Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


skachat

skachat


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


ТАШХИСИ ҶАМЪИЯТИИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ БА ТАҲИЯВУ ЧОПИ

СИФАТАН НАВИ КИТОБҲОИ ДАРСӣ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД


14 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф муаррифии натиҷаҳои ташхиси ҷамъиятии китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо иштироки Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонов, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, муаллифони китобҳои дарсӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва дастгирии Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушод»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон сурат гирифта, дар он китобҳои дарсии фанҳои табиатшиносӣ, забони тоҷикӣ ва забонҳои давлатӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Мақсади ташхиси ҷамъиятӣ-баҳодиҳӣ ба китобҳои дарсӣ аз нуқтаи назари умеду талаботҳои истифодабаранда ва расонидани натиҷаҳои ин баҳодиҳӣ ба маълумоти сохторҳои давлатие мебошанд, ки ба нашри китобҳои дарсӣ масъул мебошанд. Тавре аз ҷараёни музокирот бармеояд, чунин ташхис барои муаллифони китобҳои дарсӣ механизми мушаххаси «робитаи мутақобила» гардида, аз муваффақияту камбудиҳои китобҳои хеш бархӯрдор мегарданд ва барои беҳтар шудани сифати китобҳо чораҳои мушаххас меандешанд.

Ноилшо Нуралиев
Котиби матбуоти ВМҶТ