МИЗИ МУДАВВАР
АСЛАШ, ОЗМУН РАНГИ ДИГАР МЕХОҲАД
Оғоз
Аз беҳтарин васоити дарёфти истеъдодҳо ташкили озмун аст,
ки хушбахтона, тайи чанд соли охир даври ниҳоии он судманду
самараноктар ранг гирифтааст. Агар не, теъдоди довталабон
аз 50 қариб ба 1000 нафар намерасид. Ва ё аз навоҳии дурдасти
кӯҳистон, ки чанд соли охир хаёли пайдо шудани довталабе
ба сари кас намеомад, имрӯз ғолибон намебаромаданд. Дар
ҳамин ҳол, эроду сангандозиҳои бепоя ба сӯи Вазорати маориф
ва низоми кори масъулини озмуни фаннии мактаббачагон аз
тарафи рӯзноманигорони ба истилоҳ «озодбаён» кам набуд.
Вобаста ба ин идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» тасмим гирифт,
бо иштироки ҳайати ҳакамон, аъзои кумитаи тадорукот, омӯзгорони
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва масъулини дигар сӯҳбати
гирди миз доир намояд. Ҷамъомадро мудири бахши мактабҳои
типпи интернат ва таҳсилоти иловагии Вазорати маориф Ҷалолиддин
Амиров кушода, зарурати ташкили онро зикр кард.
-Имрӯз мо сари як миз бо он мақсад гирд омадаем, ки зарурати
ташкили чунин озмун, ташкил ва шакли гузаронидани он, интихоби
ғолибон, масъулияти доварон, омӯзгорон, довталабон ва дигар
масъулини озмунро аз нигоҳу мушоҳидаи воқеӣ ташреҳ диҳем,
- гуфт ӯ. – Мо бояд пайи ҷустуҷӯ ва муайян кардани беҳтарин
омилҳои шинохти истеъдодҳо имрӯз хулосаҳои худро иброз дорем
ва бубинем, ки дар озмуни имсола то кадом дараҷа мо тавонистем,
эътимоди кӯдаконро ба даст оварда бошем.
Дастовардҳо зиёд…
Саида Набиева
– хабарнигори ҳафтанома: - Бисёр мехостем, ин маврид аз
боби пешравиҳои фаъолияти соҳа дар мисоли иштироки мактаббачагон
дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сӯҳбате дошта бошем. Хуб мешуд,
дар сӯҳбат фикрҳои муҳим, аз ҷумла зарурати ташкили озмунҳои
фаннӣ ва дарки ин зарурат аз тарафи масъулон, тартиб ва
шакли гузаронидани чунин озмунҳо, масъулияти ташкилкунандагон
ва алоқамандони ҷараёни таҳсилот (омӯзгорон, волидон ва
худи хонандагон), интихоб ва таъйинот дар масъалаи доварон,
аъзои комиссияи аппелятсионӣ, аъзои кумитаи тадорукот ва
… довталабон, иртиботи масъалаи шаффофият ва натиҷагирӣ,
дараҷаи имтиёзҳо ба онҳое, ки дар ин кор саҳми бештар доранд,
умуман, низомнома ва ҳусну қубҳи он аз тарафи шумо радду
бадал гарданд.
Тоҷинисо
Маҳмадова – муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ: - Олимпиада
аслан варзиши ақл ва ҳадаф буда, баргузории он интихоби
истеъдодҳост. Дар олимпиада новобаста аз натиҷагирӣ мо бурд
мекунем. Аввал ин ки аз лиҳози маънавӣ истеъдодҳо ташаккул
меёбанд, яъне табаддулоти фикрӣ дар онҳо пайдо мешавад.
Дигар, масъулияти омӯзгорону масъулини тарбияи мактаббачаҳо
баланд мегардад. Олимпиадаи имсола нисбатан пурбортар ба
назар мерасад, зеро аз ҷиҳати иштироки зиёди довталабон
мо ба истеъдодҳои нав дучор шудем. Бояд гуфт, ки дар олимпиада
қисмати зиёди мактабҳои шаҳру навоҳии ҷумсҳурӣ фаъолияти
хуб нишон доданд.
Сафарбек
Раҳимов – доктори илмҳои биология, декани факултети
биологияи ДДОТ: -Ростӣ, шахсан барои ман, ҳамчун довар иштирок
дар ин озмун хеле ногаҳонӣ ва душвор ҳам буд. Зеро бо тавсияи
вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов мо ба Вазорати маориф
даъват шуда супориш гирифтем, ки ба таври фаврӣ се намуди
саволномаҳо барои довталон тартиб диҳем. Дар ҷараёни озмун
санҷиши дониши довталабон тариқи рамз сурат гирифт, ки ин
ҳам бо мақсади таъмини шаффофият буд. Муҳимтарин нуктае,
ки моро хушҳол гардонд, лаҳзаҳои бо доварон баҳс оростани
шогирдон буд. Иштирокдорон кӯшиш мекарданд, ки аз саҳву
хатоиҳои худ огаҳӣ ёбанд. Ин бори дигар аз доништалабии
онҳо дарак медод, агарчи аксаран ҳадафи онҳо аз ғолибият
ба даст овардани роҳхат дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ буд.
Т.Маҳмадова:
- Бори аввал дар озмун довталабон аз кори хаттӣ
баҳои 5/5 гирифтанд. Аз нигоҳи ман, як бартарии озмуни имсола
дар он буд, ки худи довталабон зимни сӯҳбат, дар берун,
дар мубоҳиса ба ҳамдигар аллакай баҳогузорӣ мекарданд. Дар
ҳоле ки ҷамъбаст аз тарафи доварон сурат нагирифта буд,
аллакай онҳо аз рӯи рӯйхатҳо ғолибонро муайян мекарданд.
Аҷибаш ин буд, ки аксаран пешгӯии онҳо дуруст ҳам мебаромад.
С.Раҳимов:
Соли гузашта бо шогирде вохӯрдем, ки бо дониши пухтааш воқеан
ҳам моро тасхир кард. «Садқаи ҳамон омӯзгор ва падару модаре,
ки шуморо тарбия кардаанд»- гуфта будам ба ӯ ва ӯ баринҳо.
Ғолибони тасодуфӣ ҳам кам не
С.Раҳимов:
-Ҳамзамон иштироки баъзе довталабон моро як дараҷа
ба тааҷҷуб овард. Масалан, намояндагон аз як қатор мактабҳои
шаҳрҳои Душанбе (№34, дар ҳоле ки аз ҳамин мактаб дониши
Таманно сазовори таҳсини доварон гардид), Конибодом (гимназияи
№1), Қурғонтеппа (№12) тамоман бе тайёрӣ ба олимпиада омаданд,
ки иштироки онҳо аз бемасъулиятии мутасаддиёни даврҳои дуюму
сеюм гувоҳӣ медиҳад.
Т.Маҳмадова:-
Дарвоқеъ, инъикоси сусти баъзе ноҳияҳо мушоҳида гардид.
Кас аз бемасъулиятии доварон дар даврҳои дуюму сеюм ҳайрон
нашуда намемонад. Бубинед, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ баъзе
хонандагон аз 1,5 то 4, ҳатто 0 хол гирифтанд, яъне ҳеҷ
хол ба даст оварда натавонистанд.
Шараф Бобоев – асисстенти кафедраи иттилоотӣ ва иртиботии
факултети механикаю математикаи ДМТ: - Дар ҳақиқат, баробари
муваффақиятҳо дар озмун ба фикри ман, чанд монеае ҷой дошт,
ки мо наметавонем аз онҳо чашм пӯшем. Аввалан, имрӯз ки
мо дар асри техника ва бештар аз ин дар Соли маориф ва фарҳанги
техникӣ қарор дорем, бояд барои мустаҳкам гардондани дониши
техникии бачаҳо ҳама имкониятҳоро фароҳам созем. Мутаассифона,
теъдоди компютерҳо ва гузашта аз ин сифати пасти фаъолияти
онҳо, ки вирус доштанд, дар инъикоси бехатои кори шогирдон
ва ҳам дар сарфаи вақт таъсири манфӣ расониданд. Хуб мешавад,
ки минбаъд дар чунин озмунҳо барои довталабони фанҳои дақиқ
(на танҳо информатика) синфхонаҳои компютерӣ омода намоем.
Сониян, дар барномаҳои таълимии мактаби миёна тағйиротҳо
ворид кардан мебояд. Дар барномаи имрӯза синфҳои 7-10 барномаҳои
офисӣ ва танҳо синфи 11 барномасозиро меомӯзанд, ки ин нокифоя
аст. Беҳтар аст, чунин тартиби омӯзиш ба инобат гирифта
шавад:
Синфи 7 – омилӣ
Синфи 8- офисӣ
Синфҳои 9, 10, 11 – барномасозӣ.
Як нуктаи дигарро ҳам мехоҳам таъкид кунам. Дар ҳоле ки
мо бо 1000 доллар қобилияти сохтани барномаҳои тестиро дорем,
муҳим нест, ки дар шароити имрӯза аз сканер, ки 4000 доллар
арзиш дорад, истифода барем. Ғайр аз ин мо метавонем барномаҳое
созем, ки бе он ки бачаҳо хабар ёбанд, кори онҳо назорат
карда шавад. Яъне барномаҳое ҳастанд, ки тамоми фаъолияти
бачаро назорат мекунанд.
Турақул Ҷумъаев- омӯзгори гимназияи рақами 53-и шаҳри Душанбе:
- Дар ҳақиқат, барномаи синфи 11 ҳанӯз пухта нест, он такмил
мехоҳад.
Давронбек
Ғоибов- дотсенти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону
Русия: - Вақте мо ба кор сар кардем, аллакай фаҳмидем, ки
чӣ қадар масъулиятро бар дӯш гирифтаем. Бо вуҷуди он шояд
зарур буд, ки мо шабона тамоман хоб намекардем, чун имкон
танг буд. Ба довталабон мо шартҳои масъалаҳоро фаҳмонидем,
аммо ҳаллашонро не. Барои мо ду ҳолат ҷолиб менамуд. Аввалан,
дар озмун баъзе шогирдоне омада буданд, ки бо дониши худ
моро қонеъ карда, бо баҳс ҳаққонияти хешро исбот карда тавонистанд,
сониян, бисёриҳо, ҳатто омӯзгоронашон бо даъво назди мо
меомаданд, аммо худ аз ӯҳдаи ҳалли масъала намебаромаданд.
Ба хусус, дониши геометрии бачаҳо ташвишовар аст.
Абдулло Мирзоев-
дотсенти кафедраи назарияи функсияҳои ДМТ: -Олимпиада нишон
дод, ки то ҳанӯз дар минтақаҳо ба интихоби довталабон эътибори
ҷиддӣ намедиҳанд. Далели ин гуфтаҳо дониши сусти баъзе бачаҳо
буд, ки омаданашон ҷуз ташвиш чизи дигаре ба бор наовард.
Асадулло Шарифзода – дотсенти кафедраи информатикаи факултети
механикаю математикаи ДМТ: - Дар ҳақиқат, интихоби довталабон
бозӣ шудааст. Масалан, аз шаҳри Турсунзода соли гузашта
ҳам аз фанни математика ҳамин хел буд, имсол ҳам, яъне довталабони
сазовор пешниҳод нагаштанд.
Т.Маҳмадова:
- Бале, дуруст аст. Танҳо аз фанни химия баҳои
се довталаб аз ин ноҳия 0 шудааст. Ҳатто баъзе довталабон
аз иншо баҳои 2 гирифтанд, ки ин ҳама аз бемасъулиятии масъулони
даврҳои дуюму сеюм гувоҳӣ медиҳад. Худ қазоват кунед, магар
ин хиёнат ба ҳаёти бача нест?
Гунаҳгори аслиро ёбем
А.Мирзоев: - Ба андешаи ман, тамоми масъулини
гунаҳгорро ёфта ҷазо додан лозим аст. Вагарна, ман аминам,
ки оянда аз ин ҳам сустхонҳо ба озмун роҳ меёбанд.
Т.Ҷумъаев: - Аз солҳои 90-ум инҷониб ман ба фаъолияти довталабон
дар чунин озмунҳо шиносам. Аввалҳо то 150 нафар иштирок
мекарданд, имрӯз тақрибан ҳазор нафар. Ин гувоҳи он аст,
ки талаботи мардум дар ҳақиқат, ба илм афзудааст. Аз нигоҳи
ман, беҳтар аст, аз ҳисоби омӯзгорони мактабҳои миёна ҳам
доварон интихоб гарданд. Зеро тамоми тору пуди кор бо мактаббачагон
барои онҳо ошно буда, мумкин аст, бисёр монеаҳое, ки номбар
шуданд, осонтар паси сар шаванд. Дигар, хуб мешуд, довталабони
ғайриконкурсӣ ҳам, бе он ки ғолиб омаданд ё не, аз озмун
бояд бенаво намерафтанд. Саввум, дар масъалаи ба муҷозот
кашидани муаллимоне, ки шогирдонашон дониши паст доранд,
мо набояд саросема шавем. Чунки дар шароити имрӯз ҷалби
муаллимон ба мактаб кори саҳл нест ва агар мо ин амалро
пеш гирем, худ қазоват кунед, ки чӣ мешавад. Чун имрӯз теъдоди
довталабон дар баробари ифтихор ташвишро ҳам пешорӯ овардааст,
зарур аст, ки аввал кори хаттӣ гирифта, дониши довталабонро
ғалбер намоем. Дигар ин ки дар санҷиши дониши физикии бачаҳо
гумон мекунам, гузаронидани корҳои амалӣ ногузир аст.
Аъзам Тошев- устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон:
- Воқеан, кори амалӣ барои санҷиши тамоми довталабони фанҳои
дақиқ шарт аст, зеро бе ин қисмат мо ба дониши воқеии бача
баҳо дода наметавонем.
А.Шарифзода: - Барои мушкил эҷод накардани
довталабон фикр мекунам, дар минтақаҳо масъалаҳоро муносиб
ба даври ниҳоӣ интихоб кунанд. Масалан, мо масъалаҳоро дар
асоси пешниҳоди озмуни фаннии мактаббачагони Иттиҳоди Давлатҳои
Мустақил интихоб кардем. Талаботи озмуни умумииттифоқӣ ҳамин
буд, ки аксарияти довталабон аз ӯҳдаи ҳалли ду масъала баромада
тавонанд. Вобаста ба ин мо дастуре ҳам омода сохтаем, ки
агар Вазорати маориф онро дастгирӣ намояд, интихоби масъалаҳо
дар чунин ҳолатҳо осон мегардад. Дар баромади муовини вазири
маориф Тоҷинисо Маҳмадова басе хуб зикр ёфтааст, ки масъули
ягона бояд дар озмун муайян гардад. Масалан, мо масъалаҳоро
интихоб кардем, вале нафарони дигар саволномаҳоро баҳогузорӣ
карданд, эътирози омӯзгорону падару модарон ва маломати
сангини онҳо бошад, бар сари мо рехт.
А.Тошев: - Аслан, рамзгузорӣ бояд танҳо бар дӯши раиси доварон
бошад, тамом.
Чанд сухан аз корҳои созмондиҳӣ
С.Раҳимов: -Таҳлили рафти ташкил ва гузаронидани
олимпиада аз он шаҳодат медиҳад, ки тартиби назорат дар
вақти қабули корҳои хаттӣ чандон ба талабот ҷавобгӯ набуд,
чунки ҳайати доварон ё нозирон дар синфхонаҳо бинобар аз
ҳад зиёд будани иштирокдорон имконияти пурра назорат карданро
аз даст дода буданд. Барои мисол, аз фанни биология 81 нафар
довталаб буд. Доварон ду нафар буданд, ки ба ҳар кадоми
онҳо назорати ду синфхона рост меомад. Ба ҳар сурат эҳтиёҷи
бачаҳо ба дониш эҳсос шуда, умед аст, ки оянда бачаҳо рӯ
ба китоб меоранд.
А.Тошев- устоди ДДОТ: - Ман фикр мекунам,
ки сабабгори асосии ташвиши зиёд ворид кардан ба кори мо
иштироки довталабони ғайриконкурсӣ буд. Аз ин рӯ, беҳтар
аст, иштироки онҳоро дар гурӯҳҳои алоҳида таъмин созем.
Дигар ин ки дар озмун довталабоне буданд, ки ба одитарин
саволҳо ҷавоб намедоданд, вале ба кадом хотир ба озмун роҳхат
ёфта тавонистанд, кас дар ҳайрат мемонад. Дар ин маврид
хуб мешавад, ҳайати доварони даври сеюм на аз худи минтақаҳо,
балки аз минтақаҳои дигар интихоб карда шаванд.
А.Мирзоев:- Бар илова довталабони ғайриконкурсӣ
ташвиши кори моро хеле зиёд гардонданд. Дар аппелятсия ҳам
ҳамин ғайриконкурсиҳо бештар ариза пешниҳод карданд.
Т.Маҳмадова: - Дар ҳар сурат фаъолияти довталабони ғайриконкурсӣ
бештару таваҷҷӯҳовар ба назар мерасид. Бубинед, ки баъзе
аз ин бачаҳо баробари ғолибони ҷойи аввал ва ҳатто дар баъзе
мавридҳо зиёдтар хол а даст оварда тавонистанд. Масалан,
Шаҳриёр Назаров (98 хол) аз фанни таърих, Азиза Орифова
(95) аз фанни забони русӣ, Рустам Кенҷаев (96) аз фанни
забони англисӣ, Ҳушанги Мардон (82,5) аз химия бо дониши
худ доваронро қойил карданд.
Ш.Гадоев – директори Маркази кор бо мактаббачагони шоиста:
- Мушоҳидаҳо дар олимипиадаҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд,
ки як сабаби асосии эътирози довталабон ва аппелятсияи онҳо
ба ҷой ва шароити баргузории озмун бастагӣ дорад. Дар озмунҳои
байналмилалӣ, чун шароити баланди таъмини васоити технологӣ
ва синфхонаҳои васеъ ҷой дорад, ягон хел норозигӣ ба амал
намеояд. Баъди таҳлили комиссияи илмӣ натиҷаи кори ҳамаи
иштирокдорон рӯи мизҳо гузошта шуда, ҳар касе мехоҳад, озодона
омада, бо хатоиҳои хеш ошно мешавад. Дар хусуси ғайриконкурсиҳо
гуфтаниам, ки иштироки онҳо аз бисёр ҷиҳат хуб аст. Вале
дар мавриди қадршиносии онҳо андаке дигар меҳрубонӣ кардан
лозим меояд. Азбаски дар тамоми озмунҳои байналмилалӣ ба
ҳамаи ғолибон медал дода мешавад, мо ҳам бояд дар ин маврид
ин меъёрро ба инобат гирем.
М.Хокироев – сармутахассиси раёсати муассисаҳои таҳсилоти
миёна ва муассисаҳои томактабӣ: - Таҷриба нишон медиҳад,
ки озмуни имсола дар ҳақиқат, нисбат ба солҳои пешин шаффофтар
сурат гирифтааст. Вазорати маориф меҳнати омӯзгоронеро ҳам,
ки новобаста ба шароит шогирдони хешро ба ин сатҳ расонидаанд,
қадр мекунад. Ёдовар мешавам, ки тибқи нишондоди Низомнома
ва бо супориши вазири маориф ба тамоми довталабони озмун
Ифтихорномаи Вазорати маориф омода аст, фақат дастрас шуданаш
ба зиммаи худи масъулини муассисаҳост. Дар масъалаи ба имтиҳони
дуюм роҳ надодани довталабони тасодуфӣ дар ҳақиқат, ин нукта
дар Низомномаи довтабалони медалҳои тилло ҷой дорад, вале
дар ин низомнома не. Дар масъалаи кори амалӣ алҳол имкониятҳо
фаровон нестанд. Ба ҳар сурат, омӯхтан даркор…
Ш.Гадоев:
- Воқеан, дар озмунҳои байналмилалӣ дар масъалаи теъдоди
иштирокдорон ва ҳам ғолибон ҳеҷ гуна маҳдудият ҷой надорад.
Масалан, онҳое, ки аз 91 то 100 хол мегиранд, сазовори ҷойи
аввал ва мутаносибан сазовори ҷойҳои дуюму сеюм мегарданд.
Дар олимипадаҳои байналмилалӣ барои тамоми ғолибон (новобаста
аз синф) мувофиқан медал дода мешавад.
А.Шарифзода: - Мехоҳам, як масъалаи дигареро бо
истифода аз фурсат зикр кунам. Мо тӯли 5 рӯз аз кори донишгоҳ
фориғ шудаву аз роҳбарони худ гап ҳам шунидем. Ба мо ваъда
шуда буд, ки ҳаққи меҳнатамон дар ин муддат пардохт мешавад.
Бо таассуф, баъд аз озмун то имрӯз аз ин хусус гапе нест.
Агар ин нукта ба назар гирифта нашавад, дафъаи дигар омадани
ҳар каси дигар ҳам гумон аст.
Ш.Гадоев: - Дар хусуси олимпиадае, ки мо мегузаронем, фикрҳо
алҳол зиёданд. Масалан, мо пеш аз ҳама бояд ба Низомномаи
олимпиада тағйирот ворид созем ва тибқи он вақт ва ҷойи
баргузории олимпиадаҳои фанҳои гуманитарӣ ва фанҳои дақиқро
муайян намоем. Яъне миёни ин ду бояд фосилае гузошта шавад.
Дигар, барои интихоби дурусти истеъдодҳо иштирок ва назорати
намояндагони Вазорати маориф дар даври сеюм (ҳатто зарур
шавад, дар даври дуюм) таъмин гардад. Масалан, хонандае,
ки дар даври сеюм ҷо нагирифт ва бо тавсияи мо дар озмун
иштирок кард, тавонист дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойи намоён
гардад.
Анҷом
Фишӯрдаи сӯҳбат моро ба як хулоса овард:
Дар Низомнома тағйирот ворид карда, бо истифода аз олимпиадаҳои
байналмилалӣ мутобиқ гардондани шароитҳои санҷишу эътирофи
соҳибистеъдодҳо.
Умедворем, то олимпиадаи оянда нуқсонҳои зикршуда барҳам
хӯрда, меъёри шинохти соҳибистеъдодҳо густурдатар мегардад.
Саидаи ФАЗЛ,
Ноилшо НУРАЛИЕВ
«Омӯзгор»