Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:




 


 

 

ВАЗЪИЯТ ИСТИЛОҲ ТАЛАБ АСТ

Қайдҳо аз ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маорифи ҶТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон
Ҷаласаҳои сайёри мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои охир бо нақша ва низоми муайян дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мешаванд, дар таҳкиму тақвияти раванди таълиму тарбия дар мактабҳои кишвар нақши муҳим мебозанд. Чунин ҷаласаҳо имкон фароҳам меоваранд, ки масоили мавриди санҷишу баррасӣ бевосита дар маҳалҳо ба таври аниқу бавусъат омӯхтаву ҳаллу фасл карда шаванд. Ва низ, чун ҷаласаҳои сайёр дар минтақаҳои дахлдор баргузор мешаванд, дар онҳо қисми бештари ашхоси масъулу дахлдор имкони ширкат варзидан пайдо менамоянд.
Ин дафъа ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф рӯзи 11 марти соли равон дар маркази ноҳияи Қумсангир баргузор шуд, ки дар он масъалаи «Вазъи таълиму тарбия ва таҳкими фаъолияти аҳли маориф вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифт. Дар иртибот бо ин масъалаи муҳим қаблан дар давоми 3 рӯз аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси таъсиснамудаи вазорат фаъолияти як қатор таълимгоҳҳои шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон санҷида шуд. Дар ҷаласа аъзои мушовараи вазорат, чанде аз кормандони вазорат ва зерсохторҳои он, кормандони раёсати маорифи вилояти Хатлон, ашхоси масъули шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи мазкур ва гурӯҳе аз директорони мактабҳову омӯзгорони фаъол ширкат доштанд.
Ҷаласаи мушовараро вазири мориф А.Раҳмонов ифтитоҳ бахшида, нахуст дар бораи таваҷҷӯҳ ва ғамхории Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, вазъи кунунии соҳа ва дурнамои он суханронӣ намуд ва зимнан таъкид бар он кард, ки чун соли равон бо ташаббуси Сарвари давлат Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст, аҳли маорифи кишварро мебояд, ки фаъолияти хешро боз ҳам такомулу вусъат бахшанд, бештар ташаббускору ғайратманд бошанд.
Идомаи суханронияшро вазири маориф бевосита ба вазъи таълиму тарбия дар мактабҳои минтақа бахшида, ба таври муфассал ва дар заминаи далелу арқоми дақиқ ибрози назар кард. ӯ, аз ҷумла, зикр намуд, ки вазъи таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои минтақаи мазкур чандон мувофиқи талаб нест ва фаъолияти тамоми мактабҳо тақозои тақвияту беҳбуд дорад. Маълум, ки нишондиҳандаи асосии кори таълиму тарбия сатҳи саводи шогирдон аст. Мутаассифона, қисми зиёди шогирдони мактабҳои минтақа саводи кофӣ надоранд, аз асосҳои фанҳои таълимӣ нобархурдоранд. Вазъи саводнокии хонандагон, махсусан, дар зинаҳои дуюму сеюми таҳсилот ташвишовар аст. Саволу ҷавоб бо қисме аз шогирдони мактабҳо собитгари он буд, ки онҳо дар азхудкунии барномаи таълим хеле қафо мондаанд, ҳам нутқи хаттӣ ва ҳам нутқи шифоҳияшон пурнуқсон аст.
Риояи меъёрҳои забони адабӣ байни устодону шогирдони мактабҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Дар навиштаҷоти коргузории мактабҳо ва шиору овезаҳои онҳо ғалатҳои зиёди имловӣ ба назар мерасанд. Омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунин, забони давлатӣ дар мактабҳои ғайритоҷикӣ қаноатбахш нест ва аксар устодони ин фанҳо таҷрибаи кофӣ надоранд, ташаббускору навовар нестанд. Кори такмили ихтисоси омӯзгорон низ ба низоми муайян кашида нашудааст. Дар гурӯҳи калони таълимгоҳҳо дарсҳои илова, маҳфилу озмунҳо кайҳо аз фаъолият бозмондаанд, ҳол он ки чунин чорабиниҳо омили муҳими такмилбахшию самарманди кори таълиму тарбия мебошанд. Аз вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар мактабҳо ва шӯъбаҳои маориф низ наметавон изҳори қаноатмандӣ кард. Дар аксар маврид онҳое ба ҳуҷҷатгузорӣ ҷалб мешаванд, ки аслан ба ин кор омил нестанд ва ҳатто, аз қоидаҳои маъмули имлои забон огоҳии комил надоранд.
Вазири маориф дар идомаи суханронии хеш аз вазъи таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои навоҳии Хуросон, Вахш ва Қубодиён бештар изҳори нигаронӣ кард. Қаноатмандии вазир танҳо аз он буд, ки дар зинаи аввали таҳсилот дар мактабҳо таълиму тарбия ва омӯзиш то ҷое хуб ҷараён дорад ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ нисбатан фаъолу босаводтаранд.
А.Раҳмонов, ҳамчунин, зикр намуд, ки дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа чанде аз омӯзгорони фаъолу соҳибташаббус кор мекунанд, ки аз мушоҳидаи дарс ва чорабиниҳои дигари онҳо дар мактаб кас мамнуну сипосгузор мешавад. Вазир ба тариқи мисол аз ин гурӯҳ номи омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 5-и ноҳияи Ёвон М.Абдиеваро бо эҳтирому қаноатмандӣ ба забон овард. Ин омӯзгор шогирдонашро хуб омӯхтааст ва бо ҳар кадоми онҳо муносибати мувофиқу самарманд карда метавонад, аз воситаҳои аёнии таълим ва бозиҳои дидактикӣ мавридшиносона ва бо камоли маҳорат истифода мебарад. Муҳим он аст, ки шогирдонаш ҳама босаводу фаъолиятманданд. Вазир пешниҳод кард, ки чун М.Абдиева хатмкардаи коллеҷи омӯзгорист, соли таҳсили оянда барои идомаи таҳсил ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷалб карда шавад.
Сипас, дар идомаи ҷаласаи сайёри мушовараи вазорат намояндагон аз гурӯҳҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақа бо фаъолияти таълимгоҳҳо дар давоми рӯзҳои 9-11 март ошноӣ пайдо карда буданд, суханронӣ карданд. Аз суханронии аъзои гурӯҳҳо З.Шарифов (ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, узви мушовара), Б.Шарофова, М.Шодиев, Д.Гулбекова, Ҳ.Наврӯзов (аз Вазорати маориф), И.Абдуллоев (ДҶТИБКМ), А.Муллоев (сарвари маркази таълимию методии ВМ), С.Аминов (Академияи таҳсилот), Т.Маҳмадова (муовини вазири маориф) ва Ф.Қодиров (муовини аввали вазири маориф) равшан эҳсос мегашт, ки вазъи таълиму тарбия дар аксар шаҳру навоҳии минтақа хусусияти ҳамгун дорад.


Чунончи, аксари суханварон таъкид бар он карданд, ки дар таълимгоҳҳои минтақа кори иттиҳодияҳои методӣ, банақшагирии фаъолияти онҳо созгор ба талабот нест, омӯзгорон аз воситаҳои аёнии таълим васеъ истифода намебаранд, воситаҳои техникии таълим кӯҳнаву корношояманд, ба омӯзиши фанҳои дақиқ эътибори ҷиддӣ дода намешавад, қисми зиёди омӯзгороне, ки аз ин фанҳо дарс мегӯянд, ғайриихтисосанд ва майли такмили ихтисосу бозомӯзӣ ҳам надоранд. Вобаста ба дастуру асноди муҳиму бунёдии соҳаи маориф иддае аз омӯзгорон ба одитарин суолҳо посух гуфта наметавонанд, ки ин ҳолати хеле ногувор аст.
Давомоти хонандагон ба дарсҳо вазъи ташвишовар дорад ва бояд ҳар чи зудтар ислоҳ карда шавад. Дар мактабҳои деҳот хонандагон банди корҳои саҳроӣ шуда, аз машғулиятҳо қафо мемонанд.
Солҳост, ки шогирдони таълимгоҳҳои минтақа дар озмунҳои фаннии мактабиён иштироки шоиста надоранд ва хеле кам ба даври ниҳоии ин озмунҳо роҳ ёфтаву ба ғолибият мерасанд. Аз вазъи ҷалби духтарон ба мактаб ва сатҳи таҳсили онҳо низ наметавон изҳори қаноатмандӣ кард.
Суханварони ҷаласа дар баробари чунин таъкиду эродҳо баҳри ислоҳи норасоиҳои мавҷуда як қатор пешниҳодоти муфид иброз доштанд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҷ.Собиров аз санҷиш ва ҷамъбасту мулоҳизаҳои гурӯҳҳои корӣ изҳори қаноатмандию сипосгузорӣ намуда, ваъда дод, ки раёсати маорифи вилоят дар ин замина нақшаи махсуси чорабиниҳоро таҳия намуда, кӯшиш бар он хоҳад намуд, ки тамоми нуқсу камбудиҳои мавҷуда дар камтарин мӯҳлат бартараф карда шаванд.
Ҷаласаи сайёри мушовараи вазоратро вазири маориф бо суханронии ҷамъбастӣ анҷом бахшид. Зимни ин суханронияш ӯ, аз ҷумла, зикр намуд, ки соҳаи маориф дар такомулу пешрафти мамлакат нақши муҳим дорад ва аз ин ҷост, ки ин соҳа аз ҷониби Президенти ҷумҳуриямон соҳаи афзалиятнок эълон шудааст ва баҳри беҳбуди фаъолияти аҳли маорифи кишвар пайваста тадбирҷӯӣ карда мешавад. Соли равон Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст ва бояд фаъолияти мо ба ин иқдоми наҷиб созгор бошад.
Мутаасифона, аз санҷишу шиносоиҳо ва аз мулоҳизоти дар ҷаласаи имрӯза иброзшуда бармеояд, ки аҳли маорифи вилояти Хатлон аз ин лиҳоз чандон муваффақ нестанд ва дар фаъолияти хеш ба камбудиҳои зиёде роҳ додаанд. Ин вазъи ногуворро ҳар чи зудтар ислоҳ мебояд. Вақти он аст, ки чун имрӯз дар бораи ҳусну қубҳи фаъолияти худ ошкоро, бидуни истиҳолаю хотирбинӣ, беғаразона сухан гӯем. Ин барои саривақт ва пурра бартараф намудани нуқсонҳои мавҷудаи фаъолиятамон имкон фароҳам меоварад, мадад мерасонад. Маълумоти бардурӯғу фиребою нисбат ба вазъи кор ҳеҷ гоҳ фарҷоми хуб нахоҳад дошт. Дидаву дониста риоя накардани меъёрҳои мавҷуда дар бахшҳои гуногуни фаъолияти мактабҳо низ боиси боз ҳам коҳиш ёфтани вазъи номусоид мегардад. Чунончи, дар ноҳияи Вахш зимни маълумоти пешниҳоднамудаи шӯъбаи маориф мактабҳо қариб пурра ба биноҳои мувофиқ таъмин шудаву аз вагонхонаҳо берун рафтаанд, вале дар асл ҳанӯз шумораи зиёди хонандагон дар вагонхонаҳо идомаи таҳсил доранд…
Вазири маориф А.Раҳмонов дар поёни суханронияш аҳли маорифи минтақаро даъват намуд, ки нисбат ба пешаи пуршарафи хеш масъулияти бештар дарк намоянд, барои афзудани обрӯю эҳтиром ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҷидду ҷаҳд кунанд, ба худомӯзӣ ва такмили ихтисоси худ кӯшиш ба харҷ диҳанд, ташаббускору навовар ва содиқу мувофиқ ба пешаи хеш бошанд.
- Биёед, ончунон кору рафтор намоем, ки Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, воқеан ҳам, ба соли рушду такомули бесобиқаи соҳаи маорифи кишвар, ба соли ҷаҳиши бузург дар фаъолияти кулли таълимгоҳҳо, ба соли тақвияти сифатии донишу маҳорати шогирдон табдил ёбад ва аз худ нақши созандаву мондагор боқӣ гузорад, - бо чунин даъвати муассири вазири маориф ҷаласаи сайёри мушовараи вазорат анҷом пазируфт.
Абдурауф МУРОДӣ,

Ноилшо НУРАЛИЕВ,
«Омӯзгор»