблағгузории иловагии хароҷоти ҷории таҳсилоти миёнаи умумӣ аз соли 2011 то соли 2015 ҳамагӣ 274 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ҳиссаи маблагғузории соҳа дар муқоиса бо низоми амалкунандаи таҳсилот 0,3 фоиз афзоишро нисбат ба ҳаҷми умумии хароҷоти давлатӣ талаб мекунад.
Умуман, ҳисоби хароҷоти гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10 сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола нишон дод, ки ислоҳоти мазкур дар доираи имкониятҳои Буҷети давлатӣ амалӣ шуда метавонад ва қобили дастгирӣ мебошад.
Натиҷаҳо ва муҳимияти ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10 сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола чунин хоҳад буд:
- ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, ки имконият медиҳад, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафта таҳсилоти касбиро идома диҳанд. Алҳол, аксари чунин хонандагон маҷбуранд,пас аз хатми мактаб як ё ду сол ба таври илова таҳсил намоянд ва фақат пас аз ин ҳуқуқи ба мактаби олӣ дохил шуданро пайдо мекунанд;
-ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот, имконият медиҳад, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба инобат гирифта шавад;
-пурра фаро гирифтани кӯдакони синни шашсола ба таҳсилот, аз ҷумла бо назардошти синну сол. Тадбири мазкур имконият медиҳад, сатҳи фарогирии ниҳоят пасти кӯдакон, ки алҳол ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медиҳад, пурра шавад;
-ба таври мукаммал ҷорӣ намудани таҳсилоти равиявӣ ва тахассусӣ, ки ин имконият медиҳад, ки хонандагон ба интихоби касб бештар омода гарданд ва таҳсилоти касбиро бо назардошти қобилияташон ба роҳ монанд. Инчунин, аксари хонандагон пас аз хатми таҳсилоти умумӣ соҳиби сертификат ва ё диплом гардида, дорои касбҳои коргарӣ мешаванд;
- ба таври пурра таҳия намудани барномаву нақшаҳои нави таълимӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ;
- ҷорӣ намудани китобҳои нави таълимӣ ва дастурҳои методӣ;
-фарогирии бештари хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот.
Бори дигар аз номи аъзои ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони мӯҳтарам, ки дар муҳокимаи лоиҳаи мазкур иштирок намуда, барои такмили он пешниҳод манзур карданд, изҳори ташаккур гуфта, бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур дар раванди рушди соҳаи маориф аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тағироти пешниҳодгардидаро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мориф» дастгирӣ менамудед.