Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


ТИФЛӢ
АҶАБ ДУНЁСТ ИН ДУНЁИ КӮДАК


61 сол боз 1 июн чун Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад. Тоҷикистони мо ҳам чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ин рӯзро ҷашн мегирад ва аз ҳадафҳои пайгиронаи ин ҳуҷҷати муҳим пуштибонӣ мекунад. Дар ин асос таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати беҳтаршавии ҳаёти кӯдакон дар кишвар мушоҳида мегардад. Бемуҳобот, ин таваҷҷӯҳ зимни шодиву нишот, хандаву тараби кӯдакон дар боғу гулгаштҳо, ҳангоми ҷаҳидану давидан, рақсидану чархидан, сурудану саворӣ карданҳошон эҳсос мешавад. Ин таваҷҷӯҳро дар ташкили беҳтарин мактаб, театру телевизион, боғу фароғатгоҳҳо, таъсиси рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона ҳам дидан мумкин аст. Имсол тақрибан дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин рӯз ҷашн гирифта шуд. Яке тантанаи ин идро дар ташкили бозиҳои варзишӣ, дигаре дар сайри дунёи тахайюлоти бачаҳо меҷуст. Яке зебоии ин рӯзро дар рақсҳои ҷаззоби кӯдакон медид, дигаре дар расмкашии онҳо. Магар метавон аз ин олами пурэҳсос худро канор гирифт? Ба ҳеҷ ваҷҳ!
Ҳамчун шарики хурсандии атфол озими боғи Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе шудам. Чӣ дунёе! Гӯшае гурӯҳи бачаҳои 5-12- сола дар асфалт расм мекашиданд. Аз қаламкашиашон пайдо буд, ки майли ҳамешагии онҳо ба рушноӣ ва Хуршед аст. Гӯшаи дигар бачаҳо машғули шоҳмотбозӣ, атрофашонро тамошобинони солашон гуногун ва наворбардорону суратгирон печонда гирифтаанд. Ба миёнаи боғ ворид шудам, қатори дутарафаро ихтироъкорони наврас бо пешниҳодҳояшон банд карда буданд. Ихтироъҳои онҳо гуногун, вале дар маҷмӯъ, ифодагари зиндагии имрӯза буданд. Дар тарафи чап гурӯҳи ҷавонон аз ташкилоти … базм ороста буданд, ҷавонон аз пеши худ ба табрики кӯдакон омадаву ба шодии онҳо шарик шудаанд. Дар тарафи рост кӯдакон, балки кӯдаконро давра гирифта буданд. Маросими тантанаи ҷашн оғоз ёфт. Ба табрики кӯдакон муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов, гурӯҳи адибон, аз ҷумла Латофат Кенҷаева, Алӣ Бобоҷон ва чанде дигар омада буданд. Санавбар Раҳимова аз шодиву нишоти бачаҳо ба ваҷд омада, ҳар баромади онҳоро ба хушӣ пазироӣ мекард. Директори Маркази кӯдакону наврасон Ғ.Қараев дар бораи фаъолияти хуби як идда бачаҳои боистеъдод ҳарф зада, ғолибони озмуни «Ихтироъкори наврас» -ро эълон кард. Ба 16 нафар ғолиби даври сеюм, ки имкони дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намудан пайдо кардаанд, сардори Раёсати маорифи шаҳр тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим намуд.
Дастаи ҳаваскорони МКН ба кӯдакон барномаи махсуси мусиқӣ пешниҳод намуд. Базми дилоро, садои баланди карнаю сурнай ҷигари боғро мешикофт ва ба чеҳраҳо шодӣ меафзуд. Базм анҷом ёфт, вале кӯдакон хоҳиши аз он ҷо баромадан надоштанд. Ҳар тараф мегаштанд, ба ҳар сӯ назар мекарданд, бегумон, воситаи дилхушӣ меҷустанд. Ва ё ишкамашон хӯрдание мехост. Бо таассуф, ба истиснои як фурӯшандаи печену як яхмосфурӯш дӯкондоре ба назар намерасид. Шояд дар ҳамин маврид хизмати идораи хӯроки умумӣ ногузир аст. Пас, ба ин ҳол хурсандиҳои кӯдакон чандон мукаммал ҳам нестанд? Модом ки ҳама чиз барои бачаҳо бошад, чаро ин рӯзи барои тифлонамон азизро сарфи назар намоем? Ба хотир оред, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак чӣ мегӯяд: “Инсоният вазифадор аст, ки ҳама чизи беҳтаринро ба бачаҳо эҳдо намояд”.
Биёед, аз худ бипурсем: то кадом дараҷа мо вазифаи худро иҷро карда метавонем? Ва на танҳо аз худ, аз дигарон ҳам пурсидан мебояд…
Тоҷикистон шароити хуби таъмини истироҳату нишоти кӯдаконро дорад. Танҳо андаке таваҷҷӯҳ лозим аст, то дониста бошем, ки кӯдакон воқеан ҳам ояндаи моанд ва ин ояндаро ҳифз кардан вазифаи ҷонии ҳар инсони комил аст. Инро ҳам дониста бошем, ки шоир беҳуда нагуфта:
Аҷаб дунёст ин дунёи кӯдак,
Шавад сар зиндагӣ аз пойи кӯдак.
Ҳама бояд барои он бикӯшем,
Дурахшон бошад он фардои кӯдак.

Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»