МОНЕАҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД
Дар нишасти матбуотие,
ки Вазорати маориф бо гурӯҳи калони намояндагони воситаҳои
ахбори ватанию хориҷӣ баргузор намуд, вазири маориф Абдуҷаббор
Раҳмонов нахуст аз нақши ВАО дар рушди соҳаҳои гуногуни
мамлакат сухан гуфта, рӯзноманигоронро даъват кард, ки дар
тарғиби падидаҳои шоиста ва танқиди асосманди нуқсонҳои
мавҷуда дар ҳаёти ҷомеа бештар фаъолу кӯшо бошанд.
Сипас, вазир бевосита ба тафсири фаъолияти Вазорати маориф
дар семоҳаи аввали соли равон шурӯъ намуд ва аз ҷумла, зикр
кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2010 аз ҷониби Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои умдатарини соҳа мавриди
баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати
таълим, амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар ҳамаи
зинаҳои таҳсилот, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз бар кардани
илмҳои муосир, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос,
ташаккули тафаккури техникӣ ва ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ
ворид шудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои амалӣ андешида
шуданд. Вазорати маориф тамоми нерӯи худро баҳри иҷрои қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба амалӣ гардидани фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон шудани соли
2010 –Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» равона намуда, кӯшиш
мекунад, ки нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ин сол таҳиягардидаро
бомуваффақият иҷро намояд.
Лоиҳаи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ
ва Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии
ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби
гурӯҳи корӣ омода гардида, баъд аз мувофиқа бо Вазорату
идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ
бо ташкилотҳои байналмилалӣ имсол як қатор муассисаҳои томактабӣ
бо номи марказҳои инкишофи кӯдакон ба истифода дода шуданд.
Даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо нишон дод, ки таваҷҷӯҳи хонандагон ба фанҳои дақиқ,
махсусан фанҳои физикаву математика афзудааст. Ҳамчунин,
бештар мароқ зоҳир намудани хонандагон ба омӯзиши забонҳои
хориҷӣ ва ширкати онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз
ояндаи дурахшони соҳа дарак медиҳад. 28 нафар мактаббачагони
болаёқат аз литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназияи
«Ҳотам ПВ», литсей-интернати Прездентӣ, мактабҳои шаҳри
Душанбе аз 12 то 19 январ дар озмуни байналхалқии мактабиён
дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд. Аз онҳо 1 нафар
медали тилло (аз фанни технологияи информатсионӣ 1 нафар
медали нуқра (аз фанни математика) ва 4 нафари дигар медали
биринҷиро сазовор шуданд.
Дар ин давра ҳамчунин беш аз 5995 нафар хонандагони синфҳои
5-9 дар даври аввали олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ иштирок
намуданд, ки зиёда аз 500 нафари онҳо ба даври ниҳолӣ баромада,
аз 60 то 100 –холиро соҳиб шуданд.
Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 зери назорати доимии Вазорати
мориф қарор дошта, барои амалӣ гардидани он чораҳои зарурӣ
тарҳрезӣ гардидаанд. Айни замон иҷрои барномаи мазкур дар
сатҳи ҷумҳурӣ 83,3%-ро дар бар мегирад.
Дар семоҳаи сипаригардида фаъолияти як қатор муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ санҷида шуд. Мутаассифона,
дар маҷмӯъ, сифати таълим, пояи моддию техникӣ ва кадрии
ин муассисаҳо паст буда, ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамчунин, санҷишҳо нишон доданд, ки сабабҳои асосии паст
будани дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён дар муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти сусти кафедраҳои ихтисосӣ,
таъминоти нокифоя бо китобҳои дарсӣ, пурра муҷаҳҳаз набудани
лаборатория ва кабинетҳои таълимӣ бо химреактивҳо ва таҷҳизоти
замонавӣ, суст ба роҳ монда шудани маҳфилҳои илмии донишҷӯён
мебошанд. Тасдқи ин нуктаро, инчунин, баррасии масъалаҳои
«Ҳолати таъмини донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои тахассусӣ
ва ғайритахассусӣ» ва «Сифати гузаронидани машғулиятҳои
лабораторӣ аз фанҳои техникӣ ва дақиқ (риёзӣ, химия, физика
ва биология) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» дар мушовараҳои
моҳи феврал ва март собит менамояд. Вобаста ба бартарафсозии
камбудиҳои мавҷуда ба масъулини муассисаҳои олии касбӣ дастуру
супоришҳо дода шуд.
Бо мақсади таъсиси филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи
Россия ва Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси
филиали Донишкадаи энергетикии Москва, филиали Донишкадаи
пӯлод ва хӯлаи Москва, филиали Донишкадаи кӯҳии Санкт-Петербург
ба номи Г.В.Плеханов ва филиали Донишгоҳи миллии техникӣ-
«Донишкадаи политехники Харков» як қатор тадбирҳои амалӣ
андешида шуданд. Дар ин муддат лоиҳаи Созишнома миёни Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи
Москва оид ба таъсис ва фаъолияти филиали ин донишкада дар
ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои мувофиқа ба ҷониби
Федератсияи Россия ирсол карда шуд.
Дар семоҳаи аввали соли равон тибқи нақша бинои мактаб барои
100 ҷойи нишаст дар деҳаи Дашти Килкои ноҳияи Балҷувон,
бинои мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Бохтариёни
ноҳияи Бохтар ва бинои мактаб барои 240 ҷойи нишаст дар
ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ба истифода дода шуд.
Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи
аввали соли 2010 7 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 234072
нусха ба маблағи 1092772,64 сомонӣ ворид гардид. Дар ин
давра 10802 нусха китобҳои дарсӣ, дастур ва маводи таълимӣ
(ба маблағи 47140,42 сомонӣ, ройгон ба шӯъбаҳои маориф ва
дигар муассисаҳо дастрас гардонида шуданд.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ А.Раҳмонов ба суолҳои
сершумори рӯзноманигорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти
Вазорати маориф посухҳои мушаххас ва пурдалел гуфт.
А.МУРОДӣ,
Н.НУРАЛИЕВ,
«Омӯзгор»