ДАР БОРАИ СЕМИНАРИ
«ТАДҚИҚОТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
ДАР СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ»
Хати матбуотӣ
10 март соли 2009 дар бинои Донишкадаи
ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи
маориф (ш. Душанбе, кӯч. Нисормуҳаммад, 13 «а») Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи «Дастгирии
таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон – даври 2», ки аз тарафи
Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, гузаронидани
семинари якрӯзаи «Тадқиқоти талаботи бозори меҳнат дар сифати
таҳсилоти касбӣ» барои аъзоҳои гурӯҳҳои кории лоиҳа ва роҳбарони
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ карда шудааст.
Мақсади тренинги мазкур ин баланд бардоштани
маълумотнокии аъзоҳои гурӯҳҳои кории лоиҳа ва роҳбарони
муассисаҳои таълимии ибтидои касбӣ дар бораи усулҳои гуногуни
гузаронидани тадқиқоти талабот дар малакаҳои қувваи корӣ,
истифодаи тадқиқотҳо ва иттилооти мазкур барои таҳияи барномаҳои
таҳсилоти касбӣ мувофиқи талаботи корфармоён.
Дар натиҷаи тренинги якрӯза иштирокчиён
ба фаҳмиши мафҳуми бозори меҳнат ва хусусиятҳои он, талаботи
сифати таҳсилоти касбӣ дар бозори меҳнати муосир, шаклҳои
гузаронидани тадқиқотҳои бозори меҳнат ва марҳилаҳои гузаронидани
тадқиқоти теъдодии бозори меҳнат дастрас мегарданд.
Тренинги «Тадқиқоти талабот дар малакаҳои
қувваи кории оянда» дар чорчӯбаи лоиҳаи dvv international
- Донишкадаи ҳамкории байналмиллалии Ассосиатсия донишгоҳҳои
халқии Олмон «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон –
даври 2», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда
истодааст, ва дар ҳамкори бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
амалӣ мегардад, гузаронида мешавад. Лоиҳа аз санаи 1 январи
соли 2008 амалӣ шуда истодааст.
Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯч. Нисормухаммад, 13 «а»
Телефонҳо барои тамос: (8 992 37) 227-60-20;
моб. (992 93) 559 09 55 Анита Якобсоне, роҳбари лоиҳа;
моб. (992 91) 916 93 91 Содиқов Ф.А., муовини роҳбари лоиҳа
dvv international consortium
Tel: +992 93 559 0 955; +992 91 916 93
91 Fax: + 992 372 227 60 20 E-mail: eu_vet_tj@mail.ru