Бедорӣ
барои бачаҳои бедор!
Бачаҳои боистеъдод. Пӯшида нест, ки чун дигар навигариҳои
соҳа ин ибора маҳз дар даврони истиқлолият мавриди таваҷҷӯҳи
бештар гардид. Зеро маҳз дар ҳамин давра падару модарон
ва ҷомеа «бедор» шуданд, ташкили мактабҳои ба истилоҳ
типпи нав вусъат, таълими инфиродӣ ва таҳсилоти иловагии
онҳо рушд ёфт. Мактаббачаҳои Тоҷикистон ҳам имкон ёфтанд,
дар озмунҳои байналмилалӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ сабқат
кунанд, кишвари худро муаррифӣ, Парчами онро баланд бардоранд.
Дар ҳамин ҳол мо набояд ташаббуси Вазорати маорифи Тоҷикистон,
дастгирии Ҳукумати кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ ва
кишварҳои дӯстро фаромӯш кунем. Дар назар аст, фаъолияти
литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ ва гимназияи «Ҳотам ва ПВ», ки
бо дастгирии иқтисодии кишварҳои Туркиё ва Русия аввалин
бор онҳо номи Тоҷикистонро аз ин ҷиҳат маълум гардонданд.
Тавре вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов борҳо дар баромадҳояш
зикр кардааст, дар замони рақобати бозорӣ маҳз бо чунин
имконот истифода аз таҷрибаи дигарон моро ҳамқадами замон
гардонда метавонад.
Тайи чанд соли охир ғолибияти шогирдони ин литсейҳо, инчунин
литсейи Президентии шаҳри Душанбе дар озмунҳои байналмилалӣ
ифтихори моро миёни кишварҳои дунё баландтар гардондааст.
Масалан, дар ду соли охир литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аз озмунҳои
лоиҳавӣ, минтақавӣ, осиёӣ ва ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 9 медали
тилло, 5 нуқра ва 17 биринҷӣ (с.2008-2009), 6 тилло, 19
нуқра, 17 биринҷӣ (2009-2010), гимназияи «Ҳотам ва ПВ»
1 медали тилло, 8 нуқра ва 14 биринҷӣ ва мувофиқан Диплом
ба Тоҷикистон овардаанд.
Аллакай дар оғози ин сол шарафи Тоҷикистонро шогирдони
ин таълимгоҳҳо дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ аз фанҳои
табиӣ - риёзӣ дар кишварҳои Озарбойҷону Қазоқистон ҳимоя
карданд:
Фарзонаи Музаффар, Бежани Маҳмуд, Сиёвуш Абдураҳмонов
– хонандагони синфи 9 (ЛИМТТ) бо гирифтани ҷойи сеюм аз
фанҳои табиӣ, Беҳрӯз Афзалӣ (ҷойи 1 аз фанни технологияи
информатсионӣ), Олимҷони Пираҳмад (ҷойи 2 аз фанни математика),
Меҳрдоди Одил ва Қобил Ҳақназаров (ҷойи 3 аз технологияи
информатсионӣ) аз гимназияи «Ҳотам ва ПВ», Комрон Ғиёсов
(ҷойи 3 аз математика) аз ЛИМТТ, Шоҳрух Давлатов (ҷойи
3 аз физика) аз Литсейи Президентӣ.
Ба устодони ин шогирдон вазири маориф нишони «Аълочии
маорифи ҶТ», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва тӯҳфаҳои
хотиравӣ тақдим намуд. Аз ҷумла А.Раҳмонов зимни тӯҳфасупорӣ
ба директори гимназияи «Ҳотам ва ПВ» Р.Ҳотамов, директори
Литсейи Президентӣ Д.Мӯминова, директори литсейи рақами
1-и шаҳри Исфара А.Азизов, умуман, хидмати устодони ин
қабил шогирдон, заҳмату талошҳои онҳо махсус андешаҳои
худ ва мавқеи Вазорати маорифро нисбат ба онҳо таъкид
намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари ин иқдоми нави Вазорати
маориф бобати иштироки мактаббачаҳои кишвар дар олимипадаи
фосилавӣ, ки тариқи Интернет сурат мегирад, хеле хушҳолкунанда
аст. Дар ин маврид директори Маркази ҷумҳуриявии кор бо
мактаббачагони шоиста Ш.Гадоев чунин изҳор намуд: «Аз
1 то 8 феврали соли ҷорӣ бори аввал дар Тоҷикистон бо
тариқи озод хонандагони макотиби миёна дар даври аввали
Олимпиадаи 6-уми байналхалқии фосилавӣ иштирок намуданд.
Тибқи маълумоти охирине, ки аз Екатеринбург ба даст овардем,
аз Тоҷикистон дар ин давр 5995 нафар иштирок карданд.
Тибқи қарори №2-и кумитаи тадорукоти ин олимпиада барои
иштироки беҳтарин ғолибияти як қатор муассисаҳои таълимии
кишвар муқаррар гардид:
Ҷои аввал: Литсей-интернати Президентӣ бо иштироки 577
хонанда ва 212 ғолиб (тӯҳфа – телевизор);
Ҷои дуюм: шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки
90 фоизи мактабҳои шаҳр (тӯҳфа DVD);
Се ҷои сеюм: шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, литсейи рақами
1-и шаҳри Исфара, гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара
(тӯҳфа DVD)».
Боиси қадршиносист, ки дар байни иштирокчиён қисме аз
онҳо аз 100 холи муқарраршуда имкон ёфтанд, пурра муваффақ
гарданд. Дар назар аст, ғолибон дар даври дуюми он, ки
аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар Екатеринбург баргузор
мегардад, иштирок хоҳанд намуд. Ба 11 нафар хонандагоне,
ки холҳои баландтаринро ба даст оварданд, инчунин ба ҳамаи
ғолибони Олимпиадаи 6-уми байналмилалӣ вазири маориф Абдуҷаббор
Раҳмонов тӯҳфаҳои хотиравӣ, сертификат ва дастагулҳо супорид.
Бегумон, ин бедорӣ дар мавриди бачаҳои бедору ояндаи миллат
ҳанӯз басанда нест. Пас, ҳар он касе имкон дорад, бояд
барои ин бачаҳо кӯмак ва дастгириро дареғ надорад.
Саида НАБИЕВА,
«Омӯзгор»