РОҒУН-ОҒОЗИ
ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ
Анвар АБДУРАСУЛОВ,
ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ:
-Дар давраи мураккаби бархӯрди тамаддунҳо ва тағйирёбии
глобалии арзишҳои сиёсию маънавӣ, ҷаҳонишавию зеҳникунонии
раванди меҳнат ва дигар шаклҳои фаъолияти ҷомеа мақоми нерӯи
зеҳнӣ ва сатҳи маърифатнокии мардум, махсусан маърифатнокии
илмию техникӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Соли 2010-ро
Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардани Президенти
мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарки амиқи ин зарурат,
иқдоми муҳим дар вусъат бахшидани рушди иқтисодии мамлакат
мебошад.
Бояд гуфт, фарҳанги техникӣ маънии танҳо дорои технология
будан нест, он ифодагари муносибати ҷомеа ба боигариҳои
табиию техникӣ низ аст. Дастгирии васеи мардум аз иқдоми
Президенти кишвар оид ба истифодаи захираҳои дохилӣ ва саҳми
шаҳрвандон дар бунёди НБО-и Роғунро оғози ташаккули фарҳанги
техникии ҷомеа метавон номид.
Дар ин росто, соли гузашта барои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
бо ҳама дастоварду мушкилиҳо чун категорияи диалектикӣ қобили
қабул буд. Зеро он воқеияти ҷомеаи ба таври динамикӣ инкишофёбанда,
инъикоси вазъи талошу ҷустуҷӯ, навсозӣ ва рушди ҷумҳурӣ
ба ҳисоб меравад. Мо фаъолияти панҷсолаи хешро таҳлилу баҳодиҳӣ
намуда, дурнамои фаъолиятро барои панҷ соли оянда тарҳрезӣ
намудем. Бо вуҷуди мушкилиҳо аксари биноҳои таълимӣ таъмир,
пояи моддӣ-техникӣ мустаҳкам, озмоишгоҳҳо ва китобхона муҷаҳҳаз
гардиданд. Тибқи Барномаи рушди донишгоҳ барои солҳои 2008-2015
ва соли маориф ва фарҳанги техникӣ иҷрои масъалаҳои зеринро
муҳим мешуморем, ки онҳо барои таълимгоҳҳои дигари олии
мамлакат низ аз аҳамият холӣ нестанд:
- Бо истифодаи пояи моддӣ-техникӣ дар оянда гузаштан аз
нишондиҳандаи миқдорӣ ба сифати тайёркунии кадрҳо. Баъзе
монеаҳо дар ин роҳ мавҷуданд. Пеш аз ҳама норасоии маблағгузорӣ.
Чунончи, дар ҳоле, ки маблағгузории солона барои Донишгоҳи
миллии техникии Қазоқистон нисбати донишгоҳи мо 35 баробар
зиёд аст, моро такя кардан мемонад ба нерӯи зеҳнии фардӣ,
дарёфт ва тарбияи ҷавонони лаёқатманд.
- Тайёр кардани мутахассисон бо ҳамкорӣ ва фармоиши корхонаҳо.
Бо ин мақсад дар навбати аввал дар донишгоҳ бо ҷалби намояндагони
вазорату муассисаҳои корфармо таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсоз
ва ё сарпарастон зарур аст.
-Таъсиси бюроҳои ихтироъкорию созандагӣ, корхонаҳои хурди
истеҳсолӣ, технопаркҳо.
- Таъсиси маҷаллаи илмию оммавӣ. Фарҳанги техникии мардум,
пеш аз ҳама насли ҷавонро баланд бояд бардошт, дар ин бобат
муттаҳид намудан ва ба як мақсад равона намудани қувваи
тамоми муассисаҳои олӣ ба манфиати кор аст.
Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тарзу фаъолияти донишгоҳро
аз қабули довталабон то сохтори донишгоҳ бояд такмил дод.
Ҳисоботи солонаи вазири маориф тамоми соҳаҳои фаъолиятро
инъикос намуд. Новобаста ба камбудию мушкилоти мавҷуда фаъолияти
Вазорати маорифро мусбат арзёбӣ менамоям.
Мушкилот
ҳалшавандаанд
Ҷӯрабой СОБИРОВ, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон:
-Бо мақсади иҷрои дастурҳои вазири маорифи ҷумҳурӣ мӯҳтарам
Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба рафъи камбудиҳо, пеш аз ҳама
дар бобати сатҳи сифати дониши хонандагон соли гузашта аҳли
маорифи вилоят чораҳои зарурӣ андешиданд. Мудирони маорифи
чанд ноҳияро иваз кардем. Оид ба эродҳои вазири маориф дар
бобати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда бояд
гуфт, ки онҳо минбаъд ҳам бо назардошти салоҳият, донишу
истеъдод, масъулияти шахсӣ пешниҳод ва таъин хоҳанд шуд.
Ҳарчанд сатҳи дониши хонандагон ҳоло ҳам тибқи талаботи
рӯз нест, ногуфта намонад, ки назар ба солҳои пеш беҳбудӣ
ёфтааст. Соли 2009 хонандагони болаёқати мактабҳои вилоят
дар олимпиадаҳо соҳиби чор медали тилло шуданд. Ин муваффақияти
калон аст. Ҳамчунин, соҳиби 43 ҷойҳои намоён гаштанд. Як
нафар хатмкунандаи мактаби литсеи рақами 1-и ноҳияи Ёвон
сазовори медали тилло шуд. Албатта, моро зарур аст, ки оид
ба риояи меъёри баҳогузорӣ андеша кунем. Акнун масъалаи
навбатӣ таъмини таълимгоҳҳо бо кадрҳои соҳибкасб аст. Фикр
мекунам, ҳадафи мазкур низ иҷрошаванда аст.
Беэътиборӣ
нашояд
Маҳмуд ШОЕВ, сардори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои
дарсӣ, илмию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Бори аввал пас аз нашри китобҳои дарсӣ аз соли 2001 то
имрӯз оид ба маблағи китобҳои дарсӣ, иҷораи онҳо, маблағи
баргардондашуда ва ғайра бо тамоми шӯъбаҳои маорифи шаҳру
ноҳияҳо санади муқоисавӣ тартиб додем. Санадҳо аз тарафи
шахсони мутасаддӣ имзо ва тасдиқ гаштанд. Бо вуҷуди беҳбудӣ
дар ин соҳа қарзи иҷораи китоб ҳоло ҳам зиёд аст. Ин қарзҳо
ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оиданд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта ба шӯъбаҳои маориф 1 628 588
нусха китоб ба маблағи 10 638 889 сомонӣ дастрас гардид.
Тибқи маълумотҳо маблағи иҷораи китоб аз чанд ноҳия на ба
сурат- ҳисоби Вазорати маориф, балки ба буҷаи давлат интиқол
гардидааст. Дар бораи ба инобат гирифтани ин маблағҳо бо
якҷоягии Вазорати молияи ҷумҳурӣ чора андешида мешавад.
Чаро чунин ҳолат рӯй додааст? Ба назари мо агар масъулони
соҳа тибқи Низомнома соле ду маротиба дар бораи низоми иҷора
ҳисобот пешниҳод мекарданд, чунин нофаҳмиҳо рух намедоданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии қарзи шӯъбаҳои
маориф аз иҷораи китоб, пеш аз ҳама, набудани кори ҳисобу
китоб дар таълимгоҳҳо, ғайримақсад истифода шудани маблағ,
сари вақт тақсим нашудани китобҳо, номутаносиб тақсим шудани
онҳо мебошад. Ҳамчунин, сарварони мактабҳо низ ба шӯъбаҳои
маориф дар бораи ба иҷора додани китобҳои мавҷуда ҳисобот
доданро зарур намедонанд, маблағҳоро пешниҳод намекунанд.
Мудирони шӯъбаҳо низ дар ин бобат фориғболӣ зоҳир мекунанд.
Дар натиҷа онҳо низ маълумоти дақиқ дар даст надоранд. Умедворем,
дар ин бобат минбаъд мутасаддиён масъулият зоҳир хоҳанд
кард.
Ҳукумати
маҳал дастгири мост
Маҳмадулло АМИНОВ, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Файзобод:
-Устодону шогирдони ноҳия дар соле, ки гузашт, ба муваффақиятҳои
намоён ноил гардиданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи шогирдон
моро хушнуд намуданд. Бори аввал шумораи аз ҳама бештари
хонандагон дар олимпиадаҳо ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои
намоён шуданд. Масъалаи норасоии кадрҳо чун дар тамоми ҷумҳурӣ
ҳалли худро ёфт. Бояд гуфт, ки мактабҳои ноҳияи мо қувваи
намоёни кадрҳои педагогӣ доранд. Омӯзгорони беҳтарини мо
дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳуранд. Аз ин рӯ, таъкиди
вазири маориф мӯҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонов дар бораи истифодаи
таҷрибаи муаллимони соҳибкасби минтақаҳо айни муддаост.
Дар муваффақияти корамон дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
маҳаллии ноҳияро муҳим мешуморем. Ҳукумати ноҳия бо дарду
доғи мо шарик аст. Танҳо соли гузашта 8 мактаб сохта шуд.
Мактабҳо ба зимистон хуб омодаанд.
Аз миқдор
ба сифат
Ҳамиддулохон ФАҚЕРОВ, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Аз фурсат истифода намуда, ҳозирин ва дар шахси шумо тамоми
аҳли маорифро ба Соли нави 2010, ки бо ташаббуси Сарвари
давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маориф ва фарҳанги техникӣ
эълон гардидааст, табрику таҳният мегӯям.
Соли сипаришуда дар соҳаи маориф корҳои назаррас анҷом дода
шуданд. Таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан, Ҷаноби Олӣ
мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи тақдирсоз зиёд аст.
Маблағгузории соҳаи маориф сол аз сол зиёд шуда, дар чор
соли охир, чӣ тавре шунидед, 27 маротиба афзудааст. Натиҷаи
ҳамин таваҷҷӯҳ аст, ки 23 декабри соли 2009 вохӯрии Президенти
мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф баргузор
гардида, дар он масъалаҳои муҳими соҳаи маориф мавриди муҳокима
қарор гирифтанд. Дар иртибот ба вохӯрии мазкур Нақшаи чорабиниҳо
таҳия шуд, ки он барои иҷро ба Вазорату ташкилотҳои дахлдор
фиристода шудааст. Боварӣ ҳаст, ки нутқи пурмӯҳтавои ҷаноби
Олӣ ва Нақшаи чорабиниҳо мавриди дастгирии кормандони соҳаи
маориф мегардад.
Пӯшида нест, ки қадами аввалини кӯдак дар ҷодаи таълиму
тарбия аз оила оғоз меёбад. Имрӯз ин масъала хеле муҳим
аст. Вобаста ба ин, супориши Президенти мамлакат дар бораи
пешниҳоди лоиҳаи Қонуни ҷумҳурӣ дар бораи масъулияти падару
модар дар тарбия ва донишандӯзии фарзандон бешак саривақтӣ
ва тақозои замон мебошад. Бинобар ин, мутахассисонро зарур
аст, ки ҳарчи зуд лоиҳаи онро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат маҳз ба
маориф такя мекунанд, чунки мо –аҳли маориф одоб ва маърифати
ҷомеаро ташаккул медиҳем. Илова ба ин, чӣ тавре дар машварати
охирин зикр шуд, мо тақвияти зеҳнии ҷомеаро низ ба дӯш бояд
дошта бошем. Зеро ҳодисаҳои ногувор кам нестанд. Ҳатто гурӯҳҳое
пайдо шудаанд, ки ба арзишҳои миллӣ дасти таҷовуз дароз
мекунанд. Мисоли ин муносибати ҳаракати толибон ба ёдгориҳои
таърихии миллат буда метавонад. Вақтҳои охир баъзе падару
модарон бештар таваҷҷӯҳашонро ба ҷалби фарзандонашон ба
масҷидҳо равона кардаанд. Мо дар ин бора бояд дуруст андеша
кунем. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзеҳо дар бораи Наврӯз
суханҳои нораво мегӯянд. Ҳол он ки халқҳои дигар онро қабул
карда истодаанд. Манфиати давлати миллии худро пеши назар
бояд дошт. На ин ки думрави кадом як ҷараёнҳои тундрав бошем.
Бинобар ин, дар кори фиристодани ҷавонон ба мактабҳои исломӣ
он чизро бояд ба назар гирифт, ки онҳо илми мазкурро дар
сатҳи имрӯза азхуд кунанд, на ин ки ба мақсадҳои идеологии
бегона кор баранд. Аз ин рӯ, аз зинаи мактаб фиристодани
ҷавонон ба чунин таълимгоҳҳо ба манфиати кор нест. Бозгашт
ба қафо хатари ҷиддӣ дорад.
Он корҳое, ки тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи
томактабӣ анҷом дода шудаанд, моро қаноатманд намекунанд.
То анҷоми мӯҳлат (соли равон) бояд камари ҳиммат баст.
Бояд гуфт, ки барнома ва китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ
ҳоло ҳам мураккаб ва душворфаҳманд. Бо вуҷуди ин, хушбахтона,
хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ (1-4) фаъоланд, вале вақте
ба синфҳои боло –синфи панҷ мегузаранд, мушкилот оғоз меёбанд.
Тибқи талаботи низоми нави таҳсил, ки мо бояд ба он гузарем,
таҳсил аз 6- солагӣ оғоз меёбад. Барои ин тайёрии ҷиддӣ
бояд дид.
Дар ҳақиқат, омӯзиши фанҳои дақиқ, техникӣ, технологияи
меҳнат ва интихоби касб ба мушкилот табдил ёфтааст. Хушбахтона,
Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли
ин масъала дар вохӯрии зикршуда дастуру супоришҳои махсус
доданд. Итминон дорем, солҳои наздик ин мушкилотро бо кӯшиши
ҳамагон аз байн мебарем. Новобаста ба ин хотиррасон намуданиям,
ки таҳияи консепсия ва барномаи раҳнамои касбии хонандагон
ва таҷдиди назар намудани мазмун ва мундариҷаи фанни технологияи
меҳнат ва интихоби касбро ҳарчи зуд оғоз бояд намуд. Корҳо
дар самти гузариш ба таҳсилоти ҳатмии даҳсола шурӯъ шудааст,
вале душвориҳои асосӣ дар пешанд.
Дар бораи низоми нави таҳсил ҳар гуна овозаҳо мекунанд.
Касоне дар ин бора изҳори ақида мекунанд, ки тасаввуроташон
маҳдуд аст. Ҳатто ҷамъиятшиносҳое пайдо шудаанд, ки ба муқобили
низоми кредитӣ овоз баланд мекунанд. Ҳарчанд ин ягона омили
шинос намудани худ аст. Вагарна, ҳуҷҷати маълумоти моро
дар ҷаҳон қабул нахоҳанд кард. Таълимгоҳҳое, ки ба ин низом
гузаштаанд, аллакай ба муваффақият ноил гаштаанд. Албатта,
чунин нест, ки ҳама аз рӯи як чорчӯба амал кунанд. Дар ҳамон
Аврупо ҳам ҳар таълимгоҳ роҳи худро дорад. Боварӣ дорам,
ки Вазорати маориф новобаста ба гуногунандешиҳо дар ин роҳ
собитқадам хоҳад буд. Дар бораи фазои ягонаи ҷаҳонӣ гап
меравад. Мо фазои ягонаи ҷаҳонӣ мегӯем, аққалан фазои ягонаи
ҷумҳуриявии таҳсилотро ба вуҷуд оварем. Ин бо кадом роҳ
ба даст меояд? Чӣ тавре Анвар Абдурасулов пешниҳод намуд,
истифодаи технологияи алоқаи ҳозиразамон, кушодани сайтҳои
донишгоҳӣ, ба вуҷуд овардани бонки ягонаи илму дониши таълимгоҳҳо
яке аз роҳҳои он буда метавонад.
Таҷрибаи устоди алоҳида муҳим аст. Чаро мо онро наомӯзему
паҳн накунем? Бигзор ҳунари мактабдории як нафар омӯхта
шавад. Вақте мегӯем, гимназияи ба номи фалон кас, ин нишони
ҷуръати ҳамон шахс аст. Агар мо таҷрибаи як минтақа, маҳал,
ҳатто вилоятро паҳн намоем, ба манфиати кор аст. Аз ин рӯ,
дар ҳар минтақа аз рӯи барномаи худу китоби худ тадрис додан
амали дуруст нест. Китобҳое чоп мешаванд, ки ба номанд.
Барои як фан чандин китоб ба вуҷуд меояд. Вале ягонтои он
ба талабот ҷавоб намедиҳад. Китобҳое чоп шаванд, ки барои
ҳама дастрас бошанд. Кафедраҳо аз рӯи кадомашон дарс дода
истодаанд? Ин суолест, ки бояд матраҳ шавад ва таҳти назорат
гирифта шавад. Чор-панҷ «Назарияи иқтисод» ҳаст. «Математикаи
олӣ» ҳам ба ин минвол. Вақти чопи китоби дарсии «Географияи
Тоҷикистон» расидааст, то ба кай ҷавонон намедонанд, ки
кадом минтақа дар кадом тараф ҷойгир аст?
Масъалаи ҳамгироии зинаҳои таҳсилот ба омӯзиши ҷиддӣ ниёз
дорад. Аз таҳсилоти томактабӣ то ҷалби калонсолон ба касбомӯзӣ
масъалаи муҳимест дар назди инсоният. Вобаста ба ин иқрор
бояд шуд, ки зинаҳои таҳсилот имрӯз дар ҳолати парешонӣ
қарор дорад. Ҳол он ки байни зинаҳо бояд занҷири ногусастанӣ
вуҷуд дошта бошад. Шояд шумо гӯед ва мо тасаввур кунем,
ки стандарт ва нақшаю барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот
дар сатҳи байналмилалӣ таҳия шудаанд, вале иқрор бояд шуд,
ки тарзу усули амалӣ намудани онҳо ташвишовар аст. Ҷорӣ
намудани низоми кредитӣ дар зинаи мактаби олӣ мазмуну мундариҷаи
онро таконе бахшид, вале зинаҳои дигар таҳсилот, алалхусус,
таҳсилоти асосии умумӣ ва миёнаи умумӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ
ниёз доранд. Як сабаби инро ман дар тибқи талабот иҷро нашудани
барномаҳои қабулшуда медонам. Аз ҷумла, рафти иҷрои барномаҳои
давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, такмил ва омӯзиши
забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ба назорати
ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд. Яке аз талаботи интихоби довталабон
барои таҳсил дар хориҷа бояд забондонӣ бошад.
Ҳар иқдом, ки дуруст аст, ба натиҷаи нек меоварад. Ба ҳамин
монанд, хушбахтона, қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи «Қоидаҳои
баргардондани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон,
ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд» имкон дод, ки
ба ҷои кор ҳозиршавӣ аз 30-40 фоиз ба 85 фоиз расонда шавад.
Ин муваффақияти назарраси роҳбарияти Вазорати маориф мебошад.
Акнун вақти он аст, ки ба сифати кадрҳои омӯзгорӣ таваҷҷӯҳ
зоҳир кунем.
Қабули ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба рушди илму маърифат, зиёд
кардани маблағгузории мавзӯъҳои фармоишӣ аз тарафи Ҳукумати
ҷумҳурӣ ба рушди соҳа нигаронда шудаанд. Илова ба ин минбаъд
тибқи банди 23-и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба соли маориф
маблағгузории муассисаҳои илмӣ аз рӯи натиҷа ва сифати корҳо
амалӣ гардонда мешавад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимиро
лозим меояд, ки бо истифодаи имкониятҳои худ, стипендияи
Президентӣ, квотаи таҳсил дар хориҷа, ҳавасмандии лаёқатмандон
кори тайёр кардани мутахассисони соҳаи илмро зери назорати
қатъӣ гиранд. Вазорати маорифи ҷумҳуриро зарур аст, ки дар
ҳалли масоили тайёр кардани мутахассисони унвондори соҳаи
фанҳои техникӣ, табиӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ташкили
технопаркҳо, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот,
бастани шартномаҳои хоҷагӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд.
Дар ин бора супориши Президенти мамлакат ҳаст. Ҳамчунин,
тибқи дастури қатъии Ҷаноби Олӣ устодони донишгоҳҳо на танҳо
ба тадрис, балки ба таҳқиқот низ бояд сафарбар шаванд.
Аз фурсат истифода бурда, маорифпарварони ҷумҳуриро даъват
менамоям, ки иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлатро оид ба
саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти асри 21 НБО-и Роғун якдилона
ҷонибдорӣ намоянд ва нерӯи бузург будани муаллим –устодро
собит созанд. Имрӯз ҳама ин ташаббуси некро дастгирӣ мекунанд.
Ҳисоботҳое, ки аз донишгоҳҳо ба мо расиданд, хурсандибахшанд.
Ҳамин тавр, фаҳмондан, тарғиб намудан натиҷаи хуб дода истодааст.
Дар ин бора таҷрибаи кофӣ дорем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мавҷуда роҳҳои
пешрафти минбаъдаи мамлакатро аз се ҳадафи стратегӣ: таъмини
истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоидани
кишвар, амнияти озуқаворӣ иборат медонад. Бо бунёди Роғун
мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон, зиндагии пурсаодати фарзандону
набераҳоямонро таъмин месозем.
Шумо- омӯзгорони азизро ба он даъват менамоям, ки дар пуштибонӣ
аз сиёсати Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар
сатҳи баланд бо ҳисси воқеии худшиносию меҳанпарастӣ анҷом
додани вазифаи хеш -тарбияи насли арзандаи замон саъю кӯшиш
кунед. Танҳо дар ин сурат мо Ватани ҷоноҷонамонро ба давлати
мутамаддин табдил хоҳем дод.
Хулоса
Дар хотима вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бори
дигар аз таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан
Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шӯъбаи илм
ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ба соҳаи
маориф изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки андешаву
пешниҳодҳои аз ҷониби музокирачиён, хусусан, Ҳамидуллохон
Фақеров баёншуда ба манфиати коранд ва онҳо ба инобат гирифта
хоҳанд шуд. Дар ҳақиқат, сатҳи дониш дар зинаҳои гуногун
фарқ мекунад. Далели ин мониторинге, ки дар ноҳияи Қумсангир
гузаронида шуд, мебошад. Дар бораи аҳлоқу одоб махсус бояд
таъкид кард. Мо бояд аз Аврупо илму техникаро гирем, вале
одобу аҳлоқи шарқиёнаи худро нигоҳ дорем. Лекин нигоҳдории
одобу аҳлоқи хеш маънии дар доираи танги фаҳмишҳо, хурофот
монданро надорад. Бале, аз ҷониби толибон нобуд сохтани
ёдгориҳои таърихии тоисломӣ, баъзе андешаҳои нимчамулоҳои
худамон дар бораи моли мусулмонон набудани Наврӯз намунаи
чунин хурофот мебошанд. Бо ин ақидаҳои зиёновар майнаи насли
наврасро заҳролуд набояд кард. Кор ба ҷое расидааст, ки
баъзе мактаббачагон ва муаллимони онҳо дарсро партофта масҷид
мерафтагӣ шудаанд. Охир, ҷои кор, вазифаи худро партофта
худнамоёна масҷид рафтан низ аз ҷиҳати динӣ низ мақбул нест.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ кашфиётҳое намекунанд, айб нест магар вақте
мо ҳоло ҳам ба шогирдон танҳо хондану навиштанро ёд медиҳем?!
Маҳз чунин бесаводӣ ба манфиати хурофотпарастон аст, зеро
идора кардани чунин шахсон осон. Ҳамчунин, ба хонандагон
аз меъёр баланд гузоштани баҳо ба манфиати кор нест. Охир,
роҳҳои дигари ҳавасмандкунии хонанда ҳаст. Магар як «Офарин»
беҳтар нест аз он ки панҷ гузореду баъд хонанда дар азоб
монад? Ин аст, ки азхудкунии дарс дар ҷумҳурӣ аз 41 то 67
фоизро ташкил медиҳад. Ин камбудии мо аст, ки рӯирост иқрор
мешавем. Роҳҳои баланд бардоштани сатҳи саводро ҳамагон
ҷустуҷӯ хоҳем кард. Дар баъзе ноҳияҳо қадру қимати омӯзгорро
чунон нодида мегиранд, ки шахсони аз дигар соҳаҳо рондашударо
ба кори омӯзгорию вазифаҳои масъули соҳаи маориф пешбарӣ
менамоянд. Баъзан раиси ноҳия нафари номақбулашро ҷои партофтан
наёфта, мехоҳад мудири маориф ё сарвари мактаб таъин кунад.
Ҳол он ки ин вазифа аз ҳар гуна вазифаи дигар масъултар
аст. Яъне дар бобати ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани
эътибори корманди маориф бояд андеша кард. Дар бораи онҳое,
ки бо квотаи Вазорат донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷаро хатм
карда меоянд, бояд ғамхорӣ намуд. Онҳо захираи тиллоии кадрҳои
миллианд. Оид ба баланд бардоштани обрӯю эътибори донишгоҳҳои
мамлакат чораҳо андешида, хуб мебуд, ки рейтинги онҳоро
аз моҳи феврал дер намонда ба воситаи воситаҳои ахбор, асосан,
ҳафтаномаи «Омӯзгор» эълон намуд.
Мо барои иштирок дар озмунҳои байналхалқӣ асосан аз ҳисоби
хонандагони мактабҳои пойтахт дастаҳо ташкил менамоем. Албатта,
онҳо шарафи ҷумҳуриро баланд мебардоранд. Вале кӯшиш бояд
кард, ки минбаъд аз ҳисоби минтақаҳо низ дастаҳо созмон
ёбанд.
Бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, чӣ тавре шунидем,
устодону мутахассисон фикру андешаҳои худро баён карданд.
Вобаста ба ин аз раёсати Донишгоҳи техникӣ (А.Абдурасулов)
дархост мешавад, дар навбати аввал ҳамин сол сайти техникии
худро ба вуҷуд оваранд. Дар ин бора аллакай таҷриба ҳаст,
гимназияи «Ҳотам ПВ» сайти худро дорад. Вазири маориф, ҳамчунин,
оид ба мушкилоти китобҳои дарсии мактабҳои олӣ сухан ронда
таъкид кард, ки пеш аз чопи онҳо, аз ҷумла нашри нави «Назарияи
иқтисод» мавҷуд будани камаш се тақризи мусбат аз таълимгоҳҳои
алоҳида талаб мешавад. Хабар дода шуд, ки ба муносибати
Соли маориф ва фарҳанги техникӣ аз тарафи Вазорати маориф
бо ҷалби мутахассисон лоиҳаи рамзи Соли маориф ва фарҳанги
техникӣ таҳия шудааст, ки он мавриди назари ҳозирони ҷаласа
буд. 23 январ дар маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукот таҳти
роҳбарии ҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ Р. А. Қурбонова рамз
мавриди баррасӣ ва қабул қарор хоҳад гирифт. Воқеаи таърихии
соли равон баргузории Анҷумани нахустини олимон ва омӯзгорони
ҷумҳурӣ мебошад, ки ду сол боз баҳри баргузории он Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзад. Дар он беш аз
2700 нафар омӯзгорон иштирок хоҳанд кард. Ба ифтихори он
се конфренсияи минтақавӣ доир мегардад. Кӯшиш бояд кард,
ки ин чорабиниҳо бо мақсади беҳбудии фаъолияти соҳа гузаронида
шаванд. Соли равон як нафар донишҷӯи болаёқат дар озмуни
байниҷумҳуриявии мамлакатҳои муштаракулманофеъ ширкат меварзад.
Донишҷӯёни болаёқат дар Тоҷикистон зиёданд. Хуб мебуд, то
ба он вақт муаррифии корҳои илмӣ ва ихтирооти донишҷӯён
баргузор гарданд. Олимону омӯзгорони мо дар ҷаҳон номи Тоҷикистонро
боло мебардоранд. Соли гузашта дар озмунҳои олимон ва омӯзгорони
байни давлатҳои муштаракулманофеъ соҳиби ҷойҳои аввал ва
мукофоти олӣ гардидани донишманди маъруф П. Бобоҷонов ва
омӯзгори писандида Сафаралӣ Саидов далели эътирофи илму
маорифи тоҷик аст.
Ҳамин тавр, маҷлиси мушовараи ҷамъбастии Вазорати маориф
дар рӯҳияи қаноатмандӣ аз корҳои анҷомдода ва боварӣ ба
ояндаи нек доир гашт.
Муҳаммад ШАРИФ,
Маҳмадшарифи РУСТАМ,
«Омӯзгор»