НАҚШИ ТАКМИЛИ
ИХТИСОС ДАР НИЗОМИ НАВ
Вобаста ба гузариши таҳсилоти асосии ҳатмии умумии 10-
сола ва гузариш ба низоми маълумоти миёнаи (пурраи) умумии
12- сола донишкадаю марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси
кормандони маорифро ҳам мебояд дар қатори дигар сохторҳои
тобеи Вазорати маориф дар ҳаллу фасли фармудаҳои Консепсияи
гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи мақсадноки
гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, коркарду дидабароӣ
ва таҳлили консепсияю низомномаҳо, аз қабили консепсияи
маълумоти педагогӣ; консепсияи муассисаҳои маълумоти томактабӣ;
консепсияи маълумоти миёнаи махсус; консепсияи маълумоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; консепсияи маълумоти иловагии
кӯдакон; консепсияи маълумоти бардавом; низомномаи намунавии
муассисаи таҳсилоти умумӣ; низомномаи муассисаи ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ ва чанде дигар саҳм бигиранд.
Шумораи умумии кормандони соҳаи маориф, ки солҳои 2011-2015
аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд, 87603 нафарро ташкил
мекунад, ки нисбат ба шумораи умумии онҳо (103051) 85
фоизро ташкил мекунад. (15448 (ё 15 фоиз)-и онҳо бо чунин
сабабҳо (мутахассисони ҷавон, муаллимони ғоибхон, баъзе
нафақагирон, занони кӯдакони 8-12 сола дошта ва ғайра)
аз курсҳои такмили ихтисос намегузаранд. Ин амал, мутаносибан,
дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чунин аст:
ВМКБ – 5055 (аз 5946 нафар) – 85 фоиз
Вилояти Суғд – 29771 (35024) – 85 фоиз
Вилояти Хатлон – 27590 (32458) – 85 фоиз
ш.Душанбе – 7020 (8258) – 85 фоиз
Ш.Н.Т.Ҷ – 18167 (23365) – 85 фоиз
(Ба ин шумора кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти
умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,
муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ дохил
шудаанд).
Дар солҳои 2011-2015, бахусус соли таҳсили 2011-2012,
ДҶТИБКМ семинарҳои проблемавӣ, курсҳои муаллифиро аз рӯи
равандҳои афзалиятноки рушди маориф ташкил менамояд, монанди
таълими фанҳо дар шароити гузариш ба таълими асосии ҳатмии
миёнаи умумии 10- сола ва низоми нави таҳсилоти миёнаи
умумӣ (12- сола); хусусият ва усулҳои таълимии фанҳои
таълимӣ; ташкил ва таъмини фаъолияти иттиҳодияҳои методии
омӯзгорон; такмил додани фаъолияти идорӣ (аз он ҷумла
аз рӯи техналогияи компютерӣ ва иттилоотӣ); ташкили кор
бо хонандагони рӯҳияи эҷодкоридошта; рушди техналогияи
инноватсионии педагогӣ; истифодаи техналогияи иттилоотӣ
дар фаъолияти касбӣ; масъалаҳои нигоҳдории саломатӣ, ташкили
кор аз рӯи худмуайянкунии иҷтимоӣ – касбии мактаббачагон,
баҳисобгирии хусусиятҳои техналогияи педагогӣ – психологии
хатмкунандагон; ташкили фаъолияти беруназмактабии кӯдакон
ва наврасон; фаъолияти лоҳиявии омӯзгорон ва хонандагон;
муносибатҳои муосир ба ташкили фаъолияти иҷтимоӣ, амал
кардани оилаҳои сарпараст; омӯзиши стандартҳои давлатии
таҳсилот ва стандартҳои фанҳои таълимӣ; шаклу усулҳои
фардикунонии таълим; омӯзиши фанни «Маърифати ислом»;
соли 2010-Соли фарҳанги техникӣ; дарсҳои проблемавӣ дар
ҷаҳони проблемаҳо; шаклу усулҳои корҳои татқиқотӣ, илмӣ
– методӣ; инноватсия ва шаклу усулҳои он; технологияи
иттилоотӣ; маблағгузории сарикасӣ.
Барои таъмини омодагии кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогӣ
низоми таҳсилоти умумӣ ва миёнаи махсус, дар шароити гузариш
ба таълими ҳатмии умумии 10 сола ва гузариш ба низоми
нави таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ шароити баробар фароҳам
оварда шавад. Барои ҳамаи муаллимон ва роҳбарони муассисаҳои
таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар байни курсҳо,
гузаронидани корҳои методӣ пешбинӣ карда мешавад: Консултатсия,
семинар – практикум, мизи мудавар, усутохонаи методӣ,
семинарҳои методӣ, шабҳои эҷодӣ, намоишҳои гуногун (выставкаҳо),
конференсияҳои гуногун, хонишҳои педагогӣ ва ғайра. Номгӯи
курсҳое, ки бо усулҳои ҳисобдории хоҷагӣ гузаронида мешаванд,
бисёр муҳим буда, диққати омӯзгоронро ба худ ҷалб менамоянд.
Ҳамчунин, чун анъана-курсҳои омӯзиши технологияи педагогии
муосир, баландбардории маданияти омӯзгорон таваҷҷӯҳи шунавандагонро
ба худ ҷалб карда метавонад. Солҳои 2011-2015 аз рӯи чунин
равандҳо таълими шунавандагон сурат мегирад: кор бо кӯдаконе,
ки мотиватсияи баланд доранд; усулҳои нави таҳсилоти томактабӣ;
баҳисобгирии хусусиятҳои психологӣ дар кори омӯзгорон;
техналогияи компютерӣ; фаъолияти таҳлилии роҳбар; расонидани
ёрии амалӣ ба мутахассисоне, ки нав ба муассисаҳои таълимӣ
ба кор омадаанд; ҳамчунин ин муаллимон дар семинарҳо,
тренингҳо, устои синф ва ғайра иштирок мекунанд.
Дар амалӣ намудани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон, бахусус,
омӯзгорону падару модарон роҷеъ ба беҳдошти масъалаҳои
иҷтимоӣ ва моддии омӯзгорону хонандагон, тамоми кормандони
соҳа, бозомӯзӣ ва ташкили ихтисоси муаллимони таърих ва
ҷомеашиносӣ, баҳисобгирии вазифаҳои нав, коркарди тартибу
шартҳои нави ташкилу гузаронидани аттестатсияи кадрҳои
педагогӣ, коркарди меъёрҳои иҷтимоии рушд ва банақшагирии
меъёрии маорифи мамлакат иштирок намоянд; бояд муваффақ
шуд, ки муздҳои иловагие, ки муаллимон қариб 70 сол бархӯрдор
буданд, аз нав эҳё карда шаванд; дар коркард ва муайян
кардани меъёрҳои нави хӯрок, сару либос, пойафзол ва чизҳои
ба инҳо монанд, барои таълиму тарбиягирандагони муассисаҳои
таълимӣ, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон иштирок кунанд;
дар коркарди музди кормандони муассисаҳои томактабӣ; барқарор
кардани муассисаҳои беруназмактабӣ (муассисаҳои таҳсилоти
иловагии кӯдакон), (хонаи пешоҳангон, стансияҳои техникони
ҷавон, табиатшиноси ҷавон кишваршиноси ҷавон ва ғайра)
тадбирҳо андешанд. Марказҳои бозомӯзӣ метавонанд, дар
ташкили марказҳои компютерӣ, технологӣ, техникӣ ба мақомоти
маҳаллии идории маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ
намоянд; дар барқароркунӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои
таълимӣ, устохонаҳо ва инкишофи таълими меҳнат, интихоби
касбу ҳунар ба муассисаҳои таълимӣ кӯмак кунанд; тамоми
муаллимони синфҳои ибтидоиро, ки ба кӯдакони 6 -сола дарс
мегӯянд, ба курсҳои махсуси такмили ихтисос ҷалб намоянд
ва ғайра.
Бозомӯзию такмили ихтисоси муаллимон ва роҳбарони муассисаҳои
таълимиро аз рӯи барномаи таҷдиди назаршуда ташкил карда,
дар ҳамин равия бо ҳамин талабот курсҳои махсус, семинар-практикумҳо,
семинарҳои проблемавӣ, амалӣ ва ҷамъомадҳо, конференсияҳо
ва ғайра созмон медиҳанд. Дар робита ба ин шунавандагони
курсҳо корҳои таҷрибавӣ-озмоишӣ мегузаронанд; омодагии
педагогӣ ва психологӣ мегиранд; таҷрибаи пешқадами педагогиро
меомӯзанд, мониторинги ҷараёни озмоиш, таҳлили натиҷаҳо,
коркарди барномаҳои рушд, барномаҳои таълимӣ ва ғайраро
гузаронида ёрии амалӣ мерасонанд. Имрӯз кормандони педагогӣ
ва падару модарони хонандагон ба омӯзиши инноватсионӣ
ақидаи мусбат доранд ва ҳамзамон дар ин равия мушкилию
нофаҳмиҳо доранд. Вазифаи муассисаҳои системаи такмили
ихтисос ба онҳо ёрии амалӣ расондан аст. Ҷараёни корҳои
асосии таҷрибаи озмоишӣ дар навбати аввал чунин буда метавонад;
апробатсия (санҷида расман тасдиқ кардан) ва таҳлили маҷмӯи
корҳои таълимию методии мактабҳои ибтидоӣ; дар амал ворид
намудани барномаҳои таълимии фанҳои нави таълимӣ (забонҳои
хориҷӣ, информатика аз синфи 7; гузаштан ба низому баҳодиҳии
бебали таълим дар синфҳои ибтидоӣ; таълими профилӣ (равиявӣ)
дар зинаи 3-юми таълим; коркард ва ворид намудани технологияи
таълимии нигоҳдории саломатии хонандагон ва ғайра).
Омӯзгорон ва мушовирони донишкадаю марказҳои такмили ихтисос
дар апробатсияи маводи таълимию методӣ дар асоси таҳлили
китобҳои дарсӣ фаъолона бояд саҳм бигиранд (коркарду тартиб
додани китобҳои дарсӣ, бахусус дар аз нав таҳия кардани
онҳо, гузаронидани мониторинги истифодаи маҷмӯи маводи
таълимӣ- методӣ, расонидани кӯмак ба озмоишкунандагони
сифату усулҳои таълим). Бояд дар гузаронидани мониторинги
забони хориҷӣ дар синфҳои 3-4 иштирок карда ба озмоишгарон
ёрӣ расонанд.
Дар баланд бардоштани сатҳи ихтисоси омӯзгорон ва омода
намудани онҳо; баланд бардоштани мақоми кормандони педагогӣ;
ҳавасманд гардонидани кормандони педагогӣ ва идораи соҳаи
маориф; баланд бардоштани маҳорати касбии кадрҳои педагогӣ
ва ғайра фаъолона саҳм бигиранд. Илова ба он, муассисаҳои
системаи такмилу ихтисос (донишкадаҳо, марказҳо, кабинетҳои
методии шӯъбаҳои маориф) дар баланд бардоштани мақоми
кормандони педагогӣ ҳам саҳм гирифта метавонанд (муайян
намудани усули таълим ва шаклҳои назорати он; идоракунии
раванди таълим, фаъолияти ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо,
созмонҳо, самтҳои сиёсати маориф; озодона ба даст овардани
иттилоот; истифодаи ройгони адабиёт; бо манзил таъмин
кардани муаллимон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва
ғайра ҳам кӯмак расонида метавонанд). Баланд бардоштани
маҳорати касбии кормандони маориф, ба мисли коркарду дар
амал санҷидани моделҳои азнавсозии низоми тайёр кардани
кадрҳои педагогӣ дар асоси меъёрҳои алоқамандии масъулияти
омӯзгор бо амалия дар таълиму тарбия бо истифодаи технологияи
инноватсионӣ; таъмини ҷараёни таълим ва баланд бардоштани
сифати он; таҷдиди назар кардани такмили ихтисоси кадрҳо
ва пардохти маблағи хароҷоти онҳо; омӯхтану тақвият додани
технологияи муосири иттилоотӣ; такмили хадамоти методии
мақомоти маҳаллии идории маориф; ба роҳ мондани низоми
самарабахши омодасозӣ, бозсозӣ, аттестатсияи кадрҳои роҳбарикунандаи
соҳа ва муассисаҳои таълимӣ; ҷорӣ намудани низоми ягонаи
ҷобаҷогузории кадрҳои педагогӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи
донишкадаю марказҳои такмили ихтисос дониста мешавад.
Ба ин тариқа, дар амалӣ намудани таҷдиди мазмуни маълумот
ва тарзи назорати сифати он, чун мазмуни таҳсилот ва назорату
баҳои сифати он, коркарду қабули стандартҳои нави маълумот;
озмоиши мазмуни нави маълумот ва сода кардани он; такмили
аттестатсияи кормандони маориф; таҷдиди мазмуни маълумот;
беҳдошти самаранокии маълумот, таъмини тобоварии маълумот
ба рақобати бозори ҷаҳонӣ; мутобиқати мазмуни маълумот
ба манфиати давлат, ҷомеа, шахс; таъмину робитаи мазмуни
маълумот бо ҳаёт; коркарди мазмуни умумиллии маълумот
бо назардошти суннатҳои мардумӣ ва миллӣ; мавриди озмоиш
ва таҳлили тарзи ташкилу гузаронидани аттестатсияи давлатии
муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштироки муассисаҳои системаи
такмили ихтисос шарти муҳим аст.
Ҳабиб ИСКАНДАРОВ,
корманди ДҶТИБКМ