Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

Konsepsiya


Problemahoi sifati kitobhoi darsi


skachat

skachat


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

>>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»-РО БАРОИ МУҲОКИМА ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯД. АЗ ШУМО ХОҲИШ МЕНАМОЕМ, БА ОН ПЕШНИҲОДУ АНДЕШАҲОИ ХЕШРО ТАВААСУТИ ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ: mort@maorif.tj НАМОЕД.

>>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА СОЛИ 2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ ОЗМУНИ НАШРИЯИ БЕҲТАРИНРО ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ МИСРИ АРАБ

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ УКРАИНА

Eylon Moskva

>>Э Ъ Л О Н Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли таҳсили 2009-2010 нархи як адад ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ба маблағи зерин муқаррар карда шудааст:

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАИ «БАКАЛАВР»-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТУРКИЯ

>> Дар бораи қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ

 

 

 


E-mail:




 

ЭЪЛОН: >>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»-РО БАРОИ МУҲОКИМА ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯД. АЗ ШУМО ХОҲИШ МЕНАМОЕМ, БА ОН ПЕШНИҲОДУ АНДЕШАҲОИ ХЕШРО ТАВААСУТИ ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ: mort@maorif.tj НАМОЕД.


РАСУЛОВ А. : «МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ ШАКЛИ САМАРАНОКИ ТАҲИЯ БУҶЕТ МЕБОШАД»

 



Тайи ду сол аст, ки Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ (БМХД) ба шакли пилотӣ дар се вазорат: маориф, тандурустӣ, ва меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ фаолият менамояд. БМХД беҳтарин василаи таҳияи буҷет ҳамчун яке аз компонентҳои ислоҳоти идоракунии хароҷоти давлатӣ мебошад ва таҷрибаи муваффақе ҳаст, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон натиҷаҳои мусбат додаст. Дар мақолоту мусоҳибаҳои собиқ дар бораи кору фаолият ва пешравиву муваффақиятҳои татбиқи БМХД дар вазоратҳои пилотии дигар маълумот дода будем. Ин навбат аз мӯҳтарам Ашурбек РАСУЛОВ муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бурду бохти амали намудан маълумот мегирем, ки БМХД дар соҳаи маълумот мегирем. Таваҷҷӯҳ намоед ба мусоҳибаи А.РАСУЛОВ бо Мушарраф СОДИКОВА ва Саъдӣ ВОРИСОВ кормандони лоиҳаи БМХД, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад:


Саволе, ки мехостем ин мусоҳибаро бо он шурӯъ намоем қаблан дар Вазорати молия ҳам мо ин саволро дода будем ва муовини Вазири молия мӯҳтарам Соҳибов Ш. мухтасаран дар бораи раванди ислоҳоти идоракунии хороҷоти давлатӣ аз нуқта назари хеш сӯҳбат намуда буду ба мо маълумот дода буд. Ҳоло мо мехостем дар ин бобат назари муовини Вазири маорифро бифаҳмем, ки ӯ ба ин масъала чи хел нигоҳ мекунад? Раванди ислоҳоти идоракунии хароҷотӣ давлатӣ дар Вазорати маориф чӣ гуна ҳаст?

Чихеле, ки маълум аст ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ дар асоси Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ амалӣ карда мешавад. Вазорати маориф ба раванди мазкур соли 2007, яъне пас аз оғоз шудани ҷорӣ намудани БМХД пайваст. Ҳоло давраи сеюм аст, ки кормандони Вазорати маорифи ба таҳияи БМХД машғул ҳастанд. Соҳаи маориф- соҳаи калонтарини иҷтимоӣ мебошад ва ҳамин муҳиммиятро ба назар гирифта аввалин шуда Вазорати маориф ҳамчун пилот ё ин, ки вазорати таҷрибавӣ барои таҳияи барнома интихоб гардид. Бояд гуфт, ки дар ин самти амалӣ намудани БМХД дарсоҳаи маориф ёрии амалии мушовирони байналмиллалӣ бисёр муҳим аст.
Мо ибтидо бо мушовирони Бонки ҷаҳонӣ кор мекардем ва алҳол соли дуюм аст, ки бо мушовирони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҳамкорӣ дорем.
Ба ғайр аз ин бояд гуфт, ки дигар таҷрибаи хуб ё ислоҳоти бисёр пурсамаре, ки ба ҳамин ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ наздик аст ва мо муваффақиятҳое ба даст овардем ин ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ислоҳоти мазкур аз соли 2005 сар шуд ва соли 2010 яъне дар муддати панҷ сол ба таври пурра тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида шуданд. Ислоҳоти мазкур барои босамар ва дурусттар таҳия шудани БМХД инконияти бисёр ҳам хуб фароҳам меорад.

Ба назари шумо оё ин ислоҳот то ба ҳол натиҷаҳои дилхоҳ дода аст?

Албатта ислоҳоти молияи давлатӣ муддати мадидеро талаб мекунад ва натиҷаҳои он ба зудӣ ба даст намеоянд. Чи хеле таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад барои амалӣ шудани ислоҳот ҳудуди як даҳсола вақт лозим мебошад. Дар мудди амалӣ намудани БМХД мо аллакай баъзе мувафақиятҳо дорем.Пеш аз ҳама Вазорати маориф ба таври пурра ба хароҷоти соҳа ошноӣ пайдо кард. Дар амал Вазорати маориф хамагӣ даҳ фоизи маблағҳои барои соҳа ҷудо мешудагиро идора мекунад. Бо амалӣ намудани БМХД имконият пайдо мешавад, ки тамоми маблағҳои барои соҳа ҷудошуда дар асоси стратегияҳои соҳаи маориф ба нақша гирифта шаванд.
Ба ғайр аз ин Вазорати маориф яке аз аввалинҳо шуда, лоиҳаи буҷетро дар шакли барномаи компютерӣ таҳия намуд. Барномаи мазкур, дар асоси барномаи буҷетии дар Вазорати молия амалкунанда таҳия гардида, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазоратҳои соҳавӣ ва молия дар самти таҳия ва иҷрои буҷет пешбинӣ карда шудааст.

Дар бораи омӯзиши мутахассисон ба Голандия ва Словакия дар баҳори имсол аз тарафи лоиҳаи БМХД сафари омӯзишӣ ташкил карда шуд. Ба назари шумо ин сафари омӯзишӣ дар баланд бардоштани маҳорати кормандон то чӣ ҳад муассир буд?

Сафаре, ки анҷом шуд ба давлатҳои мутараққии Аврупо аз он ҷиҳат муҳим буд, ки мо ҳам тавонистем ба давлате равем, ки дар он ҷо шакли классикии амалӣ намудани БМХД ва буҷет ба шакли солҳост, ки таҳия мешавад ва ҳам дар давлате будем, ки мисли Тоҷикистон сохташ сотсиалистӣ буду акнун ба шакли нав мегузарад, аз таҷрибаи дигар давлатҳо истифода мебарад. Аз ин сафар бо таассуроти зиёд баргаштем. Мо ба таҷрибаи онҳо шинос шудему ба ин хулоса омадем, ки дар ҳақиқат барои ба дараҷаи онҳо расидан бояд кори бисёр анҷом диҳем.

Гуфтед, ки дар Голландия шакли классикии амалӣ кардани БМХД-ро дидед ва дар Словакия ба таҷрибае ошно шудед, ки ба Тоҷикистон наздикӣ дошт. Пас хулосаи Шумо ин шуда метавонад, ки таҷрибаи Словакия барои Тоҷикистон омӯзандатар аст?

Ман инро дар назар доштам, ки Голландия иқтисоди пешрафтадошта дошта, ба накша гирифтани буҷет дар онҷо осонтар аст. Вазорати молияи Ҳолланд аз дақиқ будани ояндабинӣ ва дурнамояшон оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ ва молиявӣ бисёр ҳарф заданд. Мутахассисҳое дорад, ки дар ҳамин поя тарбия ёфтаанд ва таҷрибаи фаровоне дар ин соха доранд. Словакия бошад, давлате аст, ки сохтори пешинаро тағйир дода карда дар муддати кӯтоҳ сохтори нав месозад. Ба ин хотир таҷрибаи Словакия ҳамчун давлате, ки нав ба по мехезад барои мо омӯзандатар аст. Барои амалӣ намудани ҳамин барнома дар ҶТ бояд ҳатман хусусиятҳои миллии худамон имкониятҳое, ки мо дорем, базе хусусиятҳое, ки ба сохтори давлатдорӣ вобастаанд ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд.

Аз фаолияти лоиҳаи БМХД ду сол мегузарад. Дар ин муддат Шумо бо кадом мушкилоту душвориҳо дар татбиқи СПГР рӯ ба рӯ шудед?

Дар ин ду соли гузашта бо кӯмаку дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи кори БМХД ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони раёсатҳои дахлдори Вазорати мориф шомил шуданд. Илова бар ин таҳияи қисмати стратегии БМХД ба маротиб беҳтар шудааст.
Инчунин дар Раёсати банакшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф, ки варианти ниҳоии ҳуҷҷати БМХД таҳия мешавад як барномаи махсуси мувофиқ бо барномаи буҷетии Вазорати молия насб шудааст.
Ҳамакнун соли дуввум аст, ки дархостҳои буҷетӣ дар шакли электронӣ таҳия мешаванд, ки ин аллакай сарфа намудани вақту маблағ аст. Дар ҳоли омодашавӣ тақсимбандии барномавии соҳаҳои буҷет қарор доранд. Яке аз бахшҳои муҳимми таҳияи барнома ин муайян намудани нишондиҳандаҳо, муайян намудани мақсад ва вазифаҳои барнома мебошанд. Корҳои муайяне дар буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода мешаванд.

Сатҳи иштироки мушовирони маҳаллӣ дар раванди татбиқи БМХД чигуна аст?

БМХД дар ҳоли шаклгирӣ ва ниҳодина мебошад ва ҳатто дар сатҳи маҳал мо бо бисёр мушкилоти зиёде бармехурем. Пеш аз ҳама ин ба он хотир аст, ки дар шӯъбаҳои маориф иқтисодчиёни бомаҳорату бо таҷриба махсусан дар сатҳи маҳал каманд. Аз ин хотир кор бо онҳо каме мушкил дорад. Ҳолатҳое ҳам ба қайд гирифта шудаанд, ки шӯъбаҳои маориф танҳо маълумот роҷеъ ба шӯъбаи худро дар ихтиёр доранду бас ва дар бораи соҳа маълумоти кофӣ надоранд. Умедвор ҳастем, ки бо қабул гардидани гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ дар сатхи маҳал кор осонтар хоҳад шуд.

Барои пешрафти кору беҳбуди фаолият чӣ пешниҳодҳо доред?

Ба шакли воқеӣ ба вуҷуд овардани базаи методӣ барои тамоми соҳа , ки шакли ягонаи таҳияи БМХД-ро осон намояд ва муҳимтар аз ҳамаи ин ҳамоҳангӣ ва ягонагии барномаҳо бо Вазорати молия вуҷуд дошта бошад, яъне имконияти бо низоми онлайн ба базаи электронии Вазорати молия пайваст шудан муҳаё карда шавад.

Ташаккур барои сӯҳбат.
Ташаккур.