Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 


 

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ БО САФИРИ ТУРКМАНИСТОН

Дар мулоқоти Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Нурберди Аманмурадов, ки 11 феврали соли равон баргузор гардид, масоили ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯст дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғоз ҷонибҳо аз таваҷҷӯҳи сарварони ҳар ду давлат ба соҳаи маориф истиқбол карда, сипас оид ба барқарор намудани робита миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарду кишвар, таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони туркманӣ бо китобҳои дарсӣ, дар заминаи муассисаҳои олии ҳар ду кишвар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳаётан муҳим пешниҳодҳои судманд баён доштанд.
Айни замон 514 шаҳрванди Туркманистон дар 18 муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои мухталиф таҳсил мекунанд. Дар Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони туркманӣ, 5 муассиса бо забони тоҷикӣ-туркманӣ ва 1 муассиса бо забони тоҷикӣ-туркманӣ-ӯзбекӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 4033 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.


Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ