ТӮҲФАИ СОЛИНАВӢ БА АҲЛИ
МАОРИФИ ШАҲРИНАВ
Дар арафаи ҷашни
Соли нави мелодӣ шӯъбаи марифи ноҳияи Шаҳринав ба истифода
дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Вазири маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Расулов ва Раиси ноҳияи Шаҳринав
Раҳматуллои Пӯлод ширкат варзида, ифтитоҳи шӯъбаи маорифро
дар оғози соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, ки
аз ибтикороти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маншаъ
мегирад, барои рушди минбаъдаи кори мактабу маориф муҳим
арзёбӣ намуданд.
Бинои шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав дуошёна буда, дар доираи
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав бо маблағҳои
мутамаркази Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Маблағи сохтмон 765 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҷониби
Ширкати сохтмонии «Нилуфари рӯз» дар муддати панҷ моҳ бо
тарҳи нави замонавӣ ба анҷом расид. Бино дорои як маҷлисгоҳи
васеъ, нӯҳ дафтари корӣ буда, бо мизу курсӣ ва ҷевону ашёҳои
зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд.
Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ