ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁНИ
ТОҶИК ДАР ХОРИҶИ КИШВАР МЕАФЗОЯД
Душанбе,
14 июл.( Марзия Саидова).- Тибқ
и стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дурахшандагон» соли 2010 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои
хориҷӣ беш аз 80 ҷой ҷудо шудааст.
Аз ин миқдор 45 ҷой
барои донишҷӯён дар зинаҳои бакалавру мутахассис ва магистр
ва 40 ҷой барои аспирантону докторантон ва коромӯзон муқаррар
гардидааст.
Назар ба иттилои
директори Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати
маорифи ҷумҳурӣ Ҳабиб Мирзоев, стипендияи байналмилалии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» соли 2009
бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид, дастгирӣ намудани
ҷавонони болаёқату истеъдодноки минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ
ва ба таҳсил фиристонидани онҳо ба муассисаҳои олӣ ва илмии
кишварҳои хориҷӣ мебошад.
То ба имрӯз аз ҳисоби
буҷаи давлат 230 нафар ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои
олии кишварҳои Русия, Украина, Белорусия ва Қазоқистон ба
таҳсил фаро гирифта шудаанд.