НИЗОМИ НАВИ
ТАҲСИЛОТ
МО БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МЕПАЙВАНДЕМ,
аз ин рӯ гузаштан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ногузир
аст
Ворид шудан ба низоми нави таҳсилот мавзӯи асосии гуфтугӯи
ҷомеа қарор гирифтааст. Баъзеҳо ба он бо шубҳа нигаранд,
баъзеҳо онро истиқбол мегиранд, баъзеҳо дар таҳайюр бошанд,
баъзеи дигар ба он бо тамасхур менигаранд. Дар ҳоле ки зарурати
ба ин низом гузаштан ногузир аст, мо бояд аз ин ислоҳоти
нави Вазорати маориф пуштибонӣ намоем. Барои шарҳи дурусти
паҳлӯҳои норавшани он андешаҳои кормандони масъули Вазорати
маорифро пешниҳод менамоем.
Тоҷинисо Маҳмадова – муовини вазири маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон: - Замони имрӯза тақозо мекунад, ки
мо ҳам чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муносибатҳои нави иқтисоди
бозорӣ рӯй оварда, барои ворид гаштан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар
тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ тағйиротҳо ба амал оварем. Фикр
мекунам, дар ин радиф рӯйдоди ҳама гуна таҳаввулоти судманд,
пеш аз ҳама ба соҳаи маориф мувофиқ ва айни муддао аст.
Маҳз аз ҳамин талабот зарурате ба миён омадааст, ки мо бори
дигар ба таҷдиди сохтор, мазмуну мӯҳтавои таҳсилот ва ба
низоми байналмилалӣ мутобиқ сохтани он, тарбияи кадрҳои
ҳамаҷониба инкишофёфтаи ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат,
инчунин ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хешро равон
созем. Ин маънӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009
хеле равшан ва ҳадафманд ифода гардидааст. Тибқи он дар
кишвари мо зарурати гузаштан аз сентябри соли 2010 ба таҳсилоти
ҳатмии 10-сола ва аз сентябри соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти
умумӣ талаботҳои навро пеш гузошт. Аввалан, барои замина
фароҳам сохтан бобати ҳамроҳ шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти
ҷаҳонӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба миён омад. Вобаста
ба ин Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи
умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, ки
он дар заминаи принсипҳои асосии сиёсати давлати соҳибихтиёри
Тоҷикистон дар соҳаи маориф, тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалии
таҳсилот таҳия шудааст. Яъне, гузариш ба низоми нави таҳсилот
бо мақсади мувофиқ гардонидани стандартҳои таҳсилот бо стандартҳои
байналмилалии таҳсилот, тағйири сохтор ва мазмуни таҳсилоти
миёнаи умумӣ мебошад.
Дарвоқеъ, ҳангоми баррасии мазъалаи мазкур мо ба таҷрибаи
давлатҳое, ки ба ин низом гузаштаанд, шиносоӣ пайдо намудем.
Муайян гардид, ки агар низоми таҳсилот дар давлатҳои ИМА,
Канада, Ҷопон, Фаронса, Испониё, Полша 12- сола ҷорӣ бошад,
пас, дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳолланд он 13 ва
14 солро фаро мегирад. Аз миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ
бошад, дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон,
Гурҷистон ва ӯзбекистон таҳсилоти 12 -сола ба роҳ монда
шудааст. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳуҷҷатҳои стратегии
зина ба зина ҷорӣ намудани низоми мазкур ба таври умумӣ
таҳия ва қабул шудаанд. Дар асоси Консепсияи гузариш ба
низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ Вазорати маориф иҷрои
“Барномаи қадам ба қадам гузаштан ба низоми нави таҳсилот”-ро
таҳия намуда истодааст, ки зимни он иҷрои як қатор тадбирҳои
муҳим дар назди мо меистад. Аз ҷумла:
• гузаштан ба таҳсилоти умумии асосии 10-сола (соли хониши
2011-2012);
• қабул ба синфи 1 аз синни 6- солагӣ (соли хониши 2014-2015);
• гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола (соли хониши
2016-2017);
• ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ ( дар синфҳои
11 ва 12);
• минбаъд истифода кардани литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
ҳамчун захираи таълими равиявӣ ва касбӣ дар ҷумҳурӣ.
Сохтори таҳсилоти умумии 12-сола мутобиқи мӯҳтавои Консепсияи
мазкур се зинаро дар бар мегирад:
Зинаи якум – таҳсилоти ибтидоии умумӣ (синфҳои 1-5)- 5 сол.
Зинаи дуюм – таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 6-10) – 5 сол.
Зинаи сеюм – таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 11-12) -2 сол.
Таҷдиди сохтор, мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию
миёнаи касбӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва
мутобиқати он ба талаботи давлат дар мамлакат равона гардида,
бо ҷалби фаъолонаи ҷомеа сурат мегирад. Ин раванд дар ду
марҳила амалӣ мегардад:
-марҳилаи аввал- солҳои 2011-2013;
-марҳилаи дуюм -солҳои 2014-2016.
Марҳилаи аввал солҳои 2011-2013. Таҷдиди сохтор ва мазмуни
таҳсилоти миёнаи умумӣ давра ба давра ба роҳ монда мешавад.
Дар давоми соли таҳсили 2010-2011 Стандарти давлатии таҳсилоти
миёнаи умумӣ ва Нақшаи таълимии он мураттаб гардида, давра
ба давра то соли 2014 китобҳои дарсии хонандагон омода мешаванд.
Озмоиши низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда,
натиҷаи он аз ҷониби муҳаққиқон таҳлил мегардад. Ин марҳила
бо раванди устуворгардонӣ ва ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии
10- сола анҷом мепазирад. Соли хониши 2010-2011 хатми синфи
9 намешавад ва хонандагони синфи 9 аз 1 сентябри соли хониши
2011-2012 пурра ба синфи 10 мегузаранд ва бо ҳамин таҳсилоти
ҳатмии 10 -сола ҷорӣ карда мешавад. Таҳсилоти ҳатмии 10-
сола аз як тараф, бо мақсади фарогирии бештари хонандагон
ба зинаи сеюми таҳсилот (10-11) сурат гирад, аз тарафи дигар,
бо мақсади замина муҳайё сохтан барои ҷорӣ намудани низоми
таҳсилоти 12- сола амалӣ карда мешавад.
Марҳилаи дуюми азнавсозии таҳсилот солҳои 2014-2016- ро
фаро мегирад. Дар ин давра ҳамаи он тадбирҳое, ки дар марҳилаи
аввал аз озмоиш гузашта, дар асоси натиҷаҳои ба дастомада
дасгирӣ ёфтаанд, пурра бояд татбиқ гардида, моделҳои нави
мазмуни таҳсилот, ташкил ва маблағгузории он ба роҳ монда
шаванд. Кӯдакон ба синфи як аз синни 6- сола қабул мешаванд.
Дар баробари ин дар ин давра низоми нави таҳсилоти миёнаи
умумӣ - гузаштан ба таҳсили 12-сола амалӣ мегардад. Ин тарзи
гузариш дар асоси ба инобат гирифтани хусусиятҳои шароити
маҳалҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта, барои беҳтар шудани сифати
таълим, азбарнамоии дониш, васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинӣ
ва бештар соҳиб гардидан ба маълумати касбӣ ва равиявӣ мусоидат
менамояд.
Ба ин тартиб, соли хониши 2011-2012 синфи 10 ҳатмӣ ҷорӣ
карда мешавад. Аз 1 сентябри соли 2011 хонандагони синфи
9 ба синфи 10 гузаронида мешаванд. Соли таҳсили 2014/2015
(аз 1 сентябри соли 2014) ба синфи 1 кӯдакони шашсола ва
ҳафтсола қабул карда мешавад, ки дар синфҳои алоҳида таҳсил
хоҳанд кард. Хонандагони синфи 1-и шашсола бо барномаи нави
таълимӣ ва синфи 1-и ҳафтсола бо барномаи амалкунандаи таълимӣ
таҳсил хоҳанд кард. Соли таҳсили 2015/2016 тайёрӣ барои
гузариш ба низоми таҳсилоти 12 -сола идома меёбад. Аз ҷумла,
барои синфҳои 11,12 китобҳои дарсӣ ба нашр расонида мешаванд.
Дар назар аст, ки соли таҳсили 2016/2017 низоми таҳсилоти
12-сола ҷорӣ карда мешавад: синфҳои 2 –и ҳафтсола ба синфи
4 гузаронида шуда, тамоми дигар синфҳо як синф ҷаҳиш мекунанд.
Худи ҳамин сол хатми якуми синфи 12 сурат мегирад.
Ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10- сола ва низоми нави таҳсилоти
12-сола муҳимтарин натиҷаҳоро барои мо оварда метавонад.
Фаразан, бо ин роҳ мо метавонем ба фазои ҷаҳонии таҳсилот
ворид шавем. Ин чӣ маънӣ дорад? Ин имконият медиҳад, хатмкунандагони
муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат
дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои мутамаддин идомаи
таҳсилоти касбӣ намоянд. Алҳол, аксари чунин хонандагон
(агар дар мактабҳои олии хориҷа таҳсил кардан хоҳанд) маҷбуранд,
пас аз хатми мактаб як ё ду сол ба таври илова таҳсил намоянд
ва фақат пас аз ин ҳуқуқи ба мактаби олӣ дохил шуданро пайдо
мекунанд. Дигар, ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот
имконият медиҳад, таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба инобат
гирифта шавад. Ё ин ки масъалаи пурра фаро гирифтани кӯдакони
синни шашсола ба таҳсилотро мегирем. Ин тадбир имконият
медиҳад, сатҳи фарогирии ниҳоят пасти кӯдаконро ислоҳ намоем.
Дар сурате ки дар тамоми ҷумҳурӣ ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои
томактабӣ ҳамагӣ 7 фоизро ташкил медиҳад, ба ин восита дастовардҳои
зиёдро муваффақ шудан мумкин аст. Паҳлӯи дигари хуби кор
ба масъалаи ба таври мукаммал ҷорӣ намудани таҳсилоти равиявӣ
ва тахассусӣ иртибот дорад. Дар ин маврид хонандагон метавонанд
дар масъалаи интихоби касб бештар омода гашта, таҳсилоти
касбиро бо назардошти қобилияташон ба роҳ монанд. Инчунин,
аксари хонандагон пас аз хатми таҳсилоти умумӣ соҳиби сертификат
ва ё диплом гардида, дорои касбҳои коргарӣ мешаванд. Акнун
мо метавонем барномаву нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ
ва дастурҳои методиро дар такя бо навтарин таҷрибаи ҷаҳонӣ
таҳия созем. Ҳамчунин бо ин роҳ мо ба фарогирии бештари
хонандагон, хусусан, духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот (10-11)
ҳам муваффақ шуда метавонем.
Фатҳидддин Исмонов– сардори раёсати банақшагирӣ,
бюҷет ва ояндабинӣ: - Бояд гуфт, ки масъалаи гузариш
ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми нави таҳсилоти 12-соларо
мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ дида баромада, бо
назардошти афзоиши аҳолӣ, шумораи хонандагон ва афзоиши
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дурнамои маблағгузории соҳаи
маорифро мураттаб сохтанд. Тибқи таҳлилу ҳисобҳо муайян
гардид, ки ҳаҷми умумии маблағгузории иловагии хароҷоти
ҷории таҳсилоти миёнаи умумӣ аз соли 2011 то соли 2015 бо
назардошти афзоиши солонаи аҳолӣ (2,1%) ва гузаштан ба таҳсилоти
ҳатмии 10- сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола дар маҷмӯъ
279 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Тавре маълум аст, соли 2011-2012 хонандагон синфи 9 пас
аз хатм пурра ба синфи 10 мегузаранд ва танҳо баъди хатми
синфи 10 соҳиби маълумоти миёнаи асосӣ мегарданд. Тибқи
ҳисобҳои пешакӣ шумораи иловагии хонандагони синфи 10, ки
пештар як қисмаш дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳои
омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳанг таҳсилро идома медоданд ва ё
ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешуданд, 62276 нафарро ташкил
медиҳад. Ба таҳсили ҳатмии синфи 10 ҷалб намудани шумораи
иловагии хонандагон хароҷотҳо ва маблағҳои иловагиро тақозо
менамояд ва зарурати кушодани синфҳо, таҳия ва нашри китобу
дастурҳои таълимӣ, тағйир додани ҳуҷҷату коргузории мактабҳоро
ба миён меорад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010
сар карда, тамоми мактабҳо пурра ба маблағгузории сарикасӣ
гузаштаанд. Бо назардошти меъёрҳои амалкунанда, хароҷоти
ҷории муассисаҳои таълимиро, ки ба шумораи иловагии хонандагон
вобаста мебошад, муайян кардан мумкин аст. Тибқи меъёрҳои
мазкур фақат дар чор моҳи соли 2011 бо ин мақсад бояд қариб
4,5 млн. сомонӣ ба таври илова ба нақша гирифта шавад. Маблағи
мазкур, пеш аз ҳама барои пардохти музди меҳнати омӯзгорон
ва хароҷоти коммуналӣ равона мешавад. Дар соли 2012 хароҷоти
мазкурро барои 12 моҳ ҳисоб намудан лозим аст. Барои ҷо
ба ҷо намудани шумораи иловагии хонандагони синфи 10 қариб
6 млн. сомонӣ зарур мебошад. Барои бо китобҳои дарсӣ таъмин
намудани ин хонандагон (синфи 10) 900 000 нусха китоб, ки
хароҷоти чопи онҳо қариб ба 5 млн. сомонӣ баробар аст, маблағҳо
ҷудо бояд ба нақша гирифта шаванд. Таъкид намудан лозим
аст, ки ин чопи китобҳо асосан аз ҳисоби гардиши фонди иҷораи
китобҳо амалӣ карда мешавад.
Ба ин тариқа, хароҷоти иловагӣ вобаста ба гузариш ба таҳсилоти
ҳатмии 10-сола зиёда аз 120 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Маблағи мазкур ба 11,4 фоизи маблағгузории давлатии соҳаи
маориф дар соли 2010 баробар аст. Ҳамзамон, таъкид намудан
лозим аст, ки афзоиши маблағгузории соҳаи маориф дар соли
2011 нисбат ба соли 2010 29 фоиз дар назар дошта шудааст.
Соли 2012 чопи китобҳо барои синфҳои 1-5 тибқи барномаи
нав оғоз мешавад. Дар назар дошта шудаст, ки дар ин сол
4 миллион нусха китоб бо маблағи 36 млн. сомонӣ ба нашр
расонида мешавад. Соли 2013 чопи китобҳо барои синфҳои 1-5
тибқи барномаи нави таълимӣ идома меёбад. Дар назар дошта
шудааст, ки 3,9 млн. нусха бо маблағи 35,1 млн. сомонӣ ба
нашр расонида мешавад. Соли таҳсили 2014/2015 (аз 1 сентябри
соли 2014) ба синфи 1 кӯдакони шашсола ва ҳафтсола қабул
мегарданд, ки дар синфҳои алоҳида таҳсил хоҳанд кард. Шумораи
умумии хонандагони синфи 1-шашсола зиёда аз 190000 нафарро
ташкил дода, хароҷоти иловагии ба онҳо вобаста тибқи меъёрҳои
маблағгузории сарикасӣ дар чор моҳи соли 2014 18,5 млн.
сомониро ташкил мекунад. Барои ҷойгиркунонии шумораи иловагии
хонандагон зиёда аз 3600 синфхонаи иловагӣ (арзиши сохтмони
онҳо 108 млн. сомониро ташкил медиҳад), барои бо таҷҳизоти
талабагӣ таъмин намудани синфҳои мазкур зиёда аз 16,7 млн.
сомонӣ, барои чопи китобҳои дарсӣ бобати таъмин намудани
шумораи иловагии синфи 1 зиёда аз 6,5 млн. сомонӣ маблағ
талаб карда мешавад. Муассисаҳои таълимӣ бо 120 ҳазор ҷуфт
мизу курсии талабагӣ таъмин карда шуда, 23,2 млн. нусха
китобҳои дарсӣ чоп карда мешаванд. Дар назар дошта шудааст,
ки соли 2014 барои синфҳои 6,7,8,9,10 китобҳои дарсӣ бо
теъдоди 12,1 млн. нусха ва бо маблағи 108,9 млн. сомонӣ
нашр карда мешаванд. Инчунин, барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ
курсҳои такмили ихтисос ташкил ва гузаронида мешавад. Ҳисобҳо
нишон медиҳанд, ки хароҷоти асосии гузариш ба таҳсилоти
ҳатмии 10-сола ва низоми таҳсилоти 12-сола ба ҷалб намудани
шумораи иловагии хонандагон ва ҷорӣ намудани нақшаи нави
таълимӣ вобаста аст. Дар робита ба ин, хароҷоти ҷории муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ ба андозаи 113,9 млн. сомонӣ зиёд мегардад.
Ҷорӣ намудани нақшаи нави таълимӣ чопи ҳамаи китобу дастурҳоро
талаб мекунад, ки арзиши умумии он фақат барои синфҳои тоҷикӣ
ба 165 млн. сомонӣ баробар аст.
Умуман, ҳаҷми умумии хароҷоти иловагии гузариш ба низоми
нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (12-сола) дар муддати 7 сол
(солҳои таҳсили 2011-2012 ва 2016-2017) ҳамагӣ 279 млн.
сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳамасола ба 39,9 млн. сомонӣ
баробар мебошад. Маблағи мазкур нисбат ба маблағҳои давлатии
барои соҳаи маориф ҷудошаванда 3-3,5 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд дар назар дошт, ки дар доираи маблағҳои буҷетӣ аслан
хароҷоти ҷории ислоҳоти мазкур ба нақша гирифта мешавад.
Хароҷоти вобаста ба сохтмони синфхонаҳо, чопи китобҳо, такмили
ихтисосои омӯзгорон ва харидорӣ намудани таҷҳизоти мактабӣ
қисман аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, сармоягузорӣ, соҳибкорони
ватанӣ ва маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
амалӣ карда мешаванд. Алҳол, таҳияи буҷети соли 2011 оғоз
шудааст. Бинобар ин зарур аст, ки хароҷоти номбаргардида
барои соли 2011, махсусан, хароҷоти ҷории вобаста ба ҳатмӣ
шудани синфи 10 тибқи меёрҳои маблағгузории сарикасӣ барои
4 моҳи соли 2011 ба нақша гирифта шавад.
Таҳияи Саида НАБИЕВА,
«Омӯзгор»