Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 


 

ЭЪЛОН


ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАИ «БАКАЛАВР»-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТУРКИЯ


Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар зинаи бакалавриатураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Туркия аз рӯи ихтисосҳои зерин озмун эълон менамояд:
-истифодабарии нақлиёти ҳавоии мусофиркашонӣ; -тиб; -иқтисодиёт; -муҳандисӣ дар соҳаи мошинсозӣ; -муносибатҳои байналмилалӣ; -муҳандисӣ дар соҳаи нефт ва гази табиӣ; -муҳандисӣ дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ; -муҳандисӣ дар соҳаи маҳсулоти металлургӣ; -муҳандисӣ дар соҳаи компютер; -меъморӣ; -муҳандисӣ дар соҳаи сохтмон; -муҳандисӣ дар соҳаи асбобҳои электронӣ ва алоқа.


Дар озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ буда, дар озмуни байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии фанҳои таълимӣ ғолиб баромадаанд, гирандагони Стипендияи Президентӣ ва дорандагони медалҳои тилло ва нуқра мебошанд ва ҳамчунин донишҷӯёни лаёқатманди курси якуми муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия шудаанд, метавонанд ба сифати довталаб иштирок намоянд.
Шарти асосӣ барои довталабон ин донистани забони таҳсил- англисӣ мебошад.


Мувофиқи талаботи муассисаҳои таълимии кишвари мазкур донишҷӯён дар давоми 1 соли аввал забони таҳсилро (ё курси тайёриро) меомӯзанд, ки ин ба мӯҳлати муқарраргардидаи таҳсил (4 сол) шомил намебошад.
Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
-аризаи асоснокшуда ба унвонии Раиси Комиссияи қабул барои ба сифати довталаб қабул карда шудани ҳуҷчатҳо;
-анкетаи иттилоотӣ;
-нусхаи аттестат ва ё диплом (хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷойи таҳсилашон маълумотномаи тасдиқкардаи роҳбари муассисаи таълимиро пешниҳод карда метавонанд);
-тавсияномаи Раёсат ва ё Шӯъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар бораи дар озмунҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии фанҳои таълимӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани довталаб, барандагони стипендияи Президентӣ ва номӣ, довталабони медалҳои тилло ва нуқра;
-нусхаи «Ифтихорнома»-ҳои дар давоми таҳсил аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмунҳои байналмилалӣ комёбгашта;
-гувоҳномаи тиббии – 086;
-4 дона сурати андозаи барои паспорт муқарраргардида.


Ҳуҷҷатҳо дар бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз 5-уми апрел то 24-уми апрели соли 2010 қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд маълумоти мукаммалро бо телефонҳои 227-65-60; 221- 11-75; 221-18-83 дарёфт кунанд.
Имтиҳони қабул соати 11.00-и рӯзи 25-уми апрел дар Донишгоҳи мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон