НИЗОМИ ТАҲСИЛОТ
ЗАМИНАИ ДИРӮЗ – ТАЛАБОТИ ИМРӮЗ
Ё худ дар бораи он ки низоми таҳсилоти 12 – сола аз ҳаво
наомада, нақшаи он ҳанӯз соли 1984 дар Маскав тарҳрезӣ шуда
буд
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз
омӯзишу пайгириҳои зиёд барои ба мақсад мувофиқ гардонидани
стандартҳои худ бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот, умуман,
тибқи талаботи замон масъалаи тағйири сохтор ва мазмуни
таҳсилоти миёнаи умумиро ба миён гузошт. Имрӯз, ки аксари
мамлакатҳои пешқадами дунё ба низоми таҳсилоти 12-сола рӯй
овардаанд, роҳбарони соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои ИДМ ҳам маҷлис
ороста, зарурати дарки ин нуктаро таъкид намуданд. Алҳол
мо дар замоне қарор дорем, ки тамоми дунё хоҳиши ба ин роҳ
гузаштан доранд. Модом ки чунин аст, мо ҳам чун узви ҷомеаи
ҷаҳонӣ наметавонем худро аз ин барканор гирем. Зарур аст,
ки мо ҳам ҳуҷҷатҳои худро бояд ба ҳуҷҷатҳои мамлакатҳои
дигар ҳамоҳанг гардонем, то ин ки дар миқёси ҷаҳонӣ арзиши
баробарэътирофии ҳуҷҷатҳоямон аҳамият пайдо карда тавонад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010
таҳти рақами 207 Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти
миёнаи умумӣ дар ҳудуди кишвар тасдиқ шудааст. Вале, ба
назар чунин мерасад, ки ҳанӯз бархе ба моҳияти масъала дуруст
сарфаҳм нарафтаанд. Аз ин ҷо баъзан сару садоҳое баланд
мешаванд, ки ҳоло барои ҷорӣ кардани таҳсилоти 12-сола дар
Тоҷикистон барвақт аст.
Дарвоқеъ, бояд хотиррасон кард, ки идеяи гузариш ба низоми
нави таҳсилот беасос ба миён наомадааст. Аввалан, дар бисёр
мамолики пешрафтаи ҷаҳон ин низом ҷорист. Фаразан, дар ИМА,
Канада, Ҷопон, Фаронса, Испониё, Полша таҳсил 12- солро
ташкил медиҳад. Дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳолланд
бошанд, ин низом 13 ва 14 солро фаро мегирад. Аз миёни давлатҳои
муштаракулманофеъ дар Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон
ва ӯзбекистон таҳсилоти 12 -сола ба роҳ монда шуда, дар
Қазоқистон ва Қирғизистон омодагӣ рафта истодааст. Сониян,
ҳанӯз дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ
ин масъала ба миён гузошта шуда буд. Яъне, дар ҳамон вақт
аз номукаммал будани сохтори мактаб ҳадс мезаданд. КМ КПСС
ва Шӯрои Вазирони СССР мувофиқи қарори Пленуми июнии КМ
КПСС (1983), Пленуми апрелии КМ КПСС (1984) ва сессияи якуми
Шӯрои Олии СССР даъвати ёздаҳум
доир ба масъалаҳои мушаххаси ислоҳоти мактабу маориф бо
унвони «Дар бораи дурнамои такмилёбии маълумоти миёнаи умумии
ҷавонон ва беҳтар гардонидани шароити кори мактабҳои миёна»
қарор қабул карда буд.
Мувофиқи ин санад дар макотиби СССР зина ба зина таҳсилоти
11-(12)-сола бояд ҷорӣ карда мешуд. Дар зинаи аввал (1986)
фаро гирифтани кӯдакони синни 6-сола ба таҳсилоти ибтидоӣ
дар назар буд. Бо ин роҳ таҳсилоти сесолаи ибтидоӣ ба чорсола
табдил дода мешуд. Яъне мебоист таҳсилоти чорсолаи ибтидоӣ
вобаста ба шароити ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ аз соли 1986 оғоз
гардида, соли 1990 пурра дар амал татбиқ мешуд. Ҳамин тавр,
сохтори мактаби шӯравӣ ин тавр ислоҳ ёфт:
- мактаби ибтидоӣ - синфҳои 1-4;
- мактаби нопурра - синфҳои 5-9;
- мактаби миёнаи умумӣ - синфҳои10-11(12 ) .
Мақсади ин ислоҳот хатмкардаи мактаби ибтидоии чорсоларо
дар баробари омӯзондани озодона хондан, босаводона навиштан
ва ҳисоб карда тавонистану соҳиби нутқи бурро ва ахлоқи
ҳамида гардонидан, инчунин дар ӯ ҳисси ватандӯстӣ, аз рӯйи
виҷдон даст задан ба таҳсилу корҳои муфиди ҷамъиятиро тарбият
кардан буд. Таҳсилоти нӯҳсола бошад, барои ҳамаи мактаббачаҳо
замина мегузошт, то соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва маълумоти
касбӣ гарданд. Мактаби миёнаи умумӣ омӯзиши чуқури баъзе
фанҳо ва имконияти аз худ кардани касберо ба хонандагон
пешниҳод мекард.
Барои хонандагоне, ки хоҳиши чуқур аз бар кардани фанҳои
физика – математика, химия – биология, ҷамъиятӣ- гуманитарӣ,
забони хориҷӣ доштанд, тибқи Нақшаи таълимӣ дар синфҳои
7-9 ва 10-11 (12) соатҳои факултативӣ дар назар дошта шуда
буд. Тавре ишора шуд, Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ва
Вазорати маорифи СССР баҳри амалигардонии гузариш ба таълим
аз синни шашсолагӣ дар солҳои 1986-1990 супориши махсус
гирифт. Тамоми омодагиҳо дар масъалаи муайян кардани дараҷаи
мушкилоти кадрӣ, ҷойи нишаст, барномаву китобҳои дарсӣ ва
роҳҳои ҳалли он сурат гирифтанд. Муқаррар гардид, ки шашсолаҳо
тибқи барномаи таълими синфи 1 бояд ба таҳсил ҷалб ва китобҳои
нави дарсӣ, чун қоида дар асоси озмун ва баъди озмоиши ҷиддӣ
ба мактабҳо дастрас гарданд. Дар асоси ин қарор тамоми ташкилоту
идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, то баҳри ба роҳ мондани
фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мутобиқи низоми нав чораҳои
дахлдор бинанд. Ният буд, ки тамоми мушкилоти пешорӯ баробари
ба роҳ мондани низоми мазкур давра ба давра баррасӣ гардад.
Аммо ибтидои солҳои навадум парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ
ба амал омада, тамоми мақсадҳои пешгирифта иҷро нашуданд.
Ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол шуда, ҳар кадом бо ҳамон низоми
аввала фаъолият намуданд. Ҳарчанд дар амал татбиқ гардидани
ин қарори ҳукумати давр хуб оғоз шуду саросар дар амал ҷорӣ
нашуд, замони имрӯз ин талаботро боз ба миён гузошт. Имрӯз
Вазорати маориф Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти
миёнаи умумиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Акнун дар ин асос барномаҳои гуногун қабул мегарданд, ки
иҷрои онҳо дар роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда ба мо кӯмак
расонида метавонад. Ёдрас мешавем, ки ин гузариш дар фазои
холӣ не, балки дар заминаи нақшаву чорабиниҳои мушаххаси
чанд сол пеш рӯи кор омадааст. Ин маврид моро зарур аст,
ки ногузир будани ин ҳолатро дарк кунем.
Марям ЭШОНҶОНОВА,
Саида НАБИЕВА,
«Омӯзгор»