Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

>>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА СОЛИ 2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ ОЗМУНИ НАШРИЯИ БЕҲТАРИНРО ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ МИСРИ АРАБ

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ УКРАИНА

Eylon Moskva

>>Э Ъ Л О Н Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли таҳсили 2009-2010 нархи як адад ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ба маблағи зерин муқаррар карда шудааст:

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАИ «БАКАЛАВР»-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТУРКИЯ

>> Дар бораи қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ

 

 

 


E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


ҲИММАТ БАЛАНД ДОР…
АЗ ВОХӮРИ БО СОҲИБКОРОН


Дар омади сухан
Даромадгоҳи Кохи Ваҳдат. Ҷумла соҳибкороне, ки дар бунёду таъмири мактабҳо барои аҳли ҷомеа хидмат гузоштаанд, ба ҳам омадаанд. Гурӯҳ-гурӯҳ дар сӯҳбати аҳли маориф ва сӯҳбаташон мавриди таваҷҷӯҳи васоити ахбори умум. Ҳадаф аз ин ҳамоиш вохӯрии эшон бо вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов аст.
Вазири маорифи ҷумҳурӣ ҳамаи соҳибкоронро барои ташрифашон хайрамақдам гуфт.
-Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити соҳибистиқлолии кишвар рушди бемайлони соҳаи маориф бо ибтикору дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат қабул гардидани «Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф» оғоз гардид, - зикр кард А.Раҳмонов.- Сол ба сол зиёд шудани маблағгузорӣ ба соҳа имкон дод, ки сохтмони бисёр биноҳои нотамоми аз замони шӯравӣ боқимонда ба анҷом расонида шавад.Танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ 624 мактаби дорои 5416 синфхона барои 129 ҳазору 984 ҷойи нишаст пурра сохта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, ба истифода дода шуд. Аз ҷониби Вазорати маориф бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои соли 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд», таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Барномаи давлатии мазкур таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони 804 мактабро бо маблағи зиёда аз 590 млн.сомонӣ дар бар гирифта, айни ҳол корҳои зиёд ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла аз 136 мактаби дар хонаҳои шахсӣ қарордошта 84 мактаб, аз 101 мактаби дар вагонхонаҳо қарордошта 63 мактаб аз нав сохта ба истифода дода шуд, сохтмони 32 мактаби дигар идома дорад. Дар баробари маблағҳои буҷавӣ ҷиҳати дастгирии соҳа маблағҳои сармоядорон ва грантҳо низ сафарбар карда мешаванд. Масалан, аз соли 1998 то соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 630 иншооти соҳаи маориф ба маблағи зиёда аз 50 млн доллари амрикоӣ сохта, таъмиру тармим гардидааст.
Барои миллати сарбаланди мо ва умуман, мардуми шарифи Тоҷикистон дастгирии соҳибкорони ватанӣ боиси ифтихор аст. Танҳо дар соли 2009 аз ҳисоби ҳимматбаландон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 22 мактаби наву замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо 4600 нафар хонанда таҳсил мекунад. Дар ин радиф номи ҳар кадоми шуморо, ки ҳатто то 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда, барои насли наврас синфхонаву мактаб сохтаед, метавон бо ифтихор ном бурд.
-Мо аз он сипосгузорем, ки шумо, аҳли сахо, - суханашро идома дод А.Раҳмонов, - дар сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли се соли охир баҳри беҳбудии фаъолияти соҳаи маориф заҳматҳо кашидед. Се сол аст, ки на танҳо аҳли маориф, балки аҳли ҷомеа аз муҳаббату меҳрубониҳои шумо баракату некӣ меёбанд. Шумо, ки ҳар кадом дар ҳимматбаландӣ марди мардонед, тавонистед, синф, мактаб, билохира, муассисисаи таълимие бунёд созед, ки аз шарофати он мавриди илмомӯзӣ ҷомеа баҳравар гашта. Магар метавон аз ҳамияти ҳар кадоми шумо, ки амалатон пайравони зиёде пайдо кардааст, ҳарф назад? Соҳаи маориф, тавре маълум аст, аз тамоми дигар соҳаҳо серташвиштару пурмонеатар арзёбӣ меёбад. Маҳз аз ин ҷиҳат аст, ки новобаста аз ғамхориҳои Ҳукумат, дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва соҳибкорони ватанӣ он то ҳанӯз аз ниёзмандиҳо раҳо наёфтааст. Хусусан, ки имрӯз зарурати ба таҳсили 12- сола гузаштан пеш омада, таъмини 157 ҳазор ҷойи нишаст барои мо мушкилӣ гаштааст, ин эҳтиёҷ бештар эҳсос мегардад. Гумон намекунем, ки амалӣ гаштани нақшаи мазкур бе дастгирии шумо ба мо даст дода тавонад. Ин маврид фармудаи Шайх Аттор ба ёд меояд, ки гуфта:

Ҳақтаоло бар дари ҷаннат навишт:
«Ҷои мардони сахо бошад биҳишт».


Подоши амал накӯст
Мусаллам аст, ки дар кишварҳои пешрафта асосан барои рушди соҳаи мактабу маориф тамоми ҷомеа диққат медиҳад. Хушбахтона, дар мо ҳам соҳибкорони худшинос, пеш аз ҳама ба ин соҳаи муҳим дасти мадад дароз кардаанд.
Тавре вазири маориф А.Раҳмонов зикр кард, Ҳоҷӣ Абдухолиқ Мӯъминов барин олиҳимматон (Истаравшан) –е ҳастанд, ки манфиати ҷомеаро аз манфиати хеш болотар медонанд. «Маблағи барои зиёрати хонаи Худо ҷамъкардаи ману ҳамсарамро, ки бо меҳнати ҳалоли худу дастгирии фарзандон ба даст омада буд, хостем, дар роҳи Ҳақ барои сохтмони мактаб сарф намоем ва ҳамин тавр ҳам кардем, - дар сӯҳбат ба мо гуфт мавсуф. - Дар сохтмони мактаби рақами 76 (барои 270 хонанда) саҳм гирифта, дар муддати 75 рӯз мактабро сохта ба истифода додем. Мо ҳатто маблағи сарфшударо ҳисоб кардан нахостем, аммо масъулони кор дар ноҳия муайян карданд, ки мо 800 ҳазор сомонӣ сарф карда будаем.
Дар вохӯрӣ таваҷҷӯҳи мо ба чанд тан аз ҷавонони соҳибкор буд. Огаҳӣ ёфтем, ки Шамсиддин Неъматов ва Партов Қурбонов барин ҷавонон ҳам дар иҷрои ин амалҳои хайр саҳми кам надоранд. Ин ҷавонони ҳушманд аз Ҳисори бостон дар замони нооромиҳои сиёсӣ натавонистанд, мактаби миёнаро хатм кунанд, пас аз хатми синфи 8 ба кишвари Русия аз пайи ҷустуҷӯи кор рафтаанд. Аз он чизе, ки худ бенасиб буданд, насли ояндаи ҷомеаро баҳравар кардан хоста, барои бачаҳои деҳа 8 синфхона сохтанд. Бартарии ин ҷавонҳо дар он буд, ки ҳисоби хайрашонро ба мо ошкор кардан нахостанд. Ин аллакай пешравии ҷиддист дар тафаккури ҷавонони имрӯз.
Дар вохӯрӣ мо бо онҳое вохӯрдем, ки чун роҳбари мактаб тавонистанд, мардумро ба ҳашар ҷалб намоянд. Аз ноҳияи Ғончӣ Фатҳулло Маҳкамов (директори мактаби рақами 4), Холбӯтта Рӯзиматов (№40), Каримқул Қӯзиев (№48) аз ҷумлаи он фидоиёни соҳаанд, ки ҷомеаро ба бунёду таъмири мактабҳо мутаваҷҷеҳ карда тавонистанд. Вақте соҳибкорони олиҳимматро бо Нишони фахрии Аълочии маориф ва Ифтихорномаи Вазорати маориф сарфароз мегардониданд, номи ноҳияи Ғончӣ 16 маротиба садо дод. Аҳсан, ғончигиҳо!
Дар вохӯрӣ 140 соҳибкор даъватӣ буданд, онҳое, ки миёни ҷомеа тавонистанд, аз ҳиммати баланди хеш дарак диҳанд. Ба қавли шоир:
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба гурӯҳе аз онҳо ҳамчун подоши амал нишони ифтихории «Аълочии маорифи ҷумҳурӣ» ва Ифтихорномаи Вазорати маорифро тақдим кард. Дар маҷмӯъ 35 нафар бо нишон ва 46 нафар бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.


Занҳоро аз хотир набароред
Ин ҷамъомаде буд, ки аз ҳисси баланди ватандориву ватанхоҳии як қишри муайяни ҷомеа дарак медод. Ин нишони бедории бархе аз соҳибкорони тоҷик аст, ки дастранҷи худ, сарвати бо заҳматҳо андӯхтаи худро дар роҳи мактабу маориф сарф кардаанд.
Ҷойи таассуф он буд, ки дар ин нишаст, ба истиснои 1-2 масъулони ноҳия зане аз ҳисоби соҳибкорон иштирок надоштанд. «Чаро бонувони соҳибкор ба мардон дар сабқат нашуда бошанд?», - ба якдигар савол медодем мо. Ин дам нафаре гуфт:
-Эътибор надодед, вазири мӯҳтарам дар маърӯзаашон гуфтанд-ку, дар ноҳияи Ғончӣ 15 нафар зан бо дастони хеш мактаб сохтаанд! Ман намояндаи ҳамон ноҳия ҳастам. Он бонувони гилкору хиштрез муаллимаҳои мактаб ҳастанд!
- Пас ҳақ доштанд дар ин ҷамъомад он бонувони мардсифат иштирок кунанд! Афсӯс, ки ҳанӯз роҳбарон ба масъалаи гендерӣ чандон эътибор намедиҳанд, - нимшӯхию нимҷиддӣ гуфтем мо.


Назар, пешниҳод ва умедҳо
• Бисёр хуб мешуд, касоне, ки мактаби хусусӣ доранд, то 5 сол аз андозҳо озод карда шаванд. Зеро дар оғози кор барои ҳар соҳибкор хароҷоти хеле зиёд пеш меоянд, ки пӯшондани онҳо кори саҳл нест. Сониян, пӯшида нест, ки маҳаллаҳои сераҳолии шаҳр ба мактаб бештар эҳтиёҷ доранд. Аммо барои дастрас кардани мавзеъ мо душворӣ мекашем.
• Боз ҳам дар масъалаи андоз мехоҳам арз кунам. Зеро барои чопи китобҳои дарсӣ ба мо монеаҳо зиёд пеш меоянд. Масалан, ҳангоми аз гумрук гузаронидани коғаз аз мо пули андоз талаб мекунанд, ҳатто андози солҳои қаблиро ҳам. Дар сурате ки гаронии нархи китобҳо маълум аст, агар мо пули иловагӣ супорем, нарх 18 фоизи дигар баланд мешавад.
• Мактаби рақами 133-и ноҳияи Ваҳдат, ки дар он 1200 нафар хонанда таҳсил мекунанд, дар ҳолати хеле ташвишовар қарор дорад. Бинои он дар соли 1950 сохта шуда, ба таъмиру тармими ҷиддӣ хеле ниёз дорад.
• Агар таваҷҷӯҳи соҳибкорон ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳои маориф ба масъалаи таъмини китобхонаҳо бо китоб ва ба ҳар роҳ китобхону рӯзномахон кардани омӯзгорон ҷалб гардад, кори хайре мешавад.

Саида НАБИЕВА,
Марям ЭШОНҶОНОВА,
Ноилшо НУРАЛИЕВ,
«Омӯзгор»