ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО
РАСИД
Бо мақсади тақвияти
иртиботи илмию омӯзишӣ баҳри таҳким ва рушди ҳар чи бештари
равобити дуҷониба миёни ду кишвари дӯст ва бародар- Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариш ва таҳкими
равобити илмӣ ва омӯзишии мутақобил рӯзҳои 13- 16 феврал
Раиси Донишгоҳи озоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор
Абдуллоҳ Ҷосибӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Сафари хидматии Раиси Донишгоҳи озоди исломии Эрон дар Вазорати
маориф аз мулоқот бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
мӯҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонов оғоз ёфт. Боиси тазаккур аст,
ки меҳмонро Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Алӣ Асғари Шеърдӯст роҳнамоӣ мекард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба тафоҳум расиданд, ки дар самти
баргузории давраҳо ва курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат
дар соҳаҳои мавриди ниёзи ҳамдигар иқдом намуда, бо мақсади
анҷоми пажӯҳиш давр риштаҳои тиббӣ, фанҳои муҳандисӣ, техникӣ,
кишоварзӣ ва илм ба рушди марказҳои таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳ зоҳир
менамоянд.
Тарафҳо дар самти табодули устодон, муҳаққикон, аспирантон
ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои
тиббӣ, энергетикӣ, техникӣ, кишоварзӣ ва он ихтисосҳоеро,
ки ҷонибҳо ба он ниёз доранд ва ҳамчунин барои иштирок дар
ҷашнвораҳои таълимӣ, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ, ширкат
дар олимпиадаҳои илмӣ ва маҳоратии донишҷӯён, ки дар сатҳи
минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор мешавад, ҳамкорӣ менамоянд.
Иқдоми хуберо, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ин дар заминаи
яке аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ё марказҳои илмию пажӯҳишии
Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис додани шӯъбаи Тоҷикистоншиносӣ
ва ҳамчунин дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис
додани Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
Ҳамзамон, ба мувофиқа расиданд, ки Донишгоҳи озоди исломии
Эрон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 5 сол
дар зинаҳои бакалавр ва магистр дар маҷмӯъ 10 ҷой ҷудо менамояд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориро Вазири маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон А.Раҳмонов ва Раиси Донишгоҳи озоди исломии Ҷумҳурии
Исломии Эрон доктор Абдуллоҳ Ҷосибӣ ба имзо расониданд.
Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи мазкур чунин созишномаҳои ҳамкориро
бо роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии
Тоҷикистон низ ба имзо расонид.
Раҷабалӣ Сангов
мудири бахши рушди барномаҳои
таҳсилоти байналмилалии вазорати маориф