Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


НИЗОМИ НАВИ ТАҲСИЛОТ
МУШКИЛӢ ТАДРИҶАН ҲАЛ МЕГАРДАД


Ин навбат монеаҳои пеши роҳи низоми нави таҳсилот ва омилҳои умедбахши рафъи он дар масъалаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмини мутахассисон аз нигоҳи сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ баррасӣ мегардад.
Ш.Ёрмуҳамедов - сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус: -Пайдост, ки аз омилҳои муҳими пешрафти кор дар соҳаи маориф масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисон ба шумор меравад. Яъне, агар мо ба ҳама паҳлӯҳои кори соҳа аҳамият диҳему кадрро аз хотир барорем, муваффақ буда наметавонем. Ин масъала ҳанӯз аз замони шӯравӣ барои мо чун монеа ҷой дошта, баъди воқеаҳои маълум зиёдтар гардид. Тадриҷан Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ карданд ва гуфтан мумкин аст, муваффақ ҳам шуданд. Имрӯз мо имкон ёфта истодаем, тавассути ҳавасмандкунӣ, таъминоти қитъаи замин, қадршиносӣ ва афзун гардондани маош бозгашти муаллимонро ба соҳа зиёдтар гардонем. Чораҷӯиҳо бобати ҷалби муаллимони ҷавон идома доранд. Дар давраи гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола бояд дар соли хониши 2011-2012 дар синфи 10 172643 нафар хонанда таҳсил намояд, ки он нисбат ба соли таҳсили 2010-2011 66840 нафар зиёд мебошад. Шумораи зикргардида 2674 синф (синфҳо 25-нафарӣ)-ро ташкил медиҳад, ки ҷиҳати таъмини он аз рӯи 1 воҳиди корӣ (18 соат) 4455 нафар ва аз рӯи 1,5 воҳиди корӣ (27 соат) 2970 нафар омӯзгор лозим мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар солҳои 2010-2014 шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриро аз рӯи равияи омӯзгорӣ 55121 нафар (аз ҷумла 41638 нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ), дар тӯли солҳои 2010-2014 38079 нафар (33661 нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ) хатм менамоянд. Дар сурати пурра ба ҷойи кор ҳозир гардидани мутахассисони ҷавон мушкилии норасоии кадр ба миён намеояд.
Дар ҳолате ки аз соли 2014 кӯдакони 6 ва 7-сола якбора ба синфи 1 мераванд, 193587 нафар хонандаи ин синф зиёд мешавад, ки он 7743 синфро дар бар мегирад. Дар ин маврид ба 7743 нафар омӯзгори синфи ибтидоӣ эҳтиёҷ пайдо мегардад. Ҳамзамон дар тӯли солҳои 2010-2016 шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро 9888 нафар бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм менамоянд, ки аз онҳо 8966 нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар муддати солҳои 2010-2014 бо ихтисоси синфҳои ибтидоӣ 6405 муассисаҳои касбиро нафар хатм менамоянд, ки аз онҳо 5739 нафар аз гурӯҳҳои буҷетӣ мебошанд. Айни ҳол тибқи дархости раёсату шӯъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2010-2011 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳамагӣ ба 118 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ эҳтиёҷ доранд.
Ба ин тариқа, дар сурати зина ба зина гузаштан ба низоми нав мо метавонем, мушкили норасоии мутахассисонро ҳал кунем.
Хайриддин Шарифов – сардори Раёсати сохтмони асосӣ: - Мусаллам аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти дар назди муассисаҳои таълимӣ ҷойдошта ҳанӯз соли 2008 қабули «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнасозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд» -ро ба роҳ монд, ки ин тадбир баҳри ҳалли тамоми монеаҳои дар пешистода ба мо имконияти мусоид дод. Дар амал татбиқ намудани барномаи мазкур тавассути маблағгузории ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи давлат, фондҳои махсуси буҷавӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, сектори хусусӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликияташон ва ташкил намудани ҳашар дар байни аҳолӣ, аз ҷумла аз ҳисоби волидайн, дастпарварони мактабҳо ва бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати молия, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаи қарз ва раёсату шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад. Барнома барои беҳтар шудани сифати таҳсилот ва рафъи мушкили ҷойи нишаст мураттаб гардидааст.
Имрӯз дар ҷомеаи мо зарурати тағйирот даровардан дар низоми таҳсилот ба миён омадааст, ки ин албатта, вазифаҳои навро дар назди мо мегузорад. Тибқи маълумотҳо дар бисёре аз мактабҳо синфхонаҳои холӣ мавҷуданд, ки ин ҳолат эҳтиёҷотро мавриди сохтмони синфхонаҳои нав камтар мекунад. Вале дар маҷмӯъ, тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҳангоми гузариш ба таҳсилоти 10-солаи ҳатмӣ дар як қатор мактабҳои ҷумҳурӣ зарурати сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба миён меояд. Дар натиҷаи омӯзиш муайян гардид, ки дар назди 439 мактаб сохтмони 704 синфхонаи иловагӣ барои 16896 ҷойи нишаст лозим аст. Инчунин зарурати сохтмони 1440 синфхонаи иловагӣ барои 34560 ҷойи нишаст дар назди 362 мактаби ҷумҳурӣ ҳангоми гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсилот ба миён меояд, аз ҷумла дар:
ВМКБ- дар назди 14 мактаб сохтмони 39 синфхонаи иловагӣ барои 936 ҷой;
шаҳри Душанбе -дар назди 18 мактаб сохтмони 111 синфхонаи иловагӣ барои 2664 ҷой;
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -дар назди 70 мактаб сохтмони 271 синфхонаи иловагӣ барои 6504 ҷой;
вилояти Суғд -дар назди 53 мактаб сохтмони 201 синфхона барои 4824 ҷой;
вилояти Хатлон -дар назди 207 мактаб сохтмони 818 синфхона барои 19632 ҷой;
ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони 2144 синфхонаи иловагӣ барои 51456 ҷой дар назди 801 мактаб лозим аст.
Бо назардошти муқоисаи дастовардҳои гузашта ва нақшаву дурнамои рушди соҳа дар назар дошта шудааст, ки дар муддати солҳои 2011-2016 ҳамагӣ 1050 мактаб, 1460 синфхона, ки дар маҷмӯъ 157 ҳазор ҷойи нишастро ташкил медиҳад, сохта ба истифода дода шавад.
Аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар солҳои 2010 - 2012 (аз ҷумла Гранти Фонди каталитикӣ, Фонди Саудии рушд, Бонки Рушди Олмон) сохтмони 77 мактаб иборат аз 903 синфхона барои 21 ҳазору 662 ҷойи нишаст дар 1 баст ба маблағи умумии 41 млн. 30 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.
Баъди ба таҳсилоти ҳатмии даҳсола гузаштан қариб 35 000 ҷойи нишасти иловагӣ ва ё сохтмони 704 синфхонаи иловагӣ барои 17000 ҷойи нишаст (дар сурати дар ду баст таҳсил намудан) лозим мешавад.

Таҳияи Саидаи ФАЗЛ,
“Омӯзгор”