Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 


 

 

МУАРРИФИИ МАВОДИ ТАЪЛИМИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф боз ҳам густариш меёбад. Чанде пеш 25 729 нусха китобҳои дарсӣ (аз ҳамаи фанҳои таълимӣ аз синфи 1 то 11), дастурҳои таълимию методӣ ва адабиётҳои бадеӣ аз ҷониби Федератсия Россия барои мактабҳои Тоҷикистон, ки таълимашон бо забони русӣ мебошад, дар доираи барномаи мақсадноки федоролии «Русский язык» ирсол гардид. Дар маросими муаррифии маводҳои таълимӣ, ки 11 феврали соли равон баргузор гардид, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов иштирок намуданд. Абдуҷаббор Раҳмонов дар мавриди ҳамкориҳои босуботи Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф суханронӣ намуда, таъмин муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва адабиётҳои бадеӣ бо забони русӣ аз ташаббусу иқдомҳои навбатии сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев арзёбӣ кард. Таъкид намуд, ки маводҳои таълимии мазкур, ки зиёда аз 200 номгӯйро ташкил дода, дар таъмини Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, дар идомаи сухан аз ҳамкориҳои босуботи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Россия ҷиҳати таъсиси ду филиали муассисаи олии касбии Россия дар Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои ҳаётан муҳим ёддовар шуд.
Зимни суханронӣ Юрий Попов низ аз таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои босуботу судманди Россия ва Тоҷикистон дар шахсияти Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон ёддовар шуда, изҳори боварӣ кард, ки маводҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини сифати дониш ва густариши омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки 1504 нусха китобҳои дарсӣ алакай ба раёсати маорифи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуда, дастраси хонандагону омӯзгорон гардид. Рӯзҳои наздик омӯзгорону муҳасиллини вилоятҳои Суғду Хатлон, Донишкадаҳои такмили ихтсоси шаҳрҳои Қурғонтепа, Хуҷанд, Кӯлоб, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия ва муассисаҳои олии касбие, ки дорои факултаҳои адабиёт ва забони русӣ мебошанд, аз ин маводҳои таълимӣ баҳрабардорӣ хоҳанд намуд.


 

 

Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ