Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

 

>ФАЪОЛИЯТ

 

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:



 


 

ВАЗЪИ СОҲА АЗ НАЗАРИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Дар ҷаласаи васеи Шӯрои кӯҳансолон ва Маркази ҳаракати ваҳдати миллӣ вазъи соҳаи маориф дар соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нахуст Раиси бахши иҷтимоӣ, фарҳанг ва илми Шӯрои кӯхансолон С. Мирзошоев тайи як соат оид ба натиҷаҳои санҷиши гурӯҳи корӣ аз ҳисоби ветеранҳои меҳнат дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе гузориш дод. Мавсуф аз кам будани муассисаҳои томактабӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати таълим ва дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҷеъ ба нарасидани устоҳои таълимӣ ва паст будани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ришваситонии устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ изҳори нигаронӣ кард. Ҳамчунин, мавсуф пешниҳодҳои хешро оид баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузаштан аз миқдор ба сифат, мувофиқи бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисони коргарӣ, баланд бардоштани дониши сиёсии донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба сохтмони НБО -и Роғун баён дошт.
Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонов оид ба сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷӯҳи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва рушду инкишофи он сухан гуфта, аз дастоварду камбудиҳои соҳа дар соли 2009 дар назди ҳозирин гузориши муфассал дод. Дар музокирот Раиси Шӯрои кӯҳансолон Н. Одилов дар мавриди зиёд намудани фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни шӯро Ҳ. Табаров оид ба нуфузи дин дар мактабҳо бахусус, дарсшикании хонандагону донишҷӯён рӯзҳои ҷумъа ва ба масҷид рафтани онҳо, паҳн гардидани фиттаҳои таблиғотӣ, ки моҳияти экстремистӣ доранд, талаб кардани маблағ аз ҷониби омӯзгорон, паст будани омӯзиши забони русӣ, Т. Назаров оид ба фаъолияти сусти шӯъбаҳои маориф ва робитаи падару модарон ба мактаб, таблиғи нодурусти ақидаҳо дар матбуоти даврӣ, мувофиқи талаботи бозори меҳнат ба нақша гирифтани ихтисосҳо дар муассисаҳои олии касбӣ Б. Додхудоева аз кори сусти комиссияи ноболиғон дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҷиҳати аз мактаб дур мондани наврасону ҷавонон гарчанде, нисбати солҳои пешин дар ин маврид пешравиҳо ба назар мерасанд, М. Ғафорова оиди ба роҳ мондани Консепсияи миллии тарбия, барқароркунии маҳфилҳо нисбат ба худидоракунии хонандагону донишҷӯён, дастгирии ҷавонони болаёқат ва таъсиси марказҳои ихтирокорони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ изҳори андеша карданд.
Директори Донишкадаи ҳуқуқ ва давлати Академияи илмҳо Ф. Тоҳиров, олимон С. Одинаев, М. Бобоев ва Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ Қ. Восиев низ андешаҳои судманди хешро оид ба тарбияи ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён, таваҷҷӯҳ ба таълими фанҳои дақиқ ва гуманитарикунонии онҳо, тарбияи хештаншиносию ватандӯстию ва дарки ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ баён доштанд.

 

Ноилшо Нуралиев
котиби матбуоти ВМҶТ