КОНФРОНСИ ИЛМӢ- АМАЛИИ
«ОБ-МАНБАИ ҲАЁТ»
20 апрели соли равон
бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони
соҳаи маориф дар мавзӯи «Об-манбаи ҳаёт» конфронси илмӣ-амалӣ
баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳақиқони муассисаҳои
илмӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд.
Дар сухани ифтитоҳии хеш Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
А. Раҳмонов ибороз намуд, ки барои кишвари мо яке аз сарватҳои
муҳимтарин об мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон муҳимияти ин масъаларо дарк карда, дар ҷаласаи 54-уми
Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки соли 2003
«Соли байналхалқии оби тоза» эълон карда шавад. Пас аз таҷлили
бомуваффақияти ин сана Президенти кишвар «Даҳсолаи амалиёти
Об барои ҳаёт» -ро пешниҳод намуданд, ки ин ҳам пазируфта
шуд. Ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати
стратегии хеш захираҳои истифодаи оқилони обро дар амалӣ
сохтани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ нигаронидааст, ки дар ҳалли
проблемаҳои минтақавӣ аз ҷумла, таъмини барқи аз нигоҳи
экологӣ тоза мусоидат менамояд. Дар анҷом А. Раҳмонов ба
кори конфронс барору комёбиҳо хоста, умедворӣ кард, ки таҳлили
маърӯзаҳои илмии ин конфронс заминаи устувор ба конфронси
байналмиллӣ, ки тобистони ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор
мегардад, хоҳад гузошт.
 |
Дар ҷаласаи асосӣ ҳамчунин, олимони варзидаи тоҷик Ф. Комилов
дар мавриди низоми иттилоотии раванди таъсири антропогенӣ
ба муҳити обӣ ва Г. Раҳимхудоев дар мавзӯи баланд бардоштани
маданияти фаъолияти хоҷагидории инсон оид ба оқилона истифода
бурдани оби тоза баромад карданд. Дар бахшҳои алоҳида конфронс
бошад, 40 мавзӯъи дигар вобаста ба проблемаҳои об мавриди
таҳлилу баррасии олимон қарор гирифт.
Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ