ВАЗИРИ МАОРИФ:
АЗ ДОНИШҶӮ ҲЕҶ ЧИЗРО ДАРЕҒ НАДОРЕМ
Озмун бе
натиҷа нест -Соли гузашта ҷойи сеюмро ишғол карда
будам-ку, чаро имсол нашуд?- андак маҳзунона гилагузорӣ
кард ба ман донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Комрон Миразоров,-
Ё имсол доноҳо зиёданд?
Бале. Талабгорон имсол зиёд ва талабот ҳам бештар, на ҳама
ҷой гирифта тавонистанд. Комрон ҳам ва гилаҳои зиёд кард.
Дар ҳақиқат, олимпиадаи донишҷӯён солҳои пеш ноаён мегузашт.
Касеро парвое набуд ва баъзан мо ҳам бехабар мемондем. Ҳоло
бо ибтикори Вазорати маориф, раёсати муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ олимпиада ранги дигар гирифтааст. Ҳатто баъди
он дар ҳаёти донишгоҳҳо навигариҳо ворид мешаванд. Ана,
олимпиадаи соли гузашта чӣ дод? Аз он пештар Президенти
мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон карда буданд,
ки ягон мактаби олӣ тахтаи электронӣ надорад. «Ректорон
ваъда доданд, ки ин масъаларо ҳамин сол ҳал хоҳанд кард»
(«Омӯзгор», 12 июни соли 2009). Ҳоло чӣ? Аксарияти донишгоҳҳо
соҳиби тахтаҳои электронӣ шуданд. Дуюм, пешниҳоди Файзи
Нормурод: ягона донишгоҳи миллӣ гимназия ё литсейи равияи
фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бояд дошта бошад. Ректор Нуриддин
Саидов дар ҳамон ҷамъомади ҷамъбастӣ ваъда дод, ки иҷро
мекунад ва имрӯз донишгоҳ соҳиби чунин литсей аст. Масъалаҳои
пурра ба таври тестӣ, ихтисосӣ ва ғайритахассусӣ гузаронидани
озмун, ташкили чанд команда дар як донишгоҳ дар рафти озмуни
имсола ҳал гардиданд. Пешниҳодҳои дигар: аз рӯйи равияҳо
(гуманитарӣ ва фанҳои дақиқу табиатшиносӣ) алоҳида гузаронидани
олимпиада, бо мавзӯъҳо кор кардани довталабон … мавриди
омӯзишанд. Чи тавре мебинед, ҳамагон фаъоланд. Ҳам донишҷӯён
ҳам омӯзгорон.
Имсол ҳам ин чорабинии муҳим дар Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода хеле хотирмон ва пуршиддат
доир гашт. Чанд пешниҳод баён шуд, ки яке аз онҳоро ин ҷо
метавон зикр кард: Олимпиада дар як сол ду маротиба аз рӯйи
равия гузаронида шавад. Ин фикр беҳуда нест, зеро теъдоди
донишҷӯён, сатҳи саводи онҳо баланд мешавад, дар натиҷа
масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳаллашон танҳо дар доираи
илм ва сатҳи баланд имконпазир аст. Масалан, донишҷӯе мепурсад,
ки ихтирои кардаамро ба кӣ нишон диҳам, чаро дар олимпиада
не? Ҳамин тавр, лозим меояд, ки гурӯҳи босалоҳияти коршиносон
дар болои низомнома, ҳадаф, рушд ва доираи амали олимпиада
ҷиддӣ кор кунанд.
Маркази тестӣ-шарики
асосӣ
Яке аз падидаҳои асосии системаи таҳсилоти ҷаҳонӣ -Маркази
ҷумҳуриявии тестӣ дар олимпиадаи имсола мавқеи намоён дошт.
Директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфаров дар ду рӯзи
чорабинӣ аз сари компютерҳои марказ лаҳзае дур нашуд. Зеро
ба дӯши марказ вазифаи хеле муҳим гузошта шудааст. Олимпиада
бори нахуст шояд дар байни давлатҳои узви ИДМ пурра ба таври
тестӣ гузашт. Ҳатто баъзе устодон изҳори ақида карданд,
ки шояд таври тестии имтиҳони дохилшавӣ дар ин ҷо таҷриба
мешавад? Чаро не?! Вале андаке пеш рафта қайд карданием,
ки албатта, дар фаъолияти онрӯзаи гурӯҳи тестӣ ноҷӯриҳо
ба чашм расид: бо сабабҳои техникӣ натиҷагириҳо кашол ёфтанд
ва оид ба мазмуну мундариҷа ва сохти саволномаҳо шикоятҳо
зиёд буданд. Вале боварӣ ҳаст, ки норасоиҳои соли аввалро
мутахассисони муассисаи зикршуда ҳал хоҳанд кард.
Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи
С. Улуғзода низ барои хотирмон гузаштани чорабинӣ саъю кӯшиш
намуд. Аз ҷумла, як гӯшаи бинои таълимиро ба ин мақсад ҷудо
карда, он ҷо навбатдорон гузоштанд. Декани факултети забонҳои
германӣ-романӣ Сабоҳат Камолова бо шогирдонаш меҳмононро
хуб пазироӣ ва раҳнамоӣ мекард. Навигарии дигар: ин ҷо бори
аввал бо ташаббуси мизбонон аз фаъолияти тарҷумонҳо истифода
бурданд. 10-12 нафар донишҷӯёни аълохони донишкадаи мазкур
ба имтиҳонсупорандагоне, ки забони давлатиро хуб намедонистанд,
кӯмак расонданд. Чунончи, аз фанни биология истилоҳеро тарҷумон
фаҳмонда натавонист, аз синфхонаи дигар тарҷумон-донишҷӯро
оварданд, ӯ ҳам довталабро қонеъ накунонд. Ниҳоят масъули
ин фан Манучеҳра Ҷумъахонова бо иҷозати раиси кумитаи тадорукот,
муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов муаллими фанни
мазкурро даъват намуд. Умуман, тарҷумонҳо серкор буданд.
Яке аз онҳо дар охир чунин изҳори назар кард, ки дар мӯҳлати
ҷудошуда барои тарҷумаи танҳо 40 суол имкон ёфту бас. Хуб
мебуд, ки минбаъд тарҷумаи русии саволҳо низ омода шавад.
Сипас, узви кумитаи тадорукот Сафарбек Сафаров –сармутахассиси
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ оид ба тартиби
кори олимпиада маълумот дод. Дар олимпиада 397 (соли гузашта
276) нафар донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии
ҷумҳурӣ, ғайр аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Чкалов иштирок
доштанд. Чи тавре зикр гашт, он бори аввал дар фанҳои тахассусӣ
ва ғайритахассусӣ алоҳида гузаронида мешавад. Яъне донишҷӯёне,
ки фанни таърихро дар факултети таърих ба таври васеъ хондаанд,
алоҳида тест месупоранд ва саволномаи тесташон аз 150 савол
иборат аст, донишҷӯёни дигар, ки фанни таърихро дар факултетҳои
ғайритаърих ба миқдори кам хондаанд, алоҳида санҷиш месупоранд
ва саволномаашон аз 100 савол иборат аст, саволҳо низ аз
ҷиҳати мураккабӣ ва соддагӣ фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин
дар рафти кор бисёр суолҳо ва нофаҳмиҳо ба миён омаданд,
ки минбаъд ислоҳашон зарур аст.
Аз ҷумла маълум гардид, ки саволномаҳо ҳарчанд аз мактабҳои
олӣ пешниҳод шудаанд, баъзеҳоро қаноатманд намекунанд. Намояндагони
донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ва ғайра
изҳор доштанд, ки саволҳои тартибдодаашон дар тестҳо ҷой
дида намешаванд. Ба назари мо шарт нест, ки саволҳои пешниҳодшуда
бекаму кост дар тест ҷойгир шаванд. Вагарна мақсади гузаронидани
олимпиада чӣ мешавад?
Ҳамин тавр, аз 12 фан (9 тахассусӣ ва 12 ғайритахассусӣ)
санҷиш оғоз ёфт. Ба ҳар синфхона як нафарӣ масъул таъин
гардид. Шахси масъул мутахассиси фанни дигар буд. Ногуфта
намонад, ки масъулони гурӯҳҳо, ки аз сохторҳои Вазорати
маорифи ҶТ таъин шудаанд, вазифаи худро бо масъулияти баланд
иҷро карданд ва нисбати фаъолияти онҳо нафаре эрод нагирифт.
 |
 |
Қадри худ бидонед
Аҷиб, бори аввал мушоҳида кардам, ки устод ба шогирд мухлисӣ
мекунад. Солҳое буданд, ки устод донишҷӯро танҳо дар дарсаш
ва имтиҳон медид. Ҳоло бошад, устод масофаи зиёдро тай карда,
ду рӯзи дароз дар харакҳои донишкада интизор менишаст, ҳатто
баъзеҳо се рӯз. Байни онҳо мисли Мирзошарифов-устодони кӯҳансолонро
ҳам дидан мумкин буду монанди Лоиқов муаллимони навкору
аспирантонро низ. Маҳз ба ин сабаб донистан хостем, ки олимпиада
ба устодон чӣ медиҳад? Зеро, аз ҷумла маълум аст, ки ДМТ
бо супориши ректор Н. Саидов соли гузашта аз моҳи феврал
омодагӣ гирифта буд, барои донишҷӯи ғолиб 600 сомонӣ ва
устоди ӯ баробари ду маош мукофотпулӣ доданд. Имсол аз рӯи
гап омодагӣ боз ҳам барвақт оғоз ёфт, ҳаҷми мукофотпулӣ
бошад, бештар шудааст. Намояндагони донишгоҳҳои дигар, аз
ҷумла тиббӣ, технологӣ ва тиҷорат низ изҳор доштанд, ки
барояшон ҳавасмандӣ муайян шудааст. Бале, дар бобати зарурияти
ҳавасмандӣ ҷойи баҳс нест. Вазири маориф ҳам дар бисёр суханронияш
чунин тарзи корбарӣ ва иқдомро дастгирӣ кардааст. Аз ҷумла
ҳангоми ҷамъбасти чорабинии онрӯза изҳор дошт, ки ягон чизро
аз донишҷӯи лаёқатманд дареғ надоред. Илова кард, ки дар
донишгоҳи технологӣ донишҷӯён 150 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод
намудаанд. Раёсат барои лаёқатмандон ноутбук ва маблағи
калон доданист. Вазир ваъда кардааст, ки ӯ низ аз ҷониби
худ ба ихтироъкорони донишгоҳ як ноутбук ва се ҳазор сомонӣ
мукофотпулӣ медиҳад. Чунончи, маҳсули дасти яке аз донишҷӯён-
албоми музайян аз тарафи хориҷиён як ҳазор доллар нархгузорӣ
шудааст. Ҳол он ки қимати он зиёдтар аст, аз ин рӯ, вазир
даъват ба амал овард, ки ҳар кас қадри заҳмати даст, маҳсули
зеҳнии худро бояд донад.
Ба синфхонаҳои имтиҳонӣ ворид шудем. Озмун аз фанни химия.
Масъул Зиёратшо Нарзуллоев зикр кард, ки дар вақти муайяншуда
довталабон аз байни лифофаҳо якеро интихоб карданд ва саволномаҳоро,
ки ҳар яке аз якдигар фарқ мекунанд, бароварда тақсим карданд.
Дар ин фан 15 нафар қуввасанҷӣ менамоянд, 8 нафар тахассусианд,
яъне сирф химик, боқимонда ихтисосашон дигар бошад ҳам,
дар озмуни химия иштирок доранд. Аз масъулон дар бораи ҷавоби
дурусти саволҳо пурсидан фоида надорад. Вале вақте раиси
кумитаи тадорукот, муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов
ба синф ворид гардид, саволҳо пайдо шуданд: чаро саволҳо
нофаҳмо, чаро ба хатоҳои техникӣ роҳ дода шудааст…
Устодони мухлис
Баъд се-чор соат ягон-ягон донишҷӯён баромаданд. Ва ҳамоно
ба назди устодони худ шитофтанд. Ҳар яке ҷавобҳои худро
дар назди устод бори дигар ба хотир оварда месанҷид. Донишҷӯдухтари
резапайкаре аз Донишкадаи омӯзгории Панҷакент худро ба оғӯши
муаллимааш Сайёра Воҳидова зада, саросема нашуда, ҳамаи
сад саволро аз фанни таърих, вариантҳо, ҷавоби додаи худро
ба хотир овард. Муаллима ба қадри имкон онҳоро дуруст ё
нодуруст қазоват мекард. Афсӯс, ин донишҷӯ ғолиб наомад.
Охир, мубориза хеле пуршиддат буд.
Бале, пуршиддат, хусусан, дар фанни забони англисӣ. Маълум
гардид, ки сатҳи тайёрии довталабон хеле баланд буд, онҳо
ҳатто хатоҳои тестро ошкор менамуданд. Аз байнашон панҷ-шаш
нафар курсҳои махсусро дар хориҷа хатм карда, ҳатто таҷрибаи
тарҷумонӣ доранд. Бинобар ин, натиҷаи озмуни тестӣ онҳоро
қонеъ накард. Бо хоҳиши онҳо ва маслиҳати кумитаи тадорукот
санҷиши иловагӣ гузаронида шуд, донишҷӯён боз ба ҷойҳояшон
нишаста, эссе навиштанд. Натиҷаи он то андозае ҳамагонро
қаноатманд гардонд.
Баъд ҷавобҳоро ба синфхонаи асосӣ, ки он ҷо компютер ва
таҷҳизоти маркази тестӣ гузошта шудааст, оварданд. Дар он
ҷо дар пеши назари донишҷӯён варақаҳоро аз компютер гузаронида,
холҳои ба даст овардаро эълон намуданд.
Он рӯз ва рӯзи дигар низ омӯзгорон дар ҳар гӯша ҷамъ омада,
натиҷаҳоро муҳокима мекарданд. Чунончи, мудири кафедраи
иттилоот ва коммуникатсияи ДМТ дотсент Эраҷ Ҷумъаев изҳор
дошт, ки дар фанни мазкур озмун бояд ба шакли барномасозӣ
гузарад. Зеро барои донишҷӯёни болаёқат ҷавоб додан ба саволҳое
монанди «Тугмача кадом вазифаро иҷро мекунад?» хандаовар
аст. Ба андешаи мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Хоруғ,
номзади илми иқтисод Валӣ Муҳаммадхон 10 фоизи саволҳои
тестии аз назар гузарондааш дорои хатоҳои техникӣ, маъноӣ
мебошанд. Пешниҳод кард, ки пеш аз таҳияи саволҳо онҳо аз
назари таҳлилгарони босалоҳият гузаронда шаванд. Ин аст,
ки дар соатҳои баррасии баҳсҳо, ки хеле зиёд давом кард,
шахси масъул аз фанни химия З. Нарзуллоев кори донишҷӯи
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Зиёдамои Сатторро ба таҳлилгар
(эксперт) пешниҳод намуд. ӯ -устоди ДДТТ ба номи Абӯалӣ
ибни Сино А. Абдураззоқов зиёда аз сӣ саволи мавриди баҳсро
баррасӣ намуда, аниқ кард, ки танҳо дар як маврид ҷавоби
донишҷӯ дуруст, дар калид бошад, ҷавоб нодуруст аст. Чунин
ҳолатҳо кам бошад ҳам, ба вуқӯъ омаданд. Ин албатта, аҳамияти
тарзи тестии санҷишро паст намекунад. Ҳарчанд, ҳоло ҳам
муқобилони тест ҳастанд. Аз ҷумла профессори Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд А. Мӯҳсинов бар ин ақида аст. Баъзе устодони фанни
информатика бошанд, мегӯянд, ки аз ин фан озмун беҳтараш
амалӣ гузарад, на назариявӣ. Бо вуҷуди ин иқрор бояд шуд,
ки аксари омӯзгорон ва шогирдон аз тарзи тестии санҷиш розӣ
буданд: якум вақти кам мегирад, баъдан шаффоф аст. Ҳамчунин,
ногуфта намонад, ки ба тарзи тестӣ гузаштани озмун пешниҳоди
аксарияти устодон ва донишҷӯён буд, ки соли гузашта иброз
дошта буданд.
Ҷамъбаст
ва хулоса
Вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов дар ҷамъбаст аз рафти
он изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамагон ба ин фикр розӣ шуданд,
ки чорабинӣ сол ба сол дар сатҳи баланд мегузарад ва натиҷаҳои
нек медиҳад. Чунин ба назар мерасад, ки он ҳама-донишҷӯён
ва омӯзгоронро бедор кардааст. Худо кунад, ки аз байни онҳо
олимони намоён ба воя расанд. Вазири маориф изҳор дошт,
ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат
ва Вазорати маорифи ҶТ барои ин шароити мусоид омода кардаанд.
Хулоса, дари имкониятҳои васеъ барои лаёқатмандон кушода
аст. Дастгирии омӯзгороне, ки низ шогирдонро тайёр мекунанд,
муҳим ва зарурист. Далели ин ба чорабинии имрӯза бо хоҳиши
худ омадани шумораи зиёди ректорон, мудирони кафедра, роҳбарони
илмӣ, устодон буд. Вазорати маорифи ҶТ пешниҳодҳои иштирокчиёнро
ба назар гирифта, низомномаи олимпиадаро минбаъд ҳам такмил
хоҳад дод. Сипас, нахуст ба мизбон- Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон тӯҳфаи хотиравӣ ва ифтихорнома супорида
шуд. Вазири маориф ҳангоми супоридани тӯҳфаҳои қимматбаҳо
ва ифтихорномаҳо ба донишҷӯёне, ки соҳиби ҷойҳои 1,2,3 шуданд,
ба онҳо роҳи сафед орзу намуд.
Он чиз назаррас буд, ки иштирокчиён аз вақти муқарраршуда
зиёдтар истоданд, байни ҳам сӯҳбатҳо карданд. Ин далели
он буд, ки гурӯҳҳои ҳамфикр, ҳамақида ба вуҷуд меоянд ва
илми Тоҷикистони рушд меёбад.
Маҳмадшарифи РУСТАМ,
«Омӯзгор»
Ғолибон:
1. ДМТ, 42 хол;
2. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 20 хол;
3. Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 19
хол.
Аз фанҳои зер (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ) донишҷӯёни зерин
ҷойи якумро ишғол карданд:
1. Забон ва адабиёти рус: Королская Олга, ДСТР (т), Ҳакимова
Олга, филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ғ);
2. Биология: Юлдошев Эркин, ДМТ (т), Қосимов Мӯҳсин, ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ғ);
3. Таърих: Файзуллоев Комрон, ДМТ (т), Назришоев Сайёд,
ДМТ (ғ);
4. Назарияи иқтисод: Шокиров Бобоҷон, Донишгоҳи технологии
Тоҷикистон (т);
5. Технологияи информатсионӣ: Ҳомидов Азизхӯҷа, ДҲБТ (т),
Гулов Акбар, ДМТ (ғ);
6. Физика: Камолиддинов Фариддун, ДМТ (т), Қодиров Б., Донишгоҳи
технологии Тоҷикистон (ғ);
7. Сиёсатшиносӣ: Оқилова Зулола, ДДХ ба номи Б. Ғафуров;
8. Фалсафа: Рӯзиева Рухшона, ДМТ;
9. Химия: Ҳакимов Парвиз, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
(т); Эмомадов Алишер, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ғ);
10. Забон ва адабиёти тоҷик: Алимова Умеда, ДМТ (т), Худойбердиева
Дилафрӯз, ДМТ (ғ);
11. Забони англисӣ: Муродова Нодира, ДДОТ ба номи С. Айнӣ
(т), Мӯъминова Зарангез, филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии
Тоҷикистон (ғ);
12. Математика: Саидзода М., ДМТ (т), Файзуллоев А., ДТТ
ба номи М. Осимӣ (ғ).