ЗИНДАГӢ
УСТОДРО МОНАД
Ҳарчанд дар он айём забони русӣ ҳамчун забони давлати
абарқудрат дар «шашяки рӯйи замин» барои ҷумҳуриҳои бародарӣ
мақоми аввалиндараҷа дошт, дар деҳот кам касоне ёфт мешуданд,
ки «забони бародарони бузурги хеш»-ро ончунон ки шаҳриён
медонистанд, балад бошанд. Бо вуҷуди он ки барои омӯзонидани
фанҳои забону адабиёти рус сол то сол соатҳои таълимӣ
меафзуданд, ба маоши муаллимони забони руси деҳот иловаҳо
мекарданд, шогирдони рустоӣ дар забондонӣ кам муваффақ
мешуданд. Шояд ин ҳама номуваффақиҳоро муҳит сабабгор
буд. Вагарна дар андак вақт аксаран ҷавонони рустоӣ аз
хизмати ҳарбӣ русидон шуда барнамегаштанд. Вале дар чунин
муҳит низ омӯзгороне ёфт мешуданд, ки бо роҳу равиши ба
худ хос шогирдони забондон тарбият мекарданд. Дили Сафаралии
ҷавонро ба адабиёти ҷаҳоншумули рус муаллими деҳа (аз
мактаби рақами 75-и собиқ ноҳияи Москва, ҳозира Ҳамадонӣ)
Алиаҳмад Мирзоев гарм кард. Шогирди болаёқат бо пораи
осори адибон, ки дар дарсҳои адабиёти рус ошно мегашт,
қаноатманд намешуд. Ҳамеша аз муаллими забон ва адабиёти
рус А.Мирзоев китоби нав мепурсид. Бо гуфте, фасоҳати
забони Пушкинро аз дарсҳои забони русӣ не, аз тариқи мутолиаи
насри бадеӣ омӯхт. Додараш Раҷабалӣ Шарифов ҳам аз пайи
Сафаралӣ рафт ( ӯ ҳоло директории литсейи ноҳияи Ёвон
аст). Завқу шавқи Сафаралӣ устодашрро чӣ қадарҳо дилшод
мекард! Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ ӯ ба гирд овардани адабиёти
бадеӣ оғоз карда буд. Ҳар китоберо, ки мутолиа мекард,
боэҳтиёт ба тоқчаи хона мегузошт, дигаронро ҳам талқин
мекард, ки бо китоб унс гиранд… Аз «Духтари капитан»-и
Пушкин, «Қаҳрамони даврони мо»-и Лермонтову «Модар»-и
Горкий оғоз карда буду то осори А.Блок, Балзак, Ҷек Лондон,
Жюл Верн, Сервантес, А. Дюма, Ҷон Голсуорси, Генрих Манн,
Шиллер, Мопассан, Артур Конан Дойл, М.Кант, Б.Пастернак
… расид. Солҳои таҳсил дар факултаи забон ва адабиёти
руси Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб низ дар қатори сермутоилатарин
донишҷӯён меистод. Акнун тоқчаҳои хонаи урфӣ барои китобҳояш
тангӣ мекарданд…
- Аксари ин китобҳоро дар айни наврасиву ҷавонӣ мутолиа
кардаед. Бо гузашти умр инсон комилтар мегардад. Ба асарҳои
хондаатон имрӯз шояд дигаргуна баҳо медиҳед?
- Мо киву ба бузургони олам баҳо гузоштан… Дар замони
Шӯравӣ адабиётро на аз рӯйи ҳунармандона офарида шуданашон,
балки аз рӯйи синфият баҳо медоданд. Агар гӯям, ки китобҳои
дӯстдоштатаринам «Обутоб ёфтани пӯлод»-и Н.Островский,
«Қисмати инсон» ва «Замини корамшуда»-и Шолохов мебошанд,
шояд чунин шуморед, ки банда побанди идеологияи кӯҳна
ҳастам. Ҳаргиз не! Ман аввало ба осори адибон аз ҷиҳати
ҳунари нависандагиашон менигарам, дигар, дӯстдори китобҳое
ҳастам, ки ҷавононро ба ҷабҳаҳои каҳрамонӣ мекашанд, мардонагӣ
меомӯзанд. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта Ю.Акобиров серхонандатарин
адиби тоҷик ҳисоб мешуд. Ман аз қабили «Водии муҳаббат»,
«Норак», «Замини падарон» тамоми навиштаҳои ин нависандаро
хондаам. Дарси адабиёти рус ба роҳи худаш. Дар дарсҳои
грамматика низ аз аввали фаъолияти омӯзгориам, одатан,
аз чунин осор барои таҳлили грамматикӣ мисолҳо интихоб
меакардам. Ҳоло ин методи корро усули ҳамгиро номидаанд.
Зимнан дар мисоли ҷумлаҳои таҳлилшаванда бо мавридаш дар
бораи нависанда ва мавзӯи асар маълумоти кӯтоҳ медодам.
Ман шумораи шогирдонро аз ҳисоби муаллимони забону адабиёти
рус не, балки аз он ҳисоб медонам, ки ба адабиёт дил бастаанд.
Мисол, вақти дар мактаби рақами 3-и ноҳия дарс гуфтанам
Амонулло Шамсуллоев ном хонандае доштам. ӯ дар пайравии
банда ба мутолиаи осори бадеӣ шавқ пайдо карда буд. Медонистам,
ки дар оянда математик шуданист. Ҳамин тавр ҳам шуд. Вай
факултаи математикаи Донишгоҳи омӯзгории Қурғонтеппаро
хатм кард. Вале солҳои талабаи мактаб буданаш дар олимпиадаи
ноҳиявӣ аз забони русӣ ҷойи дуюмро гирифта буд. Ҳоло банда
дар мактаби рақами 38-и ноҳияи Ҳамадонӣ дарс мегӯям. Ин
ҷо зикри номи ду шогирдамро бамаврид мешуморам: Мадинаву
Маҳина Собироваҳо. Яке дар синфи 5, дигари дар синфи 8
мехонанд. Ин ду духтари хушхулқ воқеан дӯстдори фанҳое
ҳастанд, ки ман дарс медиҳам. Ба пиндори банда, саъю талоши
муаллим аз як тараф, таҳсилоти фарзандонро пайгирӣ кардани
волидайн аз ҷониби дигар, дар кори таълиму тарбия нақши
муҳим дорад, чунон ки падари бофарҳанги Мадинаву Маҳина
Файзалӣ Собиров ҳамеша бо мактаб дар тамос аст.
- Имрӯз ҳам китобхонаи шахсиатон дар хизмати шогирдону
ҳамдеҳагон аст?
- Рафт, он ганҷе, ки қариб давоми 35 соли умрам ҷамъ оварда
будам. Ҳама аз даст рафт, ки рафт!..
- Нафаҳмидам…
- Аслан ман зодаи деҳаи Кодараи Ноҳияи Ҳамадонӣ ҳастам.
Деҳаи мо дар соҳили наҳраки Сияҳоб ҷой гирифтаву хаёлам,
зеби ҷаҳон аст. Мавсими обхезии соли 2004 ин деҳаро қисман
сел бурд. Ҳамон рӯзҳо банда дар беморхонаи пойтахт бистарӣ
будаму аз фалокати ба сарамон омада дер хабар ёфтам. Хуллас,
сел дар қатори чанд буна манзили моро ҳам пурра валангор
кард. Модари бачаҳо аз пайи дарёфти чодару гирифтани ёрии
башардӯстона сарсону саргардон будаасту нохалафоне харобаи
манзили моро ғорат мекардаанд. Яъне ҳар чизеро, ки аз
коми сел раҳоӣ ёфта бошад, онҳо лошахӯрвор мекашидаанд.
Ҳамин тавр қисми боқимондаи китобҳоро «пешдаргирон мешавад»
гуфта ба яғмо бурдаанд…
- «Хар чӣ донад хӯрдани қанду набот»…
- Гуфтеду мондед,- ҳамсӯҳбатам баъди чанде таваққуф суханашро
идома дод,- Шукри Худо, бо супориши сарвари кишвар дар
давоми 2-3 моҳ барои ҳар яки мо, 7-8 хонавода аз деҳаи
Киштиё 10 дарсадӣ замин ҷудо карда, хонаҳое сохта доданд,
ки аз хонаву дари қаблиамон хубтару мустаҳкамтар аст.
Бо тамоми асбоби рӯзгор низ таъминамон карданд, ки мо
ҳамеша дуои ҷони раҳбари раиятпарварамонро мекунем. Аҳли
ин деҳа моро чун хешу ақрабо қабул карданд. Ман фарзандони
эшонро таълиму тарбия медиҳам. Берун аз коҳои мактаб дар
замини рӯйидаричаам деҳқонӣ ҳам мекунам. Хуллас, ҳамааш
хуб. Аммо… Медонед, дар миёни ин солҳо қариб ҳама шаб
он манзилеро хоб мебинам, ки хуни нофам рехтааст. Китобхонаи
шахсиамро хоб мебинам, ки баъди кори вазнини мактаб он
ҷо китобе дар даст хилватнишинӣ мекардам. Ман ҳанӯз ҳам
сӯгдори беҳтарин анису ҳамсӯҳбатони хеш – зиёда аз 2000
китоб ҳастам, ки аксарашон нодир буданд..
- Зиндагӣ худ устоди бузургест…
- Бале. Рӯзгори мо пур аз воқеаву ҳодисотест, ки ҳама
ибратангезанд. Чӣ навъ ки устод Рӯдакӣ фармуда: «Ин ҷаҳонро
нигар бо чашми хирад». Ёдатон меояд, як-ду сол пеш сарвари
давлатамон дар Русия бо собиқ ҳамватанон вохӯрие доир
карда буданд? Дар ҳамон мулоқот адиби шинохта Темур Зулфиқоров,
писари олими шинохта, волаву шайдои забони асалбори тоҷикӣ
устод Л.Успенская бо ҳасрат гуфт, ки дар Маскав иҷоранишин
асту мехоҳад ба вақти пирӣ дар Ватан зиндагӣ кунад. Ҷаноби
олӣ гуфтанд: «Темур, агар мехоҳӣ, ҳамин рӯз омода бош,
ҳамроҳ ба Ватан мебарам. Манзили чорҳуҷрагиат медиҳам.
Ту баринҳо дар Ватан лозимед.» Ман ин мулоқотро аз тариқи
телевизион медидаму ашк мерехтам. Ва беихтиёр рӯзгори
одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро пеши назар меовардам
ва муносибати ду сарвари давлатро нисбат ба аҳли қалам
муқоиса мекардам. Рӯзи дигар ин мавзӯъро бо хонандагон
дар соати тарбиявӣ баррасӣ кардем.
Муаллим мусаввадаи мақолаи методиашро ба дастам доду иҷозати
рафтан хост. То баромадгоҳ гуселаш кардам. Ва муддате
чанд таҳти таъсири ин сӯҳбат будам. Ниҳоят ба қароре омадаму
қаламу коғаз гирифтам.